Боз як рӯзе аз ин дунё гузашт,
Ҳамчу ёре аз канори мо гузашт.
Шоди дидори маҳем, ай бехабар,
Шамс бо як рӯзи умри мо гузашт.
Хуб гар бигзашт имрӯз, ай чӣ хуш,
Вой бар рӯзе, ки бо бадҳо гузашт.
Қадраш ар дониста будем, офарин,
Ҳайф шуд гар бо ду - се расво гузашт.
Хуш бар он рӯзе, ки бо пирони даҳр
Бо дуову суҳбати зебо гузашт.
Хуш бар он рӯзе, ки бо соҳибдилон
Машварат кардему бо онҳо гузашт.
Хуш бар он рӯзе, ки бо савдои дил
Дар канори ёри беҳамто гузашт.
Вой бар рӯзе, ки моро пир кард,
Пур зи ғурбатҳои ин дунё гузашт.
Ёд бод он рӯзҳои хуби мо,
Рӯзҳое ки пур аз маъно гузашт.
Ноаён бигзашт, ёрон, сад дареғ,
Боз як рӯзе зи умри мо гузашт.
Ғайратҷон Ҳотам