Ғамхори касе бош, ки ғамхори ту бошад, Дар гармию сардии ҷаҳон ёри ту бошад. Бо ҳар хасу хоре манишин вақт гарон аст, Ҳамрози касе бош сазовори ту бошад. Ин даҳр, ки майдони набард аст дар ин ҷо, Ҳамроҳи касе бош тарафдори ту бошад. Дил гир аз оне, ки надонист баҳоят, Дилдори касе бош, ки дилдори ту бошад. Бигрез аз он ёр, ки бо дасти баҳона, Ҳар рӯзи Худо дар паи озори ту бошад. Ҳоло дари ҳар кас чу дари қалби ту во нест, Меҳмони касе шав, ки талабгори ту бошад. Пазмони касе шав, ки алорағми ҷудоӣ, Дар ҳар нафасаш ташнаи дидори ту бошад. Аз дафтари дил гӯй ғазал бар нафаре ки Аз умқи дили соф ҳаводори ту бошад. Дур бош аз оне, ки ғамат нест ғами ӯ, Қурбони касе шав, ки гирифтори ту бошад.