Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Аз паи луқмаи нонед, Худо ёри шумо
Насли мазлуми замонед, гарон бори шумо
Ҳамсару модару духтар ҳама бемори шумо
Гашта ҳар лаҳза хумори ғами дидори шумо
Дасти нокас нарасад боли шумо мардонро
Субҳи содиқ бидамад баҳри шаби тори шумо
Шаби ҳар хона агар нуру зиёе дорад
Зи тани хаставу аз чашмаи бедори шумо
Хуни дил хӯрдану эҳсоси хатар дар ҳар дам
Аз сари нокасу номард шуда кори шумо
Ту, ки танҳо наӣ, эй мард ба ин ғурбату ғам
Ҳамаи миллати ман ҳаст гирифтори шумо

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев