Ё Аллох, Моро аз неъматхои дунё ва охират бахраманд гардон ва аз оташи дузах нигох дор. Худоё! Ман аз гам ва андух, ва нотавони ва сусти, ва аз бахиливу тарсончаки ба ту панох мебарам. Парвардигоро! Ман аз азоби кабр ва фитнаи зиндагиву марг ба ту панох мебарам. Худоё! Динамро ислох кун ки тамоми корхоям ба у вобастаги дорад, ва дунёямро ислох кун, ки зиндагонии ман дар уст, ва охиратамро ислох кун, ки бозгашти ман ба суи уст, зиндагиро дар хайри бисёр ва маргро аз хар намуд бадбахтихо бароям рохат бигардон. Худоё! Аз ту хидояту такво ва покиву бениёзи талаб дорам. Худоё! Чашм ба рахмати ту дорам, пас манро хатто микдори як мижа задан хам ба холи худам рахо макун ва хамаи умурамро ислох намо