Дар руи чойнамоз,бо дастхои боз,бо мехри дилнавоз,модар дуо кунад. Калбаш фариштасон,дилсузу мехрубон,аз магз-магзи чон,модар дуо кунад. Панд аст хар дуояш,сар хам кун аз барояш,бо оби дидахояш,модар дуо кунад. Файзи сахо дар уст,мехри Худо дар уст кони дуодар уст,модар дуо кунад. Субхи саодаташ,баъдаз ибодаташ, рав бар ёдаташ,модар дуо кунад. Аз ман насихат аст.модар ганимат аст,холо,ки фурсат аст,модар дуо кунад
{С....С......}