Қиссаи нахустин шиносоии ману рафиқам бо духтарони шаҳрӣ (2)
Ду рӯз баъд дар яке аз рӯзҳои истироҳатӣ рафиқам боз маро ба сайру гашт даъват кард. Он дафъа нашуд, ин навбат албатта бахт ба рӯи мо механдаду аҷаб не бо ягон паричеҳра шинос шавем -а? А бача мо а чӣ камем, ки ду сол шуд як арӯс намёбем, гуфта маро бовар карданӣ мешуд, ки имрӯз ҳам ба боғи марказӣ равем.
Иттифоқан он рӯз кадом барномаи фарҳангие дар боғ баргузор гардида буду дар саҳнаи навсохте ҳунармандон суруд мехонданд. Тамошобинони бисёре дар маркази боғ ин барномаи ҳунариро тамошо мекарданду баъзе ҷуфт -ҷуфт мерақсиданд.
Ману рафиқам ба издиҳоми тамошобинон наздик шудем. Ман барномаи ҳунариро тамошо мекардаму он рафиқам духтарҳоро тамошо дошт ва аз байни онҳо ба қавли худаш " арӯс" мекофт. Аммо чун дафъаи гузашта касе ба мо донишҷӯён аҳамият намедод.
Тахминан як метр аз мо дуртар бонуи атласпӯше ки ҳар нигоҳаш дили бинандаро тасхир мекард, бо абрувони думи мору накҳати атри хушбуяш хандакунон аз тамошои барномаи ҳунарӣ завқ мебурд.
- Онаша ов барад, ана ира арӯс меган, ногаҳон садо баровард рафиқам. Ӯ бо даҳони кушода аз ҳусни ин бону девонаву шайдо шуда буд.
Он хонум бо як нозу ишваи дилбарона ба сӯи рафиқам нигоҳе карду :
-А бача ором шав, баҳор таъсират кардаст чӣ бало? Гуфта бо як нози дилфиребонааш сӯи мо нигоҳе андохт.
-Ҳо баҳор шудай, ҳамаҷо шукуфтай! Иқа хушруӣ , бахудо девонаам кардӣ. Рафиқам аз ба гап даромадани он хонум ба завқ омада дигар дар куртааш намеғунҷид.
-Сағера дидӣ, арӯси ҳоло очааш муча накардаро ёфтам, гуфта ба ман духтарро нишон дод.
-Воқеан ҳам хеле зебост, аммо нигоҳ кун ин духтар ба фикрам нав шавҳар кардагӣ аст. Бояд эҳтиёт кард. Бо мо сухан карданаш маънои онро надорад, ки ин духтар хоҳиши шиносоӣ дошта бошад, гуфтам ман.
-Э ту девонаӣ? Дар баҳор ҳама духтарҳо мисли арӯс мешаванд, ҳоле исто, бин ман инро чӣ хел туғрӣ мекунам.
Духтар ҳам шӯх будааст, бо нозу карашма бо рафиқам сӯҳбат мекарду ҳарчанд ҳазл мекарду механдид, аммо аз доираи одоб берун намерафт.
Ман интизор будам, ки кай сӯҳбати онҳо хотима меёбад. Дигар намедонам ки рафиқам чӣ мегуфт ба ӯ, танҳо эҳсос мекардам, ки ин духтар моро масхара дорад.
Дар ҳамин вақт аз қафо як ҷавони ҳузарби машқу тамрин ёфтае ки қадаш тақрибан ду метрро мемонду паҳлавонҷусса буд, пайдо шуда бо як дасташ маро тақрибан як метр дуртар тела доду пеш гузашта, аз китфи рафиқам кашид:
- Мегум ҳаминҷа чӣ гапе шудестай-а, гуфта монд.
Рафиқам бе он ки ба қафо нигоҳ кунад, шояд фикр дошт , ки ин манам , дасти ҷавони паҳлавонҷуссаро тела дода "а бача бест, камтари дигар монд, ма ира ҳозир туғриш мекунам" гуфта монд.
Ҷавон бо шунидани ин суханон авзояш безеб шуда, якбора ба ғазаб омад :
-Чи гуфтӣ? Туғриш мекунӣ? , гуфта дастонашро ба бар задан даромад.
-Бест охир, бахудо ки қариб туғрӣ шудагиай, гуфта рафиқам аз шавқи шиносоӣ бепарво ба қафо умуман нигоҳе намекард.
Ман дарк кардам, ки ин ҷавони паҳлавонҷусса ба он хонум ё шавҳараш мешавад ё ягон каси наздикаш. Тахминам дуруст баромад.
-Э паъат, ин зани ман мешавад, ту ҳоле зани манро тугрӣ карданиӣ а?
Чун рафиқам ба қафо нигоҳ намекард, ман дарк кардам ки ҳамин ҳоло он ҷавон аз қафо ба паси сари рафиқам зарба мезанад. Ӯро боздоштанӣ шуда, "ака мебахшӣ рафиқам хато кардааст" гӯён дасти ӯро доштанӣ шудам.
Аммо ҷавон бо як дасташ бе оне ки китфи рафиқамро сар диҳад, як зарба ба қафаси синаи ман чунон зад ки ман озодона ба ҳаво парида тақрибан ду метр дуртар рафта ба замин афтодам. Зарбаи дуввум ба рафиқам рост омад. Ӯ ҳам дар як сония пойҳояш аз замин канда шуда парвозкунон омаду паҳлӯи ман дароз кашид.
Хайрият мо рӯи алафҳо афтода мондем ва он қадар сахт лат нахӯрда будем.
Аз ҷой хеста зуд аз ҷавон ба ҷои рафиқам узр пурсидам. Аммо рафиқам ба сӯи ман дод зада "чӣ узр мепурсӣ ҳоло исто ман очаи зори ира нишон медиҳам" гуфт.
Боз як зарбаи дигари ҷавон ва рафиқам ду метри дигар ба ҳаво парида рӯи алафҳо дароз кашид. Ин навбат рафиқам зуд ба по рост шуда натавонист. Аз ин рӯ ман ба ӯ барои хестанаш кӯмак кардам.
-Биё ин дафъа ҳардуямон баробар ҳуҷум мекунем, ира ба тоқагӣ зада намешавад ба фикрам.
Рафиқам аз ҷой бархоста дафъаи дуюм ба ҳамла даромад. Ман аз қафои рафиқам давида ӯро доштанӣ шудам, чун аздусар медонистам ки зӯри ҳардуямон ҳам ба ин паҳлавон нахоҳад расид. Аммо ҷавон фикр кард, ки ман ҳам ҳуҷум карданиям ва дигар намедонам ки ӯ бо по зад ё бо дастонаш фақат ҳаминро дар хотир дорам, ки як сиёҳие пеши чашмонам пайдо шуду аз ҳар ду чашмонам алов парид ва ман ҳам ба ҳаво парида аз нав рӯи алафҳо афтода мондам. Сар бардошта рафиқамро надида ҳайрон шудам ки ӯ куҷо шуда бошад. Аммо овози нолиши ӯ аз қафо баромад. Ин дафъа рафиқам аз ман як метр дуртар парида паҳлуи дарахте оҳу воҳкунон дароз мехобид.
- Ин паъат девонаай чӣ бало? Биё бигрезем , ки ин паъат мекӯшад мора бахудо , ин девонара ба задан намешудааст . Худо бигирад, ранги дев будаее, гӯён рафиқам ба самти дарвозаи даромадгоҳи боғ дар гурез шуд ва ман ҳам аз қафои ӯ қафаси синаву сарамро моломол карда ба гурехтан даромадем.
Ҷавон моро таъқиб карданӣ шуд, аммо хонумаш ӯро аз роҳаш баргардонд:
-Хайр шуд ҷоник, боз накушӣ бечораҳора , инора баҳор таъсир кардайе, гуфта аз дасти ҷавон дошту ҳарду қадамзанон дар боғ ба сайр даромаданд.
-Ҳоло исто, ман очаи зори тура нишон медиҳам, пагоҳ ҳардуямон вомехурем, гуфта рафиқам аз беруни боғ сӯи ҷавон мушт кашид.
- Чӣ боз қати ҳамун ҷанг карданӣ? О гуноҳи худат буд ку? Дар ҳайрат афтода пурсидам ман.
- Э не , дар пеши одамҳо шарманда нашавем гуфта ҳамин хел гуфтам дия, лаънатӣ агар як мушти дигар мезад ҷо ба ҷо мемурдему. ...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2