Зи ҳар дарди дилозори,биё даст каш мусалмонам, Зи дуздию рибохори,биё даст каш мусалмонам. Замон вайрона асту мо з-он вайронатар гаштем, Зи найрангу ҳарромкори,биё даст каш мусалмонам. Шаробдасте,дағалдасте,ба роҳат гар дучор ояд, Зи ҳар мурдори хунхори,биё даст каш мусалмонам. Худо додаст туро ақлу фаросатҳои инсони, Зи беакли шаробхори,биё даст каш мусалмонам. Туро куштору хунрези,намебояд, аё қавмам, Зи ҳар ҷанҷоли хунбори,биё даст каш мусалмонам. Бубини марди бедину,кафолатхоҳи бадхашмро, Зи ҳар бамбуки мурдори,биё даст каш мусалмонам. Ба шаҳре,ки туйи маскан,ту беҷомаву бемадфан, Зи ночори ватандори,биё даст каш мусалмонам. Сикинхед дард туро орад,дигар Ҷамшуд туро хонад, Зи бегонапарас