Свернуть поиск
🌼Ассалому алайкум!🌼
🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸🌸
Ҳар субҳ имконияти нав аст. Бо умеду табассум рӯзро оғоз кунед.
🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺🌺
___ ✨Умед чароғест, ки ҳатто дар ториктарин шаб роҳро равшан мекунад.
___ ✨То даме ки умед зинда аст, барои оғози нав ҳамеша имконият вуҷуд дорад.
___✨ Умед ба дил нерӯ мебахшад ва инсонро ба сӯи фардои беҳтар мебарад.
___ ✨Ҳеҷ шаб абадӣ нест; пас аз ҳар торикӣ ҳатман субҳ меояд.
____✨ Бо умед зиндагӣ ширинтар ва душвориҳо сабуктар мегарданд.
___✨ Ҳар рӯзе, ки бо умед оғоз мешавад, метавонад ба беҳтарин рӯзи зиндагӣ табдил ёбад.
___ ✨Умед неъмати бузургест, ки дилро аз ноумедӣ муҳофизат мекунад.
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
Худо имрӯзатонро пур аз баракат, саломатӣ ва оромӣ гардонад. 🤲🤲🤲
15 комментариев
6 классов
Шаб ба хайр! 🌙
✨✨✨✨✨✨✨✨✨✨
____Ҳама чиз дар зиндагӣ вақти худро дорад....
Ҳеҷ рӯйдоде бе ҳикмати Парвардигор нест.... Агар имрӯз чизе ба таъхир афтодааст, шояд фардо дар беҳтарин замон насиби шумо гардад.
___ Ба Худованд таваккал кунед, дилатонро ором нигоҳ доред ва умедро аз даст надиҳед.
Он чӣ барои Шумост, аз Шумо намегузарад ва дар вақти муносиб ҳатман ба шумо хоҳад расид.....
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
Хобатон ором, дилатон пурнур ва фардоятон пур аз хайру баракат бошад.🤲🤲🤲
51 комментарий
33 класса
ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙР БОШАД!
🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠🌠
......🌺Инсон дар зиндагӣ ҳар чизеро ки ба ҷаҳон медиҳад, рӯзе ба ҳамон шакл ба худ бозпас мегирад.....
__🌺 Ҳеч андеша, ҳеч сухан ва ҳеч амале дар фазои ҳаёт гум намешавад. Ҳар пиндори нек, ҳар сухани меҳрубонона ва ҳар кори хайр дер ё зуд ба зиндагии инсон рӯшанӣ меорад. Ҳамон гуна ки кина, бадгӯӣ ва озори дигарон низ рӯзе ба шакле ба худи инсон бармегардад.
__ ✨Зиндагӣ мисли оина аст: ҳар чӣ дар баробараш мегузорӣ, ҳамонро ба ту нишон медиҳад.
__✨ Агар муҳаббат диҳӣ, муҳаббат мебинӣ, агар эҳтиром кунӣ, эҳтиром меёбӣ, агар дилеро бишканӣ, рӯзе дарде аз ҳамон ҷинс ба сарат меояд.
__✨ Шояд бозгашти амалҳо зуд набошад, шояд солҳо тӯл кашад, аммо қонуни зиндагӣ дақиқ аст: инсон ҳосили пиндор, гуфтор ва кирдори худро мечинад.
__✨ Чӣ хуб мебуд агар эҳтиёт кунем, ки чӣ меандешем, чӣ мегӯем ва чӣ мекунем.
__🌺Зеро ҳар андеша тухмест, ҳар сухан садоест ва ҳар амал роҳест, ки оқибат моро ба худи мо бармегардонад.🌺
🌿✨🌿✨🌿✨🌿✨🌿✨🌿✨
27 комментариев
16 классов
🌹🌹🌹🏵🏵🏵🌹🌹🌹🏵🏵🏵🌹🌹🌹🏵
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ.....
СУБҲАТОН ПУР АЗ УМЕД ВА РӮЗАТОН ПУР АЗ ОМАДҲО !
Ҳар лаҳзаи зиндагӣ фурсатест барои зебо кардан ва лаззат бурдан аз он. Мақсади асосии мо дар зиндагӣ бояд ин бошад, ки на танҳо барои худ, балки барои дигарон низ хушнудӣ ва шодиро ба миён оварем. Маҳз бо эҷоди шодӣ дар ҳар нафас, бо ишқу муҳаббат ва эҳтиром ба ҳаёт, мо метавонем ба дигарон нишон диҳем, ки зиндагӣ на танҳо як сафари маъмулӣ, балки як фурсатест барои шодбошӣ ва оромӣ дар лаҳзаи ҳозира. Ҳар як лаҳза метавонад ба як манбаи шодӣ ва хушбахтӣ табдил ёбад, агар мо дарк кунем, ки зебоии ҳақиқӣ дар ин лаҳзаи ҳозира аст.....
ҲАР ЛАҲЗАИ ЗИНДАГӢ ҒАНИМАТ АСТ....
БЕҲУДА АЗ ДАСТ НАДИҲЕДАШ.....
РӮЗГОРАТОН ОСУДА БОШАД !
☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️
52 комментария
13 классов
🌄🌄🌄🏙🏙🏙🌃🌃🌃🌄🌄🌄🏙🏙🏙🌃
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ....
ШОМ БА ХАЙРУ ШАБ БА ХУШӢ !
Агар Шумо дар куҷое тухмии коштаатонро фаромӯш карда бошед , боварӣ ҳосил кунед , ки рӯзе , ки борон меборад , он тухмӣ сабзида мебарояд.
Пас, дар ҳар ҷо ва ба ҳар касе , некӣ кунед...!
Зеро намедонед , ки борони раҳмат дар куҷо ва кай меборад.
Умри мо кӯтоҳ аст, вақтамон кӯтоҳ... Баъзан тухми шинондаамон пас аз мо мева медиҳанд...
Мумкин некие , ки имрӯз мо мекунем , рӯзе ба фарзандони мо баргардад....
Ҳеҷ кори хайре бе подош нест....
Ҳамеша некхоҳу накукору некандеш бошед...!
ШАБИ БА ТАБЪИ ДИЛЕ ДОШТА БОШЕД !
🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃
49 комментариев
20 классов
загрузка
Показать ещёДополнительная колонка
О группе
Ассалому алайкум , дустон ....
Мархаммат ба гурухи ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН ...Ба дигарон хам ин гурухи моро тавсия дихед...
Мехохам ин гурух оинае бошад , ки хама чурму нуксонхову камиву костихоро намоён созад ва хамагон аз паи тозаву пок сохтанаш бошем ....Аз худ шуруъ намуда , рафтору гуфтору кирдори худро дар чорчубаи адаб рост бинмоем ва бо хикояву таронаву суханхои тарбияви рохнаварди дигарон бошем.....
Показать еще
Скрыть информацию
Фото из альбомов
Правая колонка