Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Довуд алайҳисалом фармуд: Худованд одил аст ва ҳаргиз зулм намекунад. Сипас аз зан пурсид: Магар чи ҳодисае ба ту рух дод, ки ин саволро мекуни? Зан посух дод: Ман бевазан ҳастам ва се духтар дорам, бо дастам ресандаги мекунам. Дируз шоли бофтаи худро дар порчае гузошта будам ва ба суи бозор мебурдам, то бифурушам ва бо пули он ғизои кудаконамро омода созам. Ногаҳон паранде омад ва он порчаро аз дастам рабуду бурд ва ман тиҳидасту маҳзун мондам ва чизе надорам, ки маоши кудаконамро омода созам. Ҳануз сухани зан тамом нашуда буд, ки дари хонаи Довуд алайҳисаломро кубиданд ва У иҷозаи вуруд шуданро дод. Ногаҳон даҳ нафар тоҷир ба ҳузури Довуд алайҳисалом даромаданд ва ҳар кадом сад динор (ҷамъ ҳазор динор) назди Он ҳазрат гузоштанд ва арз карданд: Ин пулҳоро ба бечорагон диҳед. Довуд алайҳисалом аз онҳо пуосид: Илати онки шумо ин маблағро дастаҷамъи ба инҷо овардед чист? Арз карданд: Мо савори кишти будем, туфоне бархост, кишти осеб дид ва қариб буд, ки ҳамаи мо ҳалок гардем. Ногаҳон парандаеро дидем, ки порчаи сурхи бастае ба су мо андохт, онро кушодем ва дар он шоли бофтае дидем ва бо он шол мавқеъи осеб дидаи киштиро маҳкам бастем ва кишти бехатар гардид ва сипас туфон ором гардид ва мо ба соҳил расидем. Мо ҳангоми хатар назр карда будем, ки агар наҷот ёбем ҳар кадом сад динор садақа хоҳем кард ва акнун ин маблағро, ки ҳазор динор аз даҳ нафари мост ба шумо супоридем, то ба ҳарки хоҳед бидиҳед. Ҳазрати Довуд алайҳисалом ру ба зан карду гуфт: Парвардигори ту дар дарё барои ту ҳадя мефиристат ва ту Уро золим мехони? Сипас ҳазор динорро ба зан доду фармуд: Ин пулҳоро барои таъмини рузии кудаконат масраф кун, Худованд ба ҳолу рузгори ту огоҳтар аз дигарон аст.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6
алайҳисалом омаду гуфт: Эй
паёмбари Худо, Парвардигори
ту золим аст ё одил? Довуд
алайҳисалом фармуд:
Худованд одил аст ва ҳаргиз
зулм намекунад. Сипас аз зан
пурсид: Магар чи ҳодисае ба
ту рух дод, ки ин саволро
мекуни? Зан посух дод: Ман
бевазан ҳастам ва се духтар
дорам, бо дастам ресандаги
мекунам. Дируз шоли бофтаи
худро дар порчае гузошта
будам ва ба суи бозор
мебурдам, то бифурушам ва
бо пули он ғизои кудаконамро
омода созам. Ногаҳон паранде
омад ва он порчаро аз дастам
рабуду бурд ва ман тиҳидасту
маҳзун мондам ва чизе
надорам, ки маоши
кудаконамро омода созам.
Ҳануз сухани зан тамом
нашуда буд, ки дари хонаи
Довуд алайҳисаломро
кубиданд ва У иҷозаи вуруд
шуданро дод. Ногаҳон даҳ
нафар тоҷир ба ҳузури Довуд
алайҳисалом даромаданд ва
ҳар кадом сад динор (ҷамъ
ҳазор динор) назди Он ҳазрат
гузоштанд ва арз карданд: Ин
пулҳоро ба бечорагон диҳед.
Довуд алайҳисалом аз онҳо
пуосид: Илати онки шумо ин
маблағро дастаҷамъи...ЕщёЗане ба ҳузури ҳазрати Довуд
алайҳисалом омаду гуфт: Эй
паёмбари Худо, Парвардигори
ту золим аст ё одил? Довуд
алайҳисалом фармуд:
Худованд одил аст ва ҳаргиз
зулм намекунад. Сипас аз зан
пурсид: Магар чи ҳодисае ба
ту рух дод, ки ин саволро
мекуни? Зан посух дод: Ман
бевазан ҳастам ва се духтар
дорам, бо дастам ресандаги
мекунам. Дируз шоли бофтаи
худро дар порчае гузошта
будам ва ба суи бозор
мебурдам, то бифурушам ва
бо пули он ғизои кудаконамро
омода созам. Ногаҳон паранде
омад ва он порчаро аз дастам
рабуду бурд ва ман тиҳидасту
маҳзун мондам ва чизе
надорам, ки маоши
кудаконамро омода созам.
Ҳануз сухани зан тамом
нашуда буд, ки дари хонаи
Довуд алайҳисаломро
кубиданд ва У иҷозаи вуруд
шуданро дод. Ногаҳон даҳ
нафар тоҷир ба ҳузури Довуд
алайҳисалом даромаданд ва
ҳар кадом сад динор (ҷамъ
ҳазор динор) назди Он ҳазрат
гузоштанд ва арз карданд: Ин
пулҳоро ба бечорагон диҳед.
Довуд алайҳисалом аз онҳо
пуосид: Илати онки шумо ин
маблағро дастаҷамъи ба инҷо
овардед чист? Арз карданд:
Мо савори кишти будем,
туфоне бархост, кишти осеб
дид ва қариб буд, ки ҳамаи мо
ҳалок гардем. Ногаҳон
парандаеро дидем, ки порчаи
сурхи бастае ба су мо андохт,
онро кушодем ва дар он шоли
бофтае дидем ва бо он шол
мавқеъи осеб дидаи киштиро
маҳкам бастем ва кишти
бехатар гардид ва сипас
туфон ором гардид ва мо ба
соҳил расидем. Мо ҳангоми
хатар назр карда будем, ки
агар наҷот ёбем ҳар кадом сад
динор садақа хоҳем кард ва
акнун ин маблағро, ки ҳазор
динор аз даҳ нафари мост ба
шумо супоридем, то ба ҳарки
хоҳед бидиҳед. Ҳазрати Довуд
алайҳисалом ру ба зан карду
гуфт: Парвардигори ту дар
дарё барои ту ҳадя
мефиристат ва ту Уро золим
мехони? Сипас ҳазор динорро
ба зан доду фармуд: Ин
пулҳоро барои таъмини рузии
кудаконат масраф кун,
Худованд ба ҳолу рузгори ту
огоҳтар аз дигарон аст.