Сардборони само мегузарад, гиря макун.
Гиряи обу хаво мегузарад,гиря макун.
Аз сари мардуми олам чи каму беш гузашт,
Боз хам аз сари мо мегузарад, гиря макун.
Ин сиёхиву сафедии чахон рузу шабест,
Рузу шаб пешу кафо мегузарад, гиря макун.
Зиндаги хар нафасе чоизаи нав дорад,
Низ гохе ба чазо мегузарад, гиря макун.
Киссаи Хусраву Ширин сухани бофта нест,
Дар рахи ишк чихо мегузарад, гиря макун.
Озарахш ашки калам бо гаму шоди ояд,
Нома аз дасти Худо мегузарад, гиря макун.
Озарахш