СУРУДИ ДАЪВАТ
Биё, эй ҳамватан, сар аз гиребоне бибардорем,
Ба ҳам оему Ворухро ба дасти ғайр наспорем.
Ки Ворух марзи номуси тамоми Тоҷикистон аст,
Ки Ворух, эй бародар, нангу номи Тоҷикистон аст.
Биё, бар ҳифзи номуси Ватан бархез, эй тоҷик!
Ба ҳифзи модару фарзанду зан бархез, эй тоҷик!
Агар дар бистарӣ, бархез, агар пушти дарӣ, бархез,
Назебад бар ту рӯбоҳӣ, агар шери нарӣ, бархез!
Барои ҳар ваҷаб хоки диёри худ мубориз бош,
Ба ҳар як қатра оби чашмасори худ мубориз бош!
Биё, бар ҳифзи номуси Ватан бархез, эй тоҷик!
Ба ҳифзи модару фарзанду зан бархез, эй тоҷик!
Гузаштанҳо зи ҳад бигзашт, бас дигар гузашти мо!
Набояд дӯзахие по гузорад бар биҳишти мо!
Намон, ки модари тоҷик азо