ХАТИ НОХОНДА
Мекашонад ба сӯйи танҳоӣ
Пойҳое, ки хонаи ту нарафт.
Қисмати шӯртар зи оби баҳр
Аз сарам бо баҳонаи ту нарафт.
Мекашонад ба сӯйи торикӣ
Ғуссаҳое, ки рафтию мондӣ.
Дар хате, ки ба кисаат мондам,
Номи ман буд, кош, мехондӣ.
Кош, мехондию намемондӣ
Хушдилеро ба рӯзҳои сиёҳ,
Кошки, кошки, намедидам
Хешро баъди ту ба ҳоли табоҳ.
Дар ҳамон номае, ки накшодӣ,
Илтиҷоҳои қалби зорам буд.
Сархамиҳову узрпурсиҳо,
Орзуҳои сад баҳорам буд.
Шояд аз кисаи ту афтода
Номаам бо умеди хушрӯзӣ.
Ёфт, шояд, касеву бикшодаш
Хонду бар ман намуд дилсӯзӣ?
Бе ту инак ду сол мегузарад
Ва чи сахту маҳол мегузарад.
Ту надонӣ, валек медонам
Бе муҳаббат чи ҳол мегузарад.
Андак-андак ду сол рафт зи ту,
Г