Муаллиф Шахлои Начмиддин
Шоира ба хавлируби банд,садои так-таки дари берунро нафахмида монд.Боз таки-таки дар баландтар шуду у давида рафта дарро кушод.
-Ассаллому алайкум, ки даркор?
-Ваалейкум салом, тавба ту Шоира ?
-Хо-духтарак ба ин мехмони нохонда,ки зани оростаи хеле зебои ба у шабохат дошта буд,нигарист.
-Ох Шоирачон,духтабанози очае
-Чи?
У Шоираро ба огуш кашида бусаборон карда беист мегирист.
Шоира аз ин рафтори зани ношинос ба хайрат афтода дасту по хурд.
-Мебахшед,апачон ,ман шуморо нашинохтам шояд хато кардед?
-Не,хато накардам ,ман 18 сол аст ки туро мекобам ,чону чигари оча.Ман очаи хакикиат.
-Шумо чихо мегуед ?
--Духтарам,ба хона даьват кун,як пиёла об биер,халкам кок шуд.
Зан мегирист талх-талх,гузаштаи дур мисли кино пеши руяш падидор гашт.
Шамимаро падару модар бо хохиши худашон ба як чавоне аз пойтахт ба шавхар доданд.Шамима хеле ба чашм диданиву зебо буд.Чавон дигар духтареро дуст медошту мачбури барои издивоч аз дуои бади падар тарсида уро гирифта буд.Шамима ба чашмони бодомии домод нигариста мехр пайдо кард аз нигохи аввал.Аммо домод муддати як хафта умуман ба арус наздик нашуда шабхо ба хона намеомад.Шамима эхсос кард,ки домод дустдоштае дораду онхоро мачбури хонадор кардаанд.
Аммо баьди як мохи туй падари домод сахт писарашро чанг карду тахти кахру газаб Парвиз бо Шамима ба васл расиданд.Вале Парвиз хеч ба Шамима мехр пайдо накард.Модараш мегуфт ,ки холо занат фарзанд таваллуд кунад,хамааш хуб мешавад,баъд дусташ медори бачам.Токат кун, духтари мардумро ноумед насоз.
Вале Парвиз хамин кадар кушиш кард,занашро дуст надошт.Он зани писандидаашро никох карда бо у зиндагии ширин дошт пинхони.Шамима хомиладор шуду як духтарчаи зебое таваллуд кард.Номи ин духтарчаро Шоира ном ниход хушдоманаш.Шавхараш хатто баьди тавлиди духтарча хам ба у ахамият намедод,гуе у набуд дар зиндагиаш.
Шамима аз зани пинхони доштани хамсараш бохабар шуда якбора ба дарди гамбодда гирифтор шуд.Беист гиря мекарду ба худаш умуман ахамият намедод.Боре духтарчаи як соларо гирифту охиста аз хона бегохи баромад.То рохи калон расиду мошинхои рохро даст афшонд.Як мошини сабукрави Жигули омада истод.Дарунаш як зану шавхари бе фарзанд буданд бо килки сарнавишт.
Онхо ин чавонзани аз акл кариб бегона гаштаро ба мошин савор карда хеле аз макон зисти у дур шуда сипас суол доданд,ки дар ин бевакти бо ин кудаки ширмак кучо мерави?
-Ман мурдан мехохам-гирякунон дод гуфт Шамима
-Барои чи ?
-Шавхарам умуман маро дуст намедорад ,зан дорад.Хатто ин тифл пеши чашмонам бад аст,агар хохед гиред ин тифлро,аммо илтимос номашро иваз накунед,номаш Шоира аст-сари армону эхсос худаш нафахмид чи мегуяд.
Ин оилаи бе фарзанд аз ин пайти муносиб истифода бурда уро то наздикии нохияи Хисор оварданду сипас назди таксихои кироя оварда фароварда ба дасташ 500 доллар доданду кудакро гирифта фирор карданд.
Хамон вакт зану шавхар сурога,киву аз кучо будани уро пурсида буданд.
Шамима таксиеро киро карду рафт ба дехаашон.Падару модари бемор духтарашонро бо чехраи гирен дида сахт ба харос фитоданд.Хусуру хушдоман он шаб арусашонро бо набера надида дар хайрат фитоданд.Ба Парвиз ки шаб дар хона набуд,занг зада гуфтанд,таьчили ба хона биё, зану кудакат нест.
Парвиз ба хонаи хусуру хушдоманаш рафт,Шамимаро дар як холати чунуни дарёфт,дод зада пурсид :
-Кани кудак,кучо карди Шоираро?
-Намедонам
Парвиз девона шуд,кормандони полисро чег зад.Шамимаро мавриди пурсучу карор доданд,у ки дар як холати равони карор дошт,факат як гап мегуфт:парихо бурданд ниниро.
Шамимаро фаври дар беморхонаи касалихои равони хоб карданд,кофтукоби Шоира натича надод.Парвиз аз газаби зиед хамсарашро талок дод.Чустучуйи Шоира идома дошт.
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2