Имрӯз-30 сентябр Рӯзи ҷаҳонии Мавлоност.  На танҳо дар қаламрави форсигӯён, балки дар олам аз ин рӯз таҷлил мешавад. Мавлоно Мавлавии Балхӣ аз ҷумлаи шуаро, сӯфии покманиш, донишманди варзидаи ирфон, солики роҳи Ҳақ ва яке аз пуршигифттраин шахсияти таърихи башар як рӯи таърихро ба худ ихтисос додааст. Дар “Маноқиб-ул орифин”-и Аҳмади Афлокӣ омада: Дар ҷамиъи олам се чиз ом буд, чун ба ҳазрати Мавлоно мансуб шуд, хос гашт... Аввал китоби “Маснавӣ” аст, ки ҳар ду мисраъро маснавӣ мегуфтанд, дар ин замон чун номи маснавӣ гӯянд, ақл ҳукм мекунад Маснавии Мавлоно ст. Дуввум ҳама уламоро мавлоно мегӯянд, дар ин ҳол чун номи Мавлоно мегӯяннд,  ҳазрати ӯ мафҳум мешавад. Саввум ҳар гурхонаро турб
  • Класс
Ай фасли боборони мо, баррез бар ёрони мо, Чун ашки ғамхорони мо дар ҳаҷри дилдорони мо! Ай чашми абр, ин ашкҳо мерез ҳамчун машкҳо, Зеро ки дорӣ рашкҳо бар моҳрухсорони мо! Ин абрро гирён нигар в-он боғро хандон нигар, К-аз лобаву гиряй падар растанд беморони мо. Абри гарон чун дод Ҳақ аз баҳри лабхушкони мо, Ратли гарон ҳам Ҳақ диҳад баҳри сабуксорони мо! Бар хоку дашти бенаво гавҳарфишон кард осмон, З-ин бенавойӣ мекашанд аз ишқ тарророни мо! Ин абр чун Яъқуби ман в-он гул чу Юсуф дар чаман, Бишкуфта рӯйи Юсуфон аз ашкафшорони мо! Як қатрааш гавҳар шавад, як қатрааш абҳар ша-вад В-аз молу неъмат пур шавад кафҳои кафхорони мо! Боғу гулистони малӣ ишкуфа мекарданд дӣ, Зеро ки барриқ
Ай аз варои пардаҳо тоби ту тобистони мо, Моро чу тобистон бибар дилгарм то бустони мо! Ай чашми ҷонро тӯтиё, охир, куҷо рафтӣ? Биё, То оби раҳмат барзанад аз саҳни оташдони мо! То сабза гардад шӯрҳо, то равза гардад гӯрҳо, Ангур гардад ғӯраҳо, то пухта гардад нони мо! Ай офтоби ҷону дил, ай офтоб аз ту хиҷил, Охир, бибин, к-ин обу гил чун баст гирди ҷони мо! Шуд хорҳо гулзорҳо аз ишқи рӯят борҳо, То сад ҳазор иқрорҳо афканд дар имони мо! Ай сурати ишқи абад, хуш рӯ намудӣ дар ҷасад, То раҳ барӣ сӯйи аҳад ҷонро аз ин зиндони мо! Дар дуди ғам бикшо тараб, рӯзе намо аз айни шаб, Рӯзе ғарибу булъаҷаб, ай субҳи нурафшони мо! Гавҳар кунӣ хармуҳраро, заҳра бидаррӣ Зуҳраро, Султон кунӣ бе
Дилбари мо шудаст дил бари мо, Гули мо беҳад асту шаккари мо. Мо ҳамеша миёни гулшакарем, З-он дили мо қавист дар бари мо. Зуҳра дорад ҳаводиси табъӣ, Ки бигардад ба гирди лашкари мо. Мо ба пар мепарем сӯи фалак, З-он ки аршист асли ҷавҳари мо. Сокинони фалак бухур кунанд, Аз сифоти хуши муъанбари мо. Ҳама насрину арғавону гул аст Бар замин шоҳроҳи кишвари мо. На бихандад, на бишкуфад олам Бе насими дами санавбари мо. Зарраҳои ҳаво пазирад рӯҳ, Аз дами ишқи рӯҳпарвари мо. Гӯшҳо гаштаанд маҳрами ғайб. Аз забону дили суханвари мо. Шамси Табрез абрсӯз шудаст, Сояаш кам мабод аз сари мо!
ИБРОҲИМИ АДҲАМ ВА ТАРКИ САЛТАНАТ Иброҳими Адҳам подшоҳи Балх шабҳангом бар тахт орамида буд ва нигаҳбонон пушти боми қаср машг'ули нигаҳбонӣ буданд. Албатта, мақсуди ӯ аз нигаҳбон гуморидан ҷилавгирӣ аз хатари дуздону г'оратгарон набуд: Қасди шаҳ аз ҳорисон, он ҳам набуд, Ки кунад з-он дафъи дуздону рануд. Ӯ ҳамедонист, к-он кӯ одил аст, Фориг' аст аз воқеъа, эминдил аст.. Нигаҳбони орзуҳову мақосиди одамӣ адолати ӯст, на посбоне, ки шабҳо бар бом чӯб бар табл мезанад, балки мақсудаш он буд, ки хитоби азалиро бишнавад. Боре дар он шаб Иброҳим бар тахт хуфта буд, ки ногаҳон аз пушти бом садои тақ-тақу ҳамҳамае шунид. Баланд шуд ва cap аз панҷараи утоқ берун оварду гуфт: -Кист, ки ин
  • Класс
ДАЪВОИ ЛАФЗӢ Чаҳор нафар, ки ҳар як забони хосе доштанд, дар канори ҳам нишаста буданд. Марде омад ва як дирҳам ба онҳо дод, то чизе бихаранду бихӯранд. Миёни онон низоъ шуд. Он ки форс буд, гуфт: -Бо он ангур бихарем. Он ки араб буд, гуфт: -Бо он инаб (=ангур) бихарем. Он ки румӣ буд, гуфт: -Ман на ангур мехурам ва на инаб, балки фақат истофил (=ангур) дӯст дорам. Туркзабон ҳам гуфт: -Ин ҳарфҳоро канор бигзорем, бояд биравем узум (=ангур) бихарем: Чор касро дод марде як дирам, Он яке гуфт: -Ин ба ангуре диҳам. Он яке дигар араб буд, гуфт: -лo, Ман инаб хоҳам, на ангур, эй даго! Он яке турке буду гуфт: -Ин бинум, Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум. Он яке румӣ бигуфт: -Ин қилро, Тарк кун, х
НОЛАИ СУТУН АЗ ФИРОҚИ ПАЁМБАР (С) Дар масҷиди Мадина сутуне буд аз танаи дарахти хурмо, ки Паёмбар ҳангоми вазъ бар он менишаст ва мардумонро иршод мекард ва роҳ менамуд. Баъдҳо минбаре сохтанд ва онро дар масҷид ниҳоданд, то Паёмбар бар он нишинад. Чун Паёмбар бар он минбар нишаст ва аз сутун дур шуд, аз он садои нолае шунида шуд. Аз он пас он сутунро “Сутуни ҳаннона" номиданд. Устуни ҳаннона аз ҳаҷри Расул, Нола мезад ҳамчу арбоби уқул. Гуфт Пайг'амбар: -Чӣ хоҳӣ, эй сутун? Гуфт: -Ҷонам аз фироқат гашт хун. Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гуфт: - Чӣ ҳоҷат дорӣ, ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ. Гуфт: - Он мехоҳам, ки ҳамешагӣ ва доим аст: Гуфт: - Он хоҳам, ки доим шуд бақош. Биш
АЖДАҲОИ ХУФТА Моргир барои гирифтани мор роҳии кӯҳсорон шуд. Пас аз паймудани роҳе тулонӣ ба аждаҳои бузург бархурд, ки дар миёни барфҳо мурда менамуд: Ӯ ҳамеҷӯстӣ яке море шигарф, Гирди кӯҳистон дар айёми барф. Аждаҳое мурда дид он ҷо азим, Ки дилаш аз шакли ӯ шуд пур зи бим. Моргир ҳавои он дошт, ки морро барои тамошои мардумон ба намоиш гузорад ва ононро дучори эъҷобу шигифтӣ кунад, г'офил аз он, ки вуҷуди одамӣ худаш пур аз аносири ҳайратзост. Чаро одам, ки чун кӯҳе азим аст, бояд мафтуни море шавад: Одамӣ кӯҳест, чун мафтун шавад? Кӯҳ андар мор ҳайрон чун шавад? Хештан нашнохт мискин одамӣ, Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ. Дар ҳар ҳол аждаҳои хуфтаро гирифт ва ҳамроҳи худ ба Баг'д
Показать ещё