Рӯзе равам аз дунё, дунёи маро ёбед, Дар хок шавам пинҳон, пайдои маро ёбед! Дар дашту даман рафтам, дар хоки Ватан рафтам, Дарёи равон будам, маҷрои маро ёбед! Беҷою баҷо гуфтам,аз меҳру вафо гуфтам, Дар маҳфили ҳар ошиқ, иншои маро ёбед! Фардо ба Шумо обод, дунё ба Шумо хуш бод, Фардо, ки набошам ман, фардои маро ёбед!