т Ғазал аз Ҳофизи Шеърозӣ Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. Киштинишастагонем, эй бода шурта, бархез, Бошад, ки боз бинем дидори ошноро. Даҳрӯза меҳри гардун, афсонаест афсун. Некӣ ба ҷойи ёрон фурсат шумор, ёрро. Дар ҳалқаи гулу мул, хушхонд дӯш булбул, Ҳоти-с сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро. Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат, Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо. Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст: Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро. Дар кӯйи некномӣ моро гузар надодан, Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро. Он тлахваш, ки сӯфи уммулхабоисаш хонд, Ашҳо лано ва аҳло мин қублат-ил-узоро. Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ, К-ин кимиёи