Даме бошад макун фикре, каме рохат фарогат кун,
Машав гамгин, факат фикри саломат кун.
Тассалои дили худ кун, агар бадтинате ранчонд,
Ба кунчи хилвате бошу Худоро зикру тоат кун.
Тихи магзу дахан бадбуй дилатро гар сиёхе кард,
Чавобашро мадеху як нафас сабреву токат кун.
Маранч аз хар чахолатдил матарс аз хайбату вахмаш,
Ба одоби мусалмони ба рохи хак шафоат кун.
Агар ё хушкмагзе хушдимоге обруят рехт,
Гунохатро Худо резад машав гамгин ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге хакорат кард,
Надоди бар чавобаш мушт худро маломат кун.
Ба нохунхои лафзи дилхарошаш дилхароши дил,
Ба гулгаште бирав аз буйи гул дилро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мусибатро ба руят зад,
Бидон ин кори Аллох