😂Ба умеди оши хамсоя 😂турб натарош.
Солхои хушбахттарини ман.Падару модар зинда буданд.Хонаи падар будам.Аз тиреза нигох кунам,хамсоя туй дошт.Дегхои калони оши туйи истода буданд.Буйи оши палови туйи ба димогам заду дилаком гум зад.
Аз тиреза ба духтари хамсоя ишора кардам,ки як табак оши палав фиристад.Гуфт, ки апа холо ош напухтааст,пазад,меорам.
Ман даррав турбро аз турбтарошак гузаронида бо мурчу намаку сирко омехта карда салат 🥗 барои оши палав таер кардам.
Як соат аз байн гузашт,ош рои накарданд.Дилаком гум барои оши туйи боз дами тиреза рафтам.Падарам (равонашон шод бод)ин дам ки маро назорра мекард, хандида гуфт:ягон вакт дар зиндаги ба умеди оши хамсоя 😂 турб натарош.Факат дасти худро буса кун.
Рав бачам,худат дар берун якта оши як ба як паз.дили манам ош кашид.
Ман даррав рафта оши палав пухтам.
Бо турби таер кардаам мазза карда хурдем.
Солхо гузаштанд.Падар рафт,имсол модар хам рафт.😭😭😭😭
Аммо суханони падар маро рахнамун аст.Хамеша бо баракати Худои пок ба пеш кадам мегузорам.
Худованд 🌿 нигахбонатон хонандахои дури дури сахифаам.
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ✍️🌿🍀🍀🌿☘️🌿🍀🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 14