• Бар иктишофи нафт дар кишварҳои арабӣ беш аз 75 сол гузашта аст, вале ҳанӯз қазияи бенавоён ҳалли худро наёфта. Бо ин ки аҳди ҳукмронии халифаи додгар Умар ибни… Абдулъазиз фақат 2 солу 5 моҳ давом накард, чандон доду адл густард, ки масъулони Байтулмол бо закот дар кӯчаҳо гардиш мекарданду ниёзмандеро пайдо намекарданд, ки он закотро аз онон биситонад. Аз Умар ибни Абдулъазиз ин гуфтаи машҳур ривоят шуда аст, ки:
انثروا القمح على رؤوس الجبال حتى لا يقال " جاع طير في بلاد المسلمين
"Гандумро бар теғаҳои кӯҳҳо бипошед, то нагӯянд, ки дар кишвари мусулмонон парандагон гурусна мондаанд".
Оё касе ҳаст, ки бар теғаҳои кӯҳҳои бенавои кишварҳои мусулмонӣ нон бипошад, то мусулмонон гурусна намонанд