Туро бо бӯса аз хобат мани бечораи бемор.
Бигӯям қиссаи дарди дили ин нотавонамро,
Ки охир кай шавад ин дил, дили бедарду ғам,эй ёр.
Чу булбул нолаҳо дорам ба гӯши аҳду паймонат,
Набошад нолаи булбул, гул ҳам рӯзе шавад чун хор.
Чаро боре намепурсӣ, намегӯи чӣ ҳол дорам,
Қаландар гашта аз ишқат бигардам кучаю бозор.
Биё, фурсат ғаниматдону аз ҳолам бипурс боре,
Ки рӯзе меравам аз даҳр шави дар хоки поям зор.
Нишастам кӯчаи ғурбат тамоми умр дар кӯят,
Ту ҳам боре нишин чун ман ба болои сари девор.
Намехоҳам гули рӯят шавад паҷмурда он рӯзе,
Сарамро гар бубини ту кашол андар сари он дор.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 26
Шумо агар инсоф дошта бошед ҷои ин тӯҳмат якто аз китоби ман,ки музди ночизе нарх мондаам барои савобу дастгири бихаред.
Гуфти: Аз Ҳофизи мо бӯи риё меояд,
Офарин бар нафасат бод,ки хуш карди бӯй.
Аҳволи ман мапурс,ки бо сад ҳазор дард,
Мебоядам ба дарди дили дигарон расид.
(Соиб)
Лоақал чашматон калон бикшоеду айнак аз чашми дилтон бардореду аниқ назар андозед,ки инҷо чӣ гуфтаем:
Набошад рӯзи фардояш ба хушгуфтан намеарзад.Ҳамин дунё,ки дил бурдаст ба дилдодан намеарзад,
Зи дунболаш кашол кардаст,ману боз чанд мани дигар,
Зани сад шавҳаре гаштаст,ки бар дидан намеарзад.Накардаст ҳеҷ вафо ҳаргиз намехоҳад вафо кардан,
Шаби қадру ғаниматро ба ҳайф кардан намеарзад.Гузашт рӯзҳо зи умри мо ба ғафлат аз паи молаш,
Сад афсӯсо,ки ин молаш ба гӯр бурдан намеарзад.Ҳазорон мардҳоро кушт ҳанӯзам боз дар куштан,
Ҷаҳони наркушу номард ба ҷонкандан намеарзад.Набуд гар тоаташро фарз дар ин вайрона ободӣ,
Худо шоҳид,ки ин дунё ба ин будан намеарзад.Бихон панҷвақт намозатро Анис, дар хок мепурсанд,
В-гарна зистанат ҳеҷ аст ба як мурдан намеарзад.Аниси Ёқуб...Ещё

В-гарна зистанат ҳеҷ аст ба як мурдан намеарзад.Аниси Ёқубиён.
Бехуд нагуфтаанд:
Гар сухане бар сухане зам куни,
Катрае аз хуни чигар кам куни.
Мехнати пурмашаккати шоирро бо суханони пуч олудаи нобовари кардан ин аблахие беш нест.
Забон дар даҳон чист эй хирадманд,
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Худованд танфиқу инсофи бандагетон бидиҳад бародари азизам:
Банда ҳамон беҳ,ки зи тақсири хеш,
Узр ба даргоҳи Худой оварад
В-арна сазовори Худовандиаш,
Ӯ натавонад,ки ба ҷой оварад.
(Ҳазрати Саъдӣ)