Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
* Мавзӯъ: Номае аз он ҳазрат ки дар он ёрони худро панд медиҳад.
* Тарҷумаи нома:
«بسم الله الرّحمن الرّحیم
Аз бандаи Худо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба гурӯҳе ки ӯро ёрӣ мекунанд; Ва аммо баъд..
Эй гурӯҳи ёрони ман! Худоро ба ёди шумо меоварам; Ҳамун ки шуморо дар авҷи гумроҳӣ ҳидоят ва дар умқи ҳайронӣ далолат фармуд ва дар буҳбуҳаи хорӣ иззат ва дар муҳосираи нодонӣ илм бахшид ва ба роҳе дарандохт ки ростии он каҷӣ надорад ва ҳамвории он ноҳамвори намешиносад. Дар ҳоле ки мардум дар пиромуни шумо оташ мегиранд ва даста даста дар торики фуру мераванд. Пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред ва бо дасту дил ва забон сипос бигзоред, бошад ки шуморо солеҳоне қарор диҳад ва аз миёнатон шаҳидоне баргузинад.
Эй гурӯҳи ёрони ман! Боре ба саргузашти пешиниён назар кунед ва аз фарҷоми онон ибрат бигиред; Ҳамонон ки рӯзҳои Худоро аз ёд бурданд ва неъматҳои Ӯро куфрон намуданд, пас теғи бадбахтӣ бар гарданашон фуруд омад ва тири табоҳӣ бар ҷаноғи синаяшон нишаст, пас чунон нобуд шуданд ки гӯйи ҳеҷ гоҳ дар ҷаҳон набуданд! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1390/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев