Дил бар ин дунё мабанд, дунёи фони бигзарад,
Навбати пири дарояд, навчавони бигзарад.
Эй ки дори боғу бустон, молу мулку мамлакат,
Боғи ту вайрона гардад, боғбони бигзарад.
Эй ки дори зуру бозу, дар чаҳони номдор,
Зури ту ҳам охир ояд, пахлавони бигзарад.
Ин аҷал хамчун пулест, ҷонҳо чун корвон,
Ногахон бини з-он пул корвоне бигзарад.
Шамси Табрези, чи дони ҳолати мастони хеш.
Кори ту ҳам охир ояд, кордони бигзарад...