Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Рабуди дил зи ман охир, зи худ бегонаам кардӣ.
Гурехтам то тавонам буд , ман аз ғамхонаи ишқат,
Вале охир гирифтор андар ин ғамхонаам карди.
Шудам афсонаи вирди забони ҷумла хосу ом,
Амон аз дастат, эй дилбар, ки чун афсонаам кардӣ.
Зи нӯри меҳри худ равшан ,ту карди хонаи торам,
Пас он бар чашми ман хомӯш, чароғи хонаам кардӣ
Бигуфтам шеър дар васфат, ғазалхони ту гаштам ман,
Маро чун булбули ишқат, гули якдонаам, кардӣ.
Ба гирди шамъи пурсӯзи ту ман, парвонаат гаштам.
Ки андар меҳвари ишқат, ту чун парвонаам кардӣ.
Пушаймон нестам з-оне, ки будам бехабар аз ишқ ,
Ки охир воқифи ишқат, ту эй дурдонаам кардӣ.
Пушаймонам, ман аз оне , ки дар ин даҳри чандрузӣ,
Зи ошиқ карданат бар худ, ту бар паймонаам кардӣ.
Ба номи Ғезанӣ будам, ҷудо аз ишқи лайлоӣ,
Вале чун Қайси сарсони дур аз ошёнаам кардӣ.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5
Амон аз дастат, эй дилбар, ки чун афсонаам кардӣ.
Ки умре аз бақо моро , хабар будаст , фаҳмидам.
Тамоми мондану зистан , маром аз имтиҳони мост,
Ки итмомаш аз ин дунё , сафар будаст , фаҳмидам .
Ҳама хайри зи динёро, бувад подоши уқбоӣ,
Вале ҳар зишти дунёро ,зарар будаст, фаҳмидам.
Шудам ҷӯеву дарефтам , каме асрори дунёро Басират хуфтаву танхо , басар будаст, фаҳмидам .
Ғуруби шамси умрамро ,саҳар бар шоми тораш нест ,
Вале ҳар шоми дунёро, сахар будаст, фахмидам
Маромат Ғезанӣ ҷойгоҳ ,муайян кардан аст, ин аз умр,
Даме аз роҳи ин дунё, гузар будаст,
фаҳмида