Эй ишк! Эй сузиши дили инсон! Чи будану чи максад доштанатро ба хуби дарк карда натавонистам. Факат хаминро фахмидам, ки месузониву мегирёниву меранчони, вале бо вучуди ин ширину гуворо хасти. Бе хадду канориву бехудуд. На замонро мешиносиву на вактро. Ба дили ду инсоне, ки хамдигарро хатто дар хоб надида буданд, мухаббатро ато карди. Чи берахми? Нагуфти, ки инхо аз хам дуранд ва хеч гох ба висоли хам расида наметавонанд. Дар дили мо ишки поке хувайдо сохтиву аммо моро дар фироки хамдигар месузони. Вале шодам! Хушбахтам, ки уро дусташ медораму у низ маро аз чон дуст медорад. Шунидани овози хушу суханони ширине, ки бо тамоми хиссиёташ аз каъри дилаш барои ман мегуяд, зиндагиамро пурмаъно месо