Зи туҳматҳои номардон,Худовандо нигаҳбон шав, Зи дилсӯзии бедардон, Худовандо нигаҳбон шав. Тану ҷони саломат деҳ, макун хори дари нокас, Дар ин дунёи саргардон, Худовандо нигаҳбон шав. Ба рӯят лутфи ҳарфи хубу аз пуштат кунад ӯ туф, Зи дилсарди лабхандон, Худовандо нигаҳбон шав. Ба кӣ дарди сарам гӯям, ки гаштам саргардони даҳр, Маро аз дидаи ҳайрон, Худовандо нигаҳбон шав!