Наврӯз расид бар диёри куҳанам,
Аммо мани бебаҳор дур аз Ватанам.
Аз ҳарфи мусофират ба дод омадаам,
Аз барфи мусофират ба дод омадаам.
Мушкил паси мушкил аст дар шаҳри урус, Ҷонам ба сари қил аст дар шаҳри урус.
Модар ба куҷо, падар куҷо, ман ба куҷо? Духтар ба куҷо, писар куҷо, ман ба куҷо?
Чандест, ки дур аз аёғи падарам,
Дил гум занадо ба ёди боғи падарам.
Гул карду зи гул фуромаду нест писар, Якчанд баҳор омаду нест писар.
Қандак* ба падар заҳр намояд бе ман, Қандак чӣ? Шакар заҳр намояд бе ман.
Эй дод аз ин ғурбату ин раҳдурӣ,
Э войи муҳоҷир шудани маҷбурӣ!
То чанд баҳор ояду ман наравам?
То кай зи баҳори деҳа маҳрум бувам?
Бе ман бигузашт эй басо мотаму сур,
Бас хандаи ширину