Дар зиндаги инсон аз як сухани нафаре метавонад ба худ бисер чизхоро омузад.
Хамин тавр не ?
Соли 2007 ум ман аз тарафи Сафорати Хиндустон дар Точикистон ба шахри зебои Дехли барои омузиши забони инглиси ва компютер рафтам.
Писари калониам Мухаммадчон се сола буд.Бисер едаш мекардам,он солхо телефони мобили набуд.Аз пазмонии зиёд гиря мекардам.Ин гиряи маро як зани турман,ки точир буду дар мехмонхона икомат дошт,дида сахт чанг кард ва гуфт:
-(Никогда не плач 😢 над живым человеком.)
Харгиз барои одами зинда гиря накун,факат
сабр кун,дарсхоят тамом шавад, мерави ба назди оилаат.
Хуллас ин сухани ин модари туркман бароям якумра дарс гардид.Бисер кушиш мекунам,ки дар хама холат мувозинатро нигох дорам,гиряро барои руйи чойнамоз захира кунам.
Як лахзаи дигар ба хотирам омад,нисфи мардуми Хиндустон гушти гов намехуранд,говхояшон чунон фарбеханд,ки ачоибот.Директори мехмонхона мистер Джони боре ба мо гуфт,ки пинхони давраи студенти гушти гов хурдааст,аммо бо лахни шикастаи руси чунин накл кард,ки то хозир ба хотир оварда хандаам меояд.вы никому не говорите,я маму кушал,корова это для нас мама.😇
Бисер ходисахои ачоиб буд дар Хиндустон, баьдтар накл мекунам илхомам биёяд.
Боки,саломат бошед, ки ин сахифаро мутолиа кардед.
Шахлои Начмиддин.
Акс аз Хиндустон. Точмахал.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4