Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Хок буди хокиё баргашта хокат мебаранд.
Қасру кӯшку дарбону посбонҳо оҷизанд,
Аз миёни садҳазорнон баста поят мебаранд.
Дар гусели тобутад оянд ҳазорон дӯстон,
Аз қатори дӯстони меҳрубонат мебаранд.
Ту савори маркаби чӯбин куни азми сафар,
Ҳамраҳат то хонаи танги мазорат мебаранд.
Ду малак истода он ҷо мунтазират бо савол,
Гар бидоди хуш ҷавоб Ҷаннат маконат мебаранд.
Чун нашуд имкон туро посух диҳи Раббам Худо,
Ҳар азобу лаънатест фармуда корат мебаранд.
З-ин сабаб андеша кун тоъат намо дар зиндагӣ,
Ки аз ин дорулфано дорулбақоят мебаранд.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 11
Хамсухбатони ман зи ман охир чудо шуданд
Боди бахор мевазад сабза сар кашид
Рухсорахои мохи рухон зери по шуданд
Аз шарбати висол шуданд бо гами фирок
Ин хам ба гарди хок чу гарди хаво шуданд
Сад доги орзу ба чигар бурда зери хок
Бегона аз хаёту ба марг ошно шуданд
Дили пурмехри уро зуд,ба оби сард машуедаш
Мабодое хазон гардад,пушаймони надорад суд
Ки фарзанд меваи умр аст,нахушконед бахори худ
Аё эй модарандархо,маёзоред ятимонро
Худо мебинад аз боло,мабодо мезанад арвох
Бидоред дуст,хама фарзанд •••
Бар зистани чон,сазо нашуд,пои равоне,
Ин навда нихол,зи тани дустон хаме сабз,
Рахидани чони одами,бори гароне .
Ку Модари Модарон,ки дунё бисарод,
Ку он Падаре,ки хамрахе хон бисарод,
Ку он хама шохи маниву,хору гадое,
Дусти замона буданду,хоканд чалоте.
Дунё хаме боду,одами чангу матоъе,
Оташ ки набуд,одами онро равое,
Обе ки надорадаш канор,пайрохи равон,
Равон хама олот сазо,дунё каноре.
Бо дуои хайру бо оёти куръонам баред.
Кардааст хотирпарешонам гариби солхо,
Баъди маргам суи хешони парешонам баред.
Дар гариби чисму чонам сахт ранчидаст илтимос,
Баъди маргам суи хешони парешонам баред.
Хар кучое мегузоредам гузоред дар Ватан,
Гар маро инсон бидонед Ворухи чонам баред.
Зиндагӣ ин фурсати тоъат барои зинда аст.
Зиндагӣ ин ибтидои роҳи ҳар як раҳгузар,
Зиндагӣ ин интиҳои одамони мурда аст.
Зиндагӣ имкони роҳи Ҳақтаъоло ҷустан,
Зиндагӣ ин дидани он чӣ, ки Одам дидааст.
Зиндагӣ ин мӯҳлати бо дӯст дар сӯҳбат будан,
Зиндагӣ ин рӯзҳои рафтаю санҷида аст.
Зиндагӣ ин кардани орзу ба ҳар як кори нек,
Зиндагӣ ин орзуҳои ба ҳам печида аст.
Зиндагӣ ин доштани умед ба рӯзи фардо,
Зиндагӣ ин рӯзи фардо,ки Худо фармуда аст.
Зиндагӣ ин ташнаи дидори ёри Меҳрубон,
Зиндагӣ ин будани мо баҳри фардо будааст.
Аниси Ёқубиён.