Ту аз ман мерави имрӯз пушаймон мешави охир, Маро ёд карда ҳар лаҳза ту гирён мешави охир. Ту имрӯз мерави ҳатто маро хайре ҳам ногуфта, Яқин донам, ки ишқамро суроғон мешави охир. Маро бо ту ҳамеша меҳрубониву навозиш буд, Ба ҳар як ҳарфи дилҷӯям ту пазмон машави охир. Туро бо ман раҳи дил буд, ки дил бо дил муҳаббат дошт, Ки бе ман дар раҳи ин дил ту сарсон мешави охир. Пас аз як лаҳзаи кӯтоҳ ба ҷустуҷӯи ман гарди, Маро ноёфтаву аз худ гурезон мешави охир. Ту инро боз намедони, ки бе ман шоми ту тор аст, Шаби танҳову ту танҳо худ ҳайрон мешави охир. Марав аз ман, марав аз ман,ки ман низ баъд намебахшам, Ту танҳову пушаймону саргардон мешави охир.