Маро як фол зан, эй лӯлидухтар, Ки сарфолӣ диҳам ин ҷону ин сар. Маро як фол зан, бахти маро ёб, Ки чун рӯи ту бошад поку дилбар. Туро дидам сарафрозу шукуфон, Замони баччагиям ёдам омад. Зи қаъри солҳои даргузашта Ба гӯшам нолаю фарёдам омад. Ту будӣ кӯдаки бадбахти модар, Ки танҳою ғарибу бекасе буд. Ба дӯшаш халтае нони гадоӣ, Ту бар пушторааш, бас роҳ паймуд. Асо бар даст чун аз кӯча мерафт, Сагони кӯча меҷастанд сӯяш. Ту дар «гаҳвора»-и пуштораи ӯ Панаҳ будӣ мисоли орзуяш. Суруди аллаи тифлони дигар Садои тиру таркиш буд, аммо Ту нашнидӣ дигар лолоӣ асло Ба ғайр аз нӯлаю фарёди сагҳо. Туро дидам чароғон рӯи ҳастӣ Ба ёд омад лиқои модари ту. Зани сабзинарӯи хонабардӯш, Ягона тахти бахту