ИШК, ТУ ЗИНДАГИИ МАНИ!
( кисса) кисми 3
Аз хонаамон ба хобгохи донишчуён рафтани Рохила ману модарамро хеле гамгин кард.Ман шабхо дар бораи у андеша мекардам. Як хафта пеш аз огози машгулиятхои аввалини донишгох падару модари Рохила ба хабаргирии у омаданд.
Модарам онхоро хуб мехмондори кард.
- Хохар, харчанд ба духтаратон гуфтем, дар хонаи мо зиндаги кун, у рози нашуд, дигар мачбур карда натавонистем,- ба очаи Рохила фахмонд модарам.
- Духтари ман Шуморо нахостааст минбаъд ташвиш дихад,барои хамин хобгохи донишгохро интихоб кард, дар ончо донишчу духтарони мисли худаш аз нохияхои дурдаст бисёр аст, ба онхо шинос шуда зиндаги мекунад'-гуфт модари Рохила.
Мухаббати ба духтар доштаам маро водор месохт, харруз баъди анчоми дарсхояш ба хабаргирияш равам.
- Акои Паирав чаро ту харруз ба наздам меои, боз дасти холи не?
- Охир чи кунам, ошики ту хастам, туро дуст медорам! Аз хонаамон гурехта омади, маро дар куи танхои партофти, барои хамин мачбур мешавам, наздат биёяму бо ту дарди дил карда туро танхо нагузорам.
- Ман танхо нестам,ку, хамрохам духтарони бисёре зиндаги мекунанд,-аз суханхои хароратбахши ман каме хичолат кашида гуфт Рохила
- Хаир, ин суханхоро як тараф гузошта, бигу модарат чи хел аст, саломатиаш хуб аст?- пурсид дустдоштаам.
- Модарам низ харруз туро ёд мекунад, дар сари дасторхон факат дар бораи ту лаб мекушояд,- фахмондам ба Рохила
- Рузи шанбе насиб бошад, баъди дарс ба хабаргирии модарат меравам, факат биё якчоя меравем,- табассумкунон гуфт у
Пешниходи Рохила маро хурсанд кард.
Вакти хаирухуш ногахон духтар ба ман гуфт:
- Акои Паирав вакти падару модарам ба хабаргирии омадан ба ман телефони Самсунг тухфа намуданд, барои гапзани, агар хохиш дошта боши ракамхои худро ба ту медихам,- Рохила инро гуфта телефони навашро ба ман нишон дод. Ман ракамхои телефони уро гирифта ба хона омадам. Модарам чехраи болидаи маро дида пурсид:
- Писарам вактат хуш аст, аз кучо омади?
- Аз пеши хешдухтарат
- Рохиларо диди?
- Албатта уро дидам бо у хеле мулокот кардам.
- Чи мегуяд?
- Рузи шанбе ба дидори Шумо меояд очачон!
Модарам аз паигоми додаам хеле хурсанд шуд.
Шаб пеш аз хоб ба дустдоштаам занг задам.
Гуширо бардошт
- Ало, мохи шаби чордах, хоби ё бедор?
- Бедорам, китоб мехонам!
- Ба ту дар хондани китобат халал намерасонам?
- Китобро як су гузоштам, гап зан, мунтазири харфхои ширини туям.
-Дар пешат кихо хастанд!
- Хеч, танхо хастам, дугонахоям дар зали хобгох телевизор тамошо доранд
- Маро дуст медори?- ногахон баромад аз забонам
- Надонам, инро вакт муайян мекунад.
- Аммо дон, ки ман бе ту наметавонам зиндаги кунам?
-Хаирият, як нафар хеши гамхору мехрубон доштаам,- аз гушаки телефон меомад садои у. Он шаби танхои мо ба воситаи телефон хеле мулокот кардем.
( давом дорад)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4