Нома@!
(heart)(heart_break)(unlike)
Тавбаи марди занкалон..
Дар деҳаи мо зане мезист, ки шавҳараш барвақт аз олам гузашта буд. Бечора занак дар хонаҳои ҳамсояҳо хизматгорӣ мекард, то бачаяш гуруснаву ташна ва сарлучу пойлуч намонад.
Вай бо азобу машаққат кӯдакашро калон карда, хононд ва соҳиби маълумоти олӣ гардонд. Писараш дар кадом як донишгоҳи хориҷӣ таҳсил карда, ба қавле одами калон шуд. Модари зор мехост ягон духтараки бо шарму ҳаё ва хоксори қишлоқиро келин карда, ормон шиканад, аммо писар “ман зани бесавод намегирам” гӯён, бо як бойдухтари “современний” хонадор шуд. Келини шаҳрӣ аз рӯзи аввал хушдоманашро ягон зарра писанду манзур намекард. Бечора кампир худаш ҳавлӣ мерӯфт, косаю та