Бо арзи салом ва дуруди бепоён ҳамаи Шумо бародарон ва хоҳарони аҳли исломро бо фарорасии Иди Қурбон, иди муқаддаси мусулмонон, ки иди садоқат, покию равшани, сулҳу неки, айёми ҳаҷҷи акбар ва рамзи муҳаббати беинтиҳо бар Худованд мебошад ва намунаи олии онро Пайёмбар Иброҳими Халилуллоҳ нишон додааст аз самими қалб табрику муборакбод мегуям! Худованд тамоми роҳоятонро ҳамвор созад ва монанди сипаре аз Шумо муҳофизат намояд. Чатри муҳаббаташро ҳамаҷо болои саратон қарор диҳад ва борони раҳматашро дар саҳрои қалбатон боронад. Хуршеди меҳрубониаш гармбахши рузҳои сардатон бошад, қадамҳоятонро дар роҳи худаш устувор гардонад ва қалбатонро оромиш бахшад, рузгоратонро аз хуши пур кунад, ғам ва ниг