Саҳар аз хоб мехезам, хаёли ту ба сар дорам,
Агар аз гул сухан гӯям,туро ман дар назар дорам.
Ту ҳастӣ аз ҳама зебо, туро ман дӯст медорам .
Ба вақти ҳар ғаму шодӣ, ҳамеоӣ ту бар ёдам,
Ту ҳастӣ туҳфаи тақдири ман, аз ҳастият шодам .
Биё сӯям гули раъно, туро ман дӯст медорам .
Мудом шукрона мегӯям, ки аз ишқат сарафрозам,
Шунав армони қалбамро, ту ҳастӣ маҳрами розам.
Қасам бар ишқат, эй ҷоно, туро ман дӯст медорам.
Ҳама ҳар чиз мехоҳанду ман танҳо туро хоҳам ,
Агар ту нашнавӣ арзам, бупечад бар само оҳам .
Аё, эй гавҳари якто, туро ман дӯст медорам .