Истиқлол сараввал дар мағзҳо бошад. Зеро шахсе, ки тафаккури озод надорад, ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлол шуда наметавонад. Воқеъан, истиқлол неъмати бебаҳои зиндагист, вале он мӯъҷизае нест, ки баъди эълонаш мо даст рӯи даст, дар кунҷи хона бишинему тамоми нозу неъмати зиндагӣ болои хонамон муҳайё шавад. Ҳам пойдории истиқлол ва ҳам беҳ гардидани рӯзгорамон аз меҳнати ҷабин, муносибати пок ва дилу нияти софи ҳар як фарди ҷамъият дар сари иҷрои вазифа аён мегардад. Чунончи, агар хонанда ва донишҷӯем бояд хубу аъло таҳсил кунем, то ҳамчун донишманду закӣ ва соҳибтахассус паи ободии Ватан камари ҳиммат бандем. Ва ё агар кишоварзем, бо сад умед ба замин дона корем, то дастурхони мардум ҳамеша пурфайз бо