Свернуть поиск
Сакинат ва узвфурушон
Қисми 3
Рӯзи дигар Сакина ҳамаро ба кору хониш гусел карда, ҳамроҳи модараш ба маҳаллаи ҳамсоя рафт, то аз оилаҳое, ки фарзандонашон гум шудаанд, хабар гирад. Вақте пурсон-пурсон мерафт, фаҳмид, ки ин оилаҳо девордармиён ҳамсоя будаанд ва аз ин бисёр андӯҳгин шуд. Аввал дари як хонаро тақ-тақ заданд. Пас аз чанде зани нисбатан солхӯрдае дарро кушод.
— Биёед, кӣ лозим? — пурсид зан.
Сакина ба зан нигоҳ карда, дилаш сӯхт. Мӯйҳои зан парешон, рӯймолашро бепарвоёна баста, ранги рӯяш канда ва чашмонаш аз гиряи зиёд варам карда буданд.
— Ассалому алайкум, апаҷон. Ман бо модарам барои хабаргирии шумо омадем. Мусибати ба саратон омадаро шунида, хеле ғамгин шудем. Гуфтем, шояд ягон ёриамон расад.
— Хуш омадед, дароед, — гӯён зан онҳоро ба дарун таклиф кард.
— Апаҷон, хуб ҳастед? Бисёр зиқ нашавед, — гап сар кард Сакина.
Зан, ки худро базӯр дошта мегашт, якбора кафида, бо овози баланд гиря сар кард:
— Кӣ бо мо қасд дошта бошад-а? Духтари ягонаам, ки пас аз 10 сол ёфта будам, ҳоло дар куҷо бошад?
Илоҳо, ҳеҷ модаре дар фироқи фарзанд насӯзад. Зан нола мекарду дили Сакина ва модараш пора-пора мешуд. Сакина ба ёди духтари фавтидааш афтода, ӯ ҳам гиря кард.
— Апаҷон, илтимос, гиря накунед, — гуфт Сакина пас аз каме ором шудан. — Духтаратон албатта ёфт мешавад, мана мегӯед. Ман бо шавҳарам гап задам, ӯ ҳатман ёрӣ медиҳад. Аз як тараф мақомот ҳам ҷустуҷӯ доранд. Иншоаллоҳ ёфт мешавад.
— Раҳмат ба шумо, каме ҳам бошад, диламро бардоштед, — миннатдорӣ кард модари духтар.
— Одамро одам ором мекунад, духтарам, — гуфт модари Сакина. — Ҳамааш хуб мешавад. Акнун мо равем.
Сакина ва модараш ба кӯча баромаданд.
— Ба хонаи дигар ҳам медароем? — пурсид модар аз Сакина.
— Не, очаҷон, дилам дигар тоқат намекунад. Биёед, ба хона равем.
— Майлаш, духтарам, ҳар чӣ ту гӯӣ, — гуфт модар.
Ҳарду ба хона баргаштанд. Руқия-апа дарро кушода, онҳоро пешвоз гирифт. Сакина беҳолона ба ошхона гузашта, ба курсӣ нишаст:
— Оча, бинед-а, чӣ қадар ваҳшигарӣ! Он тифли бечора фарзанди бо орзуву ниёз ёфтаи он зан будааст. Дили модар хун шудааст.
— Ҳа, духтарам, чӣ ҳам мегуфтӣ. Дили модар адо шудааст-да. Боре бибии раҳматиам мегуфтанд: "Худованд пеш аз он ки модарро офарад, як бех шӯра (алафи бекорхоба) меофарид, беҳтар буд" (ки ин қадар дард накашад).
Субҳи барвақт.
Пас аз намози бомдод ҳама дар гирди дастурхони нонушта ҷамъ шуданд. Имона дар байни чойхӯрӣ ба Фирдавс гап сар кард:
— Дадаҷон, аз имрӯз таҷрибаомӯзии мо сар мешавад. Ман рост ба клиника меравам. Бояд таҷрибаамро зиёд кунам. Барои он ки фардо як духтури моҳир шавам, бояд бисёр омӯзам.
— Хуб мешавад, духтарам, — гуфт Фирдавс. — Бо Фарҳод якҷоя кор карда, таҷриба меомӯзед.
— Чӣ?! Дадаҷон, илтимос, ӯро аз ман дур нигоҳ доред. Ӯ ба ман умуман маъқул нашуд. Махсусан мӯйҳои ҷингилааш! Мехоҳам бо дастҳоям он мӯйҳояшро як-як канда гирам!
Ҳама ба ин гапи Имона хандиданд, махсусан Хадича ва Имрон.
— Вой, апаи шӯхи ман, ба он бачаи бечора чӣ кор доред, мӯйҳояшро ором гузоред, — хандида гуфт Хадича.
— Рост мегӯям, шумо як бор мӯйҳои ӯро бинед! — Имона ҳанӯз бо қаҳр гап мезад. — Боз мӯйҳои дароз-дароз дорад!
— Дадаш, кист ин Фарҳод, ки духтари маро хафа кардааст? Имона ба осонӣ касеро бад намедид. Ин бача кист, ки духтарам номашро шунавад, мӯи баданаш рост мешавад?
— Ӯ як духтури дараҷаи олӣ, кардиолог ва ҷарроҳ аст. Нав дар хориҷа таҳсил карда омад. Мӯйҳояш таъсири ҳамон хориҷа аст, вале худаш бачаи бисёр хуб. Кошки домодам мисли Фарҳод мешуд, — гуфт Фирдавс.
— Дадаҷон, чӣ мегӯед? — Имона аз шарму қаҳр суп-сурх шуд. — Он "барача" ба шумо чӣ хел маъқул шуд? Ӯ мисли кундаи тар аст-ку! Майлаш, бибиҷон, маро дуо кунед, вагарна агар каме дигар шинам, дадаам маро ба дасти Фарҳод месупоранд. Тезтар ба кор равам. Имрӯз корам бисёр аст.
— Хуб мешавад, илоҳо омин, — гуфта Омина-хола даст ба дуо бардошт.
Имона ба мошинаш нишаста, сӯи клиника рафт. Вақте мошинашро дар таваққуфгоҳи клиника гузошт, кайфияти субҳиш боз ҳам бадтар шуд. "Магар имрӯз аз тарафи чапам хестаам? Чаро рӯзам ин хел сар шуд?" — гуфт ӯ ба худ. Чунки дар рӯ ба рӯи ӯ...
Пас аз рафтани Имона, Сакина ва Омина-хола Фирдавсро ба "бозпурсӣ" гирифтанд:
— Кист он ҷавон? Оилааш чӣ хел? Падару модараш кист? Чандсола аст?
Фирдавс, ки гӯшҳояш аз саволҳои ҳарду тараф пур шуда буд, хандида гуфт:
— Тинҷӣ аст? Чаро ин қадар ҷустуҷу доред? Пештар духтарҳоро ҷустуҷу мекарданд, шумо бошад бачаро. Ҳамаи маълумотро намедонам. Акнун мепурсам. Фақат медонам, ки 25-сола аст. Дар бораи оилааш напурсидаам. Худамон нав шинос шудем.
— Барои мо дар бораи ин ҷавон маълумот ҷамъ кунед, дадаш. Ба назарам бачаи хуб менамояд. Хеле мехоҳам, ки барои Имона маҳз ҳамин хел ҳамкасби худаш ҳамсафар шавад, — гуфт Сакина.
— Иншоаллоҳ, духтари ман лоиқи беҳтаринҳост, — илова кард Омина-хола.
— Худо хоҳад, насиб бошад, Имонаро ҳам ба шавҳар медиҳему барои Имрон ҳам як келини боимону боэътиқод меёбем. Ҳамааш вақту соат дорад, — гуфт Фирдавс. — Майлаш, ман ҳам ба кор равам. Тезтар наравам, боз Имона бо Фарҳод ба "ринг" набарояд, — хандида гуфт ӯ. — Феъли духтарам ба худамон маълум, боз субҳ дар бораи Фарҳод гап задем. Илоҳо то рафтани ман тинҷӣ бошад.
Фирдавс инро гуфта, бошитоб баромад.
Имона аз мошин фаромад ва Фарҳодро дид, ки ба наздаш меояд. Эҳсос кард, ки асабҳояш аз дидани ӯ ба шиддат меларзанд.
— Субҳ ба хайр, Имона, хуб ҳастӣ? — гуфт Фарҳод.
— Агар саҳарӣ шуморо намедидам, субҳам ба хайр мешуд, — гуфт Имона аз қаҳр суп-сурх шуда.
— Оҳ-оҳ, Фирдавс Акбарович ба нонушта чошнии қаламфури тунди сурх додаанд-чӣ, заҳрхонум? Аз забонатон ба ҷои асал заҳри чили чак-чак мечакад.
— Ба шумо чӣ фарқ дорад, заҳр мечакад ё асал? Ин кори ман аст! — гуфту Имона бо қадамҳои тез ба ҳуҷраи либосивазкунӣ даромад.
— Ин заҳрхандаҳояш ҳам ба худаш зебидаан-да. Боре ба бибиҷонам нишон диҳам, ҳатман ба он кас маъқул мешавад. Аз баски бибиам ҳамеша "кай зан мегирӣ?" гуфта, аз ман хафа мешаванд.
Фарҳод зери лаб хандида ба дарун даромад. Дид, ки Имона аз куллер оби ҷӯш гирифта, қаҳва тайёр карда истодааст.
— Илтимос, ба ман ҳам як қаҳва дам кунед, — гуфт Фарҳод.
— Боз дилатон чӣ мехоҳад? — гуфт Имона. — Шояд худам ба даҳонатон рехта монам?
— Не намегуфтам, — Фарҳод қасдан боз ба асаби Имона расид. Чунки хислати ҷиддӣ ва ҷозибаи, у рафтори қатъӣ ва ҷасурии Имона рӯз то рӯз ба ӯ бештар маъқул мешуд.
— Чаро ба ман ин хел нигоҳ мекунед? Хаёлатон дар куҷост? — Саволи Имона Фарҳодро, ки ба хаёл рафта буд, ба худ овард. — Гиред қаҳваро, майлаш, дилам ба шумо сӯхт. Фақат ҳамин як бор барои савоб дам кардам. Дигар намекунам, — гуфт Имона.
— Ҳоло мебинем. Чунон мекунам, ки тамоми умр бароям қаҳва дам кунӣ ва танҳо аз они ман бошӣ. — Фарҳод дар оғӯши хаёлҳои ширин буд ва пай набурд, ки ҳангоми гирифтани қаҳва, истакон аз дасташ лағжид.
— А-а-ай, поям! — фарёд зад Имона. Қаҳваи гарм ба пояш рехт. Фарҳод инро дида тарсид. Зуд ба назди қуттии ёрии аввалия давид. Марҳами зидди сӯхтагиро оварда, ба пои Имона молидан гирифт. Маҳз дар ҳамин вақт Фирдавс аз дар даромад.
— Дар ин ҷо чӣ гап? Тинҷӣ аст?
Имона, ки пушташ ба дар буд, падарашро дида, гиря сар кард.
— Дадаҷон, поям... поям. Қаҳва рехт.
Фирдавс бошитоб марҳамро аз дасти Фарҳод гирифту гуфт: "Зуд рафта ях биёр!"
Фарҳод давида рафт. Фирдавс Имонаро бардошта, ба диван шинонд.
— Хубӣ, духтарам? Акнун беҳтар шуд?
— Ҳа, вале каме месӯзад. Роҳ гашта наметавонам, дадаҷон, — мегирист Имона.
— Ҳеҷ гап не, ҳоло туро ба ҳуҷраи муолиҷа мебарем. Як сӯзандоруи мекунем ва поятро мебандем. То бегоҳ хуб мешавӣ.
— Майлаш, дадаҷон. То бегоҳ тезтар хуб шавад, вагарна очаам ва бибиам метарсанд.
Дар ин вақт Фарҳод бо ях омад ва бо ҳисси гунаҳкорӣ гуфт: "Илтимос, Фирдавс Акбарович, маро бубахшед, ҳамааш айби ман шуд. Истакон аз дастам лағжид."
— Ҳеҷ гап не, Фарҳод, хиҷолат накаш, ту қасдан накардӣ, — ӯро ором кард Фирдавс ва ҳамшираҳои навбатдорро ҷеғ зад. Имонаро ба ҳуҷраи муолиҷа бурданд ва дар он ҷо пас аз сӯзандоруи оромбахш, ӯ хобаш бурд. Баъди чанд вақт, вақте чашмонашро кушод, дид, ки дар ҳуҷраи истироҳат аст. Дар назди канори диван, болои стол як гули садбарги сурх, як қуттӣ шоколад ва як бозичаи гурбачаи мулоим меистод. Дар болои туҳфаҳо коғазе буд, ки дар он "Маро бубахш" навишта шуда буд.
Имона каме ба худ омад ва роҳ гашта дид. Дард кам шуда буд. Дар ҳамин вақт Фирдавс ва Фарҳод вориди ҳуҷра шуданд.
— Духтарам, беҳтар шудӣ? Поят чӣ хел? — пурсид Фирдавс.
— Имона, илтимос маро бубахш, — гуфт Фарҳод.
— Майлаш, хиҷолат накашед, ман хубам, — гуфт ӯ ба Фарҳод ва баъд ба падараш рӯ овард: — Дадаҷон, илтимос ба хона равем. Дар хона дам мегирам.
— Майлаш, духтарам, ҳоло мошинро тайёр мекунам, — гуфт Фирдавс ва баромад.
— Имона, маро бахшидӣ-а? — пурсид Фарҳод.
— Ҳа, бахшидам. Барои гулу шириниҳо раҳмат. Аз куҷо донистед, ки ман шоколад ва садбаргро дӯст медорам? Ва бозичаи гурбаро ҳам? Ё дадаам гуфтанд?
— Не, худам ҳис кардам. Чунки дилам ҳис кард, ки ба ин "заҳрхандаи" ман чӣ маъқул аст, — хандид Фарҳод.
— Дуруст ҳис кардаед, — гуфт Имона. Сипас Фирдавс омада, Имонаро аз китфаш дошта ба мошин бурд.
Вақте ба хона расиданд, Сакина аз дидани онҳо ҳуш аз сараш парид.
— Тинҷӣ аст? Ба Имона чӣ шуд? Чаро барвақт омадед? — бо хавотир атрофи Имона чарх мезад ӯ.
— Хавотир нашав, Имона хуб аст, танҳо ба пояш қаҳваи гарм рехтааст.
Сакина Имонаро ба дарун бурд. Омина-хола низ тарсид. Имона ба ҳуҷрааш рафту гуфт: "Ман хубам, хавотир нашавед, каме дам мегирам."
Вақте волидонаш ба поён фаромаданд, телефони Имона занг зад. Рақам ношинос буд.
— Алло, мешунавам. Кист ин?
— Алло, "заҳрханда", хуб ҳастӣ?
— Нафаҳмидам... шумо?! Рақами маро аз куҷо ёфтед?
— Чаро ҳайрон мешавӣ? Ёфтани он душвор нест. Хостам ҳолатро пурсам.
— Раҳмат, хубам.
— Пас, то фардо, — гуфт Фарҳод ва гӯширо гузошт. Имона табассум карду гуфт: "Тавба, ин бачаи хуб будааст-ку."
Субҳи барвақт.
Имона ба Фирдавс гуфт: "Дадаҷон, маро ҳам ба кор баред, дар хона истода наметавонам, беҳтар шудам."
Дар клиника, вақте аз мошин фаромад, Фарҳодро дид.
— Ассалому алайкум, Фирдавс Акбарович. Имона, ту ҳам хуб ҳастӣ?
— Ваалайкум ассалом, раҳмат, — гуфт Фирдавс. — Шумо омадед, ман ба дарун меравам, шумо бо Имона оҳиста дароед.
Имона ва Фарҳод ба ҳамдигар нигоҳ карда, хандиданд. Дигар он ҳисси бегонагӣ дар байни онҳо нест шуд. Як истакон қаҳва ба наздик шудани онҳо кӯмак кард.
Имрон бегоҳирӯзӣ аз хониш бармегашт. Дар роҳ дид, ки ду ҷавон дасти як духтарро кашола карда истодаанд. Имрон, ки табиатан дили нарм дошт, бетараф намонд. Мошинро манъ карда, фаромад.
— Дар ин ҷо чӣ гап, ҷавонон? Тинҷӣ аст? — пурсид ӯ. Духтар бо чашмони пур аз ашк кӯшиш мекард дасташро раҳо кунад.
— Ба ту чӣ? Аз роҳат намон! — гуфт яке аз ҷавонон, ки дар рӯяш захми калон дошт. Ман бо ин духтар гап мезанам, ту чаро дахолат мекунӣ?
— Мебинӣ-ку, духтар зид аст ва намехоҳад бо ту гап занад. Ӯро ором гузор! — гуфт Имрон.
— Афсӯс, ки ба коре, ки ба ту дахл надорад, ҳамроҳ шудӣ, — гуфту ҷавони захмдор бо корд ба Имрон ҳамла кард. Имрон, ки дар академия ҳунари размиро хуб омӯхта буд, дасти ӯро гардонд ва рафиқашро, ки ба кӯмак меомад, бо лагад ба шикамаш зад.
Ҷавонон аз тарс ва дард гурехтанд. Имрон ба духтар рӯ овард:
— Ту хубӣ? Дастат дард намекунад?
— Ҳа, — оҳиста гуфт духтар.
— Чаро дар ин вақти дер дар кӯча ҳастед? — пурсид Имрон.
— Модарам бемор аст, барои дору баромадам. Аз кор омадам, ки доруҳояш тамом шудаанд.
— Номатон чист? Дар куҷо зиндагӣ мекунед? Биёед, шуморо бурда мемонам.
— Номам Ифора аст. Дар кӯчаи ҳамсоя зиндагӣ мекунам. Хонаам наздик аст, хиҷолат накашед.
— Ба ҳар ҳол, хуб нест, биёед ба мошин, — Имрон ӯро ба мошин таклиф кард.
Дар мошин Имрон пурсид: "Он ҷавонҳо кӣ буданд?"
— Якеаш ҳамсинфам ва дигаре ҷияни ӯ. Ҳамеша роҳамро мегирад ва мегӯяд, ки бо ту издивоҷ мекунам. Ман метарсам, чунки рафтораш хуб нест. Осори ҷароҳати рӯяш низ маҳсули задухӯрдҳои кӯчагист.
Ифора гапашро тамом карду гуфт: «Мана, расидем, ин хонаи ман. Раҳмат ба шумо!» — ва аз мошин фаромада, сӯи хонааш шитофт. Имрон дар ҷавоб гуфт: «Арзише надорад, агар каси дигар ҳам дар ҷои ман мебуд, ҳамин корро мекард» ва бо духтар хайрухуш намуд. Лекин ӯ намедонист, ки вақте мерасад ва роҳҳои онҳо боз бо ҳам мепайванданд. Имрон мошинро тез ронда, ба хона шитофт. Мошинро дар гараж монда, рост ба ошхона рафт. Вақте даромад, ҳама дар гирди дастурхон мунтазири хӯроки шом буданд.
— Ассалому алайкум ба ҳама! Бибиҷон, очаҷон, хуб ҳастед? Зиқ нашуда нишастаед? Ту чӣ, ту хубӣ, "биннипучуқ"? — гӯён ба Хадича шӯхӣ кард.
— Ман-ку хубам, акоҷон, шумо хубед? Каме дер кардед, — Хадича ҳатто аз Фирдавс пештар бародарашро ба пурсиш гирифт.
— Ассалому алайкум, дада, хуб ҳастед? Аз кор монда нашуда омадед? — Имрон бо Фирдавс салом дод.
— Раҳмат, писарам, худам хубам. Ту чаро дер кардӣ, тинҷӣ буд?
— Ҳа, дада, тинҷӣ. Дар роҳ каме андармон шудам. Роҳи як духтари бечораро ду авбош гирифта будаанд, ёрӣ дода, то хонааш бурда мондам. Барои ҳамин дер шуд.
— Дар вақти шаб ба духтар дар кӯча чӣ кор буд? — Сакина ба гап ҳамроҳ шуд.
— Оча, модараш бемор будааст. Аз кор омада дидааст, ки доруҳояш тамом шудаанд, баъд ба дорухона баромадааст ва дар роҳ бо авбошон рӯ ба рӯ шудааст, — фаҳмонд Имрон.
— Хайр, модоме ки ҳамааш хуб анҷом ёфтааст, марҳамат ба хӯрок. Очаҷон, шумо сар кунед, — гуфт Фирдавс. Пас аз хӯрок ва дуои дастурхон, Имрон барои машғулиятҳои шомгоҳии худ рафт. Омина-хола ба гап даромад:
— Писарам Имрон ҳам ҷавонмарди калон шудааст. Пештар ба духтарҳо аҳамият намедод, вале акнун мебинам, ки як ҷавонмарди асил ва олиҳиммат шуда истодааст. Аз ин бисёр хурсандам. Илоҳо, ба писарам ва духтаронам Аллоҳ ҷуфтҳои солеҳу солеҳа насиб гардонад. Парвардигор худаш аз чашми бад ва назари бад нигоҳ дорад.
Омина-хола дар оғӯши хаёлҳои ширин барои набераҳояш дуо мекард.
Имрон ба ҳуҷрааш даромада, ба диван дароз кашид ва симои Ифора пеши чашмонаш омад. "Яке аз ӯ пурсидам, вале ба рӯям нигоҳ накард. Ба мошин ҳам бо шарму ҳаё ва базӯр нишаст. Одобу ҳаёяш бисёр зебо будааст. Суханонаш, овозаш — ҳамаро бо адаб ва дона-дона баён мекард", — фикр мекард Имрон ва бо умеди он ки боз вомехӯранд, хобаш бурд.
Ифора бошад, аз мошин фаромада, бошитоб ба хона даромад. Модараш аллакай аз ӯ хавотир шуда буд.
— Омадӣ, духтарам? Чаро ин қадар дер кардӣ?
— Омадам, очаҷон. Медонед, боз ҳамон ҳамсинфам бо хешаш роҳамро гирифтанд. Дар ҳолати ногувор монда будам, ки Аллоҳ як ҷавонро расонд. Маро наҷот дод ва то хона овард. Ҷавони боадаб ва мард будааст, — нақл кард Ифора.
— Аллоҳ аз он ҷавон рози бошад, раҳмат ба падару модараш, ки чунин тарбия додаанд, — гӯён модари Ифора, Насима-хола, даст ба дуо бардошт.
— Очаҷон, биёед, акнун доруҳоятонро диҳам, — Ифора бо эҳтиёт ба модараш дору дод.
— Эҳ духтарам, агар падарат зинда мебуд, ман ҳоло бо ин дарди дил овора намешудам, — модараш ашк рехт. — Бепулӣ кушад-а... Агар пул медоштем ва диламро ҷарроҳӣ мекардем, ман ҳам шифо меёфтам ва туро зудтар ба дасти соҳибат (бахтат) месупоридам.
— Очаҷон, зиқ нашавед. Иншоаллоҳ, дилатонро ҷарроҳӣ мекунем. Наҷот танҳо аз Аллоҳ аст. Ман ҳамеша аз Худо хайрашро мепурсам. Пул ҳам ҷамъ карда истодаам. Агар боз бештар кор кунам, ҳамааш хуб мешавад. Биёед, акнун хӯрок мехӯрем, як мастобаи ширин пухтаам. Ҳозир бо ҷурғоту кабудӣ меорам.
— Майлаш, духтарам, биёр. Аллоҳ ба ту бахти сафед диҳад. Дар куҷое бошӣ, ҳамеша азизу мӯътабар гардӣ.
Туркия. Истанбул.
Фотиҳ, ки чанде пеш аз Олмон баргашта буд, бо кайфияти хуб мегашт. "Акнун диққати асосиро ба Фирдавс равона мекунем", — гуфт ӯ ба худ. "Акнун бо ту ҳисобу китоб мекунем". Телефонро гирифта ба Салим занг зад:
— Алло, Салим, (назорат) чӣ шуд? Духтарҳоро таъқиб карда, ҳамаашро аниқ кардӣ?
— Ҳа, (ҷанобам), аниқ кардем. Одамони ман ҳар як қадами онҳоро назорат мекунанд. Фармон диҳед, ба кор шурӯъ мекунем.
— Окей, пас ман мехоҳам дар рӯзҳои наздик ҳарду духтари Фирдавсро дар наздам бинам. Гуфта будӣ, ки духтари калониаш бисёр зебо аст, ҳа? Пас, бо он "докторхонум" каме вақтхушӣ мекунем, — Фотиҳ бо овози баланд хандид. — Гап ҳамин, тезтар духтарҳоро ба назди ман биёред, мунтазирам!
Хадича субҳ аз хоб бедор шуду эҳсос кард, ки имрӯз ҳолаташ дигаргун аст. Ба атроф нигоҳ кард ва дид, ки нури сурхтобе паҳн мешавад. Вақте барои нонушта ба поён фаромад, дид, ки аз тамоми аъзои оилаашон нур менамояд. Ӯ ба касе дар ин бора чизе нагуфт. Пас аз нонушта бо ҳама хайрухуш карда, ба мактаб шитофт.
Дар соати дуюми дарс — адабиёт, ногаҳон ба ӯ "сигнал" омад. Ӯ боз ба ҳолати муроқаба афтод. Рӯҳаш сабук шуда, мисли пари сафед ба осмон баланд шуд. Дар байни абрҳои сафед парвоз карда, орзу мекард, ки кошки ҳамеша дар ҳамин ҳолат бимонад. Хадича боз ба ҳамон манзил расид: тахти тиллоӣ ва мӯйсафеди нуронии ришсафед.
— Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бобоҷон, — оҳиста салом дод Хадича.
— Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, духтарам. Хуш омадӣ. Дарсҳоятро хуб мехонӣ? — пурсид бобо.
— Раҳмат, бобоҷон. Оё ин китоби пеши шумо Қуръони Карим аст? — пурсид Хадича.
— Ҳа, духтарам, ин каломи Аллоҳ аст. Кори мо дар ин ҷо мутолиа ва пур кардани олам бо некиву оромиш аст. Мо атрофро назорат мекунем. Туро ба он хотир зуд хондам, ки аз ин пас ба ту вазифаи муҳиме супорида мешавад. Албатта, ин душвор хоҳад буд, вале мо ба ту ақлу заковат ва ҳушмандии зиёд ҳадя кардем. Акнун ту аз дигар инсонҳо фарқ мекунӣ. Ман ҳоло туро бо боз ду бобои дигар шинос мекунам, ки устодони ман ҳастанд. Онҳо низ мисли ман туро ҳимоя мекунанд.
Хадича дид, ки дар болои ду абри калон ду мӯйсафеди дигар омада истодаанд. Рӯи онҳо чунон нуронӣ буд, ки чашмони Хадичаро хира мекард. Вақте абрҳо дар назди тахт қарор гирифтанд, бобои аввал ба устодонаш бо эҳтиром салом дод. Устодон ба Хадича рӯ оварданд:
— Хуш омадӣ, духтарам, ба олами мо. Аллоҳ ҳанӯз пеш аз таваллудат ин тақдирро дар пешониат навишта буд. Мо ба ту вазифаи бузурге месупорем. Мехоҳем тавассути ту баъзе гумроҳонро ба роҳи тавба баргардонем. Оё барои ин ҳадафи бузург омода ҳастӣ? Бидон, ки мо ҳар се ҳамеша дар паҳлӯят ҳастем, вале ин роҳ душвору пурмашаққат аст.
— Албатта омодаам! — бе дудилагӣ ҷавоб дод Хадича. — Агар Аллоҳ маро барои ин мақсад интихоб карда бошад, ман бисёр хурсандам ва ҳатто тайёрам дар ин роҳ ҷонамро фидо кунам.
— Баракалло, духтарам! Пас бишнав: дар рӯзҳои наздик оилаи шумо ба имтиҳон рӯ ба рӯ мешавад ва ин имтиҳон марбут ба ту ва апаат хоҳад буд.
Хадича аз шунидани ин суханон заррае натарсид. Ӯ ба қазову қадари илоҳӣ розӣ буд. Ӯ боз аз байни абрҳо ба поён парвоз кард. Вақте чашм кушод, дарс ҳанӯз давом дошт. Ҳеҷ кас тағйироти ӯро пай набурд. Баъди дарс вақте ба мошин менишаст, эҳсос кард, ки касе ӯро назорат мекунад. Ҳиссиёти ӯ бисёр тез шуда буд. Дар роҳ аз оинаи ақиб дид, ки як мошини сиёҳ онҳоро таъқиб мекунад, вале худро оромона ба даст гирифт. Дар хона аз тиреза нигоҳ карда, дид, ки он мошин дар дурӣ истодааст.
Вақти кор тамом шуд ва Имона мехост ба хона равад, ки телефонаш занг зад.
— Алло, Имона, ман дадаат. Ман каме дер мекунам, туро Фарҳод ба хона мебарад, танҳо нарава, — гуфт Фирдавс.
— Хуб шудааст, дадаҷон, — табассум кард Имона. "Боз як бори дигар ин ҷингиламӯйро ба хашм орам-чӣ", — гуфт ӯ хандида.
Имона ба лифт наздик мешуд, ки Фарҳод давида расид:
— Имона, ист, якҷоя меравем. Фирдавс Акбарович супориш доданд, ки туро ман ба хона барам.
— Барои ҳамин давида омадед, ки аз фурсат истифода баред? Ман худам ҳам рафта метавонам, — гуфт Имона.
— Оббо, ин духтар ин қадар якрав-а! Ман худам мебарам. Раҳмам ба он бачае меояд, ки бо ту издивоҷ мекунад, то туро мулоим кунад, эҳе...
— Хеле хуб, ман ҳамин хел ҳастам. Касе тоқат кунад, кунад, накунад, кори худаш, — ҷавоб дод Имона.
Онҳо ба роҳ баромаданд. Дар роҳи калон Фарҳод пай бурд:
— Имона, нигоҳ кун, он мошини сиёҳ на пеш мегузарад ва на ақиб мемонад. Гӯё моро таъқиб дорад.
Имона ҳам аз оина дид. Оинаҳои он мошин сиёҳ буданд ва касе наменамуд.
— Фарҳод-ака, ист, ҳоло месанҷем. Ба кӯчаи паҳлӯӣ гардед, — гуфт Имона. Фарҳод мошинро гардонд ва диданд, ки он мошин ҳам аз пасашон омад. Фарҳод якбора мошинро манъ кард ва фаромад. Вақте ба он мошин наздик шуд, мошини сиёҳ зуд пас гашт ва ба самти роҳи калон рафт.
— Тинҷӣ аст? Чӣ гап шуд? — пурсид Имона.
— Нафаҳмидам. Шояд ягон ҷавон туро таъқиб мекарда бошад, — шӯхӣ кард Фарҳод.
— Шояд, — хандид Имона.
Вақте ба хона расиданд, Фарҳод ба Имона кӯмак кард, ки аз мошин фарояд. Сакина онҳоро аз тиреза дид. Вақте Имона даромад, Сакина пурсид:
— Бо кӣ омадӣ? Он ҷавон кист?
— Очаҷон, ин Фарҳод, ҳамкорам. Дадаам гуфтанд, ки маро ба хона барад.
— Ҳа, ҳамин тавр... Ҷавони хушрӯй будааст. Падару модарашро мешиносӣ?
— Очаҷон, чӣ хел саволҳо медиҳед! Ман аз куҷо оилаи ӯро медонам?
— Намедонам, вале симояш бароям бисёр шинос менамояд. Гӯё ӯро пештар дида бошам, — гуфт Сакина.
Фарҳод ба хона расид ва ба бибиаш Фазилат-хола занг зад. Фазилат-хола ҳамон зане буд, ки Сакинаро ба роҳи имон ва намоз ҳидоят карда буд.
— Омадӣ, бачаҷон? Хавотир шудам, — гуфт бибиаш.
— Омадам, бибиҷон. Барои шумо як хушхабар дорам. Барои шумо як келини зӯр ёфтам!
— Рост мегӯӣ? Кист он духтар? Охир туро ба зангирӣ розӣ карда наметавонистам-ку.
— Бибиҷон, ӯ ба ман хеле маъқул аст. Номаш Имона. Дадааш Фирдавс ном дорад, сардори клиникаи мо.
— Ист, ист... Номи падарашро кӣ гуфтӣ? — Фазилат-хола боз пурсид. — Фирдавс Акбарович? Тавба, ин дунё чархи фалак будааст. Номи модараш Сакина нест?
— Ҳа, бибиҷон. Тинҷӣ аст? Шумо онҳоро мешиносед?
— Албатта мешиносам! Сакина духтарихондии ман аст. ӯ дар беморхона маро нигоҳубин карда буд. Бубин-а, акнун ту ба духтари Сакина дил бастӣ. Ман бисёр вақт шуд, ки ӯро надидаам. Ин баҳонаи хуб шуд, ки рафта хабар гирам.
Фарҳод аз хурсандӣ бибиашро ба оғӯш гирифт: "Шумо ганҷи ман ҳастед!"
— Майлаш, бачаҷон, дар як-ду рӯз рафта гап мезанам. Чӣ қадар хуб мешуд, ки бо одамони шинос қудо шавем. Ба ман "не" намегӯянд, — гуфт бибиаш бо умед.
Фарҳод ба ҳуҷрааш рафту ба Имона занг зад:
— Алло, "заҳрханда", хуб ҳастӣ?
— Ассалому алайкум, тинҷӣ аст? Чаро дар ин вақти дер занг мезанед.
Тинҷӣ аст? Чаро дар ин вақти дер занг мезанед? — бо ҳайрат пурсид Имона.
— Барои ту як хушхабари зӯр дорам, мехостам ҳамонро гӯям, — гуфт Фарҳод.
— Чӣ хел хушхабар будааст, бигӯед, шунавам.
— Медонӣ, бибиҷони ман ва падару модари ту шиносони наздик будаанд. Якдигарро хеле хуб мешинохтаанд.
— Наход! Шумо аз куҷо фаҳмидед? Кӣ гуфт?
— Бибиҷонам гуфтанд. Дар як-ду рӯз мехоҳанд ба хонаи шумо меҳмонӣ раванд, — гуфт Фарҳод.
— Хеле хуб, марҳамат, биёянд. Дари хонаи мо ҳамеша кушода аст.
— Боз як гапи дигар ҳам дорам. Гӯям???
— Ҳа, гӯед.
— Не, дилам нахост, ки гӯям, — Фарҳод дидаву дониста ба рашки Имона расид.
— Агар намегуфтед, чаро гап сар кардед? Равед-е! — гуфт Имона ва телефонро хомӯш кард.
— Оббо, ҳатто шӯхиро намефаҳмад, — гуфта Фарҳод боз занг зад, вале Имона гӯширо набардошт.
"Вой, хонуми қаҳрчи е", — гуфт Фарҳодва ба навиштани СМС шурӯъ кард:
"Боз як хушхабари дигар: бибиам мехоҳанд ба хостгории ту раванд. Ту чӣ мегӯӣ? Розӣ мешавӣ?"
"Ихтиёри ман дар дасти дадаам аст, онҳо чӣ гӯянд, ҳамон мешавад", — СМС-и ҷавобиро хонда, Фарҳод аз хурсандӣ бол баровард. Пас ақаллан каме умед ҳаст ва Имона ҳам ба ӯ бепарво нест. Фарҳоддар оғӯши хаёлҳои ширин ба хоб рафт.
Нимашаб. Фарҳод якбора аз хоб парида хест. Аз таъсири хобе, ки дида буд, ба худ омада наметавонист. "Хайр бошад", — гуфт ӯ ва хобашро ба ёд овард.
Имона ва Фарҳод дар оғӯши табиати зебо гул мечиданд. Дар пеши онҳо кӯҳи калоне буд ва онҳо аз гулҳои худрӯи доманакӯҳ дастагул месохтанд. Фарҳод дастагулро ба Имона дароз кард, вале Имона фурсат наёфт, ки онро бигирад — ногаҳон замини байни онҳо кафид. Онҳо дар ду тарафи ҷарӣ монданд. Дар дохили ҷарӣ оташи сӯзон пайдо шуд. Имона аз тарс дод зад ва хост аз оташ гурезад, вале ба чоҳ афтид. Фарҳод "Имона!" гӯён фарёд мезад, вале чорае надошт... Дар ҳамин лаҳза ӯ бедор шуд.
"Хайр бошад", — гӯён ба ошхона рафт, об нӯшид ва дигар хобаш набурд.
Туркия. Истанбул.
Фотиҳ бо телефон бо Салим гап мезад ва дод мезад:
— Чаро то ҳол духтар дар назди ман нест? Ман ба шумо чӣ гуфта будам? Ҳамин имрӯз ба кор шурӯъ кунед! Мехоҳам пагоҳ духтарҳо дар наздам бошанд. Имрӯз ҳардуро дуздида, бо роҳҳои пинҳонӣ ба назди ман биёред!
— Хуб шудааст, ҷанобам, — гуфт Салим ва ба Гӯнеш занг зад. — Алло, Гӯнеш, босс дар ғазаб аст. Бояд зуд даст ба кор шавем. Аввал духтари калониро медуздем, баъд хурдиро. Оғоз кун!
Субҳи барвақт Хадича бо дили ноором бедор шуд. Ҳангоми нонушта ба ҳама бо меҳри зиёд нигоҳ мекард, махсусан ба модараш. Вақте ба мактаб мерафт, модарашро сахт ба оғӯш гирифту бӯсид, гӯё бори охир бошад. Сакина ҳайрон шуда пурсид:
— Хадичаҷон, тинҷӣ аст? Имрӯз дигар хел ҳастӣ.
— Не, очаҷон, фақат шуморо пазмон мешавам, барои ҳамин, — гуфт Хадича. Баъд бо бибиву падараш ҳам хайрухуш кард, як бор ба қафо нигаристу ба мошин нишаста ба мактаб рафт.
Имона низ бо ҳама хайрухуш карда аз хона баромад. Намедонад чаро, дилаш нахост ба мошин нишинад. Дар бораи гапҳои шаби Фарҳод фикр карда, хост каме пиёда гардад. Вақте ба сари роҳи калон баромад, як мошини сиёҳ дар наздаш истод.
Имона бо ҳайрат нигоҳ кард. Дари мошин кушода шуд ва рӯи як зани миёнасол намудор гашт.
— Хуб ҳастед? Биёед, мо шуморо мебарем.
— Не, раҳмат, худам оҳиста меравам, — гуфт Имона.
— Биёед, нишинед, мо ҳам ба ҳамон клиникае, ки шумо кор мекунед, меравем, роҳамон як аст.
— Шумо маро мешиносед? — пурсид Имона.
— Ҳа, на танҳо шуморо, балки падаратонро ҳам хуб мешиносем. Биёед, рафтем, — гуфт зан. Бе ягон шак, ин зан Гӯнеш, одами Фотиҳ буд.
Имона бо соддагӣ "хайр, майлаш" гуфту ба мошин нишаст. Ҳамин ки ӯ нишаст, мошин бо суръат ҳаракат кард.
— Оҳистатар ронед, — гуфт Имона. Вақте ронанда ба Имона нигоҳ кард, ӯ аз тарс ларзид. Рӯи ронанда пур аз ҷароҳат (шрам) буд ва як чашмаш гӯё дар ҷояш набуд.
— Шумо кистед? Маро ба куҷо мебаред? Манъ кунед, ман мефароям! — дод зад Имона. Дар ҳамин лаҳза зан рӯймолчаеро ба бинии Имона зер кард ва ӯ аз ҳуш рафт.
— Демир, зуд бош! ӯро ба ҳавлии берун аз шаҳрӣ мепартоем ва баъд хоҳарашро ҳам меорем. Бегоҳ бо роҳҳои пинҳонӣ ба Туркия меравем. Босс бесаброна моро мунтазир аст, махсусан ин духтарро.
Демир ва Гӯнеш ба ҳавлӣ даромаданд ва Имонаро бардошта ба ошёнаи дуюм, ба як ҳуҷраи махсус бурданд. ӯро ба диван хобонда, дарро қуфл карда баромаданд.
— Акнун навбати хурдӣ, — хандид Гӯнеш. — Фикр мекунам, ӯро ҳам бе мушкил дастгир мекунем. Демир, ба тарафи мактаб рон! Тезтар ӯро ҳам бигирем ва ба босс расонем. Дастонамон долларҳои зиёдро хоҳанд дид. Ин дафъа босс барои ин ду духтар пули бештар медиҳад. Дар омади гап, он ду духтари дигаре, ки пештар дуздида будем, низ ҳастанд. Ҳамаашро якҷо мебарем. Ин дафъа "шикор"-и мо зӯр шуд!
Фарҳод ба кор омада, ба ҳуҷрааш даромад. Баъди оғози кор хост аз Имона хабар гирад, вале дари ҳуҷраи ӯ қуфл буд. Ба телефонаш занг зад — хомӯш. "Ин духтар дар куҷо монд? Ҳеҷ гоҳ дер намекард", — гуфта истода буд, ки дар роҳрав Фирдавсро дид.
— Ассалому алайкум, Фирдавс Акбарович! Тинҷӣ аст?
— Ваалайкум ассалом, раҳмат Фарҳод. Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
— Омадам, ки бинам Имона омадааст ё не, вале дараш қуфл аст.
— Чӣ хел? Чаро наомадааст? Охир ӯ аз хона пеш аз ман баромада буд, мошинашро ҳам нагирифтааст. Гуфтам, шояд пиёда омада бошад. Ҳозир занг мезанам.
Фирдавс рақам чид, вале вақте овози "аппарат хомӯш аст"-ро шунид, ба воҳима афтод. Имона ҳеҷ гоҳ телефонашро хомӯш намекард. У духтари бисёр бомасъулият буд. Бехабар ба куҷо рафта метавонад?
Фирдавс ба хавотир афтод. ӯ пайиҳам ба дугонаҳои Имона занг заданро сар кард...
Хадича дар дарс нишаста буд, вале дилаш ноором буд. Дар ҳамин вақт дар так-так шуд ва як духтар нигоҳ карда гуфт: «Мумкин аст Хадичаро як дақиқа бинам?» Омӯзгораш бо ҳайрат пурсид: «Тинҷӣ аст? Чӣ гап шуд?»
— Ҳа, модараш бетоб шудаанд, барои ҳамин ӯро фарёд карданд, мошин фиристоданд, — гуфт он духтар.
— Хадича, рафта хабар гир, — гуфт омӯзгор. Хадича "майлаш" гуфту аз синф баромад, вале пеш аз баромадан ба ҳамаи ҳамсинфонаш як-як нигоҳ кард. Чашмонаш пур аз ашк шуданд. Бо вуҷуди ҳама чиз, ӯ ҳанӯз кӯдак буд. Эҳсос кард, ки имтиҳонҳо сар шуданд. "Эй Аллоҳ, ҳар имтиҳоне, ки медиҳӣ, фақат хайрашро насиб кун", — гӯён дуо кард ва ба берун баромад.
Вақте аз мактаб баромад, ҳамон мошини сиёҳи шинос мунтазираш буд. Ҳамин ки Хадича наздик шуд, дари мошин кушода шуд ва Гӯнеш, ки ороиши рӯяшро дигар карда буд, аз мошин фаромад. Хадича ба ӯ салом дода, пурсид:
— Шумо маро фарёд кардед?
— Ҳа, духтари ширин.
— Шумо кӣ ҳастед?
— Ман ҳамкори падарат ҳастам, бо ҳам кор мекунем. Модарат дар беморхона аст, ногаҳон дилаш хурӯҷ кард. Туро фарёд дорад. Ман тоқат накарда, худам омадам, ки туро барам.
Хадича ба ин зан умуман бовар накард. Вале дилаш ҳис кард, ки агар ҳоло бо хоҳиши худ наравад, онҳо бо зӯрӣ ӯро хоҳанд бурд.
— Майлаш, рафтем, — гуфт Хадича ва ба мошин нишаст. Дар роҳ Хадича дид, ки онҳо ба самти тамоман муқобили клиника рафта истодаанд.
— Шумо маро ба куҷо мебаред? Шумо кӣ ҳастед? Мошинро манъ кунед, ман мефароям! — Хадича хост дарро кушода худро ба берун партояд, вале Гӯнеш рӯймолчаро ба биниаш зер кард. Хадича аз ҳуш рафт.
— Тез бош, Демир, рафтем! Имрӯз бояд ҳатман аз Ӯзбекистон берун шавем.
Демир мошинро бо суръати баланд ронд. Вақте ба ҳавлии берун аз шаҳрӣ расиданд, Демир Хадичаро бардошта ба ҳуҷрае, ки апааш буд, бурд.
Кор тамом шуд ва Гӯнеш барои гирифтани "семинчи ба Фотиҳ занг зад.
— Алло, ҷанобам, хуб ҳастед? Кор буд шуд. Ҳарду "мурғак" дар қафасанд.
Фотиҳ Гӯнешро таъриф мекард ва ӯ аз ин сарфароз мешуд.
— Мебинед босс, коре нест, ки аз дасти ман наояд. Ба ғайр аз ин ду нафар, боз ду духтари дигарро ҳам меорам. Ҳамаашон ҷавон ҳастанд. Аз ҳиссаи онҳо низ ба ман ҷудо мекунед.
— Гӯнеш, ту ҳам бисёр бад шудӣ, ба долларҳои зиёд одат кардӣ, ҳа? Майлаш, ту биё, ҳиссаатро мегирӣ. Чӣ қадаре зиёд кор кунӣ, ҳамон қадар зиёд пул медиҳам, — гуфт Фотиҳ.
— Хуб, пас бегоҳ ба роҳ мебароем. Ман рафта аз ҳоли "мурғакҳо" хабар гирам.
Имона ба ҳуш омад ва чашм кушода ба атроф нигоҳ кард.
— Ман дар куҷоям? Ба ман чӣ шуд? Сарам... сарам сахт дард мекунад.
Имона ба атроф нигоҳ карду Хадичаро, ки дар дивани кунҷе беҳуш мехобид, дида фарёд зад:
— Хадича! Ба ту чӣ шуд? Чашмонатро кушо! — Имона дастҳои Хадичаро молиш дода, гиря мекард. — Илтимос, ба ҳуш биё. Ту чаро ин ҷоӣ? Моро кӣ ба ин ҷо овард? Инҳо кӣ ҳастанд?
Имона рӯи Хадичаро сила мекард: "Хез, хоҳарҷонам". Хадича оҳиста чашм кушод. Пеши чашмонаш хира буд, апаашро базӯр мешинохт. "Ман дар куҷоям?" — гуфта ба атроф нигарист.
— Ба ҳуш омадӣ, азизам? — Имона Хадичаро ба оғӯш гирифт.
— Апа, мо дар куҷоем? Чӣ шуд? Тинҷӣ аст? — пурсид Хадича.
— Намедонам, ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Фақат ҳаминро ёд дорам, ки ба як мошини сиёҳ нишастам, — гуфт Имона.
— Ие, апа, барои ман ҳам ҳамин хел шуд. Биёед аз ин ҷо равем, ман метарсам. Очаамро пазмон шудам, — Хадича гиря сар кард.
Имона ба назди тиреза рафт, вале афсӯс, ки тирезаҳо бо панҷараҳои оҳанӣ баста буданд ва гурехтан имкон надошт. Ӯ ба назди дар рафту бо мушту лагад ба дар зад:
— Дарро кушоед! Шумо кистед? Чаро моро ба ин ҷо овардед? — фарёд мезад ӯ.
Дар ҳамин вақт қулфи дар садо дод ва Демир бо Гӯнеш даромаданд.
— Овозатро хомӯш кун! Ба ҳар ҳол дар ин ҷо касе садои туро намешунавад, — гуфт Гӯнеш.
— Ту кӣ ҳастӣ? Чаро моро ба ин ҷо овардӣ? Аз мо чӣ мехоҳӣ? Пул лозим? Ба падарам мегӯям, ҳар чӣ қадар пул хоҳед, медиҳанд, моро ҷавоб диҳед! — гуфт Имона.
Вале Гӯнеш бо масхара хандида гуфт:
— Мехоҳӣ ба ту як сирро кушоям? Гуноҳи шумо ин аст, ки духтарони Фирдавс таваллуд шудаед. Барои гуноҳҳои падаратон шумо ҷавоб медиҳед. Ҳар коре, ки падаратон дар гузашта карда буд, акнун ба сари шумо бармегардад.
— Нафаҳмидам, кадом гузашта? Кадом гуноҳ? Чӣ гапҳо мезани?!
— Акнун боқимондаашро дар Туркия гап мезанем, духтари зебо. Босс туро мунтазир аст. Рафта дили боссро меёбӣ. Ӯ "ғунчаҳои" ношукуфтаро мисли ту бисёр дӯст медорад.
Имона аз шунидани ин суханон карахт шуд. Гӯнеш ба Демир фармон дод: "Тез бош, дастҳояшонро бубанд ва ба мошин савор кун. Он ду нафари дигарро ҳам аз таҳхона барор, вақт рафта истодааст".
Демир дастҳои ҳардуро баста, ба мошин бурд ва баъд ба таҳхона рафт. Вақте ду духтари дигарро аз торикӣ ба рӯшноӣ баровард, чашмонашон хира шуд ва онҳо низ ба гиря даромаданд.
— Илтимос, моро ҷавоб диҳед, амакҷон. Падару модарамонро пазмон шудем, — илтиҷо мекарданд духтарчаҳои бечора. Вале Демир мисли оҳан бераҳм буд ва ба гапи онҳо гӯш надода, онҳоро ҳам ба мошин тела дод.
Идома дорад...
Дӯстони азиз ва ҳамсафони гурӯҳ!
Тавре дидед, воқеаҳо дар қиссаи "САКИНА: УЗВФУРӮШОН" ба авҷи худ расиданд. Имона ва Хадича дар чанголи ҷаллодон афтоданд ва роҳ ба сӯи Туркия оғоз шуд... 😱
Мехоҳам бароятон як хабари муҳимро расонам:
Бинобар сабабҳои техникӣ (тамом шудани маблағи интернет), давоми қисса бо як ками таъхир (дертар) нашр мешавад. Ҳамин ки мушкилии интернет ҳал шуд, ман зуд ба назди шумо бармегардам ва қисмҳои боз ҳам ҳаяҷонбахштарро пешкашатон мекунам!
Аз шумо хоҳиш мекунам:
Ин қисмро ба ёру дӯстонатон равон кунед.
Дар зери ин пост бо коментарияҳои худ маро дастгирӣ кунед.
Сабр кунед, зеро давомаш воқеан даҳшатноку ҷолиб аст!
Ташаккур барои дарки вазъият ва дастгириатон! ❤️
11 комментариев
20 классов
Сакинат ва узвфурушон
Қисми 2
Дадаҷон, ман ба мулоқот меравам, — гуфт Имона.
— Хурсандам, духтарам. Ҳамон гап гап: агар маъқул нашавад, маҷбур нестӣ.
— Раҳмат дадаҷон, шуморо дӯст медорам. Акнун оҳиста рафта тайёрӣ бинам, — гӯён Имона барои баромадан аз ҳуҷра дарро кушод ва боз ба ҳамон ҷавони (ҷингала) бархӯрд.
— Эй Худо, ман чӣ гуноҳ карда бошам, ки имрӯз ин ҷавон бори сеюм аз пешам мебарояд? — гуфт Имона бо нороҳатӣ.
— Аслан, ман бояд ин гапро мегуфтам. Боз туӣ? — гуфт ҷавон ҳам.
Дар ин вақт Фирдавс Акбарович ба берун мебаромад ва суханони духтарашро шунида, гуфт:
— Ҳа, Имона, шинос шав, ин Фарҳод. Аз имрӯз ин ҷо кор мекунад. Дар Олмон дар бахши бемориҳои дил таҳсил кардааст, мутахассиси хеле бомаҳорат аст. Ту ба ин ҷавон ёрӣ мерасонӣ.
— Фирдавс Акбарович, ин духтари шумост? Аз шиносоӣ хурсандам, — гуфт Фарҳод.
— Дадаҷон, худам мушкилӣ кам доштам, ки шумо ба ман боз як "мушкили калон"-ро тӯҳфа кардед, — гуфт Имона ва ба сӯи лифт равон шуд.
— Фарҳод, илтимос хафа нашав. Имрӯз табъаш хира аст, вагарна духтари хеле хуб аст. Покдил аст, вале каме гапгардон ҳам ҳаст, ки аз модараш гузаштааст, — гуфт Фирдавс.
— Рости гап, Фирдавс Акбарович, духтаратон хеле якрав будаанд, — гуфт Фарҳод бо табассум.
— Ҳа, ба қадри худаш, вале хеле меҳрубону оқил аст.
Фарҳод рафтору атвори Имонаро ба ёд оварда, зери лаб табассум кард.
Имона ба ресторане, ки мулоқот таъин шуда буд, 10 дақиқа дер расид. Вориди ресторан шуда, чашмаш ба ҷавоне афтод, ки дар сари мизи каноре нишаста буд. «Сипас "домодшаванда" ҳамин будааст-да. Барои ҳамин шуда бо модарам ҷанг кардам? Ист, ки ҳозир туро як адаб диҳам», — гӯён ба назди миз рафт.
— Ассалому алайкум, маро интизор ҳастед? — пурсид аз ҷавон.
Ҷавон, ки чашм аз телефонаш намеканд, шитобон гуфт:
— Ҳааа... шумо Имона ҳастед?
— Бале, ман Имона.
— Аз шиносоӣ хурсандам, номи ман Ҷасур. Марҳамат, нишинед, — таклиф кард ӯ.
— Раҳмат, — гуфт Имона. — Хайр, "Ҷааа-суууррр"-и мегуфтагиашон шумо будаед-да. Гапро дароз намекунам, чаро ба ман хостгор фиристодед? Сабабаш чист?
— Сабабаш? — гуфт Ҷасур. — Падари ман соҳибкор аст, падари шумо клиника дорад. Ба фикрам, аз ҷиҳати мавқеъ оилаҳои мо ба ҳам мувофиқанд. Барои ҳамин шуморо тавсия доданд ва ман розӣ шудам. Охир ман бояд бо касе издивоҷ кунам, ки дар сатҳи худам бошад.
— Бубахшед, — гуфт Имона. — Шумо дар сатҳи ман нестед. Ман ҳеҷ гоҳ ба марде, ки ҳама чизро бо боигариву мавқеъ чен мекунад ва фикри шахсии худро надорад, ба шавҳар намебароям. Шумо ба ман тамоман маъқул нашудед.
— Чӣӣӣ? — Ҷасур, ки худ хеле мағрур буд, дар бораи Имона маълумоти дигар шунида буд.
— Ҳамон чизе, ки шунидед. Дигар маро безобита накунед, ҷаноби "Ҷааа-суууррр". Ман ба шумо ҳеҷ гоҳ ба шавҳар намебароям, инро хуб гӯш кунед. Шумо ҷавони орзуҳои ман нестед. Ба ман ҳамсаре лозим нест, ки мисли зулук аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кунад. Фаҳмо (Понятно)?
Имона бо қадамҳои тез аз ресторан баромада, таксӣ гирифт ва ба сӯи хона равон шуд. Дар ин вақт аз паси таксӣ як мошини сиёҳ низ ба роҳ даромад. Имона бо хаёлҳои худ банд буд ва ба чизе аҳамият намедод. Вақте ба хона расид, занги дарро пахш кард. Дарро хизматгори хона, Руқия-апа кушод.
— Ассалому алайкум, холаҷон, хуб ҳастед? Ман омадам.
— Ваалайкум ассалом, раҳмат духтарам, хуб омадӣ? — гуфта Руқия-апа ба сӯи ошхона рафт. — Зудтар либосҳоятонро иваз кунед, хӯрок тайёр.
Имона "майлаш" гуфту ба ҳуҷраи бибиаш рафт.
— Ассалому алайкум, бибиҷон, хуб ҳастед? Ором нишастед?
— Раҳмат духтарам, хуб омадӣ? Хӯш, рӯзат чӣ хел гузашт?
— Эҳ бибиҷон, напурсед. Имрӯз аз субҳ рӯзам хуб сар нашуда буд, пайваста нохушиҳо шуд. Аз ҳама бадтараш, он Ҷасур ба ман тамоман маъқул нашуд. Бачаи аҷиб будааст. Мағруру ҳавобаланд. Гӯё барои боигарии дадаам ба ман хонадор мешуда бошад.
— Тавба, охир ӯро хеле таъриф карда буданд-ку? — гуфт бибиаш.
— Эҳ бибиҷон, дар халқамон як мақол ҳаст: "Духтари таърифӣ дар тӯяш..." — ҳамон хел.
Агар Аллоҳ хоҳад, ҳатто аз даруни санги оддӣ гул мерӯяд. Ҳама чиз дар ин дунё дар дасти Офаридгор аст, вале мо бандагони оддӣ инро ҳамеша дарк намекунем.
Ҳангоми хӯроки шом Сакина гап кушод:
— Хӯш, Имона, ҷавон ба ту маъқул шуд? Модараш ба ман занг зад, ту ба ҷавон писанд омадаӣ.
— Чӣӣӣ? Ҳеҷ гоҳ! Очаҷон, ин кор намешавад. Ман ҳеҷ гоҳ бо ҷавоне, ки фақат мансаби падарашро фикр мекунад, оила барпо намекунам. Фикри шахсӣ надорад. Бойгарӣ барояш дар ҷои аввал аст. Зиндагӣ ин ба мағоза рафта либос интихоб кардан нест, ки агар маъқул нашавад, рафта иваз кунӣ. Ӯ лоиқи ҳамсари ман шудан нест.
Фирдавс, ки суханони Имонаро гӯш мекард, ба Сакина нигоҳ карда гуфт:
— Сакина, бас аст, дигар дар бораи тӯй гап намезанем. Духтари ман дар кӯча намондааст. То он даме, ки бо хости Аллоҳ вақту соаташ расад, интизор мешавем. То он вақт хонишашро ҳам тамом мекунад.
Сакина"майлаш" гуфт, зеро дилаш дигар ба баҳсу талош тоқат намекард. Имрон, ки дид ранги рӯи модараш каме тағйир ёфт, гуфт:
— Модарҷон, биёед, рафта истироҳат кунед, ман шуморо то ҳуҷраатон ҳамроҳӣ мекунам.
Ҳазор бор шукр ба Аллоҳ таоло барои неъмати фарзанд. Илоҳо ҳамаро ба ин бахт мушарраф гардонад.
Имрон модарашро оҳиста аз зери бағалаш гирифта, ба ҳуҷрааш бурд.
— Модарҷон, аҳволатон хуб аст? Худро чӣ хел ҳис мекунед?
— Ҳа, писарам, хубам.
— Не, оча, чаро рангруятон паридааст, гӯё бемор бошед.
— Нағзам, писарам, раҳмат. Саломат бош. Фақат ту даррав ҳолати маро пай бурдӣ-я. Беҳуда намегуфтаанд, ки писар ба қалби модар наздик мешавад. Майлаш, писарам, ман каме дам гирам.
— Хуб, модарҷони ҷаннатрӯи ман. Шуморо дӯст медорам. Шумо ҷаннати рӯи замини ман ҳастед.
Пас аз баромадани Имрон, Сакина ба хаёл ғарқ шуд. «Ин Имрон дигар хел аст, хеле меҳрубону покдил. Дар кӯдакӣ ҳам агар каме "оҳ" мегуфтам, даррав болои сарам меомад. Рӯйҳоямро сила карда менишаст. Бе ман як қадам намемонд. Ҳамеша маро аз апааш рашк мекард. Имона қаҳраш омада мегуфт: "Оча, магар фақат аз они шумост?". Он вақт Имрон мегуфт: "Хайр, ба шумо ҳам каме медиҳам", ва вақте Имона маро ба оғӯш мегирифт, то се мешумурду мегуфт: "Вақтатон тамом шуд". Аммо вақте Хадича таваллуд шуд, аслан рашк накард, ҳайрон монда будам. Хадича аз хурдӣ дигар хел буд, рӯяш нуронӣ буд. Бе нозу адои зиёд калон шуд. Хеле ором буд ва аз хурдӣ ба китоб меҳр дошт...»
ТУРКИЯ. ИСТАНБУЛ.
Фотиҳ асабӣ буд ва занги Салимро интизор мешуд. Пас аз ним соат Салим занг зад.
— Ало, беги ман.
— Чӣ гап? Чӣ шуд?
— Ҳамааш "окей".
— Наход? Кани, гӯш мекунам.
— Бегам, Фирдавсро ёфтам. Дар Ӯзбекистон будааст. Оила, ду духтар ва як писар доштааст. Ҳамон касби духтуриашро давом дода истодааст. Аз ҳама ҷолибаш ин ки духтараш ҳам духтур будааст. Ҳанӯз хонишро тамом накардааст. Фирдавс барои мо як кадри хеле лозимиро тайёр кардааст. Ман ду рӯз боз аз паси духтараш ҳастам. Духтари дуюмаш айнан ба мо мувофиқ, 12-сола будааст. Гюнешро ба кор меандозам. Духтари Фирдавс албатта солим аст. Узвҳои ӯро бо нархи хеле гарон мефурӯшем, — гӯён Салим бо овози баланд хандид.
— Бас, Салим, ба ту гап нест. Маълумоти бештар ҷамъ кун. Ҳанӯз Фирдавсро ба зону мешинонам ва узвҳои духтаронашро як-як гирифта, ба экспорт мефиристам. Духтари калониашро ҳам аввал хуб истифода мебарем, баъд ӯро ҳам ба "товари экспортӣ" табдил медиҳем.
Салим боз ба лоф задан давом дод:
— Бегам, Гюнеш барои шумо боз 10 "товар"-и нав тайёр кардааст. Аз ҳама ҷои зӯраш ин ки онҳо 12-14 солаанд. Ин дафъа ҳамааш олиҷаноб мешавад. Хотиратон ҷамъ бошад.
— Хеле хуб, ман ҳамин имрӯз аз лаборатория хабар мегирам, — гуфт Фотиҳ. — Мехоҳам кори духтуронро назорат кунам. Хеле вақт шуд хабар нагирифтам, равам як бӯи боигариҳоямро ҳис кунам, — Фотиҳ хандаи аҳриманӣ кард.
— Ҳа, акнун беги ман, дар "бозори сиёҳ" як дил 150 ҳазор доллар бошад, шояд аз он ҳам гаронтар шавад. Толеамон баланд аст, аз мо бойтар одам нест. Шарикони мо дар Олмон аз мо розиянд. Илоҳо ба савдоямон чашм нарасад.
— Хуб, Салим, он Фирдавсро аз мадди назар дур накун, ман бо ӯ ҳисобу китоби алоҳида дорам.
Сакина барои каме гаштугузор ба кӯча баромад. Хост аз мағозаи наздик ширинӣ харад ва он ҷо бо ҳамсояаш Назира-апа ва боз ду зани дигар рӯ ба рӯ шуд. Назира-апа бо ҳаяҷон дар бораи чизе гап мезаду дигарон гӯш мекарданд.
— Ассалому алайкум, — салом дод Сакина.
— Вой, Сакинахон, шунидед? Дар маҳаллаи ҳамсоя ду кӯдак гум шудаанд!
— Наход? Чӣ мегӯед? — Сакина ба Назира-апа нигоҳ кард. — Чаро гум мешаванд? Ба куҷо?
— Эҳ, аз мактаб бармегаштаанд. Як мошини сиёҳ омада истодааст, аз дарунаш як зан фаромада гуфтааст, ки "биёед, ба шумо ширинӣ медиҳам". Дутоаш розӣ шудаанд, вале сеюмиашон — як духтарча — гуфтааст, ки "ман ширинро бад мебинам" ва нарафтааст. Баъд он зан ба он ду духтарча ширинӣ дода, гуфтааст, ки "биёед, шуморо як бор гардонда меорам". Духтарҳо ҳам розӣ шуда, савор шудаанд. Вақте бегоҳ шуду духтарҳо барнагаштанд, падару модарашон ба кофтуков даромаданд. Аз он дугонаашон пурсиданд, ӯ воқеаро нақл кард. Ҳозир ҳама сарсон, онҳоро ёфта наметавонанд.
— Бечораҳо, — гуфт Сакина бо дили реш. — Илоҳо ёфт шаванд.
— Ҳаминро гӯед, — ҳамсояҳои дигар ҳам ҳамроҳ шуданд. — Ба падару модарашон (сахт) шуд. Беҳуда намегӯянд, ки ин телефонҳо бало шуданд. Ин замон нотинҷ шудааст-а.
— Дили ман сиёҳ аст, — гуфт Назира-апа. — Ҳозир одамфурӯшҳо ҳам бисёр шудаанд. Мабодо...
— Чӣ гуфтаниед? —Сакина ва дигарон якбора пурсиданд.
— Мегӯянд, ки дар бозори сиёҳ нархи узвҳои одам хеле гарон будааст. Барои ҳамин, ҷинояткорон барои пули осон кӯдаконро медузданд, ба кадом як ҷой бурда, узвҳояшонро мегиранд ва ҷасадашонро реза карда месузонанд. Эй Худо, худат тинҷӣ кун. Аллоҳ ҳамаро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Ҳеҷ касро ба доғи фарзанд гирифтор накунад, — гапашро тамом кард Назира-апа.
Дарди дили Сакина оғоз шуд. Аз ёдаш баромад, ки барои чӣ ба кӯча баромада буд. Бо ҳамсояҳо шитобон хайрухуш карду ба хона шитофт. Ҳамин ки омад, ба ҳуҷрааш даромада, худро ба болои кат партофт. «Эй Худо, наход сояҳои гузашта боз маро кофта омада бошанд? Як вақтҳо ин савдоҳо аз сари ман гузашта буданд. Рауф ва Фирдавс маҳз бо ҳамин кор машғул буданд. Фақат онҳо фоҳишаҳоро шикор мекарданд, инҳо бошанд кӯдакони хурдсолро медузданд. Чӣ кор кунам? Бо Фирдавс гап занам? Не, ӯро ҳам безобита накунам, худаш гузаштаро фаромӯш карда, акнун нағз кор карда истодааст. Чӣ қадар азоб кашид аз пушти гузаштааш».
Сакина дар зери фишорӣ андешаҳои вазнин хоб буд, ки ногаҳон дар тақ-тақ шуд. Ӯ тарсхӯрда пурсид: — Кист?
— Манам, духтарам, дарро кушо, — овози модараш омад.
Сакина дарро кушод.
— Тинҷӣ аст? Чаро дар ин аҳволӣ? Рангат кандааст. Ягон ҷоят дард мекунад? Гап зан, маро натарсон.
— Хубам оча, хавотир нашавед. Ҳозир дар кӯча як хабар шунидам, аз ҳамон каме дилам ғаш шуд.
— Чӣ гап, тинҷӣ аст?
— Оча, медонед, одамдуздҳо аз маҳаллаи ҳамсоя ду духтарчаро дуздидаанд. Аҳволи онҳоро фикр карда, зиқ шудам. Медонед, дар гузаштаи ман ин ҳолатҳо бисёр буд. Рауф ва Фирдавс маҳз ҳамин хел буданд. Фоҳишаҳоро фиреб дода меоварданд ва кушта, узвҳояшонро мефурӯхтанд. Рауф барои ҳамин Фирдавсро духтур карда буд. Вақте маро ба Олмон бурданд, шоҳиди ин сирҳои онҳо шудам. Он вақт аз пушти Рауф кӯдакамро аз даст дода будам. Гузашта майлаш, гузашта рафт, Фирдавс ҳам ба инсоф омад, корҳои бадашро партофт. Ҳамааш ба низом даромада буд, вале намедонам чаро ин рӯзҳо дилам сиёҳ аст. Гӯё ба сари оилаи мо абрҳои сиёҳ омада истода бошанд. Аз фарзандонам хавотирам, махсусан аз Хадича.
Аллоҳ таъоло вақте модарро офарид, пеш аз ҳама ӯро соҳиби қалби нозук гардонид. Гӯшту ҷони ӯро бо фарзанд яке кард. Бинобар ин, банди одам чӣ дард кашад ё ба мушкиле дучор шавад, аввалин шуда "вой, очаҷон" мегӯяд.
Сакина бо модараш дуру дароз сӯҳбат карда, дилаш холӣ шуд. "Майлаш, ҳар чӣ шавад, оқибаташ хайр бошад", — гуфт ӯ дар дил. Қасд кард, ки бегоҳ бо Фирдавс ҳамсуҳбат шавад.
Ҳангоми хӯроки шом ҳамаи аъзои оила ҷамъ шуданд. Фирдавс барои оилааш як қонун ҷорӣ карда буд: ҳангоми нонушта ва хӯроки шом ҳама бояд ҳозир бошанд. Фирдавс дар сӯҳбат бо як инсони аҳли илм шунида буд, ки агар аъзои оила ҷамъ шуда, дар гирди як дастурхон хӯрок хӯранд, ба он хонадон файзу барака ва раҳмати Аллоҳ меборад. Ҳамин одатро ӯ дар оилааш ҷорӣ намуд.
Вақте ки хурок мехӯрданд, Хадича пурсид:
— Дадаҷон, мехоҳед бароятон як амали осонеро гӯям, ки бароятон савоби бисёр меорад?
— Албатта, кани бигӯй, духтарам, — гуфт Фирдавс.
— Агар падар ҳангоми ба хона омадан, аз бозор ё ҷои дигаре туҳфае биёрад ва онро аввал ба духтаронаш диҳад, ба он падар раҳмати Аллоҳ меборидааст ва савобаш беҳисоб мешудааст. Бубинед, чӣ қадар осон! Чунки дили духтар мисли шиша нозук ва мисли гул зебо мебошад.
— Раҳмат, духтарам! Пас ман бояд баъди хурок як бор ба кӯча баромада оям-да, — хандида гуфт Фирдавс. — Имрӯз шуморо як хурсанд кунам.
— Фирдавс , вақте омадед, бо шумо гап доштам, — гуфт Сакина.
— Хуб, баъди ним соат бармегардам. Имрӯз барои модарам ва духтаронам як ид сохта диҳам. Дар омади гап, ту зуд қаҳр накун, барои ту ҳам ҳаст, — гуфт Фирдавс бо ханда.
— Қаҳр накардам, вақте омадед, гапи муҳим дорам.
— Майлаш, баъди ним соат бармегардам, гули ман. Чӣ мегуфтанд: "Маро интизор шав ва ман бармегардам", — Фирдавс хандида ба кӯча баромад.
Пас аз ним соат Фирдавс бо як ҷаҳон шириниҳо баргашта, садо кард.
— Имона, Хадича, маликаҳои хурдсоли ман, биёед!
Хадича ва Имона аз хонаҳояшон баромаданд. "Барои духтарони азизам мана инҳо", — гӯён ба ҳардуяшон рӯймолҳои нафиси гулдори гулобӣ дод.
— Раҳмати калон, дадаҷон! — гӯён ҳарду духтар гардани Фирдавсро ба оғӯш гирифта, аз рӯяш бӯсиданд ва миннатдорӣ намуданд.
— Акнун инҳоро ҷо ба ҷо кунед, ман як ба модаратон хабар гирам, — гуфта ба ошёнаи боло баромад.
Вақте ба хона даромад, Сакина маҳзун менишаст.
— Тинҷӣ аст, гули ман? Ба ту чӣ шуд? — ҳайрон шуда пурсид Фирдавс.
— Ҳа, тинҷӣ. Медонед, гузашта такрор шуда истодааст. Гузаштаи мо боз баргашта истодааст.
— Чӣ мегӯӣ? Кадом гузашта? Чӣ такрор мешавад? — пурсид Фирдавс бо тааҷҷуб.
— Гузаштаи ману шумо... он боз бармегардад...
Туркия. Истанбул.
Фотиҳ бо телефон бо касе бо диққат гап мезад. "Магар рӯзҳои интизориам наздик шуда истодаанд? Акнун ман бойтарин босси олами мафия мешавам. Ниҳоят, он рӯзҳо расиданд".
Телефонро гузошта, зуд ба Салим занг зад:
— Салим, зуд ба Туркия парвоз кун. Ба Олмон меравем. Таҷрибаҳои мо аз санҷиши аввал гузаштанд. Тез биё, мунтазирам.
Фотиҳ беҳуда хурсандӣ намекард. ӯ даст ба як кори даҳшатноку ваҳшиёна зада буд. Бино ба шуниди ӯ, мағзи ҳароми ҷанин (тифли дар батн буда)-и семоҳа хеле нодир ва гаронбаҳо будааст. Гирифтани он осон нест. Барои ин бояд ҷанинро дар батни модар се моҳ зери назорат нигоҳ дошта, баъд бо роҳи ҷарроҳӣ (кесерово) гирифтан лозим буд. Аммо мутаассифона, ҳангоми аз батни модар гирифтан, нафаси ҳаёти ҷанин қатъ мешуд. Ҳеҷ чиз ҷои батни модарро гирифта наметавонист. Ин чиз асаби Фотиҳро хароб мекард ва ӯ табибонро сахт фишор медод.
Олмон.
Фотиҳ ва Салим ба Олмон парида омада, сӯи лаборатория шитофтанд. Лабораторияи махфие, ки бо низоми сахти рамзӣ ҳифз мешуд ва дар он се табиб тӯли се сол боз рӯи рӯшноиро надида, таҳқиқот мебурданд.
Фотиҳ аз тариқи низомҳои махфӣ ба дохил ворид шуд ва роҳбари табибонро ба бозпурсӣ кашид:
— Кани боигариҳои ман? Кани миллионҳои ман?
— Хуш омадед, Фотиҳбей. Мана ҳамон чизе ки хоста будед, — гӯён роҳбари табибон як зарфи шишагиро (пробирка) нишон дод. Дар даруни зарфи калон як ҷанин (тифл)-и 3-моҳа (тақрибан 12-ҳафтаина) намудор буд.
Андоза: тақрибан 6–9 см.
Вазн: тақрибан 15–25 грамм.
— Ҳоло ҳамин якто аз санҷиш гузашт, акнун барои зиёд кардани он бояд худамон шароити сунъӣ созем, — гуфт табиб. Фотиҳ хурсанд шуда: "Албатта шароит месозем. Хӯш, барои ин чӣ лозим?" — пурсид.
— Пеш аз ҳама, зани солим лозим. Мо аз ӯ намуна гирифта, дар шароити сунъӣ дар зарфҳои махсус парвариш мекунем ва вақте семоҳа шуд, бо ёрии сӯзандору моеъи мағзи ҳаромашро мегирем.
— Пас маслиҳат шуд ман занҳои солимро меорам, шумо намуна гирифта, ба ман мағзи ҳаромро медиҳед. Шарики ман хеле хурсанд мешавад-да! Кист, ки ҷавонии абадиро нахоҳад?
Фотиҳ чунон одами бадхоҳ буд, ки ба ғайр аз худаш касеро фикр намекард. Сабаби ин дар он буд, ки вақте ӯ кӯдак буд, Рауф хоҳари ӯро дуздида, ба номусаш таҷовуз кард ва баъд ӯро кушта, узвҳои дохилиашро дар як қуттии зебо ба падари Фотиҳ — Пӯлод Қашқа фиристод. Фотиҳ он вақт кӯдаки хурд буд. ӯ қуттиро дида хурсанд шуд ва вақте падараш мактуби рӯи қуттиро мехонд, ӯ шитобон қуттиро кушод ва аз даҳшат дод зад. Падараш писарашро, ки чашмонаш аз косахонааш берун мешуданд, зуд ба беморхона бурд. Он вақт Фотиҳ як сол дар ҳолати шок ва кома хобид.
Пас аз як сол ба ҳуш омада, Фотиҳ ба як одами асабӣ ва бадҷаҳл табдил ёфт. Дар мактаб бо касе дӯст нашуд. Соли хатми мактаб падараш Пӯлод Қашқа дар тирпарронӣ бо Рауф кушта шуд. Баъд аз ин Фотиҳ тамоман аз худ рафт. "Ҳанӯз аз ҳамаатон як-як қасд мегирам", — қасам хӯрд ӯ. Дар ин миён дар олами ҷиноӣ ҷои падарашро гирифт ва ба савдои аъзои бадан оғоз кард. Чанд духтарони ҷавон дар дасти ӯ қурбон шуданд. ӯ духтаронро як шаб нигоҳ медошт ва рӯзи дигар ба одамонаш месупурд. Онҳо бошанд, ба таҳхонаҳои махфӣ бурда, духтаронро мекуштанд, узвҳояшонро мегирифтанд ва ҷасадро месӯзонданд. Фотиҳ чандин сол Фирдавсро кофт ва ниҳоят фаҳмид, ки ӯ дар Ӯзбекистон аст. "Акнун ту хуни дил мегирӣ, Фирдавс, тамошо кун", — гуфт ӯ бо аламҳои кӯҳна. "Чунон азобат диҳам, ки худат илтиҷо кунӣ, ки маро бикуш".
Ӯзбекистон. Хонадони Фирдавс.
— Сакина, ту хубӣ? Ба ту чӣ шуд, чаро ин хел мегӯӣ? — пурсид Фирдавс бо хавотир.
— Имрӯз ба кӯча баромада будам. Дар мағоза ҳамсояҳоро дидам. Бино ба гуфти апаи Назира, аз маҳаллаи ҳамсоя ду духтарро дуздидаанд. Ҳеҷ ҷо даракашон нест.
— Чӣ мегӯӣ?! Наход? — ҳайрон шуд Фирдавс.
— Ҳа, Фирдавс , ин рост аст. Намедонам чаро дилам ноором аст. Фақат гузаштаамон барнагардад. Он вақт вақте сӯҳбати шуморо пинҳонӣ шунида будам, ман ҳам хеле тарсида будам. Фикр мекардам, ки маро ҳам кушта, аъзои баданамро мефурӯшанд. Медонед, ба хаёлам як тахмин меояд. Мабодо ин кори одамони ҳамон Пӯлод набошад? Баъди марги сардорашон, шояд инро тиҷорати тайёр гуфта, давом дода истодаанд? Чӣ мегӯед?
— Дар ин гапат ҳам ҷон ҳаст, Сакина. Ман аз фардо оҳиста-оҳиста ҷустуҷуро сар мекунам. Бинам, киҳо будаанд онҳо. Ту ба духтаронамон ҳушёр бош. Махсусан ба Хадича. Имона худаш ҳушёр ва зирак аст, ҳаққашро ба касе намедиҳад. Аз Хадича хавотирам.
Хуб мешавад, ҳамон тавр ки гуфтед, хоҳад шуд. Шумо оҳиста-оҳиста кӯшиш кунед, ки ҳақиқатро фаҳмед, дар ин ҷо мақомоти корҳои дохилӣ ҳам бекор намешинанд, шояд ҷустуҷӯ доранд. Дили ман ба падару модари бечораашон месӯзад. Бечораҳо дар чӣ аҳволе бошанд-а? — инро гуфта Сакина гиря кард. — Эй Худо, ин кӯдакони бегуноҳро дар паноҳат нигоҳ дор, то ки саломат ёфт шаванд.
Аллоҳ таъоло ба баъзе бандагонаш чунон мукофоти бузург медиҳад, ки он фарзанди боилм, закиву ҳушманд ва дорои лаёқати фавқулодда мебошад. Фирдавс ва Сакина ҳайрон буданд, вале Худованд маҳз чунин фарзанд — Хадичаро ба онҳо дода буд. Аммо ин хислатҳо бинобар хурдсолии Хадича ҳанӯз ошкор нашуда буданд ва табиист, ки волидонаш низ аз ин бехабар буданд. Хадича барои он ба дунё омада буд, ки тамоми гиреҳҳои марбут ба гузаштаи Фирдавсу Сакинаро кушояд ва ба бадхоҳон ҷавоби муносиб диҳад. Вале чунон мешавад, ки бе изни Аллоҳ ҳатто хоре ба дасти банда халида наметавонад.
Хадича як-ду рӯз боз худро ноором ҳис мекард, гӯё ягон қувваи мармузе ӯро идора менамуд. Аммо ба сабаби кӯдакӣ инро ба касе гуфта наметавонист. ӯ аз тағйирёбии олами рӯҳии худ дар ҳайрат буд. Баъзан ӯ ба ҳолати муроқаба (ғарқ шудан дар зикру андеша) меафтод. Дар он ҳолат пеши чашмони Хадича абрҳои сап-сафед ва дар болои абрҳо мӯйсафедони нуроние пайдо мешуданд, ки ришҳои сафедашон то ба сина расидаву дар пешашон китоб мехонданд. Бори аввал ин ҳолат бо Хадича ҳангоми дарс рӯй дод. Муаллим ва ҳамсинфонаш аз назар ғоиб шуданд ва Хадича худро дар болои абри сафед дид.
Хадичаи ҳайратзада намефаҳмид, ки чӣ шуда истодааст. Аммо рӯҳаш чунон сабуку пок буд, ки тасаввураш душвор буд. ӯ дар болои абрҳо шино мекард. Пас аз чанде ба як боғи бисёр зебову мафтункор расид. Оҳиста ба боғ даромад. Дар маркази боғ тахти зебои тиллоӣ меистод ва дар он мӯйсафеди нуроние нишаста буд. Дар пеши ӯ Китоби Қуръон дар ҳаво муаллақ меистод ва мӯйсафед бо овози бисёр фораму ширин тиловат мекард.
— Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бобоҷон, — оҳиста салом дод Хадича.
— Ваалайкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Биё, духтарам, туро хеле боз мунтазирам. Хуш омадӣ. Мо туро аз байни одамони рӯи замин интихоб кардем. Ту ҳарчанд хурдсол ҳастӣ, вале инсони баргузидаи моӣ. Зеро дар тақдири ту ҳамин рӯзҳо навишта шудаанд. Мо мехоҳем тавассути ту қабоҳату разолат ва паст задани қадри инсонро дар рӯи замин нест кунем. Тайёр ҳастӣ, духтарам?
— Тайёрам, бобоҷон, лекин ман чӣ кор бояд кунам? Вазифаи ман чист?
— Ту ҳоло ба олами худ баргард, мо худамон бо ту алоқа барқарор мекунем.
Хадича "хуб мешавад" гуфту боз аз байни абрҳо пас гашт. ӯ худро мисли як барги сабук ҳис мекард. Ҳангоми парвоз эҳсос намуд, ки мехоҳад дар ҳамон ҷо бимонад. Аммо дар фикри падару модар, бародару хоҳар, бибиҷон ва наздиконаш афтод ва ин фикр ӯро баргардонд. Ногаҳон ӯ боз дар синфхона пайдо шуд. Аҷибаш он буд, ки дарс ҳанӯз тамом нашуда буд ва муаллим ҳамон мисолро дар тахтаи сиёҳ менавишт. Хадича ҳайрон шуд. Охир, ба назараш вақти зиёде гузашта буд! Вале ӯ намедонист, ки қудрати Аллоҳ беинтиҳост. Вақту соат дар дасти Ӯст. Агар Ӯ бихоҳад, соатҳоро ба лаҳзае табдил медиҳад.
Пас аз дарс Хадича ба хона баргашт, вале хаёлаш ҳанӯз дар он олами дигар буд. Сакина ӯро дида, бо хавотир пурсид:
— Хадича, духтарам, ту хубӣ? Имрӯз дигар хел менамоӣ. Тинҷӣ аст ё дар мактаб чизе шуд? Ба ман гӯй, пинҳон накун.
— Не, очаҷон, ҳамааш хуб. Фақат каме хаста шудам, каме дам мегирам ва баъд барои хӯрок мефароям.
— Майлаш, духтарам, — гуфт Сакина бо нигаронӣ. — Илоҳо тинҷӣ бошад.
Мо бандагони оҷиз ҳастем. Барои худ нақшаҳои зиёд мекашем, вале фаромӯш мекунем, ки ҳама чиз дар дасти Парвардигори олам аст. Агар Ӯ "Бишав!" гӯяд, он замон мешавад.
Сакина бо дили ноором ба ошхона баргашт. Дили модар ҳамеша чизеро ҳис мекунад. Пас аз хӯроки шом, Хадича ба ҳуҷрааш баромада, Қуръонро ба даст гирифт ва ба хондан шурӯъ кард. Вақте сураи "Мулк"-ро мехонд, ояти 10-ум диққаташро ҷалб кард. Дар он ҷо чунин навишта шуда буд:
«Ва онҳо мегӯянд: "Агар мо гӯш медодем ё ақл мерондем, дар зумраи аҳли оташи сӯзон (дӯзахиён) намебудем"».
Хадича ҳарчанд ин сураро ҳар шаб мехонд, вале намедонист, ки чаро маҳз имрӯз ин оят хаёлашро банд кард. Имтиҳонҳо барои ӯ акнун оғоз мешуданд. ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки ин оят дар оянда ба ҳоли Фотиҳ ва ҳаммаслакони ӯ, ки ҳангоми ҷазо дидан тавба мекунанд, ишора аст.
Хадича дар бораи он сабукии рӯҳиву ҷисмие, ки ҳангоми муроқаба ҳис карда буд, фикр мекард. ӯ эҳсос намуд, ки комилан ба як одами дигар табдил ёфтааст. Дар зеҳни ӯ фикрҳо ва ақлу идроке пайдо мешуд, ки аз синну солаш хеле болотар буд.
Идома дорад...
4 комментария
18 классов
Сакинат ва узвфурушон
Қисми 1
Ба номи Аллоҳи бахшояндаву меҳрубон. Умедворам ин асар барои ҳамаи мо хайрхоҳона ва ибратомӯз хоҳад буд.
Субҳи барвақт. Садои азони бомдод, ки гӯё қасд дорад тамоми қалбҳои дар сукунат хуфтаро бедор кунад, оламро фаро гирифт. Сакина, ки ҳанӯз қабл аз ин садо бедор шуда буд, бо меҳру муҳаббат ба Фирдавс нигоҳ карда менишаст.
Фирдавс ногаҳон аз хоб парида чашмонашро кушод ва ба Сакина, ки сӯяш менигарист, лабханд зад.
— Субҳ ба хайр, ҳаёти ман, хуб истироҳат кардед? Кани, зуд бошед, то дар адои фарзи Аллоҳ дер намонем.
— Албатта, маликаи оқилаву зебои ман. Бо вуҷуди он ки солҳои зиёд гузаштанд, ту ҳамон тавр зебо ва мафтункунанда ҳастӣ. Туро дӯст медорам, Сакинаи ман.
— Ман ҳам, беги ман. Биёед, зудтар фарзи Аллоҳро адо кунем, то он вақт нонуштаро ҳам омода мекунанд. Ҳазор шукр ба Аллоҳ, ки ба ман мисли ту ҷуфти ҳалолу боимон ва фарзандони ширин ато кардааст. Ҳар субҳи ман бо ҳамин гуна шукрона оғоз мешавад ва ин барои ман бахти бузург аст.
— Дар омади гап, бачаҳо ҳам хестанд? Медонӣ-ку, адои фарзи Аллоҳ ҳамроҳи оила файзи дигар дорад, Сакинаҷон.
— Албатта, беги ман. Фарзандонамон шуморо интизоранд.
Фирдавс таҳорат гирифта, либосҳои сап-сафедашро пӯшид ва ба сӯи намозхона равон шуд. Вақте вориди хона шуд, тамоми оила ҷамъ омада, ӯро интизор буданд. Аз берун ин манзара хеле зебо ба назар мерасид: дар пеш Фирдавс, дар паси ӯ Имрон, сипас Сакина, Имона ва Хадича. Хадича хурдии ин хонадон буда, баъд аз дугоникҳо ба дунё омадааст. Байни ӯ ва дугоникҳо 10 сол фарқ буд. Дугоникҳо ҳоло 20-сола ва Хадича 10-сола буданд.
Пас аз адои намози бомдод бо ҷамоат, оила барои нонушта ба ошёнаи якум фаромаданд. Дар он ҷо онҳоро модари Сакина ва Руқия-апа, ки гӯё як узви ин оила шуда буд, пешвоз гирифтанд.
— Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Модарҷон, хуб хоб рафтед? Саломатиатон хуб аст? — пурсиданд Фирдавс ва Сакина аз модарашон.
— Алҳамдулиллоҳ, шукр фарзандони ман, — ҷавоб дод модар.
— Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бибиҷон! — кӯдакон низ бо як овоз салом дода, ҳолпурсӣ карданд.
— Раҳмат, набераҳои ширини ман. Шумо ҳам хуб истироҳат кардед? Кани, ба нонушта марҳамат.
Ҳангоми нонушта Хадича пурсид:
— Дадаҷон, бибиҷон, мумкин аст дар бораи сабақҳое, ки омӯхтам, каме бароятон нақл кунам?
— Албатта, асали ман, — гуфт Фирдавс.
— Ҳоло ман мехоҳам ба шумо дар бораи модарамон Хадича (разияллоҳу анҳо) нақл кунам. Охир ман кӯшиш дорам, ки лоиқи номи худ бошам.
— Садақаи ин духтари асалам шавам, хеле ширинсухан ҳастӣ-да, — ӯро навозиш кард бибиаш.
— Албатта-да бибиҷон, охир ман духтари кистам? Ман духтари Фирдавс Акбарович ҳастам! — гуфт Хадича бо содагӣ.
Аз ин сухани ӯ ҳамаи аъзои оила хандиданд.
— Кани, маликаи кӯчаки ман, оғоз кун, — гуфт Фирдавс.
Хадича ба нақл кардан шурӯъ намуд:
— Модарамон Хадича бинти Хувайлид (р.а) дар Маккаи Мукаррама, дар қабилаи Қурайш, аз авлоди Бану Асад ба дунё омадаанд. Эшон 68 сол пеш аз ҳиҷрат, яъне солҳои 556 ё 557-и мелодӣ таваллуд шудаанд. Падарашон Хувайлид ибн Асад ва модарашон Фотима бинти Зоида буданд. Лақаби эшон дар замони ҷоҳилият "Тоҳира" (Покиза) буд...
Фирдавс аз маълумоти бо мулоимат додаи духтараш мутаассир шуда, аз ҷояш хест ва пешонаи ӯро бӯсид:
— Духтари оқилаи ман, ту барои ман мукофоти Аллоҳ ҳастӣ.
— Хадичаи ман... — гуфт Сакина бо чашмони пурнам.
— Лаббай, модарҷон.
— Аллоҳ илматро зиёда кунад, — гуфт Сакина ва ба Имона рӯ овард: — Имрӯз дарсат соати чанд тамом мешавад? Хостгорон дари хонаро шикаста истодаанд. Имрӯз ба мулоқот мебароӣ.
— Бубахшед, очаҷон, то хонданамро тамом накунам, ба шавҳар намебароям. Ин мавзӯъ тамом!
Фирдавс, ки то ин вақт бо ҳавас гӯш мекард, дахолат кард:
— Нафаҳмидам? Чӣ гап шуда истодааст? Имонаҷон, чаро ба модарат бо садои баланд гап мезанӣ? Фаҳмон ба ман, духтарам.
— Дадаҷон, то хонишро тамом накунам, нияти шавҳар кардан надорам. Агар ҳозир равам, пас тақдири клиника чӣ мешавад? Ин қадар заҳмат кашидам, магар ҳамааш беҳуда меравад?
Фирдавс ба андеша рафта гуфт:
— Ту аввал вохӯрда бин, агар ба ту писанд наояд, ман туро маҷбур намекунам.
Имона аз ин сухани падар хурсанд шуда, ӯро ба оғӯш гирифт: "Раҳмати калон, дадаҷони азизам! Акнун бо хотири ҷамъ ба дарс меравам."
— Аҷала накун мулоқот имрӯз соати панҷ, — таъкид кард Сакина. — Дер намонӣ.
— Очаҷоооон...
— Чӣ "очаҷон"? Агар чизе нагӯям, хеле эрка шудаӣ. Бидон, ки бозори духтар як бор гарм мешавад. Агар ҷои хуб бошад, бояд туро ба соҳибат супорем. Орзуву мақсадҳоятро ҳамроҳи ҳамсарат амалӣ мекунӣ. Гап тамом! Кани модарҷон, дуо кунед, ки бачаҳо ба дарс дер намонанд.
Пас аз нонушта ҳама ба кори худ рафтанд. Дар хона танҳо Сакина, модараш ва Руқия-апа монданд.
Сакина баъд аз гусел кардани ҳама, барои каме истироҳат ба хонааш даромад. Намедонад чаро, вақтҳои охир боз дилаш безобитаа мешавад. Лекин ба касе нишон намедиҳад. Агар Фирдавс фаҳмад, фавран ӯро ба клиника мехобонад ва пеш аз ҳама, аз ӯ меранҷад. Сакина бошад инро намехоҳад. Имрӯз Имона ҳам ӯро каме хафа кард. "То чашмонам биноянд, фарзандонамро ба соҳибашон супорам" гуфта фикр кард ва ногаҳон худаш аз ин андеша тарсид. Ӯ ҳақ надорад, ки бимирад! Охир ба ин рӯзҳо расидан осон набуд. Чӣ қадар азобҳоро паси сар кард. Акнун, ки "даҳонаш ба ош расид"...
— Эй Аллоҳ, худат маро бубахш, тавба кардам, — гӯён Қуръонро ба даст гирифт, то каме мутолиа кунад.
Ҳангоми хондани каломи Аллоҳ аз чашмонаш ашк мерехту қалбаш оромӣ меёфт. Дар дил қарор дод: "Ман модарам ва дар ҳар ҳолат модар мемонам. То охири умре, ки Аллоҳ бароям додааст, барои Фирдавс ва фарзандонам зиндагӣ мекунам. Ман ҳанӯз ба онҳо хеле лозимам, чунки вазифаамро то охир адо накардаам..."
Имона ҳатто хоҳиши савор шудан ба мошинашро накарда, бо табъи хира аз хона баромад. «Каме пиёда гардам, шояд табъам болида шавад», — гӯён, дар хаёлот ғарқ шуда, чӣ тавр ба сари роҳи калони асфалтпӯш баромаданашро нафаҳмида монд. Аз садои баланди тормоз «ғиррр» такон хӯрда, босуръат ба қафо нигоҳ кард. Дид, ки дар пасаш як мошини калони тамғаи «Chery» истодааст ва аз даруни он ҷавони қадбаланди (ҷингала), сафедпӯст, бо абрувону чашмони сиёҳи зебо шитобон фаромад.
— Дар куҷо хаёл карда мегардӣ, духтари хуб? Магар ба пеши поят нигоҳ карда роҳ рафтан мумкин нест?
— Ба хаёлоти ман шумо чӣ кор доред? Равед, ба роҳатон давом диҳед, ман сиҳату саломатам, — гуфт Имона, гӯё мехост алами табъи хираи субҳгоҳиашро аз ин ҷавон гирад.
— Ие, шумо аҷоиб духтар будаед-ку, худатон ба сари роҳи ман баромадед ва боз гап ҳам мезанед. Барои маълумотатон, роҳи калон барои мошинҳо аст, на барои хаёлпарастони мисли шумо, — гӯён ҷавон шарт ба қафо гашту мошинашро ронда рафт.
— Чӣ гуфт? — Имона ба худаш савол дод. — Маро хаёлпараст гуфт? Худаш кӣ бошад? Як "баррача" будааст-ку, — Имона мӯйҳои ҷингалаи ҷавонро ба ёд овард. — Вой, "барашкаей", маро хаёлпараст гуфт-а.
Имона бо худаш гап занон ба донишгоҳ расид. Каме монда буд, ки ба дарси аввал дер кунад.
Пас аз хатми ду дарси аввал, Имона ба клиника шитофт. Имрӯз Фирдавс барояш як имконият доданӣ буд, яъне иҷозат дода буд, ки ҷараёни як ҷарроҳии мураккаби дилро мушоҳида кунад. Имона ба клиника расида, дид, ки дарҳои лифт пӯшида шуда истодаанд ва шитобон давид. Ҳангоми пӯшида шудани дар, пояшро ба канори дар зад.
— Айй, поям! — гуфт Имона.
— Чӣ, ту доим ҳамин хел духтари беуҳдабаро ҳастӣ?
Имона аз саволе, ки аз болои сараш дода шуд, тарсхӯрда сарашро бардошта нигоҳ кард ва ҳамон ҷавони соҳиби мошинро дид.
— Чӣӣӣ? Боз ту? Чаро боз дар роҳи ман пайдо шудӣ? Маро поида мегардӣ, чӣ бало? Худи имрӯз рӯзам аз сабаби ту расво сар шуд, — Имона ба рехтани тамоми заҳри дарунаш оғоз кард.
Ҷавон, ки дигар тоқати шунидани гапҳои духтарро надошт, рост ба рӯи Имона нигоҳ карда гуфт:
— Агар ҳозир хомӯш нашавӣ, лабҳоятро бо скоч мечаспонам.
— Чӣӣӣ? — Имона ӯро хеле хуб фаҳмид, ки чӣ тавр ӯро хомӯш карданӣ аст ва чашмонашро калон-калон кушода, бо шитоб ба ҷавон нигоҳ кард.
— Беруй (беҳаё) будаӣ, "барашка", — гуфт Имона ва ҳамоно ки дари лифт кушода шуд, шарт берун баромад. Бале, Имона айнан ҷавонии Сакина буд. Гарчанде илми динӣ дошт, аммо хислату характери тунду тезро аз модараш гирифта буд. Духтари бекина ва покдил буд, лекин агар қаҳраш ояд, касеро амон намедод ва гапро рост ба рӯяш мегуфт. Сакина ҳамеша аз ин хислати Имона метарсид. "Илоҳо хушбахт шавад ва дар ҷои рафтааш мисли санг сахт шавад (пойдор монад)", — гӯён дар ҳар намозаш дуо мекард.
🌹🌹🌹🌹🌹
Имона аз лифт баромада, худро каме ором кард ва ба дари утоқе, ки дар он "Духтури дараҷаи олӣ, кардиолог Фирдавс Акбарович" навишта шуда буд, тақ-тақ зад.
Пас аз шунидани овози "Дароед", оҳиста ба хона даромад ва ба падараш, ки дар сари миз менишаст, салом дод.
— Ассалому алайкум, дадаҷони меҳрубонам, шуморо ёд кардам — гӯён рафта гардани Фирдавсро ба оғӯш гирифт.
— Омадӣ, духтарам? Нағз хонда омадӣ? Хуб ҳастӣ? — Фирдавс ҳолпурсӣ кард.
— Раҳмат дадаҷон, хубам, — гуфт Имона.
— Намедонам чаро, вале ба хубӣ намеравад. Субҳ модаратро хафа кардӣ. Агар "хӯб" (майлаш) мегуфтӣ, тамом буд, вале ту якравӣ кардӣ, — гуфт Фирдавс.
— Дадаҷон, илтимос аз шумо, маро ҳам дуруст фаҳмед. Ман мехоҳам карйера кунам, намехоҳам дар хона шишта монам, ба шавҳар баромада, дар хона маҳбус шуданро дӯст намедорам. Ман бояд идомадиҳандаи муносиби шумо бошам.
— Хайр, туро фаҳмидам, лекин имрӯз бояд бо номзад вохӯрӣ. Фаҳмидӣ-ку, духтарам?
— Хуб, дадаҷон, фақат барои шумо. Агар писанд наояд, тӯй (бекор) мешавад. Ваъда диҳед, илтимос.
— Хуб, ваъда медиҳам. Ту имрӯз вохӯрда бин. Лекин бидон, ки ман туро ҳеҷ гоҳ маҷбур намекунам, духтараки ман, — гуфт Фирдавс.
— Раҳмат, дадаҷони худам, шуморо дӯст медорам. Акнун ба ҷарроҳӣ медароед, а? Ман бояд барои таҷриба (амалиёт) бинаму омӯзам. Тайёрӣ бинем?
— Ҳа, акнун тайёрӣ бинем, ҷарроҳии мо ҷарроҳии муҳим аст.
Имона ва Фирдавс Акбарович ба тайёрӣ барои ҷарроҳӣ оғоз карданд.
🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹🌹
ТУРКИЯ. ИСТАНБУЛ.
— Ман ба ту чӣ гуфта будам? Магар то ин вақт ягон маълумот дар бораи ӯ пайдо карда натавонистӣ? — Фотиҳ ба хизматгоре, ки дар наздаш истода буд, даҳонгап карда, як мушт зад. — Ба ман маълумот лозим аст, ҳатто агар аз таги замин бошад ҳам. Ман ҳамаашро ба онҳо нишон медиҳам.
— Дар омади гап, Салимро ҷеғ зан бигзор дар бораи корҳоямон ҳисобот диҳад.
Пас аз чанде Салим ба хона даромад.
— Ҷеғ задед, беги ман (хоҷаам)?
— Ҳа, Салим, бизнес чӣ хел рафта истодааст? Савдо нағз аст? Нархҳо баланд шуданд?
— Ҳа, беги ман. Дирӯз 10 духтарро оварданд. Имрӯз ҳамаашон "саранҷом" (омода) шуданд, узвҳояшон ба ҷойҳои лозима ҷойгир карда шуданд. Барои фардо, барои харидор фиристодан тайёр карда мондем.
— Пас нағз. Инчунин миллионҳо доллари ман фардо меояд-да. Ту боз бо Гюнеш гап зан, акнун ба узвҳои духтарони ҷавонтар харидор пайдо шуда истодааст.
— Ҷарроҳӣ муваффақона гузашт, — гуфт Фирдавс ба наздикони бемор, ки дар берун менишастанд. — Аввал аз Аллоҳ, мо фақат як сабабгорем, халос.
— Раҳмат доктор, саломат бошед. Модарам акнун зиндагӣ мекунад, а? Намемирад, а? Ҳастии ман ҳамин ягона модарам аст. Агар ба модарам чизе шавад, худамро намебахшидам. Ягон маротиба аз дилаш шикоят накарда буд, модари мушфиқам, қалби зебои ҷаннатиам, — гӯён ҷавон бо чашмони пур аз ашк ба Фирдавс пайваста миннатдорӣ мекард.
— Бошад шуд хавотир нашавед, ҳамааш нағз, — гуфт Фирдавс ва ба қафо гашта, ба Имона гуфт: — биё, рафтем ба хона (утоқ).
Пас аз даромадан ба утоқ пурсид:
— Хӯш, аз ҷарроҳӣ чӣ омӯхтӣ?
Имона бо чашмони пур аз ашк ба падараш нигоҳ карда, ба гап даромад:
— Медонед дадаҷон, инсон бояд ҳамеша қадри ҷонеро, ки Аллоҳ додааст, бидонад. Мо бошем ҳамеша ношукрӣ мекунем. Аз чизҳои оддӣ шикоят мекунем. Шукр намекунем, ки дасту пойи солим, ҷисми обутобёфта, чашмони бино дорем ва нафас мекашем. Ҳамеша аз чизҳои ночиз шикоят мекунем. Дар асл, ба Аллоҳе, ки ҷонамонро додааст, исён мекунем. Ба Ӯ ҳамду шукр гуфтанро намедонем. Боз як тарафаш, гапҳои писари беморро шунида, фаҳмидам, ки субҳ модарҷонамро чӣ қадар ранҷондаам. Модар барои мо азизтарин мавҷуди дунёст. Аз он ки дилашро озор додам, сахт пушаймонам. Ба хона рафта, албатта бахшиш мепурсам.
Дадаҷон, илтимос, имрӯз аз он шириние, ки модарам дӯст медорад, харида баред. Мехоҳам бо ёрии ширинӣ бахшиш пурсам.
— Хӯб майлаш духтарам, албатта мебарам, асали ман.
— Дар омади гап дадаҷон, ман имрӯз ба вохӯрӣ меравам.
Давом дорад...
Агар хоҳед давомаш тез барояд. Дустони худро ба гуруҳ даьват намоед лутфан..
3 комментария
19 классов
Бехато
Қисми 6
Ҷавон, ки натавонист ба раъйи падараш муқобил барояд, ин дафъа ҳам хомӯш монд. Кӯшиш кард, вале нашуд. Пас аз он ки ҳама аз аҳволи Марям бохабар шуданд ва ба хонаҳояшон рафтанд, Самир ва Марям дар ҳуҷра танҳо монданд.
— Зебо, барои Марям об биёр, — Самир гуфт, вале Зебо гӯё нашунида бошад, хомӯш монд.
— Зебо гуфтам! Барои Марям об биёр, — Самир боз як бори дигар такрор кард.
— Ман хизматгори ӯ нестам. Агар лозим бошад, худаш хеста нӯшад, — Зебо аз беруни дар ҷавоб дод.
— Падарам туро барои он ин ҷо овард, ки ба Марям нигоҳ кунӣ. Намефорад? Пас даф шав, бирав! — пас аз ин суханони Самир, Зебо дар дилаш дашномкунон маҷбур шуд об биёрад.
Марям бошад, чизе намегуфт. Гӯё ба одаме табдил ёфта буд, ки аз зиндагӣ умедашро кандааст.
Шаб шуд ва ҳама ба ҳуҷраҳои худ рафтанд. Зебо мунтазири омадани Самир буд. Аммо аз Самир дараке набуд. Духтар аз ҳуҷра баромада, оҳиста ба дари ҳуҷраи Марям нигарист ва дид, ки Самир дар паҳлӯи Марям хоб рафтааст. Аз рашк наздик буд девона шавад. Дарро бо шиддат кушода, даромад:
— Азизам, ба ҳуҷраамон намеравем? Охир ман шуморо интизор шуда, хоб нарафтаам.
— Ин боз чӣ хел рафтор аст? — Самир дарҳол аз ҷояш хест.
— Чӣ шуд Самир? Тинҷӣ ҳаст? — Марям, ки чизеро намефаҳмид, безобита шуд.
— Ҳеҷ гап не. Хобатро давом деҳ, Марям. Ҳозир дар як дақиқа бармегардам, — Самир болои Марямро пӯшонд ва дасти Зеборо маҳкам фишурда, аз ҳуҷра берун кард.
— Ту ақл дорӣ ё не? — Самир банди дасти духтарро сахт фишурд.
— Танҳо Марям зани шумо нест, Самир! Ман ҳам дар ин хона ҳастам. Ман ҳам зани шумоям, фаромӯш кардед? — Зебо кӯшиш кард дасташро раҳо кунад.
— Худат гунаҳкорӣ. Ман туро дар аввал огоҳ карда будам. Маро айбдор накун. Ҳозир ба ҳуҷраат бирав. Ман ҳоло ба Марям лозимам, — Самир ақиб гашт ва чашмони Зебо аз ашк пур шуданд.
— Лекин шумо ба ман ҳам лозимед, Самир. Хеле лозимед... — духтар ҳарчанд кӯшиш кард, ки гиря накунад, вале натавонист.
Рӯзҳо бо азоб мегузаштанд. Имрӯз рӯзи нуҳум буд. Нуҳ рӯзе, ки ду зани кундош дар як хона зиндагӣ мекарданд. Ва имрӯз боз як рӯзи мудҳиш буд.
— Ба Марям хуб нигоҳ кун. Агар илоҷ медоштам, ҳатто бо маҷбурӣ ҳам ӯро ба ту намесупоридам. Бояд биравам, пас аз 2-3 соат бармегардам, — Самир, ки ба кор шитоб дошт, ба Зебо таъкид кард.
Зебо шавҳарашро гусел карда, дар бораи Марям фикрҳои хеле бад мекард. Аммо ба хотири Самир худро боздошт:
— Худоё, ба ман сабр деҳ, то ӯро накушам.
Ба Марям гуфта буданд, ки бояд оби зиёд нӯшад. Духтари бечора Зеборо чандин бор садо кард. Аммо Зебо агарчи мешунид, парвое надошт. Овози телевизори ҳуҷраашро баланд кард, то ӯро нашунавад. Оқибат Марям худаш асояшро гирифта, бо такя ба девор хост аз ҳуҷра барояд.
— Эй Худоҷон, чаро ин қадар мушкил аст. Агар вақти биноиам ношукрӣ карда бошам, маро бубахш, — аз сахтии кор ашк ба чашмони Марям омад.
Зебо аз ҳуҷра баромада, кундошашро дид, ки кӯр-кӯрона ба лаби зинапояи ошёнаи дуюм наздик шудааст. Суханони модараш ба ёдаш омаданд:
— Ту танҳо монеаи миёни мо ҳастӣ, Марям. Агар ту бимирӣ, барои ҳамаамон хуб мешавад, — Зебо инро ба худ гуфту ба назди Марям рафт.
Ҳамин ки Марям хост қадамашро ба зина монад, Зебо ӯро аз пушташ тела дод. Ҷисми нозуки ӯ якбора ба ошёнаи поён ғелида афтод.
Дар он лаҳза Зебо фаҳмид, ки хатои калон кард. Агар ӯ мурда бошад, Самир ҳама ҷоро ба оташ мекашад.
— Эй Худо, чӣ кор кардам! — Зебо ба худ омада, давида ба поён фаромад. Марям дар рӯи фарш беҳуш мехобид.
— Марям?... Марям, хез, маро натарсон. Хез, ман беқасд тела додам, хез... — духтар ҳарчанд ӯро такон медод, Марям хомӯш буд.
— Самир маро мекушад. Зинда намемонад. Худоё, чӣ кор мекунам? — Зебо дар кунҷе нишаста, пойҳояшро ба оғӯш гирифту гиря сар кард. Ӯ гумон кард, ки Марям мурд.
Дар ҳамин вақт занги дар садо дод. Зебо аз тарс парида хест. Гумон кард, ки Самир аст. Намедонист чӣ кор кунад ва ба куҷо гурезад. Рафта дарро кушод.
— Шумо...? Ин ҷо чӣ кор мекунед? — Зебо бо дидани он шахс бештар тарсид.
— Чӣ мекардам? Ба хабаргирии хоҳарчаам Марям омадам. Марям куҷост? Аҳволаш хуб аст? — Азиз, ки дирӯз аз хориҷа баргашта буд, субҳи барвақт барои дидани хоҳараш омада буд.
— Ӯ... ҳамон... ӯ... — Зебо аз тарс гапашро гум кард. Азиз ҳис кард, ки чизе шудааст ва духтарро ба як сӯ тела дода, ба дарун давид.
— Марям? Куҷоӣ? Марям! — ҷавон ба дарун даромада, хоҳарашро кофт. Чашмаш ба Марям афтод, ки дар назди зинапоя беҳуш мехобид. Наздик буд ақлашро гум кунад.
— Марям, ба ту чӣ шуд, моҳчеҳраи ман? Чашмонатро кушо, бародаратро натарсон! — Азиз ӯро ба оғӯш гирифт ва дид, ки нафас намекашад. Ӯро бардошта, бо шитоб аз хона баромад.
Зебо бошад, дар назди дар нишаста, мисли беморони рӯҳӣ пайваста гиря мекард.
Азиз мисли бод ба беморхона расид:
— Тез духтурро ҷеғ занед! Аҳволи хоҳарам вазнин аст!
Боз ҳамон шӯъбаи ҷарроҳӣ, боз ҳамон ҳуҷра ва боз ҳамон духтар. Аммо ин дафъа наҷоти ӯ бештар ба иродаи худи бемор ва хости Худо вобаста буд.
— Оҳ Марям, Марям, туро ба чӣ рӯзҳо андохтанд? Илтимос, акнун ки хатоҳоямро фаҳмидам, маро танҳо нагузор. Ман бояд аз ту бахшиш пурсам, охир.
Ҷавоне, ки мунтазири баромадани табибон буд, намедонист ба кӣ хабар диҳад. Волидонаш, ки аз ҷарроҳии қаблӣ хаста буданд, инро бардошта наметавонистанд.
Модар... маро бисёр азоб доданд. Кош ҳоло дар оғӯши ту мебудам. Мӯйҳоямро сила мекардӣ ва ман хоб мерафтам. Аз ман хушбахттар касе намешуд.
Самир ба беморхона давида омад ва ба сӯи ҷарроҳихона шитофт.
— Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Марям куҷост? — бо тарс пурсид Самир.
— Ман хоҳарамро ба ту амонат супорида будам! Ту бошад, ба сари ӯ чӣ рӯзҳоро овардӣ? Медонӣ ӯро дар кадом аҳвол ёфтам, номард? Ҳамин аст мардии ту? Ҳамин аст ишқи ту? — Азиз аз гиребони Самир гирифт.
— Илтимос, ғавғо накунед. Мушкилатонро дар берун ҳал кунед. Ин ҷо беморхона аст, — ҳамшира онҳоро аз ҳам ҷудо кард.
— Вақте ба хона омадам, занчаат дарро кушод. Марямро пурсидам, ба гиряву талваса афтод. Даромадам, ки Марям дар назди зинапоя беҳуш аст. Як соат боз ҷарроҳӣ доранд. Дуо кун зинда монад, вагарна худату занату хонаатро якҷоя оташ мезанам! — Азиз бо таҳдид гап мезад.
Табибон баромаданд.
— Ин духтари бечораро ба чӣ рӯз овардед? Ӯ ҳатто намехоҳад зинда монад.
— Бо ин чӣ гуфтан мехоҳед? — Самир дуо мекард, ки гумонаш хато бошад.
— Ҷарроҳӣ ба иродаи бемор вобаста аст. Агар нахоҳад, мо ҳеҷ кор карда наметавонем. Ӯ аз ҷиҳати рӯҳӣ хаста шудааст. Ҷойҳои ҷарроҳишуда боз осеб дидаанд. Бигзор дар беморхона монад, агар нигоҳ карда натавонед, ба мо супоред, — гуфт духтур бо киноя.
Самир худро хеле гунаҳкор ҳис мекард. Ӯ ба хона баргашт ва бо ғазаб фарёд зад:
— ЗЕБО! КУҶОӢ? ЗЕБО ГУФТАМ!
Вақте духтар баромад, ғазаби Самир бештар шуд:
— ТУ БО КАДОМ АҚЛ ИН КОРРО КАРДӢ? Мехостӣ ӯро бикушӣ? Занеро, ки аз ҷонам бештар дӯст медорам, куштанӣ шудӣ? Гап зан! Медонӣ ҳозир чӣ кор карданам меояд? Дастҳоятро мебуридам, агар Худо наметарсидам!
— Илтимос, бубахшед Самир. Шайтон маро гумроҳ кард. Нафаҳмидам чӣ кор карда истодаам... — духтар гирякунон бахшиш мепурсид.
— Ба чашмам нанамо! Даф шав аз хонаам!
— Шаб ба куҷо меравам? Илтимос, пеш накунед!
Самир дасти духтарро кашолакунон ба мошин шинонд. Пас аз 15 дақиқа онҳо дар назди ҳавлии калон буданд. Самир ӯро ба дарун даровард. Саидбой аз ғавғо бедор шуд.
— Ман ба шумо гуфта будам, ки бо ин издивоҷ намекунам! Шумо маҷбур кардед. Ман ба хотири шумо "лаб" накушодам. Марямро байни ду оташ гузошта бо ин хонадор шудам. Ин бошад, зани беморамро аз зинапоя тела дод! Ҳоло ӯ дар ҳолати вазнин аст. То Марямро накуштааст, инро аз пеши чашмам дур кунед!
— Ба аммаам гӯед, ки дигар ба роҳи ман набарояд, вагарна ба хешутаборӣ нигоҳ намекунам! — Самир инро гуфту боз ба беморхона баргашт.
Вақт мисли дарё мегузашт. Тобистон ба тирамоҳ табдил ёфт. Марям дар беморхона буд. Азиз дар канори ӯ нишаста буд.
— Шояд туро ба хориҷа барам, он ҷо табобат мегирӣ. Самир ҳам ҳар рӯз ҳаминро мегӯяд. Духтур гуфта буд, ки агар дар 1-2 моҳ биноиат барнагагардад, дигар намебинӣ. 20 рӯз гузашт, бояд сабр кунем.
— Худаш куҷост? Ба назди он занаш рафт? Чӣ тавр туро танҳо мегузорад? — Азиз асабӣ шуд.
— Не, ин тавр нест. Имрӯз кораш зиёд буд. Ба ман ин ҷо хуб нигоҳ мекунанд, — Марям хост бародарашро ором кунад.
Азиз рафт. Марям хост хоб кунад, ки телефонаш занг зад. Бо душворӣ онро ёфт ва ҷавоб дод. Ин ҳамон овози ошно буд...
Марям дарҳол шинохт, ки кӣ занг мезанад.
— Чаро занг мезанӣ? Барои вайрон кардани асабҳои ман? Бас кун. Магар ин қадар азоб бароят кам буд? — Марям бо талхӣ гап зад.
— Худро ба даст гир, кундоши азизам. Танҳо мехостам огоҳ кунам, ки Самир имшаб дар назди мо мемонад, — овози духтар аз худи гапҳояш бештар нохушоянд буд.
— Чӣ? — Дар даруни Марям гӯё чизе шикаст.
— Ҳа, худаш ба хонаи мо омаду гуфт, ки ин ҷо мемонад. Ҳозир дар ҳаммом аст. Гуфтам, ки занг зада безобитааш накунӣ, Зебо пеш аз он ки Марям чизе бигӯяд, гӯшакро гузошт.
Марям худ ба худ мегуфт: "Худам айбдорам. Худам розигӣ додам, ки зани дуюм гирад. Акнун бояд тоқат кунам." Ӯ то саҳар гиря кард, гӯё касе дилашро бо корд мебурид.
Наздикии субҳ Нафиса, духтаре, ки ба Марям нигоҳ мекард, тирезаҳоро кушод, то ҳавои тоза дарояд. Нури офтоб оҳиста ба рӯи бистари Марям афтод.
Марям бедор шуда, эҳсос кард, ки рӯшноии аҷиберо мебинад. Аввал гумон кард, ки ин танҳо хаёл аст. Аммо вақте чашмонашро молида боз кард, ҳама ҷоро хира дид. Бори дуюм, ки чашм кушод, ҳуҷра комилан намоён шуд. Ӯ бовараш намеомад, ки боз мебинад.
— Апаи Марям, хубед? — Нафиса аз рафтори ӯ ҳайрон шуда пурсид.
— Мебинам... Нафиса, ман ҳама ҷоро мебинам! Туро ҳам мебинам! — Марям бо гиря ба духтар нигарист. Нафиса ҳам аз хурсандӣ ӯро ба оғӯш гирифт:
— Ё Аллоҳ! Рост? Бояд инро зудтар ба акаи Самир гӯем!
Дар ҳамин вақт Зебо ба модараш занг мезад:
— Оча, ҷодуи фолбин кор кард! Дишаб Самир ба хона омад ва тамоми шаб ин ҷо монд. Ҳозир хоб аст.
— Хеле хуб! — Садоқат-апа хурсанд шуд. — Акнун он коғазеро, ки фолбин дода буд, ба ҷайбаш гузор. То он даме, ки Марямро комилан фаромӯш накунад, додани он доруро дар чояш қатъ накун. Хонаву мошинашро ба номат кун, ба Марям як тин ҳам намон.
— Хатман, оча. Мебинед, ӯро мисли лӯхтак мерақсонам, — Зебо бо хандаи маккорона гуфт.
Марям ба Нафиса гуфт:
— Ба Самир занг зан, вале нагӯй, ки чашмонам бино шуданд. Бигӯ, ки аҳволам вазнин аст, мехоҳам ба ӯ сюрприз кунам.
Нафиса ба Самир занг зад. Самир, ки нав аз хоб бедор шуда буд, бо тарс гӯшакро бардошт.
— Акаи Самир, тез биёед! Апаи Марям ба ҳуш намеоянд, аҳволашон бад аст! — Нафиса чунон бо эҳсос гап зад, ки Самир аз ҷояш парида хест.
Самир бо шитоб либос мепӯшид, ки аз ошхона овози Зеборо шунид. Ӯ бо модараш дар бораи "лӯхтак" ва "дору" гап мезад. Самир фаҳмид, ки онҳо ба корҳои ҷодугарӣ даст задаанд. Ӯ бо ғазаб вориди ошхона шуд.
— Хӯш, киро лӯхтак карда рақсонданӣ ҳастӣ? — Самир ба Зебо нигарист.
— Самир... шумо нодуруст фаҳмидед...
— Хомӯш шав! Ин кори дуюми палидонаи туст. Бояд ҳамон вақте ки Марямро аз зинапоя тела додӣ, талоқатро медодам. Ту дигар зани ман нестӣ! Ҷавобатро додам! Зебо, даф шав! — Самир бо қаҳр аз хона баромад, агарчи Зебо ба пойҳояш афтода зорӣ мекард.
Самир ба беморхона расид. Вақте ба зинапоя наздик шуд, Марямро дид. Марям бо табассум ва нигоҳи бино ба сӯи ӯ меомад.
— Ту... мебинӣ? — Самир бовар намекард.
— Ҳа, азизам, мебинам, — Марям ӯро ба оғӯш гирифт. Самир аз хурсандӣ гиря кард. Ҳама чиз гӯё ба поён расида буд. Самир ба падараш гуфт, ки дигар ҳеҷ гоҳ Зеборо ба хонааш намеорад ва аризаи талоқро ба суд супорид.
Пас аз ду рӯз, Марям дар хона ба худ оро медод. Ӯ мехост бо Самир ба берун барояд. Ногаҳон дар ҷевон як ҷузвдони (сумка) сурхи ношиносро дид. Онро кушод ва дар дарунаш шиносномаи (паспорт) Садоқат-апаро ёфт.
Дар он лаҳза гӯё барқе дар сараш зад. Ҳама чиз ба ёдаш омад: чӣ тавр Садоқат-апа ба хона омада ӯро зада буд ва чӣ тавр ӯро аз зинапоя тела дод.
— Ҳамааш ба ёдам омад, Самир... ҳамааш! — Марям бо ларза гуфт.
Самир Марямро ба идораи пулис бурд. Марям ҳама чизро нақл кард ва ҷузвдони фаромӯшшударо ҳамчун далел супорид.
Садоқат-апа дар хонааш буд, ки занги дар садо дод.
— Ассалому алайкум. Сержант Абдураҳмонов аз идораи корҳои дохилӣ. Шумо Садоқат Алламова?
— Ҳа, ман... чӣ шудааст? — зан ба ларзидан даромад.
— Шумо дар кӯшиши куштори Марям Абдуғафурова айбдор мешавед. Бояд бо мо биравед.
— Ман ҳеҷ кор накардаам! Ин хатост! — фарёд мезад зан, вале пулис дастбандро ба дастонаш зад.
Кӣ ҳаст? Марям? — Зебо пайваста занги дарро пахш мекард. Марям намехост дарро кушояд, зеро медонист, ки дилаш боз нарм мешавад. Аммо маҷбур шуд.
— Ба ту чӣ лозим? — пурсид Марям, бе он ки ӯро ба дарун гузорад.
— Илтимос Марям, аризаатро пас гир. Ҳар чӣ бигӯӣ, мекунам. Фақат модарамро ҳабс накун. Ӯ қасдан накардааст. Моро бубахш, — Зебо бо гиря зорӣ мекард.
— Бубахшам? — Марям дигар тоқат накарда, гапҳои дилашро гуфт. — Пеш аз тӯй барои ҷудо кардани мо ҳама корро кардед. Пас аз тӯй натиҷаҳои таҳлилро иваз карда, амаки худро фиреб додед. Зебо! Ба ту чӣ лозим? Сарват? Магар ин қадар ташнаи пулу мол ҳастӣ? Охир, вайрон кардани оилаи каси дигар чӣ қадар вазнин аст. Боз Самирро ҷоду ҳам кардаед... То ин дараҷа паст рафтед?
— Ман ҳеҷ гоҳ сарват нахостаам. Ҳамааш барои модарам буд. Қасам мехӯрам, Самирро воқеан дӯст медоштам. Гунаҳкорам, Марям, маро бубахш! — Духтар ба зону зада зорӣ мекард.
— Ман ҳамеша мебахшидам. Аммо ҳар амал бояд ҷазо дошта бошад. Бахшидани ман — ин некии ман ба туст. Аммо ҷазоро Худо тавассути қонун дода истодааст. Ман зидди ин баромада наметавонам. Акнун бирав, — Марям дарро баст. Ӯ аз як тараф ба духтар раҳм мекард, вале аз тарафи дигар зулмҳои онҳоро фаромӯш карда наметавонист.
Пас аз 3 рӯз
Дар толори суд ҳама ҷамъ буданд. Ба дастони Садоқат-
апа дастбанд зада буданд. Акнун адолат пирӯз мешуд.
— Айбдоршаванда, барои сафед кардани худ чизе доред? — пурсид судя.
— Ман... ман ҳамаашро барои хушбахтии духтарам карда будам, — Садоқат-апа сарашро хам кард.
— Чашмони шуморо бойгарӣ кӯр карда буд, — ҷавоб дод Зебо аз ҷояш хеста. — Агар дар фикри хушбахтии ман мешудед, мефаҳмидед, ки ин корҳо аз аввал хато буданд.
Ҳукм хонда шуд: Садоқат Алламова мувофиқи моддаи 97-и Кодекси ҷиноӣ барои кӯшиши куштор ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳеҷ кас эътироз накард.
Марям ҳангоми баромадан ба Зебо, ки дар кунҷе ғамгин менишаст, гуфт: — Маслиҳати охирини ман ба ту: аз ин ҷо бирав ва ҳаёти нав оғоз кун, Зебо. Ту ҳам лоиқи зиндагии хуб ҳастӣ. Дигар худро паст назан.
Пас аз 1 ҳафта
Марям ва Самир дар кӯчаҳои деҳаи кӯдакии Марям сайругашт мекарданд.
— Чӣ рӯзҳоеро аз сар гузарондӣ, азизи ман. Туро хуб ҳимоя карда натавонистам, маро бубахш, — Самир ҳанӯз худро гунаҳкор медонист.
— Ин тавр нагӯед. Шумо ҳамеша дар канорам будед. Ҳардуи мо азоб кашидем. Ин танҳо як имтиҳони илоҳӣ буд, — табассум кард Марям.
Онҳо ба кӯдаконе, ки дар кӯча бозӣ мекарданд, нигаристанд.
— Хафа нашав, моҳчеҳраи ман. Мо ҳам соҳиби фарзандони зиёд мешавем. Духтаронамон ба ту дастёр мешаванд, — Самир ӯро ба оғӯш гирифт.
— Самир... шояд кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кунем? — оҳиста пурсид Марям.
Самир каме фикр кард. Ӯ аллакай 30-сола буд ва ҳамсолонаш соҳиби фарзанд буданд. — Агар натиҷаи таҳлилҳои моҳи оянда ҳам хуб набароянд, ҳамин тавр мекунем. Розиӣ? — Марям бо ашки шодӣ сар ҷунбонд.
Рӯзе Зайнаб бо хушхабар омад: — Апаҷон! Ман дугоник таваллуд мекардаам!
Марям аз хурсандӣ гирист. Аммо Зайнаб идома дод: — Мо бо Зафар ва волидонамон маслиҳат кардем... пас аз таваллуд яке аз дугоникҳоро ба шумо медиҳем.
Марям ба тиреза нигарист. Дар берун Зафар ва Самир гап мезаданд. Дар чашмони Самир ашк ҳалқа зада буд. Ӯ ба сӯи Марям нигарист — ин як ҳаяҷони бемисл буд.
Ҳама ба тӯйхона рафта буданд, аммо Марям худро бад ҳис кард ва онҳо каме дер монданд. Азиз аз субҳ дар хизмати домод буд.
Марям хост аз хона барояд, вале ногаҳон беҳуш шуд. Зайнаб тарсида ба Самир занг зад. Самир мисли бод худро ба хона расонд ва Марямро ба беморхона бурд.
Пас аз муоина, табиб бо табассум гуфт:
— Табрик мекунам! Шумо ба наздикӣ падар ва модар мешавед!
Марям бовараш намеомад: Ман... модар мешавам? Ва ин марди зебои канорам падар мешавад? Худоё, шукрат!
Самир аз хурсандӣ намедонист чӣ кор кунад. Ӯ ҳатто ба духтур мукофотпулӣ дод. Бахт чист? Бахт пулу мол нест. Бахт — дар канори азизон будан, саломатии волидон ва доштани фарзанд аст.
Пас аз 9 моҳ
Марям дар назди Шайдо-хонум ва Зайнаб нишаста буд, ки ногаҳон дардаш гирифт.
— Оғоз шуд... Очаҷон... — Марям дасти Шайдо-хонумро маҳкам гирифт.
Самир мисли тир ба ҳуҷра даромад: — Ман чӣ кор кунам? Марям, натарс... Ман чӣ кор кунам? — Ӯ аз ҳаяҷон намедонист ба куҷо равад.
Дар беморхона ҳама мунтазир буданд. Оқибат духтур баромад:
— Муждагонӣ диҳед! Писарбачаи паҳлавон ба дунё омад!
Ҳама чиз ба хайр анҷом ёфт. Агар Худо имтиҳоне диҳад, пас аз он ҳатман сабукӣ ва хушбахтӣ мебахшад. Фақат сабру ирода лозим аст.
ТАМОМ.
Қиссаи "Марям" бо тамоми пасту баландӣ, дардҳои ҷонкоҳ ва ниҳоят бо нури умеду хушбахтӣ ба охир расид. Мо шоҳиди он гаштем, ки чӣ тавр сабру таҳаммул ва имони қавӣ метавонад инсонро аз зулмоти бадхоҳӣ ба сӯи равшании ҳақиқӣ ва оғӯши гарми оила барад.
Ин қисса ба мо ёд дод, ки:
• Некӣ ҳамеша бар бадӣ ғолиб меояд, агарчи роҳи расидан ба он пур аз хору санги имтиҳон бошад.
• Сабр калиди кушоиши ҳама дарҳост. Марям бо гум кардани биноӣ ноумед нашуд ва Худованд ба ӯ ҳам нури чашм ва ҳам нури фарзандро ато кард.
• Ҳар амал ҷазо дорад. Касоне, ки бо роҳи ҷодуву фиреб оилаеро вайрон карданӣ буданд, дар назди қонун ва виҷдони худ шарманда гаштанд.
Эзоҳ: Муаллифи аслии ин асар бо қалами сеҳрноки худ ин оламро офаридааст. Ман танҳо ҳамчун тарҷумон кӯшиш намудам, ки ин эҳсосоти нобро ба забони тоҷикӣ ба шумо бирасонам.
Муаллиф: Баҳор Ускинова
Тарҷумон: Mahadsharif
✍️ Фикри шумо барои мо муҳим аст!
Агар ин қисса ба дили шумо роҳ ёфт ва аз мутолиаи он лаззат бурдед, лутфан бетараф набошед:
• Кадом лаҳзаи қисса бештар шуморо мутассир кард?
• Оё интизор доштед, ки тақдири Маряму Самир бо чунин хушбахтии бузург (соҳиби фарзанд шудан) анҷом меёбад?
• Дар бораи хислатҳои Самир ва садоқати ӯ чӣ гуфта метавонед?
Ҳатман фикру мулоҳизаҳои худро дар коментария нависед. Ҳар як фикри шумо барои ман илҳомбахш аст ва барои лоиҳаҳои оянда кӯмак мекунад!
Бо эҳтиром, тарҷумони шумо — Mahadsharif
Ташаккур, ки то лаҳзаи охирин бо мо будед! 🌸
7 комментариев
19 классов
Бехато
Қисми 5
Марям савори аспаш Қамар дар дашту саҳро мехӯрд. Бод мӯйҳои каштанранги ӯро парешон мекард ва ӯ як лаҳза худро озод ҳис кард, гӯё тамоми дардҳояшро фаромӯш карда бошад. Вақте хуршед ғуруб кард, ӯ ба аспхона баргашт. Самир, ки аз хавотирӣ девона шуда буд, ӯро ёфт ва сахт ба оғӯш кашид.
Шаб Самир кӯшиш кард, ки Марямро ором кунад:
— Марями ман, ин тӯй танҳо барои ворис аст. Ту ягона зани ман мемонӣ.
Марям бошад, дар фикри Зебо буд: — Охир ӯ ҳам орзу дорад, ӯ ҳам мехоҳад дӯст дошта шавад...
Субҳи дигар, ҳангоми нонушта, Саидбой (хусуриМарям) занг зада, Самирро сарзаниш кард, ки чаро барои харидани либоси арӯсӣ ба назди Зебо намеравад. Самир ноилоҷ розӣ шуд. Пеш аз рафтан, ӯ ба Марям гуфт:
— Шояд боз як бор назди табиб равем? Ту ин рӯзҳо дигар хел ҳастӣ... шояд умеде бошад?
— Не, Самир, — ҷавоб дод Марям. — Танҳо аз сабаби тӯйи шумо рӯҳияам хароб аст.
Пас аз рафтани Самир, Садоқат апа (модари Зебо) ба хона омад. ӯ бо ғазаб ба Марям ҳамла кард:
— Ту ятимча дирӯз қасдан Самирро банд кардӣ, ки наздаш наояд! Духтарам шаб то саҳар гиря кард!
Зан мӯйҳои Марямро гирифта, ӯро латукӯб кард ва бо тамоми қувват тела дод. Сари Марям ба кунҷи сахти раковина (дастшӯяк) бархӯрд ва ӯ беҳуш ба замин афтод.
Садоқат апа дид, ки аз сари Марям хун равон аст. ӯ тарсид:
— Ман ӯро куштам! Самир маро зинда ба гӯр мекунад! — Зан аз тарс сумкаашро фаромӯш карда, аз хона гурехт.
Самир, ки дар мағоза бо Зебо буд, дилаш сиёҳ мешуд. ӯ пули зиёд ба Зебо доду гуфт, ки худаш либос интихоб кунад ва зуд ба хона баргашт. Дар роҳ барои Марям гулдастаи калони садбарг харид.
Вақте ба хона даромад, Марямро пурри хун дид. Гулҳо аз дасташ афтоданд.
— Марям! Чашмонатро кушо! Кӣ ин корро кард? — Фарёд мезад ӯ, вале касе дар хона набуд. Самир набзи Марямро санҷид... дилаш намезад!
Дар беморхона Марямро ба ҷарроҳии фаврӣ бурданд. Самир мисли девонаҳо дар калидор дод мезад. Падари Марям, Равшан ака ва модараш Шайдо хонум расида омаданд. Равшан ака аз гиребони Самир гирифта, гиря мекард:
— Ту умри духтари маро хӯрдӣ! Ту гунаҳкорӣ!
Пас аз чанд соат ҳамшира баромад:
— Бемор дар ҳолати кома аст. Ҷарроҳӣ ҳанӯз давом дорад.
Ниҳоят, пас аз 4 соат ҷарроҳӣ тамом шуд. Табиб ба наздашон омад:
— Аҳволаш вазнин аст. Ҷароҳати сахти мағзӣ бардоштааст ва хуни зиёд гум кардааст. Аз ҳама бадаш — хунравии дохилӣ. Мо маҷбур шудем... мӯйҳои ӯро комилан тарошем.
Самир такон хӯрд. Мӯйҳои зебои Марям...
Боз як чизи аз ин ҳам бадтар ҳаст, — идома дод табиб.
Табиб ба чеҳраҳои пур аз ашки Самир ва волидони Марям нигариста, бо садои паст идома дод:
Хунравии дохилӣ вобаста ба муддаташ метавонад боиси фалаҷшавӣ, аз даст додани хотира ва ё нобиноӣ гардад. Бинобар ин, ҳатто пас аз ба ҳуш омадани бемор, ба ӯ лозим меояд, ки бо яке аз ин мушкилот мубориза барад. Ӯ ҳанӯз дар ҳолати кома аст. Кай ба худ меояд — танҳо ба Худованд маълум. Муҳимаш боварӣ аст. Умедро аз даст надиҳед, — духтур ду бор ба китфи Самир зад ва он ҷоро тарк кард.
Ҳама хомӯш буданд... Аммо садои гиряи бесадо гӯё тамоми дунёро фаро мегирифт.
Зафар дид, ки ҳамсараш зиёд дар по истодааст, ӯро оҳиста ба сӯи диван бурд.
Вазнинтарин ҷудоӣ — ин аз даст додани инсони дӯстдошта аст. Дардноктарин азоб — дидани ранҷу азоби маҳбуб ва нотавонӣ дар кӯмак ба ӯст.
Ҳама ба хонаҳояшон рафтанд. Танҳо Самир дар як ҷо истода, аз паси шиша ҳамсарашро, ки ба дастгоҳҳои гуногун пайваст буд, тамошо мекард.
— Бедор шав, оҳучашми ман, бедор шав. Маро дар ин ҳоли хароб танҳо нагузор. Бе ту хеле мушкил аст. Мешунавӣ, Марями ман? Бе ту наметавонам. Тоқат карда наметавонам. Майлаш, он мӯйҳои қаҳваранги дӯстдоштаам боз месабзанд. Боз худам онҳоро мебофам. Фақат бедор шав. Илтимос... — Самир дасташро ба шиша гузошта, ба ҳамсараш нигариста бесадо гирист.
Аммо Марям ӯро намешунид. Ӯ комилан дар олами дигар буд.
Ҷавоне, ки тамоми шаб дар болои курсӣ нишаста хоб рафта буд, субҳ бо дарди шадид дар китфҳояш бедор шуд.
— Ассалому алайкум, падар, — ҷавон бо чеҳраи аз дард кашидашуда аз ҷояш хест.
— Ваалайкум ассалом. Ба ман субҳ хабар доданд. Ҳамин ки шунидам, давида омадам. Чӣ шуд? Ба Марям чӣ шуд? — Саидбой бо изтироб пурсид.
— Намедонам, падар. Вақте ба хона баргаштам, раковина шикаста буд ва ӯ бо сари хуншор дар рӯи фарш мехобид. Духтур гуфт, ки аз сабаби дер мондан дар ин ҳолат, хунравии дохилӣ шудааст. Мӯйҳояшро тарошиданд... — чеҳраи Самир пажмурда шуда буд.
— Муҳимаш зинда мемонад-ку, бачаам. Мӯй то мурдан месабзад, — Саидбой ҳанӯз вазъиятро пурра намедонист.
— Гуфтанд, ки пас аз бедор шудан шояд фалаҷ шавад, ё нобино, ё хотираашро гум кунад. Аммо ҳатто кай бедор шуданаш ҳам маълум нест, падар... Агар ӯ равад... — Самир барои тамом кардани гапаш қувват наёфт.
— Ин тавр намешавад, бачаам. Ҳамааш хуб мешавад... Ту ҳоло бояд дар бораи тӯят фикр кунӣ, — пас аз ин суханони падар ғазаби Самир ҷӯшид.
— Кадом тӯй, падар? Ин тӯй намешавад! Вақте ҳамсарам ин ҷо бо марг даст ба гиребон аст, ман чӣ тавр гӯё чизе нашуда бошад, бо дигаре издивоҷ кунам? Ҳеҷ гоҳ! Танҳо вақте Марям бедор мешавад ва розигии ӯро мегирам, он гоҳ шояд издивоҷ кунам.
— Медонам, Бек, ҳоло вақташ нест. Марямро дӯст медорӣ. Аҳволат хуб нест, аммо пас аз 3 рӯз тӯйи туст. Ҳама чиз тайёр. Ҳама даъват шудаанд, — Саидбой кӯшиш кард ба писараш фаҳмонад.
— Ба ҳеҷ кадоме аз инҳо кор надорам. Вақте занам ин ҷо ҷон меканад, ман он ҷо хурсандӣ карда наметавонам, — Самир қатъиян рад кард.
— САМИР! Ман ба ин тӯй шарикони корӣ ва дӯстони хориҷиамро даъват кардаам. Намегузорам, ки маро дар назди онҳо шарманда кунӣ! — аз оҳанги садои Саидбой маълум буд, ки ӯ хеле хашмгин аст.
— Падар...
— Агар дар тӯй мушкилӣ эҷод кунӣ, дигар маро "падар" нагӯ. Ту медонӣ, ки ман шармандагиро дар назди мардум таҳаммул карда наметавонам, Бек, — Саидбой гапашро гуфту ба Марям аз паси шиша як нигоҳ кард.
— Худованд шифо диҳад. Каме ин ҷо бошу баъд ба хона баргард. Ба тӯй тайёрӣ бин, — ӯ пеш аз рафтан огоҳ карданро фаромӯш накард.
Самир пас аз рафтани падараш, бо зорӣ аз табибон иҷозат гирифта, ба назди Марям даромад. Ӯ дар канори ҷисми хурде, ки ба дастгоҳҳо пайваст буд, нишасту тоқат накарда гирист.
— Дастҳоят ях кардаанд, оҳучашми ман... Биё, худам туро гарм мекунам. Фақат маро ин тавр натарсон.
Пас аз 1 рӯз
Садоқат-апа ду рӯз боз худро дар хонааш маҳкам карда буд. Зебо хавотир шуда, ҳар соат дарро мекӯбид ва ноумед бармегашт.
— Оча... пагоҳ тӯйи ман аст. Илтимос, дарро кушоед. Чӣ шуд охир? — Духтар бо ҳазорон фикри бад ба дар такя кард ва дар ҳамин лаҳза қулф чарх зад.
— Оча... — Зебо аз аҳволи модараш фаҳмид, ки вазъият бад аст.
— Ӯ мурд? — зане, ки ҳанӯз либосҳои онрӯзаашро иваз накарда буд, ба девонаҳо монанд менамуд.
— Дар бораи кӣ мегӯед, оча? — Зебо акнун тарсиданро сар кард.
— Марям... Ӯ мурд? — бо ҳамон овози номуайян пурсид зан.
— Шумо дар ин бора... аз куҷо... фаҳмидед? — Зебо умед дошт, ки гумонҳояш хатоанд.
— Ман ӯро куштам. Ман ӯро куштам. Худаш айбдор, ман гунаҳкор нестам. Ман танҳо мехостам ӯро аз роҳи ту дур кунам, — Садоқат-апа ба замин нишаста, ба гиря сар кард.
Зебо чизҳои шунидаашро ҳазм карда наметавонист. Модараш барои ӯ хостааст рақибашро бикушад, аммо то ҳол касе аз ин хабар надорад.
— Ҳеҷ кас намедонад. Исбот карда наметавонанд, ки ин корро шумо кардед, — Зебо кӯшиш кард модарашро ором кунад.
— Ӯ мурд? — боз пурсид Садоқат-апа.
— Не, ҳоло дар кома аст.
— Вақте бедор шавад, ҳатман маро мегӯяд. Бояд коре кунам. Бояд овози ӯро хомӯш кунам, — зан ба одаме, ки ба бемории ваҳм гирифтор шудааст, монанд шуда буд.
— Оча, илтимос ором шавед. Маро метарсонед, — Зебо каме аз модараш дур шуд.
— Як роҳ ҳаст... — зан каме ба худ омада, ҷиддӣ шуд. — Пеш аз он ки ба ҳуш ояд, бояд ӯро бикушам. Агар ин корро накунам, ҳамааш расво мешавад. Имрӯз, ки ба хабаргириаш меравам, ҳатман ин корро мекунам.
— Оча... магар ин шумоед? — Зебо ба чашмонаш бовар намекард.
— Ҳа, духтарҷонам. Ин барои ояндаи туст. Барои хушбахтии ту.
Рӯзи тӯй. Табассум аз чеҳраи арӯс дур намешуд. Ӯ бо касе издивоҷ мекард, ки дӯсташ медошт, агарчи он инсон ӯро дӯст намедошт. Зебо дар назди оина худро тамошо мекард. Дугонаҳояш, ки медонистанд ӯ зани дуюм мешавад, намедонистанд чӣ гӯянд ва чӣ орзу кунанд. Дар ин вақт Садоқат-апа ба хона даромад.
— Духтаронам, шумо берун бароед, пеш аз рафтан бо духтарам гап дорам, — зан имрӯз хеле ҷиддӣ менамуд.
Вақте духтарон баромаданд, Садоқат-апа пешонии духтарашро бӯсид.
— Ниҳоят он рӯзе, ки интизораш будем, омад. Акнун гӯш кун: вақте ба он хона меравӣ, Самир акнун танҳо аз они туст.
— Аммо ӯ маро дӯст намедорад. Марям ҳушу ёди ӯро рабудааст, — Зебо ғамгин шуд.
— Акнун ин тавр намешавад. Мӯйҳояшро тарошидаанд, хунук шудааст. Зани хунукро касе дӯст намедорад. Илова бар ин, маълум нест зинда мемонад ё не. Аз имрӯз ӯ дигар дар роҳи ту монеа нест. Дигар нагузор касе ба роҳи ту барояд, махсусан ба Марям имкони бозгашт нате.
Самир вақте барои бурдани арӯс омад, дар чашмонаш асаре аз хушбахтӣ набуд. Танҳо рӯҳафтодагӣ ва ғам. Дар тӯйхона ҳам ӯ ба Зебо ҳатто нигоҳ намекард.
Ғайбати мардум бошад, касро девона мекард:
— Занаш бемор шуду дарҳол дигарашро гирифт. Ба ин бойҳо ҳама чиз мумкин-да, — пичиррос мезад як зан.
— Э напурсед, боз духтари аммаашро гирифтааст. Худаш фарзанд намешавад, боз хешутаборбозӣ мекунад. Кӯдакашон ҳатман маъюб мешавад.
— Зани аввалаш дар беморхона ҷон меканад, ин кас бошад бо духтари ҷавон тӯй дорад. Тавба, одамонро чӣ шудааст, — ин гапҳо оҳиста-оҳиста паҳн мешуданд.
Аммо ҳақиқат он қадар зишт набуд. Самир наметавонист сухани падарашро ду кунад. Ӯ ин никоҳи маҷбуриро намехост. Аммо имрӯз ҳама чиз тағйир ёфт. Марям ба ин чӣ тавр тоқат мекунад — ин танҳо Самирро нигарон мекард.
Ман чашмонамро дар як лолазори зебо кушодам. Дар он сӯ кӯҳҳо буданд ва аз онҳо чашмаҳо ҷорӣ мешуданд. Атроф чунон зебо буд, ки таъриф карда намешуд. Дар наздам як рӯшноӣ буд... Касе маро аз даст дошт. Ин Самир буд. Бо гиря дастамро медошт:
— Нарав, илтимос. Маро танҳо нагузор, Марям.
— Аммо ман... — чӣ гуфтанамро намедонистам.
— Оҳучашми ман, илтимос маро танҳо нагузор.
Дар он лаҳза гӯё касе маро ба ақиб кашид. Ман бедор шудам. Овози занеро шунидам. Ин модарам буд. Ӯ пайваста мегуфт: "Марям, Марям чашмонатро кушо"
Ман ҳис кардам, ки чашмонам бозанд, аммо чизе намедидам... Ҳама ҷо торикии мутлақ буд...
— Ҳаяҷон накун, духтарам. Корҳои гуфтаи шавҳарат ро кун, моро шарманда накун, — янгаҳо ба Зебо насиҳат мекарданд. Самир ба хона даромад. Хомӯш буд. Зебо салом дод, Самир танҳо нигоҳ карду оҳи сард кашид.
— Аз пеш гӯям, Зебо... аз ман чизеро интизор нашав. Медонӣ, ки ман ин тӯйро намехостам. Барои ман фарзанд ҳам лозим нест. Ин тӯйро падарам ва модарат ташкил карданд. Агар дилатро озор диҳам, аз онҳо гила кун, — дар ҳамин вақт телефонаш занг зад.
— Самирбек... Марям... Марям бедор шуд! Туро мепурсад. Тез биё!
Самир инро шунида, аз ҷояш парида хест. Фаромӯш кард, ки шаби тӯяш аст.
— Истед, куҷо меравед? — Зебо гиря кард. Самир мисли шамол аз хона баромад.
— Ҳой, куҷо меравед домод? Чӣ шуд? — янгаҳо роҳашро гирифтанд.
— Занам Марям бедор шуд, ман ин ҷо монда наметавонам!
Ӯ ҳамаро канор зада, аз хона баромад. Зебо дар хона зор-зор гиря мекард. Янгаҳо ба Садоқат-апа занг заданд. Агар ӯ фаҳмад, ки домод духтарашро дар шаби аввал танҳо гузошта ба назди Марям рафтааст, хонаро ба оташ мекашад. Ин дафъа ӯ ҳатман Марямро хоҳад кушт.
Самир бо шиддат вориди беморхона шуд ва мустақим ба сӯи ҳуҷраи Марям давид.
— Чӣ шуд, аҳволаш хуб аст? — Самир баробари дидани Шайдо-хонум ӯро ба савол гирифт.
— Ҳамин ки бедор шуд, ба таҳлука афтод. Табибон сӯзандоруи оромбахш заданд... Ва боз... — зан хост чизе бигӯяд, вале гиря гулӯяшро гирифт.
— Боз чӣ...? — дили Самир бештар сиёҳ шуд.
— Худ даромада бин, — пас аз ин суханони Шайдо-хонум, Самир оҳиста ба ҳуҷраи Марям қадам гузошт.
Дар кати миёни ҳуҷра Марям ба як нуқта чашм духта, хомӯш менишаст. Сараш бо бинт печонида шуда, аз он доғҳои хун намоён буд. Сӯзандоруҳо ва дастгоҳҳои пайвастшуда ҳанӯз гирифта нашуда буданд. Самир аҳволи ҳамсарашро дида, ҷигараш хун шуд.
— Марями ман? — ҷавон оҳиста ба сӯи ӯ қадам монд. Марям, ки овози шавҳарашро дарҳол шинохт, ба тарафи нодуруст нигоҳ кунад ҳам, фаҳмид, ки ин ӯст.
— Самир? Ин шумо ҳастед? — Марям ба ҳар тараф нигариста, мехост ӯро бинад, вале бефоида. Зеро ӯ дигар намедид.
— Марям... чаро ба тарафи дигар нигоҳ мекунӣ? Ман ин ҷоям, — Самир ҳолати ӯро дида ва аз фикри баде, ки ба сараш омад, наздик буд девона шавад.
— Намебинам Самир, ба Худо қасам, дигар ҳеҷ чизро намебинам...
Самир ҳамсарашро, ки аз гиря худро боздошта наметавонист, маҳкам ба оғӯш гирифт.
— Мӯйҳоям Самир... мӯйҳоям дигар нестанд. Акнун ҳеҷ гоҳ намебинам? — Марям сарашро ба синаи Самир гузошта, зор-зор мегирист.
— Мебинӣ азизам, албатта мебинӣ. Мӯйҳоят боз месабзанд. Мисли ҳамеша худам онҳоро мебофам, хоҳӣ дид, ҳама чиз ба изи худ бармегардад.
— Илтимос, беморро зиёд хаста накунед. Ӯ танҳо имрӯз ба ҳуш омад. Бо ҳар касе гап занад, асабӣ мешавад, — ҳамширае, ки вориди ҳуҷра шуд, пеш аз задани сӯзандоруи оромбахш Самирро огоҳ кард.
— Ман ҳамин ҷо мешавам, Марями ман, хавотир нашав, намерам. Ту каме истироҳат кун, — Самир пешонии ҳамсарашро бӯсиду аз ҳуҷра баромада, рост ба назди сардухтур рафт.
— Ӯ шифо меёбад, ҳамин тавр-не? — Самир бо умеди ҷавоби хуб пурсид.
— Гапи дақиқ гуфта наметавонам. Зеро ҷароҳат амиқ аст. Дар чунин ҳолат ҳама чиз ба иродаи инсон вобаста аст. Дар ҳамсари шумо шояд гумшавии кӯтоҳмуддати хотира сар занад. Яъне воқеаҳои хурд, вале муҳим ё одамонро фаромӯш мекунад, аммо агар чизе ё касеро бинад, ки он воқеаро ба ёдаш орад, хотирааш бармегардад. Дар мавриди чашмонаш бошад... чизе гуфта наметавонем. Ҳамааш аз ҷониби Худост.
— Бо ин чиро дар назар доред? — Самир гӯё чизеро ҳис карда бошад, пурсид.
— Одатан бисёр беморон дар натиҷаи ҷароҳати сахти сар комилан нобино мешаванд. Агар қобилияти биноии ҳамсаратон давоми чанд моҳ барнагардад, ин маънои онро дорад, ки... ӯ дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳад дид.
Ҷавон аз ҳуҷраи духтур дар ҳолати хароб баромада, боз дар назди дари Марям истод.
— Пеш аз он ки Марямро ба ту диҳам, духтари бечораи ман барои ту бисёр мубориза бурд. Гуфтам, ки ӯ нуқсон дорад. Гуфт: "Муҳимаш қалбаш нуқсондор набошад". Вақте ҷудо шудеду боз барои бурдани ӯ омадӣ, гуфтам: "Ӯ туро ҳимоя карда наметавонад". Гуфт: "Ба ӯ аз худам бештар бовар дорам". Ту бошад, ӯро ҳимоя карда натавонистӣ. Духтари Бенуқсони маро ба коми оташ партофтӣ, — Равшан-ака сарашро дар миёни дастҳояш гирифта гап мезад ва ҳама хомӯшона ӯро гӯш мекарданд.
Ҳисси гуноҳ синаи Самирро мисли оташ месӯзонд. Ӯ худро аз дарун хӯрдан гирифт.
— Ӯ ба ёд оварда наметавонад, ки чӣ тавр ба ин аҳвол афтод ва бо ӯ чӣ шуд, — Шайдо-хонум даҳонашро бо дастонаш пӯшида гирист. Агарчи модари угай буд, акнун масъулияти модариро ҳис мекард.
— КУҶОСТ Ӯ? КУҶОСТ ОН МАХЛУҚ? — зане, ки бо фарёд беморхонаро ба сараш бардошта ворид шуд, мустақим ба сӯи Самир омад.
— Худро ба даст гиред! Ин ҷо беморхона аст.
— Шумо кордор нашавед! — Садоқат-апа ҳамшираро ба як сӯ тела дода гузашт.
— Ҳайвони палид! — зан дар назди ҳама ба рӯи Самир шаппотӣ зад.
Вақте Садоқат-апа хост бори дуюм шаппотӣ занад, Самир нагузошт.
— Аз ҳад нагузаронед, — Самир агарчи дуруштӣ накард, вале бо асабоният дасти занро афшонда, аз ӯ дур шуд.
— Ту бо кадом ақл духтари маро дар шаби аввал танҳо гузошта рафтӣ, номард? Дар бораи номуси ӯ фикр накардӣ? — Садоқат-апа овозашро боз ҳам баландтар кард.
— Шумо дар бораи номус гап мезанед? Бояд инро пеш аз он ки духтаратонро ҳамчун зани дуюм медодед, фикр мекардед.
— Ман ӯро ҷеғ задам. Духтарам Марям мехост ӯро бубинад, — Шайдо-хонум ба худ омада, ба пеши зан баромад.
— Чӣ... ӯ ба ҳуш омад? — Садоқат-апа ях баст. Агар Марям ҳама чизро дар бораи ӯ ба Самир гуфта бошад, ҳамааш тамом. Самир на ӯро мебахшаду на духтарашро, балки зинда ба зинда гӯр мекунад.
— Ҳа, ӯ ба ҳуш омад. Чӣ шуд, чаро рангатон парид? Ё дуоҳоятон, ки духтарам бедор нашавад, мустаҷоб нашуданд? — Шайдо-хонум паст наомад.
Самир хомӯш буд, пас Марям ҳанӯз чизе нагуфтааст. Садоқат-апа кӯшиш кард худро нишон надиҳад.
— Ин духтари зараррасони ту ба мо танҳо бадбахтӣ меорад, — пас аз ин суханони зан, Шайдо-хонум хост бо ӯ ҷанг кунад, вале Самир нагузошт.
— Агар як бори дигар дар бораи Марям чунин гап занед, ба амма буданатон нигоҳ намекунам. Даф шавед аз ин ҷо, тез!
— Ба ман нигаред. Лату кӯб кардани духтарам лозим нест. Ӯ ба шумо ҳеҷ бадӣ накардааст. Марями шумо худаш ҳам акнун намебинад. Боз Худо медонад чиҳоро фаромӯш кардааст.
— Чӣ? Марям намебинад? — Садоқат-апа бо ҳайрат пурсид.
— Ҳа... ва боз баъзе чизҳоро фаромӯш кардааст, — Самир оҳиста ба курсӣ нишаста, сарашро хам кард.
— Маҳз чиҳоро фаромӯш кардааст? — зан бо умеди он ки кори кардаашро фаромӯш карда бошад, пурсид.
— Э ба шумо чӣ? Биравед аз ин ҷо, дигар барнагагардед, фаҳмо? — Шайдо-хонум Садоқат-апаро пеш кард.
Садоқат-апа бо зарда ба ақиб гашта рафт ва баробари ба мошин нишастан ба Зебо занг зад.
— Ало? Зебо? Самир дар беморхона, дар назди Марям аст. Он ба ҳуш омадааст.
— Уфф, ба ҳуш омад? Акнун чӣ мешавад? Самир намеояд?
— Гапи асосиро шунав, духтарам. Ӯ акнун намебинад. Боз бисёр чизҳоро фаромӯш кардааст. Хотираашро гум кардааст. Ба фикрам, ӯ фаромӯш кардааст, ки ин корро ман кардам, вагарна аллакай ба Самир мегуфт.
— Рост? Агар хотирааш бозгардад-чӣ?
— Он гоҳ ӯро бо ягон роҳ нест мекунам. Шояд аз зинапоя тела диҳам. Охир, ӯ акнун намебинад-ку.
Самир волидони Марямро ба хона фиристода, бо иҷозати табибон ба назди Марям даромад. Ӯ дар зери таъсири доруҳои оромбахш мисли фаришта ором хобида буд. Самир дастони ӯро гирифт.
— Марями ман... Чӣ тавр ба ин аҳвол афтодӣ? Ки ин корро кард? Маро бубахш, оҳучашми ман... Туро ҳимоя карда натавонистам.
Самир гиря мекард, тоқат надошт. Марям дар хоб ба (ҳазён) сар кард:
— Назанед... Назанед, илтимос... Ман ҳеҷ кор накардаам... Назанед... — Самир аз ин суханони ӯ дар ҳайрат монд.
Саҳар Зайнаб омад ва Самирро, ки дар курсӣ хобаш бурда буд, бедор кард.
— Язна хезед, субҳ шуд. Ба хона равед, истироҳат кунед, ман ба апаам нигоҳ мекунам.
Самир ба хона баргашт. Вақте вориди ҳавлӣ шуд, дид, ки дар маҳкам нест. Дар ошхона Зеборо дид.
— Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Кӣ иҷозат дод ба ин хона дароӣ? — Самир асабӣ шуд.
— Очаам гуфт, ки... акнун ман ин ҷо зиндагӣ мекунам. Бо шумо.
— Ӯ кист, ки ба хонаи ман бе иҷозати ман касеро дарорад? Ту чӣ ҳақ дорӣ ба чизҳои Марям даст занӣ? — ғазаби Самир зиёд мешуд.
— Ман ба чизҳои ӯ даст назадам...
— Ҳар як чизи ин хона ба ӯ тааллуқ дорад. Аз ин ҷо даф шав!
— Намеравам! Ман зани шумоям. Дигар Марям намешавад. Акнун Зебо ҳаст. Фаромӯш кунед он ҷодугарро! — Зебо ниҳоят гапҳои дилашро гуфт.
— Мефаҳмӣ чӣ мегӯӣ?
— Хеле хуб мефаҳмам. Чӣ мекунед ӯро? Ҳатто мӯй надорад. Кал аст. Боз кӯр аст. Маъюб. Ман аз ӯ чӣ камӣ дорам? Ман аз ӯ ҳазор бор зеботарам!
Самир пиёларо ба девор зад. Ғурураш нагузошт, ки занро занад.
— Барои ҳамин ӯро дӯст медорам. Ӯ ҳеҷ гоҳ талаби ишқ намекунад, ӯ худро дӯст медорад, — Самир ба Зебо, ки аз тарс гӯшҳояшро пӯшида буд, нигоҳ кард. — Ту ҳеҷ гоҳ зани дилхоҳи ман намешавӣ. Умедатро бикан, Зебо. Ту танҳо зани рӯи шартнома мемонӣ.
Пас аз 1 ҳафта
Самир Марямро ба хона овард. Ӯро дар даст бардошта ба хона даромад ва аз ҳеҷ кас шарм накард. Дар хона ҳама ҷамъ буданд: Шайдо-хонум, Равшан-ака, Саидбой, Зайнаб, Зафар ва Зебо.
— Ту боз ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — Самир ба Зебо нигариста асабӣ шуд.
— Акнун ӯ ин ҷо зиндагӣ мекунад. Бо шумо. Ҳам дар наздат мешавад ва ҳам ба Марям кӯмак мекунад. Ман инро хостам, — Саидбой ин гапи барои Марям вазнинро гӯё чизе нашуда бошад, оромона гуфт.
Давом дорад
5 комментариев
15 классов
Бехато
Қисми 4
Ақрабаки соат ба 10-и шаб наздик мешуд. Марям дар хонаи наваш ҷойгир шуда, аз байни чизҳояш сурати модарашро гирифт ва оҳиста рӯйи диван нишаст.
— Очаҷон... Аз ҳама чиз хаста шудам, — чашмони духтар пур аз ашк шуданд.
Марям бархеста, боз ҷо ба ҷо кардани чизҳояш давом дод, ки дар ҳамин лаҳза занги дар садо дод. Дили духтар аз тарсу ҳарос ба задан даромад. Дар ин вақт кӣ буда метавонад? Шояд касе аз наздикони соҳибхона бошад?
Марям бо тарс ба дар наздик шуд ва онро кушод.
— Самир? Шумо ин ҷо чӣ мекунед? — Марям ҷавонеро дид, ки ба девор такя карда, ба зӯр рӯйи по меистод.
— Марям... Оҳучашми ман, — Самир ба духтар нигариста табассум кард ва қадамҳои ноустувор ба сӯйи ӯ гузошт.
— Магар нӯшидаед? — духтар аз рафтори ҷавон асабӣ шуд.
— Пазмонат шудам... — Самир ба гапҳои ӯ аҳамият надода, Марямро ба оғӯш кашид. Духтар шах шуда монд. Ӯ дар як вақт ҳам тарс ва ҳам ҳаяҷонро ҳис мекард.
— Илтимос, иҷозат деҳ имшаб дар наздат бимонам. Худро хеле танҳо ҳис карда истодаам.
Мошини сиёҳранг каме дуртар аз ҳавлии калон таваққуф кард.
— Аҳволат хуб аст? — Зафар ин саволро бо андешаи зиёд пурсид. Зайнаб оҳиста сар ҷунбонд, вале чеҳрааш хилофи суханонашро нишон медод.
— Раҳмати калон. Шуморо ҳам ба бало гирифтор кардам, — боз ашк дар чашмони духтар ҳалқа зад.
— Ин тавр нагӯ, — Зафар каме хам шуд, то ба чашмони духтар нигарад.
— Боз як бор раҳмат, — Зайнаб лаҳзае ба ҷавон нигаристу аз мошин фаромад. Вақте ба дарвоза наздик шуд, бори дигар ба тарафи мошин нигоҳ кард. Ҷавон оҳиста ба ӯ даст афшонд.
Ҳамин ки духтар ба дарун даромад, чеҳраи Зафар ҷиддӣ шуд. Телефонро гирифта ба касе занг зад:
— Латиф, имрӯз ҳамон ҷавони дар тарабхона бударо ёфта, каме "дарс" диҳед. Дар охир аз номи ман салом гӯед. Коре кунед, ки 1-2 моҳ аз хона баромада натавонад. Ҳамин имрӯз! — Зафар фармон дода, телефонро монд ва бо нигоҳи нарм ба тирезаи хонаи Зайнаб нигаристу он ҷоро тарк кард.
Зайнаб оҳиста ба дарун даромад, ки чароғи даҳлез даргирифт. Ӯ бо дидани акааш лаҳзае тарсид, вале кӯшиш кард, ки бепарво гузашта равад.
— То ин вақт дар куҷо будӣ? — овози Азиз хеле ҷиддӣ буд.
— Вақти рафтанам гуфта будам, ба фикрам, — Зайнаб оҳиста кафшҳояшро кашид.
— Ба ман дуруст ҷавоб деҳ! Ист... Ин костюми кист дар китфат? — Азиз бо дидани костюми сиёҳи мардона боз ҳам асабитар шуд. Дар асли Зайнаб худаш ҳам фаромӯш карда буд, ки костюми Зафар дар китфаш аст.
— Кори шумо набошад! — Зайнаб мисли пештара бо дуруштӣ ҷавоб дод.
— Зайнаб, хунамро ба ҷӯш наор. Ин чӣ гаштугузор аст? Аз духтарони кӯчагӣ фарқе надорӣ-ку! — суханони Азиз ба духтар сахт расиданд.
— Пеш аз он ки ба ман ақл омӯзед... худатонро бинед. Зеро ман мисли шумо инсони разил нестам! — Духтар ба чашмони акааш сахт нигариста, ин суханонро гуфт ва ба хонааш даромад.
Дар дивани меҳмонхонаи васеъ ҷавон хоб рафта буд. Марям оҳиста аз зинаҳо фаромада, кӯрпаеро ба рӯйи Самир партофт. Наздаш зону зада, хобашро тамошо кард ва дар чеҳрааш табассум пайдо шуд. Кафи дасташро оҳиста ба рӯйи ӯ молид.
Аз забони Марям:
"Ӯ чунон азиз аст, ки ҳайронам, чӣ тавр якуним солро бе ӯ гузарондам. Аммо ваъда медиҳам. Дигар касеро намехоҳам. Акнун, ки ҳама дардҳо паси сар шудаанду танҳо каме сабр лозим аст, ман наметавонам ӯро танҳо гузорам."
Марям каме ҳаяҷонзада шуда, наздик рафт ва пешонаи Самирро бӯсид. Вақте хост аз ҷой хезад, дасти касеро ҳис кард, ки аз дастонаш гирифт.
— Илтимос... нарав — Самир дар ҳолати нимхоб духтарро ба сӯйи худ кашид. Дили Марям ба тап-тап задан даромад. Ҳарчанд пештар ҳам дар канори Самир хобида буд, аммо ҳозир вазият тамоман дигар буд. Дастони ҷавон ӯро маҳкам ба оғӯш гирифта буданд.
Субҳ ҷавон бо каме дарди сар аз ҷой хест ва воқеаҳои дирӯзро ба ёд овард. Ба ошхона рафта, Марямро ҷустуҷӯ кард. Дар рӯйи стол нонушта омода буд ва дар як коғази хурд навиштаҷоте буд:
"Ҳамроҳи нонушта чойи лимондорро фаромӯш накунед. Ман бояд барвақт ба кор мерафтам."
Самир навиштаҷотро хонда, табассум кард.
Марям дар коргоҳ вориди хонаи кории худ шуд, вале бо дидани Азиз дар назди мизаш шах шуда монд.
— Ниҳоят омадӣ, — Азиз ба духтар нигариста табассум кард.
— Чӣ лозим? — Марям бо чеҳра ва овози сард пурсид.
— Чаро чеҳраи хоҳарҷонам ин қадар гирифта аст? Ҳа, дарвоқеъ, шунидам, ки Самир сиҳат шудааст. — Азиз аз ҷой хеста, оҳиста гирди стол гашт ва тарсу ҳарос ба дили духтар афтод. — Медонӣ, Марям... Дар хориҷа духтарони зебо хеле зиёд буданд. Аммо ман ба ҳар ҳол аз ту даст накашидам. Намедонам чаро. Шояд барои он ки ту хеле зебоӣ.
Азиз ҳамқади духтар шуда, ба чашмонаш нигарист.
— Шумо танҳо як палид ҳастед! — Марям бо нафрат ба акааш нигарист.
Дар ин вақт дари хона оҳиста кушода шуд ва Самир бо табассум ворид шуд. Вале бо дидани ин манзара табассумаш пажмурда шуд ва ҷояшро ғазаб гирифт.
— Туи разил! — Самир бо шиддат омада, ба рӯйи Азиз мушти сахте зад ва Марямро ба пушти худ гирифт. Азиз, ки ҳатто фурсати муҳофизат надошт, ба замин афтод.
— Рост будааст-да... — Азиз дар рӯйи замин истода, хуни даҳонашро пок кард ва табассуми маккорона намуд. — Сиҳат шудаӣ... Аммо ин чизеро тағйир намедиҳад. Марям ба ҳар ҳол аз ту намешавад.
Самир аз ин суханон қариб буд аз ақл бегона шавад. Ӯ Азизро зери лагад гирифт.
— Ӯ АЗ МАН АСТ, ФАҲМИДӢ? АГАР ЯК БОРИ ДИГАР БА Ӯ ДАЪВО КУНӢ, ЗАБОНАТРО АЗ КОМАТ МЕБАРОРАМ!
Самир дасти Марями гирёнро гирифта, аз хона баромад ва рост ба ҳуҷраи Равшан ако даромад.
— Барои фикр кардан ба шумо вақти зиёд дода будам. Хӯш? — Самир бо асабоният нафас мекашид.
— Кӣ кафолат медиҳад, ки шумо боз ӯро хафа намекунед? — Равшан ако айнакашро кашида ба ҷавон нигарист.
— Ман фақат як бор мегӯям. Падарам пагоҳ аз хориҷа бармегардад. Имрӯз бошад, холаам барои пурсидани дасти Марям ба хонаи шумо меравад. Мехоҳам ҳамин ҳафта тӯй шавад!
Зафар аз соати 9 дар назди хонаи Зайнаб ба мошинаш такя карда меистод. Ниҳоят Зайнаб ба зангаш ҷавоб дод.
— Аҳволат хуб аст? Ин занги 30-юми ман буд!
— Ҳа, чӣ шуд, тинҷӣ аст? — Зайнаб бо овози хоболуд ҷавоб дод.
— Магар то ҳол хоб будӣ? — ҷавон бо ҳайрат хандид. — Аз тиреза нигоҳ кун.
Зайнаб пардаро кушода Зафарро дид. Тез либос пӯшида ба поён фаромад. Дар дасти ҷавон як даста гули садбарги зебо буд.
— Зафар?... Девона шудаед?
— Ҳа. Аз рӯзе, ки туро бори аввал дидам, танҳо дар бораи ту фикр мекунам. Ман мехоҳам на танҳо дар назди дугонаҳоят ва ишқи собиқат, балки дар асл ҷавони дӯстдоштаат бошам.
Дар хонаи Равшан ако ду холаи Самир нишаста буданд.
— Қудо, айбро ба мо нагиред. Нофаҳмиҳо шуд, ҷавонон сарсон шуданд. Акнун тақдир ҳамин будааст, — гуфт Зуҳро-хонум.
Нон шикаста шуд. Дуо карданд. Акнун танҳо тӯй монда буд. Гӯё рӯзҳои хуш фаро расиданд.
Пас аз ду рӯз...
Марям ҳанӯз дар хонаи иҷорааш буд. Ӯ шириние пухта, хост онро ба Самир барад. Пеш аз зуҳр ба хонаи Самир рафт. Дарвоза кушода буд. Марям ба ошхона даромада, шириниро рӯйи стол монд ва Самирро садо кард. Ҷавобе наомад.
Духтар оҳиста ба ошёнаи дуюм, ба ҳуҷраи пештарааш рафт. Дили ӯ чизи бадеро ҳис мекард. Дари ҳуҷраро кушод ва аввалин чизе, ки дид — либосҳои занонаи бегона буд. Дили Марям гӯё аз задан монд. Дар болои кат либоси занона афтода буд.
Пеш аз он ки Марям инро дарк кунад, аз ҳаммом духтаре бо як халат баромад.
— Зебо? — ин ном аз лабҳои Марям баромад ва дилаш пора-пора шуд. Зебо аввал ҳайрон шуд, вале баъд бо макр табассум карда, бо мӯйҳояш бозӣ кард.
Гӯё дар даруни Марям чизе шикаст ва осмон ба сараш фурӯ рехт. Ӯ ин ҷо чӣ мекунад? Самир куҷост?
— Ту... ин ҷо чӣ мекунӣ? — Марям бо лабҳои ларзон ба зӯр пурсид.
— Худат чӣ фикр мекунӣ? — Зебо бо истеҳзо ҷавоб дод. — Ҳамааш ҳамон тавре аст, ки ту фикр мекунӣ. Мо бо Самир якҷоя будем. Ҳамон... фикр мекунам, акнун тӯй намешавад. — Зебо бо табассуми разилона ба духтар нигарист.
Марям ҳис кард, ки дубора ба чоҳи зулмоте афтодааст. Оё ӯ маҳкум аст, ки ҳамеша бо хиёнат ва дард зиндагӣ кунад?
Марям аз шунидани суханони Зебо қариб буд, ки аз ҳуш равад.
— Ӯ... Ӯ куҷост? — лабҳояш ин калимаҳоро оҳиста пичиррос заданд.
— Вай Дар ҳаммом, — духтар бо даст ба тарафи ҳаммом ишора кард.
Марям зор-зор гиря кард. Рӯяшро гардонда, бо қадамҳои ноустувор ба сӯйи дар рафт.
— Ба ӯ гӯям, ки ту омада будӣ? — Зебо боз ӯро масхара кард. Дар ин лаҳза Марям дар ҷояш истод. Лабҳояшро сахт газида, нафаси амиқ кашид.
— Мехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ хушбахтиро ҳис накунӣ, Зебо... Охир мо бо ӯ никоҳ доштем. Пештар ҳам издивоҷ карда будем. Чаро ин корро мекунӣ? — Марям бо чашмони пур аз ашк ба духтар нигариста, ҷавоберо интизор шуд.
— Чунки ман ҳам ӯро воқеан дӯст медорам. Барои бо ӯ будан корҳои зиёде кардам. Ҳатто туро ба амакам фурӯхтам. Дар бораи он ки ту акаатро бо корд захмӣ кардӣ ва акаат туро дӯст медорад — ҳамаашро ман гуфта будам, — Зебо ин суханонро гӯё як гапи оддӣ бошад, ба забон овард.
— Ҳайвон будаӣ! — гуфт Марям ва он ҷоро тарк кард.
Марям, ки акааш дар кор буд, ба хонаи худашон рафта, рост ба ҳуҷраи бибияш шитофт.
— Бибиҷон... Дигар тоқат карда наметавонам, — Марям давида рафта, бибияшро ба оғӯш гирифт.
— Чӣ шуд, бачаҷонам? — кампир бо ҳайрат ба Марям нигарист.
— Аз ҳама чиз хаста шудам. Ӯ... ӯ... — Духтар аз гиряи зиёд ҳиққӣ мезад.
— Ором шав, азизам. Ҳамааш хуб мешавад, ман дар канорат ҳастам, — кампир сари набераашро оҳиста сила мекард. Марям сарашро ба зонуи бибияш гузошта, бо тамоми овоз гиря мекард.
Аз забони Марям:
"Падарам маро дӯст надошт. Модарам моро барвақт тарк кард. Акаам ҳамеша бо нияти бад ба ман нигарист. Модари ӯгай ҳеҷ гоҳ рӯзи хуш надод. Бо хоҳарам мисли дигарон наздик шуда натавонистем. Маҳбуби ман бошад... чеҳраи аслии худро нишон дод. Касе моро дӯст надошт. Худоё, ба ғайр аз Худат касе маро дӯст надошт."
— Ин тӯй дигар намешавад, биби.
— Хӯш, розӣ ҳастӣ? — Самир ба ҷавоне, ки дар рӯ ба рӯяш аз ғазаб месӯхт (Азиз), нигариста, бо истеҳзо табассум кард.
— Ақлатро кор фармо, Азиз. Тамоми ширкат вобаста ба қарори ту ё фурӯ меравад, ё боз ҳам баландтар мешавад. Ҳарчанд, намехоҳӣ, ки биноҳои сохтаи падарат дар як дақиқа вайрон шаванд.
— Чӣ мехоҳӣ? — Азиз, ки хун дар рагҳояш ба ҷӯш омада буд, ба Самир нигарист.
— Мехоҳам, ки пеш аз тӯйи мо, яъне ҳамин ҳафта, аз ин ҷо биравӣ. Вақте издивоҷ мекунӣ ё хонадор мешавӣ, бармегардӣ. Ин ҷо гуфта, тамоми Тоҷикистонро Пеш аз рафтан, аз Марям узр мепурсӣ! Ду рӯз муҳлат дорӣ.
Самир ба хонааш баргашта, аз дидани дарвозаи кушода ҳайрон шуд. Дар дилаш гуфт: "Оҳучашмам, Марями ман омадааст!" ва бо хурсандӣ ба дарун даромад. Дар ошхона ғизои омодашударо дида, боварӣ ҳосил кард, ки Марям омадааст.
— Марям? — садо баланд кард ӯ. Вале ҷавобе наомад. Ба ошёнаи дуюм баромад.
Дар ҳуҷрааш либосҳои занонаро дид, вале онҳо аз Марям набуданд. Дар болои кат касе хобида буд. Самир то лаҳзаи охир бовар дошт, ки ин Марям аст, вале наздик рафта дид, ки Зебо аст.
— Зебо? Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — Самир бо асабоният ба духтар нигарист.
— Ҳамон... — Зебо забонаш гирифт.
— Чаро либоси маро ба танаш кашидаӣ? — Самир ба халати сафеди худ ишора кард.
— Танҳо барои хабаргирии шумо омада будам... рӯз гарм буд... — Зебо баҳона меҷуст.
— Фаҳмо, сипас ғизои поён ҳам аз туст?
— Бале, онро бо дастони худам барои шумо пухтам, — Зебо бешармона дурӯғ гуфт.
— Чизҳоятро гиру аз ин ҷо гум шав! Агар як бори дигар ин ҷо биёӣ, ба хотири духтари аммаам буданат нигоҳ накарда, туро ба кӯча мепартоям! — Самир бо ғазаб аз хона баромад. Вале дар чеҳраи Зебо табассуми ғолибона ҳувайдо буд.
Азиз тасмим гирифт, ки биравад. Ӯ ба ҳуҷраи Марям даромад.
— Ин ҷо чӣ кор мекунед? Аз хонаам бароед, ҳозир падарамро фарёд мекунам, — Марям бо дидани Азиз тарсид.
— Ором шав. Танҳо барои гап задан омадам. Меравам, Марям. Барои хайрухуш омадам. Ба маънои хубаш.
Азиз нафаси амиқ кашид: — Рӯзи аввали омаданат хеле хурсанд будам. Ҳамеша мехостам туро ҳимоя кунам. Агар дигар бачаҳо бо ту бозӣ мекарданд, рашкам меомад. Аммо... ошиқат шудам. Медонистам, ки ин хатост. Мумкин набуд. Дар ҳаётам ҳеҷ гоҳ қоидаҳоро нашикаста будам, вале дар ин масъала шикастам.
— Аз таҳти дил узр мехоҳам. Барои ҳамааш. Афсӯс мехӯрам, ки эҳсосотамро нафаҳмидам ва идора карда натавонистам. Умедворам, ки бо он инсон хушбахт мешавӣ, хоҳарҷон.
Марде, ки дар умраш гиря накарда буд, ин дафъа гиря кард. Марям ҳам ашк рехт. Азиз рафт.
Самир ба Марям занг мезад, вале духтар ҷавоб намедод. Ниҳоят Самир ба хонаи онҳо омад. Зайнаб ӯро пешвоз гирифт.
— Ассалому алайкум, язнаи олиҳиммати ман!
— Ваалайкум ассалом, хоҳарҷон. Апаат куҷост?
Самир ба ҳуҷраи Марям баромад. Духтар мӯйҳояшро хушк мекард.
— Марями ман!
— Чаро омадед? Биравед аз ин ҷо! — Марям бо хашм нигарист.
— Чӣ шуд, оҳучашмам? Чаро чунин мегӯӣ?
— Маро аҳмақ накунед, Самир! Хиёнат кардеду боз мепурсед, ки чӣ шуд? Шумо палид будаед! Имрӯз ба хонаатон рафтам ва Зеборо дар ҳуҷраатон дидам. Ӯ гуфт, ки бо шумо буд! — Марям ба гиря даромад.
Самир шах шуда монд. Ӯ фаҳмид, ки Зебо чӣ кор кардааст.
— Ба ман бовар кун, Марям, қасам мехӯрам, ки хиёнат накардаам. Баъди гап задан бо Азиз ба хона омадам ва Зеборо дида, ҳамон замон пеш кардам. Байни мо ҳеҷ чиз нест! Оё ман ҷуръат мекунам, ки ба ту хиёнат кунам? — Самир духтарро ба оғӯш кашид. Марям ба чашмони ӯ нигариста, бовар кард. Зеро ӯро воқеан дӯст медошт.
Самир ба падараш занг зад:
— Ассалому алайкум, дада. Мехоҳам ҳамон касе, ки дафъаи гузашта гуфта будед, Зеборо ба никоҳаш гирад. Мехоҳам тӯйи онҳоро зудтар ва бесадо баргузор кунем. Ӯ номи маро сиёҳ кардан хост.
Рӯзи тӯй
"Ман дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ сарсон будам, вале асли хушбахтӣ худам будаам."
Он рӯзе, ки интизораш будам, фаро расид. Марям дар назди оина худро медид ва ин дафъа ҳама чиз дигар буд. Дардҳо ва беадолатиҳо паси сар шуданд.
Марям бо куртаи арӯсӣ берун омад ва Самирро дид — ҷавони қадбаланду зебо дар костюм-шими сиёҳ. Дафъаи пеш ӯ дар аробачаи маъюбӣ буд, вале имрӯз барои Марям зеботарин марди дунё буд.
Падараш пешонаи духтарро бӯсид ва дасти ӯро ба маҳбубаш супурд. Чашмони Самир аз хушбахтӣ пур аз ашк шуданд. Ӯ ба гӯши Марям пичиррос зад:
— Оё омодаӣ, ки бо ман ба хонаи хушбахтӣ биравӣ, оҳучашми ман?
Марям бо табассуми малеҳ ҷавоб дод:
— Бо шумо ба ҳама чиз омодаам.
Пас аз 2 сол
— Намедонам чаро, вале намехоҳам биравам, — гуфт Марям ҳангоми нишастан ба мошин.
— Ҳамааш хуб мешавад, ин танҳо як муоинаи оддӣ аст. Агар падарам маҷбур намекард, ман ҳам нияти рафтан надоштам. Хавотир нашав, — Самир барои ором кардан дасти ҳамсарашро фишурд.
Дар беморхона ҷуфт пас аз ташхис мунтазири ҷавоби табиб буданд.
— Чанд вақт шуд, ки издивоҷ кардед? 2.5 сол? — пурсид табиб ҳангоми дидани натиҷаҳо.
— Дувуним сол. Дувуним сол шуд, ки тӯямон гузашт, — ҷавоб дод Самир дасти Марямро маҳкам дошта.
— Пас ошкоро мегӯям: дар асл дар ҳардуи шумо барои фарзанддор шудан мушкилӣ ҳаст. Дар чунин ҳолатҳо оилаҳо ба хориҷа рафта табобат мегиранд. Дар кишвари худамон ҳам натиҷаҳои хуб ҳастанд, вале оилаҳое ҳам ҳастанд, ки ҳатто пас аз табобати зиёд соҳиби фарзанд нашудаанд, — табиб қоғазҳоро ба канори миз гузошт.
Чашмони Марям пур аз ашк шуданд ва ӯ ба Самир нигарист. Самир нафаси вазнине кашида, кӯшиш мекард ба чашмони ҳамсараш нигоҳ накунад.
— Ё роҳи дигаре ҳаст. Бисёр вақт дида мешавад, ки оилаҳо пас аз 8-9 соли бефарзандӣ ҷудо шуда, бо каси дигар соҳиби фарзанд мешаванд. Агар... — Табиб гапашро тамом накарда, Самир сухани ӯро бурид.
— Мо ҷудо намешавем! Танҳо 2 сол гузашт. Ин вақти зиёд нест. Агар лозим шавад, дар хориҷа табобат мегирем, — Самир аз ҷой хеста Марямро ҳам ба бархостан ишора кард.
— Бек, агар падаратон аз ин хабар ёбад...
— Намеёбад! Намеёбад, фаҳмидед? — Самир миқдори зиёди пулро рӯйи миз гузошта, Марямро гирифта аз ҳуҷра баромад.
Мошин дар канори кӯча таваққуф кард. Самир мехост чизе бигӯяд, вале намедонист аз чӣ сар кунад.
— Марями ман... — оҳиста дасти ӯро гирифт.
— Пушаймонам... Воқеан пушаймонам, Самир, — Марям худро гунаҳкор ҳис карда, ба гиря даромад.
— Марям, ба ман нигоҳ кун. Ин гуноҳи ту нест. Чӣ тавр метавонад гуноҳи ту бошад? Гунаҳкори асосӣ манам. Аз вақте худро мешиносам, дар аробачаи маъюбӣ будам. Ин айби ман аст. Худро азоб надеҳ, ҳамааш хуб мешавад, — Самир Марямро маҳкам ба оғӯш кашид.
Дар майдончаи бозии кӯдакон волидон бо фарзандонашон бозӣ мекарданд.
— Падару модар будан бояд хеле аҷоиб бошад, — гуфт Марям бо ҳавас.
— Ин бузургтарин хушбахтии дунёст, — Самир ҳам онҳоро тамошо карда, дасти Марямро бӯсид.
— Ман ҳамеша орзу мекардам, ки агар духтардор шавем, номашро Малак гузорем. Агар писардор шавем, мехостам шумо ном гузоред.
— Ҳанӯз соҳиби фарзанд мешавем, Марям. Бовар кун ба ман.
— Агар табобат фоида накунад... дар бораи худатон фикр кунед, Самир. Шумо бо каси дигар ҳам метавонед хушбахт шавед...
— Ин гапҳои беҳударо бас кун! Чӣ гуна ҷудошавӣ? Оё ман аз зане, ки ҳатто вақти гап заданро фаромӯш карда будам, дар канорам буд, даст мекашам? — Самир рӯйи Марямро гирифта, ба чашмони пурашкаш нигарист.
Дар хона Марям ба ҳуҷрае даромад, ки соли гузашта барои кӯдак омода карда буданд. Як тарафи ҳуҷра кабуд ва тарафи дигар гулобӣ буд. Либосҳои хурд, бозичаҳо, пардаҳои зебо... Ҳама чиз мунтазири соҳиби худ буд. Зайнаб соли гузашта ду ҷуфт пойафзоли кӯдакона туҳфа карда буд. Марям онҳоро ба даст гирифта, бо табассуми маҳзун тамошо кард.
Дар поён Самир ба боғ баромада буд, то нафаси тоза гирад. Падараш Саидбой бо телефон бо хоҳараш (аммаи Самир) гап мезад:
— Аз аввал ба ман ин келини қадамшум нафорида буд. Айб дар Самир нест, ака. Келинатон гунаҳкор аст. Ҳоло ҳам дер нашудааст, бигзор ҷудо шаванд. Мебинед, агар Самир бо каси дигар издивоҷ кунад, соҳиби фарзанд мешавад.
Шом шуд. Марям дар рузномаи худ навишт:
"Тақрибан 3 сол мешавад, ки ҳар рӯз бо умед бедор мешавам. Вақте одамон мегӯянд, ки 6-7 сол боз фарзанд надоранд, ман мегуфтам 'Ин ҳам имтиҳон аст'. Аммо дар ин 3 сол худамро хӯрда тамом кардам. Аз ҳама бадаш гапи мардум: 'Марямхон, хабари нав ҳаст?', 'Марямхон, тинҷӣ аст?', 'Магар беморед?'. Ҳатто ба маъракаҳо намеравам. Танҳо ба хотири Самир сабр мекунам. Умедворам, ки рӯзе Худованд моро бо ин бахт сарфароз мегардонад."
Дар ҳамин вақт Зайнаб занг зад. Овозаш аз хушбахтӣ меларзид:
— Апаҷон, маро табрик кунед! Ман... ман ҳомиладорам! Ду ҳафта шудааст. Зафар маро ба беморхона бурд. Табрикам кунед!
Ин хабар Марямро ҳам шод кард ва ҳам дар дилаш дарди аҷиберо бедор намуд. Хоҳари хурдии ӯ, ки дирӯз бозича талаб мекард, имрӯз модар мешавад.
— Табрик мекунам, азизи дилам! Хеле хурсандам! — Марям ашкҳои худро боздошта натавонист.
Зайнаб онҳоро барои меҳмонӣ даъват кард. Самир ҳам аз ин хабар огоҳ шуд ва ҳарчанд дар дил ҳавас дошт, вале барои дӯсту хоҳарзанаш шод буд.
Дар хонаи Зафар меҳмонони зиёд буданд. Дар ошхона Марям мехост чой дам кунад. Аз ҳаяҷон ва парешонӣ чойник аз дасташ афтод ва оби ҷӯш ба дасту пояш рехт. Ӯ аз дарди сахт мегирист, вале бештар қалбаш месӯхт. Дар меҳмонхона овози занҳо меомад:
— Бечораҳо, 3 сол шуд, бефарзанданд. Ё Марям айбдор аст, ё Самир. Самир 20 сол дар ароба буд, шояд айб дар ӯст. Худо барояшон фарзанд намедиҳад...
Марям дигар тоқат накарда, бо дастони сӯхта аз хона берун шуд. Дар берун низ дӯстони Самир дар бораи ҳамин мавзӯъ гап мезаданд. Самир бо яке аз онҳо қариб дастбагиребон шуд:
— Ба забонат эҳтиёт шав! Дар бораи зани ман гап назан!
Марям Самирро фарёд кард. Самир бо дидани дастони сӯхтаи ӯ ҳама чизро партофта, ӯро ба беморхона бурд. Табиб дастҳояшро баст ва дору дод.
Дар роҳ ба хона Марям гуфт:
— Самир... Шояд зани дуюм гиред?
— Чӣ?! — Самир бо ҳайрат нигарист.
— Мардум мегӯянд, ки айб дар шумост. Ман медонам, ки ин тавр нест. Барои он ки соҳиби фарзанд шавед, зан гиред. Ман тоқат мекунам, ваъда медиҳад...
— Марям, бас кун гуфтам! — Самир мошинро манъ кард.
— Дигарон орзуи инро доранд... Шумо ҳам бояд падар шавед.
— Ман "дигарон" нестам, Марям! Ман танҳо як зан дорам ва он ҳам туӣ! Ва то охири умр ҳамин тавр мемонад. Дигар ин мавзӯъро накушо!
Намешавад, оча, намешавад! Дидед-ку дафъаи гузашта чӣ шуд. Кам монда буд, ки насиби як пирамард шавам ва умри ҷавонам хазон шавад. Хайрият, ки Марям ҳаст ва Самирро аз ин кор боздошт, — Зебо кӯшиш мекард ба модараш фаҳмонад.
— Ақлатро кор фармо, духтари аҳмақ. Кай ба ту бори охир хостгор омада буд? На аз оилаи бой, ҳатто аз камбағал ҳам касе намеояд. Мурғи давлат ба сарат нишастанӣ аст. Агар аз ин имконият истифода набарӣ, пушаймон мешавӣ, — Садоқат апа китфони духтарашро гирифта, ӯро бовар мекунонд.
— Оча...
— Чӣ оча? Чӣ оча? Ман дар фикри бахти ту ҳастам. Агар як ворис таваллуд карда диҳӣ, тамоми молу давлат аз они ту мешавад, дар байни пул меғалтӣ, духтарам, бой мешавӣ! — Даҳони Садоқат апа кафк мекард, то Зеборо бовар кунонад.
— Самир дар ду дунё ҳам бо ман издивоҷ намекунад, — гуфт Зебо ҳақиқатро дарк карда.
— Аз ин тарафаш хавотир нашав, албатта издивоҷ мекунад, — зан бо мағрурӣ табассум кард. — Чунин кор кунам, ки маҷбур шавад туро гирад. Ҳатто занашро фаромӯш кунад. Танҳо ту гуфтаҳои маро иҷро кун. Дар ҷое, ки пул ҳаст, ростӣ нест, ҳама чизро бо фиреб ба даст меорем.
Дар ин вақт Самир ба Марям тӯҳфаи аҷибе омода кард. Ӯ медонист, ки Марям аспҳоро дӯст медорад. Барои он ки ӯро аз рӯҳияи бад берун орад, як аспи зотии беҳтарин харид.
Дар аспхона Марям аспи сафеди холдорро дид, ки ниҳоят саркаш буд ва намегузошт касе ба ӯ наздик шавад.
— Ин барои ту, оҳучашмам. Вале бояд ӯро ром кард, ҳоло наздик нашав, — гуфт Самир.
Аммо Марям бетарс ба майдон даромад. Асп кякраву саркашӣ мекард, вале Марям бо меҳр ба ӯ наздик шуд ва ҷилави аспро гирифт. Пас аз чанд дақиқа асп ором шуд.
— Ҳамин тавр... Ором шав. Мисли моҳтоб ҳастӣ, ин холҳо ба ту хеле мезебанд. Номат "Қамар" (Моҳ) бошад, — гуфт Марям ва бинии аспро сила кард.
Самир аз дидани табассуми Марям хушбахт буд, вале намедонист, ки дар паси пушташон чӣ нақшаҳо кашида мешаванд.
Садоқат апа бо пора додани табиб натиҷаҳои ташхиси Самиру Марямро ба даст овард. Ӯ ба назди бародараш Саидбой рафта, вазъиятро дигаргун нишон дод.
— Ака, Самир 30-сола шуд. Ҳамсолонаш 2-3-тоӣ кӯдак доранд. Шумо кай боз интизори набера мешавед? Одамон мегӯянд, ки келинатон қадамшум ва "қисир" (бефарзанд) аст. Бигзор ҷудо шаванд!
Саидбой, ки обрӯяш дар байни мардум барояш муҳим буд, ба ғазаб омад:
— Самир ба ин розӣ намешавад.
— Шумо падараш ҳастед! Агар розӣ нашавад, маҷбур кунед. Ё ҷудо шавад, ё зани дуюм гирад. Зеборо ба ӯ диҳед, вай ҷавон аст, албатта фарзанд таваллуд мекунад.
Вақте Самиру Марям ба хона баргаштанд, мошини Саидбойро диданд. Самир дасти Марямро сахт фишурд, то ба ӯ қувват диҳад. Дар даруни хона Саидбой натиҷаҳои ташхисро рӯйи миз партофт.
— Ин чист, дада?
— Ин натиҷаҳои шумост. То кай маро фиреб медиҳӣ, Самирбек? Ман ҳам падарам, мехоҳам набераҳоямро ба оғӯш гирам. Дар ҳар меҳмонӣ маро мазоқ мекунанд, ки Саидбой пир шуд, вале набера надорад. Барои ман ин шармсорӣ аст!
Самир кӯшиш кард фаҳмонад, вале падараш қатъӣ буд:
— Агар чораи охирин ҷудошавӣ бошад...
— Ҳеҷ гоҳ! — гуфт Самир. — Ман ҳеҷ гоҳ аз Марям ҷудо намешавам. Ба хотири гапи мардум аз зане, ки дар вақти маъюбиам маро тарк накард, даст намекашам!
— Ҳатто агар ман гӯям ҳам? — пурсид Саидбой бо хашм.
— Ҳатто агар тамоми дунё гӯяд ҳам!
Саидбой нафаси вазнин кашид:
— Хайр, агар ҷудо намешуда бошӣ... Пас зани дуюм мегирӣ! Ё ба ин розӣ мешавӣ, ё ҷудо мешавӣ. Якеро интихоб кун. Ба духтари аммаат Зебо издивоҷ мекунӣ! То фардо фикр кун. Агар розӣ нашавӣ, дигар маро "дада" нагӯ.
Марям дигар тоқат накарда, ба замин нишасту зор-зор гиря кард. Самир падарашро гусел карда, ба назди Марям омад ва ӯро ба оғӯш гирифт.
— Гиря накун, оҳучашмам. Ман ҳамаашро ҳал мекунам...
Марям бо садои гирифта гуфт:
— Самир... Шояд ҷудо шавем? Шояд ин кори тақдир бошад...
— Ҳеҷ гоҳ! Ман аз ту даст намекашам. Ту барои ман ҳам модарӣ, ҳам ҳамсар. Ту маро шифо додӣ, чӣ хел аз ту ҷудо шавам? — Самир низ ашк дар чашм дошт.
Марям ба чашмони Самир нигарист ва роҳи ягонаро, ки барояш мисли марг буд, ба забон овард:
— Самир, як илоҷ ҳаст. Вале ин роҳ маро бештар аз марг месӯзонад... Бо Зебо издивоҷ кунед. Бигзор вай зани дуюматон шавад, то ин мушкил ҳал шавад.
Нафаҳмидам, ки субҳ чӣ гуна дамид. Шабро танҳо бо фикру хаёл рӯз кардем. Кошки хобамон мебурд. Субҳ Самирро ба кор гусел мекардаму на ӯ гап мезаду на ман. Танҳо сукут. Сукуте, ки чунон вазнин ва дарднок буд, ки гӯё мо акнун бегонаем.
Пас аз рафтани ӯ барояш паёмак навиштам, ки ба аспхона меравам. Он ҷо бо аспи навам Қамар рози дил кардам.
— Қамар... Чӣ фикр мекунӣ? Акнун ӯ маро фаромӯш мекунад? — Метарсидам, ки ӯ маро дигар дӯст намедорад.
Дар ҳамин вақт аз хоҳарам Зайнаб паёмак омад: "Апа, зуд ба хонаи дадаам биёед. Ин ҷо қиёмат аст. Дадаам бо падари язнаам баҳс доранд. Ин зани дуюм чӣ гап аст? Ман ҳам бо хоҳиши очаам омадам."
Вақте ба хонаи падарам расидам, ҳама он ҷо буданд. Падарам, модарам, хусурам ва Зайнаб.
— Биё, Марям. Мо туро мунтазир будем, — гуфт падарам. — Ҳамаашро шунидам. Акнун қарори туро шунидан мехоҳам. Вале худро ба оташ наандоз.
— Дада, ман ба Самир ваъда додаам, ки таркаш намекунам. Наметавонам равам, — гуфтам бо гиря.
— Духтарам, ҷудо шав, — мегуфт модарам. — Кундош барбир шавҳаратро аз ту мегирад.
— Бигзор маро дӯст надорад, бигзор зани дигар ақли ӯро дуздад, вале ман канори ӯ мемонам. Тоқат мекунам, — ҷавоб додам ман. Падарам гуфт, ки агар пушаймон нашавӣ, қарор аз они туст, вале даргоҳи ман ҳамеша барои ту боз аст.
Дар ширкат Самир бо падараш Саидбой суҳбат дошт.
— Танҳо барои фарзанд, — гуфт Самир бо қатъият. — Танҳо барои ворис. Аз ман чизи бештарро талаб накунед. Ӯ номи занро мегирад, вале ҳеҷ гоҳ ҷойи Марямро намегирад. Ва як шарт дорам: ӯ дар хонаи мо бо Марям зиндагӣ намекунад. Марям набояд сояи ӯро бинад.
Саидбой розӣ шуд, ки барои Зебо дар наздикии коргоҳи Самир хонае бихарад.
Дар хонаи мо аллакай омодагӣ ба тӯй сар шуда буд. Ман мисли касе будам, ки дар ботлоқ ғарқ шудааст. Вақте Самир аз кор омад, нахостам бо ӯ рӯ ба рӯ шавам ва худро дар ҳуҷра маҳкам кардам.
— Марям, дарро боз кун, гап занем, — мегуфт ӯ аз паси дар.
— Ман бояд истироҳат кунам, — ҷавоб додам бо садои гирифта.
Субҳи дигар Садоқат апа (модари Зебо) ба хона омада, бо заҳрханда гуфт:
— Самирро зуд бедор кун, бояд бо арӯс вохӯрад. Ва боз як гап: Марямхон, имрӯз ту ба хонаи мо ба хостгорӣ меравӣ. Ту бояд барои шавҳарат Самир дасти Зеборо талаб кунӣ. Охир Самир модар надорад, ин вазифаи туст!
Дунё дар назарам торик шуд.
— Чӣ? Ман, ки ҳамсараш ҳастам, барои кундошам ба хостгорӣ равам? — бо алам пурсидам.
— Бале, — гуфт зан. — Агар лозим шавад, зораву тавалло мекунӣ. Самир ба наздикӣ зани ҷавону зебо мегирад ва дигар ба рӯйи ту нигоҳ намекунад.
Ман ба чашмонаш нигариста гуфтам:
— Агар ӯ Самире бошад, ки ман мешиносам, духтари шумо ҳеҷ гоҳ дӯст дошта намешавад!
Зан ба рӯям як торсакӣ заду гуфт: — Ҳанӯз забонат дароз аст, ятимча? Чунон рӯзе ба сарат орам, ки худат аз ин хона гурехта равӣ!
Самир аз ҳуҷра баромада, ҷанҷолро дид. Садоқат апа зуд худро бегуноҳ нишон дода. Марямро гунаҳкор кард, вале Самир гуфт:
— Ман медонам, ки Марям ин хел гап намезанад. Амма, шумо ба хонаатон рафта омодагӣ бинед.
Марям аз Самир ҳам хафа шуд ва бе гап аз хона баромада ба аспхона рафт. Самир хост ӯро боздорад, вале дер шуд. Вақте Самир ба аспхона расид, коргарон гуфтанд:
— Марямхон хеле ғамгин буданд. Аспи Қамарро савор шуда, мисли шамол дур шуданд. Мо натавонистем ӯро боздорем.
Самир нигарон шуд. Сабраш ба охир мерасид. Марям дар ин ҳолат ба куҷо мерафта бошад?
(Давом дорад...)
Агар хоҳед давомаш тез барояд. Дустони худро ба гуруҳ даьват намоед..
2 комментария
17 классов
Бехато
Қисми 3
Равшан ако ба инсоне, ки дар рӯ ба рӯяш нишаста буд, дергоҳ нигарист.
— Хӯш, бо дар хона маҳкам нигоҳ доштани ӯ ба чӣ ноил шудан мехоҳед? Аз кӣ ҳимоя мекунед? Барои кӣ нигоҳ медоред? — Самир бо асабоният ба Равшан ако нигарист.
— Падар шавӣ, мефаҳмӣ, — нигоҳҳои Равшан ако мулоим шуданд ва ӯ нафаси амиқ кашид.
— Ман ҳеҷ гоҳ чунин падар намешавам. Дониставу фаҳмида духтарамро ба ҷарӣ намепартоям. Оё медонед, ки баъди баргаштани он писари азизу бетарбияатон — Азиз, ӯ ба чӣ аҳвол меафтад? Оё аслан дар бораи ҳолати ӯ фикр мекунед? Илтимос, дар ҳаётатон ҳеҷ набошад як бор падари ҳақиқӣ бошед!
— Ту ҳақ надорӣ дар бораи писари ман гапи бад гӯӣ! — Равшан ако бо ғазаб аз ҷой бархост.
— Ман ҳақиқатро гуфтам. Агар танҳо ба ӯ не, ба Марям ҳам таваҷҷӯҳ мекардед, ӯ аз ҷониби бародари худаш мавриди таҷовуз қарор намегирифт!
Дар хона садои шапалоқ танинандоз шуд. Азбаски аз ҳадди одоб гузаштанд, ҳама чиз аз назорат берун шуд.
Бо пойҳои ларзон вориди коргоҳ шудам ва манзараи рӯ ба рӯямро дида, чашмони аз хастагӣ пӯшидаам дубора кушода шуданд. Падарам ба рӯйи Самир шапалоқ зад. Маълум буд, ки чизе хато рафтааст. Шитобон назди онҳо рафтам.
— Дада, бас кунед! — Духтар падарашро гӯё ба оғӯш гирифта бошад, ба ақиб кашид. Нигоҳи қаҳролуди Самир бо дидани духтар нарм шуд.
— Чаро ту тарафи ӯро мегирӣ? Магар ҳаминҳо набуданд, ки туро бевақтии шаб мисли як чизи нодаркор аз хонаашон берун партофтанд? — Равшан ако бо асабоният ба духтараш нигарист.
— Охир ин ба Самир алоқае надорад-ку, дада, — дар чашмони Марям ашк ҳалқа зад. — Илтимос, бас кунед. Илтимос мекунам. Дигар тоқати ин чизҳоро надорам. Акаам баргашт. Медонед субҳ ба ман чӣ гуфт?...
Духтар ба нигоҳҳои ҳайратзадаи падараш нигариста, хомӯш монд. Самир бошад, аз шунидани хабари баргаштани Азиз хунаш ба ҷӯш омад.
— Ман ҳеҷ гоҳ дар назди шумо сухани ноҷо нагуфта будам. Аммо имрӯз, дада, ман хостам пардаи иффатро беҳаёона бидаррам, — Марям ашки чашмонашро пок карда, нафаси амиқ кашид. — Бист сол... Бист сол боз ягон бор ишқро ҳис накардаам. Бист соли ҳаёти ман аз зулми бародари ӯгайам дар торикӣ гузашт. Аммо дада, ман дар чашмони ин инсон ишқро дидам. Ӯ ягона касе буд, ки маро дӯст дошт. Намехоҳед? Майлаш, розӣ нашавед. Аммо ман дигар дар он хона бо он золим зиндагӣ карда наметавонам. Ман меравам, дада. Барои ҳаминро гуфтан омада будам.
Духтар суханашро тамом карда, нигоҳе ба Самир афканд ва ба пеш қадам зад.
— Марям, ист! Ба куҷо меравӣ? — Равшан ако аз қафои духтараш нидо мекард, вале ҷавон ба ин аҳамият надода, аз паси Марям рафт.
— Марям, ист! — Самир давида ба духтар расид. Марям беист қадам мезад, ҷавон аз банди дасташ гирифта, ӯро ба тарафи худ гардонд.
— Мо дар назди мардум ҳастем, Самир, дастамро раҳо кунед! — бо хашм гуфт духтар.
— Бароям фарқ надорад. Ба куҷо рафтанӣ ҳастӣ? — Ҷавон банди дасти ӯро каме раҳо кард.
— Маҷбур нестам ба шумо ҳисобот диҳам! — Ҷавон аз қатъияти чашмони Марям ҳайрон шуда, ба ӯ наздиктар шуд.
— Боварӣ дорӣ?...
— Маро ба ҳоли худ гузоред, Самир. Воқеан аз ҳама чиз хаста шудам. Танҳо мехоҳам зиндагӣ кунам, — ашк аз чашмони духтар ҷорӣ шуд ва ӯ рӯяшро ба дигар тараф гардонд.
— Ӯ ба ту чӣ гуфт? — бо овози қатъӣ пурсид Самир. — Даст расонд?
Духтар ҷавоб надод, танҳо гиря мекард.
— Мегӯям, ки ба ту даст расонд?! — Самир манаҳи духтарро гирифта ба сӯйи худ гардонд. Марям чунон парешон буд, ки ҳатто ҷавоб дода наметавонист.
— Ӯро мекушам! — Ҷавон дасти духтарро раҳо карда, ба тарафи мошин равон шуд.
— Истед! Ӯ коре накардааст. Ва ман маҳз барои он меравам, ки пеши роҳи ягон кори ӯро бигирам, — Марям дасти Самирро гирифта, ӯро боздошт.
— Ба куҷо меравӣ? Маро ҳам партофта меравӣ? — бо хашм гуфт ҷавон.
— Танҳо то вақте ки ҳама чиз ба ҷояш афтад, мехоҳам дар як хонаи наздики коргоҳ зиндагӣ кунам.
Самир суханони духтарро шунида, нафаси амиқ кашид ва ӯро ба оғӯш гирифт.
— Туро албатта бармегардонам, оҳучашми ман. Каме сабр кун. Ин корро чунон мекунам, ки ба касе озор нарасад. — Самир аз мӯйҳои духтар бӯсид.
Дар ин вақт мошине наздашон истод. Марям Зайнабро дида, ба тарафи ӯ шитофт.
— Ҳама чиз омода аст. Либосҳоятонро ҳам гирифтам. Акнун бояд шуморо зудтар ба он хона барам, — Зайнаб ба соаташ нигарист.
— Ман бояд биравам. Агар имкон бошад, дигар ин ҷо наёед, — Марям пеш аз он ки ҷавон чизе бигӯяд, ба мошин нишаста, он ҷоро тарк кард.
Соат ба 19:00 наздик мешуд. Зайнаб ҳангоми ороиш бештар ба лабҳояш аҳамият дода, бо қаноатмандӣ ба оина нигарист. Либоси сиёҳи дароз — барои базм хеле мувофиқ. Мӯйҳои ҷингилаи сип-сиёҳаш ба китфонаш рехта буданд.
— Ба куҷо меравӣ? — Зайнаб аз хонааш мебаромад, ки Азизро дида, чеҳрааш дигар шуд.
— Ҳам ба модарам ва ҳам ба падарам гуфтаам. Имрӯз зодрӯзи дугонаам аст, — бепарвоёна ҷавоб дод духтар.
— Фаҳмо... Марям наметобад. Магар ӯ дар ин хона зиндагӣ намекунад? — Аз саволи Азиз асабҳои духтар хароб шуданд. Ӯ бо хашм ба акааш нигарист ва дар он лаҳза хеле мехост ба рӯяш шапалоқ занад.
— Апаамро ба ҳоли худаш гузоред! Магар хабар надоред? Самир ба по хест ва барои Марям баргашт. Агар ин гапҳои шуморо шунавад, шуморо пора-пора мекунад! — дар чашмони духтар гӯё оташ меборид.
— Магар фаромӯш кардӣ, ки бо бародарат чӣ хел муомила кунӣ? — Азиз аз миёни дандонҳояш ғур-ғур кард.
— Бародар?... Маро нахандонед. Бародари ман... бародари ман аллакай дар 17-солагиаш, вақте ки ҳанӯз бегуноҳ буд, мурдааст! — Зайнаб ашкашро зуд пок карда, ба ақиб нигоҳ накарда ба тарафи дарвоза рафт.
Вақте аз дар баромад, ҷавонеро дид, ки ба мошин такя карда, костюм-шими сиёҳ дар бар дошт. Зафар бо дидани Зайнаб забонаш лол шуд. Либос ҳусни ӯро садчанд карда буд.
— Чӣ, намезебад? — пурсид Зайнаб бо шарм.
— Чӣ?... Не... Ҳамон... Хеле зебо шудаӣ. — Зафар бо даст пушти гарданашро молида, аз ҳаяҷон чашмонашро пӯшид.
Онҳо ба тарабхона расиданд. Зафар аз он ки Зайнаб маҳз ба тарабхонаи худи ӯ омадааст, табассум кард, вале сирро фош накард.
— Ин ҷо хеле машҳур аст. Наргис қасдан ин ҷоро интихоб кардааст, то ба ҳама худнамоӣ кунад, — гуфт Зайнаб.
Зайнаб асабӣ буд, вале Зафар дасти ӯро гирифт. Дар нигоҳи ҷавон боварӣ буд. Ӯ гӯё мегуфт: "Ба ман бовар кун".
— Зайнаб? Дугонаҷон? Ҳамин ҳоло дар бораи ту гап мезадем, — Наргис онҳоро пешвоз гирифт. Ҳама ба онҳо нигаристанд.
— Зодрӯз муборак. Бароят ҳаёти хушу дароз хоҳонам, — Зайнаб тӯҳфаро ба ӯ дод.
— Раҳмати калон. Ҳамон... бо бародарат омадӣ? — Наргис бо дидани ҷавони зебое дар канори Зайнаб асабӣ шуд.
— Не. Бародараш нестам. Ман ҷавони дӯстдоштааш ҳастам. Номзадаш, — гуфт Зафар. Зайнаб бо ҳайрат ба ӯ нигарист.
— Зайнаб, ту номзад шудӣ? — садо омад аз сари миз. Ин Даврон буд. Ишқи собиқи Зайнаб.
— Бале. Ба наздикӣ Зайнаб ҳамсари ман мешавад. Метавонед табрик кунед.
Ҳама дар гирди миз нишастанд. Духтарон ба Зафар савол медоданд. Даврон бо нигоҳи пур аз адоват ба онҳо менигарист.
— Шумо бо ӯ чӣ хел шинос шудед? — пурсид яке аз духтарон бо кибр.
— Ман барои бастани шартнома назди падари Зайнаб рафта будам ва ӯро дидам. Дар як нигоҳ ошиқ шудам, — Зафар бо нигоҳи малеҳ ба Зайнаб нигарист.
— Сипас дар ҷойи калон кор мекардаед-да, — худи Наргис ҳам ба савол додан даромад.
— Бале, дар ҷойи хеле калон кор мекунам, — ҷавоб дод Зафар. Даврон бо истеҳзо лаб ҷунбонд: — Ин гапро ҳама гуфта метавонад. Бо гуфтан кас соҳиби чизе намешавад.
— Дуруст. Аммо мард дурӯғ намегӯяд. Мард ҳеҷ гоҳ касеро фиреб намедиҳад! — Зафар бо ин суханонаш маҳз Давронро дар назар дошт.
Пас аз чанде Даврон тоқат накарда аз тарабхона берун шуд. Зафар ҳам аз паси ӯ рафт. Даврон ба девори тарабхона такя карда, сигор мекашид.
— Ба ту чӣ лозим? — Даврон бепарвоёна пурсид, вале суханашро тамом накарда, аз зарбаи сахте, ки ба шикамаш хӯрд, дуқат шуд.
— Касоне мисли ту арзиши як тори мӯйи Зайнабро надоранд. Аз ҳад нагузар, фаҳмидӣ? Қудрати онро дорам, ки туро бо тамоми авлодат нест кунам, — Зафар бо ғазаб назди ҷавони ба замин афтода сухан гуфт.
Зафар сигори ба замин афтодаро гирифта, ба кафи дасти чапи Даврон зер кард ва даҳони ӯро маҳкам гирифт, то садояш набарояд.
— Гӯш кун. Ин огоҳии оддитарини ман аст. Агар як бори дигар садди роҳи ман ё Зайнаб шавӣ, даҳто аз ҳамин сигорро ба даҳонат мезанам. Бо ман бозӣ накун.
Зафар баргашта назди Зайнаб нишаст.
— Ҳамааш хуб аст, азизам, — гуфт ӯ ва бо ин суханаш дили дигар духтаронро аз рашк кабоб кард.
Зайнаб барои рост кардани ороишаш ба дастшӯй рафт. Вақте мебаромад, Даврон дар назди дар интизор буд. Ӯ дасти Зайнабро гирифта ба дарун кашид.
— Чӣ кор мекунӣ? Дастамро раҳо кун! — фарёд зад духтар.
— Овозатро набарор! Коре мекунам, ки он ҷавони мағрурат ҳам туро нахоҳад, — Даврон ӯро ба дарун кашид.
Дар ҳамон лаҳза дар бо шиддат кушода шуд. Зафар бо як ҳаракат Зайнабро аз чанголи Даврон раҳо кард ва ба рӯйи ӯ мушту лагад задан гирифт. Зайнаб дар кунҷе меларзид.
— Ҳамааш хуб аст, ором шав, — Зафар дар назди духтар зону зад. — Хез, меравем.
Ӯ костюмашро кашида ба китфони Зайнаб партофт ва ҳангоми баромадан ба Даврон, ки дар рӯйи замин аз дард мепечид, нидо кард:
— Ҳисоби мо бо ту ҳанӯз тамом нашудааст!
(Давом дорад...)
4 комментария
16 классов
Бехато
Қисми 2
Марде, ки қаблан Марям ҳеҷ гоҳ надида буд, бо шитоб Азизро муолиҷа мекард ва ҳатто шӯхӣ ҳам менамуд.
— Ҷароҳат чандон амиқ нест. Охир занҳо агар корд ҳам зананд, бораҳм мезананд. Танҳо аз дарди сахт аз ҳуш рафтааст. Ҳоло ба худ меояд. Вақте бедор шуд, ин доруи дардоварро диҳед, — гуфт духтур ва варақаро ба Баҳром-ако дароз кард.
— Ташаккур, Ҷалол, боз моро аз вазияти душвор раҳо кардӣ, — Баҳром-ако ба китфи ӯ зад.
Ҷалоли духтур бо шӯхиву ханда рафт ва Марям бо Баҳром-ако танҳо монданд.
— Марям, ба ман чизе гуфтанӣ нестед? — Баҳром-ако бо нигоҳи пурмаъно пурсид.
Марям сар бардошта ба Самир нигарист, ки бо чашмони маҳзун ва нигарон ба ӯ менигарист. Ӯ тамоми воқеаро, аз ҷумла рафторҳои разилонаи Азизро ба Баҳром нақл кард.
— Охир ӯ бародари шумост-ку? — Баҳром-ако бо раҳм ба духтари гирён нигарист.
— Ҳа, вале бародари ӯгай...
Баҳром-ако аз шунидани ин ҳақиқат дар ғазаб шуд, вале ба хотири Марям хомӯш монд. Ӯ Азизи нимбеҳушро гирифта аз хона берун кард: "Ман ба ин ақл медарорам. Шумо дарро маҳкам карда шинед, келин. Ҳамааш хуб мешавад".
Марям осори хунро пок карда, сарашро ба китфи Самир гузошт.
— Ман хато кардам, Самир. Зиндагии ором ва беғубори шуморо вайрон кардам. Агар ман намешудам, шояд бо духтари дигаре хушбахт мешудед. Ман худхоҳӣ кардам, танҳо барои наҷоти худам ба шумо шавҳар кардам... ман духтари бад ҳастам.
— Ин... тавр... нагӯй! — Самир бо абрӯвони гиреҳхӯрда кӯшиш мекард ӯро тасалло диҳад.
Марям дастони Самирро бӯсид: "Хуб аст, ки шумо ҳастед. Хуб аст, ки Худованд маро бо шумо рӯ ба рӯ кард".
Рӯзи дигар...
Субҳ, вақте онҳо нонушта мекарданд, занги дар бо шиддат ва баланд садо дод. Марям дарро кушоду Шайдо-хонумро дид. Ҳанӯз салом надода, модарандараш ба рӯйи ӯ торсакии сахте зад.
— Туи беҳаё! Медонистам, ки мисли модарат разил ҳастӣ! — фарёд зад зан.
— Очаҷон... — Марям бо ашк ба ӯ нигарист.
— Маро оча нагӯ! Модари ту мурдааст! Мехостӣ писари маро ҳам мисли шавҳарат маъюб кунӣ, нонкӯр? — Шайдо-хонум Марямро мезад ва таҳқир мекард. — Ман туро одам кардам! Агар ман намешудам, дар он қишлоқи дурдаст бо бибии пират дар гадоӣ мемондӣ!
Марям, ки дигар тоқати ин қадар тӯҳматро надошт, бо алам гуфт:
— Кадом некиро мегӯед? Он ки аз рӯзи аввал модари раҳматиямро ҳақорат мекардед? Ё он ки писаратон бо нигоҳи бад ба ман менигаристу шумо маро мезадед? Ё хӯроки додаатонро миннат мекунед? Ман дар саҳро кор карда, пул меёфтам ва ба наздатон мепартофтам! Чӣ гуна ҷуръат мекунед, ки "ҳақ дорам" гӯед?
Шайдо-хонум аз ин ҷасорати Марям бештар дар ғазаб шуда, ӯро боз ҳам сахттар мезад. Дар дарун бошад, Самир ҳамаи инро мешунид. Ӯ бо тамоми қувва кӯшиш мекард, ки аз аробача хезад, вале ба замин афтод. Бо вуҷуди ин, даст-дасткунон ба сӯйи ошхона мерафт ва номи Марямро садо мезад.
Дар ин вақт Садоқат-хонум ва Зебо низ барои масхара кардани Марям омаданд, вале бо дидани ҷанҷоли Шайдо ва Марям ҳайрон шуданд. Шайдо-хонум бо ғазаб аз хона баромад ва Садоқату Зебо аз паси ӯ рафтанд.
Марям дар кунҷи девор нишаста, бо алам гиря мекард: "Модарҷон! Дунё маро чунон хаста кард, ки мехоҳам ба назди шумо равам. Чаро маро ҳам набурдед? Агар шумо мебудед, шояд зиндагии ман дигар хел мешуд..."
Ногаҳон овози Самирро шунида, ашкҳояшро пок кард ва давида ба назди ӯ рафт. Самирро дар рӯйи замин дида, бо азоб ӯро ба аробача шинонд.
— Ман хубам, ҳамааш хуб мешавад, хавотир набошед, — худро ва ӯро тасалло медод духтар.
Дар ҳамин ҳол, дар як қаҳвахона Шайдо-хонум ба Садоқат-амма дарди дил мекард:
— Медонистем, ки ятим аст, вале ин қадар ҳунарманд буданашро не... Ман кӯшиш кардам барояш модарӣ кунам, вале ӯ маро қабул накард. Фақат барои аз ман гурехтан ба Самирбек шавҳар кард...
Шайдо-хонум худро бечора нишон медод, вале намедонист, ки Зебо пинҳонӣ тамоми суҳбати онҳоро дар телефон сабт карда истодааст..
Майлаш, қудоҷон, хафа нашавед, ҳамааш хуб мешавад. Мо дигар равем, — Садоқат бо Зебо аз тарабхона берун шуданд.
— Ин рӯбоҳи маккор ҳунарҳои зиёд доштааст-ку! — Садоқат ба мошин нишасту Зебо сабтҳои овозиро бори дигар нусхабардорӣ кард.
— Ба идораи акаам ҳай кун! — гуфт зан бо хурсандӣ ба духтараш.
Дар хона бошад, Самир кӯшиш мекард Марямро ором кунад: — Ҳа... мааш... хуб... ме... шавад.
— Ҳа, чунки шумо дар паҳлӯям ҳастед. Ба тӯҳматҳояшон оҳиста-оҳиста одат карда истодаам, — Марям бо табассуми маҳзун ҷавоб дод.
Наздикии шом Баҳром-ако вориди хона шуд. Чеҳрааш гирифта буд.
— Ваалайкум ассалом... Хусуратон гуфтанд, ки либосҳоятонро ҷамъ кунед. Ман бояд шуморо ба хонаатон барам. Саидбой дигар намехоҳад шумо дар ин хона зиндагӣ кунед. Ҳама ҷавоҳироту туҳфаҳоро метавонед бо худ баред, — Баҳром бо хиҷолат сарашро хам кард.
Марям лолу ҳайрон монд. Самир бошад, бо тамоми қувва муқобилият нишон дода, фарёд мезад: — На... рав! На... рав!
Марям назди Самир зону зада, дастонашро гирифт:
— Ҳамааш хуб мешавад. Умедворам, ки ман барои ҳамешагӣ намеравам... Самир, ман шуморо дӯст медорам! Ташаккур барои ҳама чиз.
— Мар... ям! На... рав! — Самир пайваста ӯро садо мезад, вале Баҳром-ако Марямро ба мошин шинонд. Дар тӯли роҳ Марям пайваста гиря мекард ва айбашро мепурсид, вале Баҳром хомӯш буд.
Вақте онҳо ба назди дарвозаи падари Марям расиданд, Шайдо-хонум дарро кушод:
— Ту? Барои чӣ омадӣ? Дафъ шав аз ин ҷо!
— Ба ман дадаам лозим... — гуфт духтар.
— Дадаат нест! Дигар ба ин хона қадам намон! — Шайдо-хонум дарро маҳкам қулф кард.
Марям дар зери борони шиддатбор ним соат мунтазир монд. Оқибат Зайнаб дарро кушода, ӯро ба дарун бурд. Дар меҳмонхона Равшан-ако бо дидани духтараш ҳайрон шуд, вале Шайдо-хонум боз ба доду фарёд оғоз кард.
Равшан-ако бо нигоҳи сард ба Марям гуфт:
— Имшаб дар ин ҷо бимон, пагоҳ ба ҷои дигар меравӣ...
— Дада... — Марям гӯё падарашро намешинохт. — Чӣ тавр ба ин гапҳои бофтаи Шайдо-хонум бовар кардед? Наход бовар кунед, ки ман ба бародари худ бо нигоҳи бад нигариста бошам?
Марям дигар тоқат накарда, тамоми дарди дилашро рехт:
— Вақте модарам мурд, ман 5-сола будам. Аз он вақт инҷониб барои як кори майда-чуйда аз дасти ин зан калтак мехӯрдам. Вақте 16-сола шудам, акаам ба ман бо нигоҳи дигар нигарист. Мехостам худамро бикушам, вале ба Шайдо-хонум гуфтам. Ӯ бошад, маро "беҳаё" гуфта, боз зад. Ман барои он ба аввалин хостгор розигӣ додам, ки аз ин хона гурезам! Шумо маро ҳеҷ гоҳ нафаҳмидед, дада, чун ман бароятон танҳо як чизи беқадри боқимонда аз зани дуюматон будам...
Дар хона хомӯшии марговар ҳукмфармо шуд. Равшан-ако ашк мерехт. Марям босуръат аз хона баромад. Равшан-ако хост ӯро баргардонад, вале ногаҳон дарди дилаш хуруҷ карду ба ҷояш нишаст.
Дар кӯча Баҳром-ако Марямро пайдо кард:
— Медонистам, ки модарандарат туро роҳ намедиҳад. Биё, туро ба деҳа, назди бибиат мебарам.
Дар роҳ Марям аз аҳволи Самир пурсид.
— Самир ҷанҷол дорад, Саидбой худаш ба наздаш рафтааст, — гуфт Баҳром.
— Илтимос, ба ӯ гӯед, ки кӯшиш кунад шифо ёбад. Гӯед, ки Марям инро мехоҳад, — хоҳиш кард духтар.
Пас аз чанд соат онҳо ба деҳа расиданд. Марям назди дарвозаи кӯҳнаи кабуд истода, оҳиста дарро кӯфт. Кампири нуроние бо рӯмоли сафед дарро кушод.
— Гулӣ? — номи духтарашро гирифт кампир.
— Бибиҷон, ин ман, Марям... — Марям худро ба оғӯши бибиаш партофт.
Бехато
Қисми 10
Ҳеҷ кас наметавонад инкор кунад, ки ҳаёти деҳа нисбат ба шаҳр оромтар ва зеботар аст. Дар деҳа ҳатто тулӯи офтоб дигар хел менамояд. Марям субҳи барвақт кӯчаҳоро рӯфта, чой дам кард. Ҳама аҳли оила дар айвон ҷамъ шуданд.
— Марямхон, моро хиҷолат кардед, худам омода мекардам-ку, — гуфт Зумрадхон (янгааш) бо хиҷолат.
— Янга, хиҷолат нашавед, акнун ки омадаам, бояд хизмат кунам, — ҷавоб дод Марям.
Тағояш Темур-ако ба ҷиянаш нигариста гуфт:
— Марям, ту ягона нишона аз апаам ҳастӣ. Худро дар ин хона бегона нагир. Ин ҷо хонаи худи туст.
Вақте Темур-ако дар бораи нақшаҳои ояндааш пурсид, Марям бо ашк гуфт:
— Дигар ба он хона бар намегардам... Гуфтанд, ки бо Самир ҷудо шавам. Намехоҳам, вале маҷбурам.
Дар хонаи Саидбой...
Пас аз рафтани Марям, ҳама чиз тағйир ёфт. Самир як соат боз аз хӯрдан сарпечӣ мекард.
— Самирҷон, ҳеҷ набошад як қошуқ хӯред, бемор мешавед, — мегирист зани хизматгор.
— НА-МЕ-ХӮ-РАМ! — Самир бо тамоми қувва фарёд зада, косаро ба замин зад.
Баҳром-ако вориди хона шуда, хизматгорро ҷавоб дод ва худаш назди Самир нишаст.
— Ба ман нигаҳ кун, Самир! Туро аз кӯдакиат мешиносам ва мисли падарат ҳастам. Мард бош! — Баҳром-ако сари Самирро ба сӯйи худ гардонд. — Ту ҳамсаратро дӯст медорӣ, ҳамин тавр не? Пас чаро иҷозат додӣ ӯро хафа кунанд? Ҳоло ту мисли кӯдаки якрав рафтор дорӣ, вале Марям дар деҳа аст. Агар падарат шуморо ҷудо кунаду ӯ ба дигаре шавҳар кунад, тоқат мекунӣ? Ё боз он бародари ӯгаяш ӯро азият диҳад, тоқат мекунӣ? МЕПУРСАМ, ТОҚАТ МЕКУНӢ?!
— НЕ! — чашмони Самир аз ғазаб сурх шуданд.
— Пас барои худат мубориза бар! МАРД БОШ! — Баҳром-ако инро гуфта аз хона баромад.
Пас аз ду ҳафта...
Духтур бо ҳайрат ба натиҷаҳои таҳлили Самир менигарист.
— Саид-ака, ин як мӯъҷиза аст! — гуфт духтур. — Моҳе пеш устухонҳои Самир хеле заиф буданд, вале ҳоло онҳо мустаҳкам шудаанд. Танаш пурра ба ҷарроҳӣ омода аст. Оё ягон духтури хориҷиро овардед?
— Не, танҳо ӯро хонадор кардам ва ба хотири ҳамсараш ӯ ба гап задан шурӯъ кард, — ҷавоб дод Саидбой.
Саидбой назди писараш рафта, хам шуд ва сухан гуфт: "Агар пас аз ин ҷарроҳӣ ба по хезию роҳ гардӣ... ваъда медиҳам, ҷудо намешавӣ".
Рӯзи сафар...
Як ҳафта гузашт. Марям дар деҳа зери фишори гапҳои мардум буд, вале ҳамеша ёди Самирро мекард. Субҳе Баҳром-ако бо мошин омад.
— Самирро барои ҷарроҳӣ ба хориҷа мебаранд. Пас аз 2 соат ҳавопаймо парвоз мекунад. Шояд ин охирин дидори шумо бошад, — гуфт ӯ.
Марям бидуни андеша ба мошин нишаст. Онҳо сари вақт ба фурудгоҳ расиданд. Марям Самирро дар аробача дид ва ба сӯяш давид. Муҳофизон роҳашро бастанд, вале бо ишораи Баҳром ӯро гузоштанд.
Марям назди Самир зону зад.
— Мар... ям... Омадӣ? — Самир бо табассуми пур аз ашк гуфт.
— Омадам, азизам, омадам! Илтимос, қавӣ бошед. Ман мехоҳам шумо шифо ёбед, — Марям дастони ӯро мебӯсид.
Саидбой наздик шуда, бо сардӣ гуфт:
— Дигар ӯро намебинӣ. Пагоҳ ҳуҷҷатҳои талоқро мефиристем. Умедатро аз Самир бикан.
Ӯ аробачаи Самирро гирифта рафт. Марям мегиристу аз паси онҳо медавид, вале муҳофизон ӯро доштанд. Ӯ гарданбанди модарашро ба Баҳром-ако дод:
— Илтимос, инро ба ӯ диҳед. Ин аз модарам аст... Гӯед, ки вақте шифо ёфт, барои баргардонидани ин ба наздам биёяд.
Шаб чунон дароз буд, ки гӯё Марям як солро паси сар карда бошад. Аз гиряи зиёд чашмонаш варам карда буданд ва танҳо наздикии субҳ хобаш бурд. Вақте нисфирӯзӣ бедор шуд, зани тағош бо нигаронӣ гуфт:
— Бедор шудӣ, духтарам? Касе омада туро мепурсад.
Ҷамшед дар ҳавлӣ мунтазир буд. Ӯ бо хиҷолат чанд варақ коғазро ба Марям дароз кард.
— Ин чист? — Марям бо ашк ба ҳуҷҷатҳо нигарист. — Наход ҳуҷҷати талоқ бошад? Охир ҳанӯз суд нашудааст ва Самир ҳам ҷавоби маро надодааст...
— Янга ин Саидбой аст. Агар ӯ гуфт, тамом. Касе ба ӯ муқобилият карда наметавонад, — Ҷамшед сарашро хам кард.
Марям бо дили пурхун ва дасти ларзон ба ҳуҷҷати талоқ имзо гузошт. Барояш гӯё ҳама чиз ба охир расид.
Дар ҳамон вақт, дар хориҷа, Баҳром-ако ба Саидбой нигариста пурсид:
— Чаро чунин кардед?
— Ба Самир гуфтам, ки агар зудтар шифо наёбӣ, Марям ба дигаре шавҳар мекунад. Агар ӯро воқеан дӯст дорад, бо тамоми қувва барои ба по хестан мубориза мебарад.
Пас аз як моҳ...
Рӯзҳо барои Марям мисли сол мегузаштанд. Дар деҳа хостгорон пай дар пай меомаданд. Малика ном зане барои писари бадрафтораш аллакай се бор омада буд. Тағояш Темур-ако гуфт:
— Марям, мо бояд фарзандони худамонро ҳам хонадор кунем. Намехоҳем, ки фардо дар назди мардум аз пушти ту забонзада бошем.
Марям аз ин суханон сахт озурда шуд. Рӯзе дар кӯча ҳамон писари Малика роҳашро гирифт ва ӯро таҳқир кард: "Ту ба як маъюб шавҳар кардаву баргаштаӣ, ғайр аз ман касе ба ту нигоҳ намекунад!". Марям тоқат накарда, ба рӯйи ӯ торсакие зад.
Ногаҳон занги телефон садо дод. Ин Зайнаб, хоҳараш буд.
— Апа... дадаам... дилаш хуруҷ кард! — Зайнаб бо гиря хабар дод.
Марям фавран ба шаҳр рафт. Равшан-ако дар беморхона зери дастгоҳҳо мехобид. Бо дидани Марям ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд.
— Омадӣ, нури дидаам? — ҳарф зад падар.
— Омадам, дадаҷон, омадам!
Хушбахтона, табибон гуфтанд, ки вазъи Равшан-ако рӯ ба беҳбудӣ аст. Шайдо-хонум бошад, боз Марямро гунаҳкор мекард. Маълум шуд, ки Азиз барои корҳои завод ба хориҷа рафтааст. Равшан-ако мехост Марямро низ ба ширкати худ ворид кунад, вале ин фикр Шайдо-хонумро девона мекард.
Дар хориҷа...
Дар як толори варзишии боҳашамат, ҷавоне бо шиддат машқ мекард. Ӯ бо душворӣ аз ҷой хест ва арақи пешонаашро пок кард. Вақте Баҳром-ако омадани падарашро хабар дод, ҷавон асобағалашро ба як сӯ партофт ва бо қадамҳои устувор ба пешвози падар баромад.
Ин Самир буд! Қоматаш рост ва овозаш равон шуда буд.
— Ассалому алайкум, дада! — гуфт Самир бо садои мардона.
— Ваалайкум ассалом, Бек! Рӯз ба рӯз паҳлавон шуда истодаӣ, — Саидбой ба китфи писараш зад.
— Ба падарамон монанд-да, — шӯхӣ кард Самир.
— Хуб, корҳои ширкат чӣ гунаанд? Одат кардӣ?
— Ҳамааш хуб. Дада, ваъдаатонро фаромӯш накардед? Ман мехоҳам фардо ба (Ватан) баргардам!
Саид-ако пас аз шунидани суханони писараш мақсади ӯро фаҳмид.
— Ту ҳанӯз ҳам дар бораи он духтар фикр мекунӣ? — пурсид ӯ. — Шояд ӯ аллакай шавҳар карда бошад.
— Не, ӯ ин корро намекунад! — Самир бо боварӣ сар бардошт. — Дада, шумо ваъда дода будӣ, ман ҳам ваъда дода будам. Ман ваъдаамро иҷро кардам ва ба по хестам. Акнун фардо ба Ватан бармегардам ва корамро дар он ҷо давом медиҳам.
Самир ба хонааш рафта, қуттичаеро кушод ва гарданбанди Марямро ба даст гирифт.
— Чӣ тавр фаромӯш кунам? Он рақсҳои зебояш дар куртаи адрас ва тоқии мунҷуқдор ҳеҷ аз пеши назарам намераванд. Оё фаромӯш кардани он чашмони оҳу имкон дорад? — пичиррос мезад ӯ. — Баҳром-ако ҳар рӯз ба ман хабар медод, ки ӯ ҳанӯз шавҳар накардааст. Маҳз барои ҳамин ман ором ҳастам.
Самир ба дӯсташ Зафар занг зад: "Тайёрӣ бинед, фардо ба Ватан бармегардем".
Дар хонаи Равшан-ако...
Субҳ Марям шунид, ки Шайдо-хонум бо Азиз тариқи телефон гап мезанад. Азиз мегуфт, ки пас аз 4-5 рӯз бармегардад. Марям аз шунидани ин хабар ба ларза афтод, чун медонист, ки бо омадани Азиз рӯзҳои сиёҳаш боз оғоз мешаванд.
Дар идора Марям мисли ҳамеша бо ҳусну латофати худ диққати ҳамаро ҷалб мекард. Ӯ ҳуҷҷатҳоро ба назди падараш бурд.
— Духтари донои ман! Маҳз ба худам монандӣ, — Равшан-ако пешонаи духтарашро бӯсид. Вале баъд бо ҷиддият илова кард: — Марям, бояд дар бораи издивоҷат фикр кунӣ. Писари Зоҳид-ако мехоҳад бо ту хонадор шавад. Агар ба ӯ шавҳар кунӣ, ширкати мо боз ҳам калонтар мешавад ва ту шоҳона зиндагӣ мекунӣ. Он шавҳари аввалат шифо ёфт ё мурд, касе намедонад...
Марям бо ашк гуфт: — Агар ин барои шумо муҳим бошад, пас майлаш, ҳар чӣ шумо гӯед...
Рӯзи дигар...
Марям дар дафтари кориаш ҳуҷҷатҳоро месанҷид, ки ногаҳон ба касе бархӯрд ва коғазҳояш ба замин парешон шуданд.
— Бубахшед, намехостам шуморо тарсонам, — ҷавони ношиносе хам шуда коғазҳоро ҷамъ мекард.
Марям ба ӯ нигарист. Қомати баланд, китфҳои васеъ ва либоси зебои сиёҳ. Дили Марям худ ба худ бо шиддат мезад.
— Шумо коргари нав? — пурсид Марям.
— Ҳа, хонум. Гуфтанд, ки бо шумо вохӯрам, — ҷавон сар набардошта ҷавоб дод.
Вақте ӯ охирин коғазро дароз кард ва бӯйи атри махсусе дар ҳаво паҳн шуд, Марям шах шуда монд. Ин ҳамон бӯйи атр буд!
— Самир? — лабҳои духтар ларзиданд.
Ҷавон бо табассуми мағрурона сар бардошт.
— Фикр кардам, ки маро фаромӯш кардаӣ, оҳучашми ман, — гуфт Самир.
— Самир! — Марям бо гиря худро ба оғӯши ӯ андохт.
Пас аз якуним сол онҳо боз бо ҳам буданд. Самире, ки қаблан дар аробачаи маъюбӣ буд, ҳоло бо қомати рост дар пеши ӯ меистод.
— Шумо шифо ёфтед?! — Марям бовар намекард.
— Ба хотири ту! — Самир дастони Марямро бӯсид. — Барои он ки туро ба оғӯш гирам, ин дастонро дорам ва ин ифорро эҳсос кунам, ман мубориза бурдам ва шифо ёфтам. Намедонӣ, ки чӣ қадар ёдат кардам...
Нигоҳҳо ба ҳам духт. Самир ба лабҳои сурхи Марям нигарист. Марям аз ҳаёву ҳаяҷон чашмонашро пӯшид. Нахустин бӯса... Ширин ва фаромӯшнашаванда. Ҳарчанд онҳо дер ба ҳам расиданд (Марям 20 ва Самир 27-сола), вале ин лаҳза тамоми дардҳои гузаштаро шуста бурд.
Ҳеҷ тағйир наёфтааст. Ҳанӯз ҳамон хел зебо. Мӯйҳояш дароз шудаанд. Мижгонҳояш гӯё чун ханҷар ба дил мехаланд. Дар ҷуссаи кӯчакаш як дунё дардро бардошта мегардад. Марями ман... Ман омадам. Омадам, то туро ва худамро аз ҳамаи ин мушкилот халос кунам. Ҳиссиёте, ки ҳангоми дидани ӯ пайдо шуд... ин ишқ аст! Ман аз нав ошиқи ӯ шудам." Самир дар ин бора фикр мекард, вале духтар беист талош намуда, худро аз оғӯши ӯ канор мекашид ва ба синааш мушт мезад.
— Ин чӣ коратон? — Марям, ки билохира худро озод кард, рӯяшро ба дигар тараф гардонида, қадаме ба ақиб гузошт. Ду рухсорааш аллакай чун қулфинай суп-сурх шуда буданд.
— Танҳо хостам хумори пазмониро шиканам, Самир ҳамқадам бо духтар пеш меомад.
— Аммо ин... ин бад аст. Чунки мо ҷудо шудаем, — духтар бехабар аз он ки дар пушташ миз ҳаст, қадам мезад.
— Акнун дигар ин тавр намешавад, ман омадам, то туро бубарам, — Самир хам шуда, ба чашмони духтар нигарист.
Марям худро гунаҳкор ҳис мекард. Вақте ба чашмони ҷавон нигарист, дарк кард, ки ҳама чиз куллӣ тағйир меёбад.
— Самир... Ман ҳамин дирӯз ба писари дӯсти падарам розӣ шудам, ки ба шавҳар бароям, — чашмони Марям пур аз ашк шуданд. Нигоҳи ҷавон якбора тираву хира гашт.
Марям ҳанӯз суханашро ба охир нарасонда буд, ки марде беиҷозат ба хона ворид шуд. Самир ба ақиб нигарист. Равшан-ака ҳолати дар хона бударо дида, ҳайратзада шуд.
Дар ин миён, Зайнаб — хоҳари Марям — бо асабоният ба идораи падараш меомад ва зери лаб касеро дашном медод:
— Нокас! Танбал! Кунда! Медонистам, ки барои сарват бо ман мегардӣ. Мани аҳмақро гӯй, ки ошиқи ту шудам. Гиря накун, Зайнаб, ороиши рӯят аз хонаи он аблаҳ гаронтар аст, — худро тасаллӣ медод ӯ.
Ӯ мехост бо апааш дард дил кунад. Азбаски лабҳояшро аз шиддати алам мегазид, ранги лабаш рафта буд. Назди мошини замонивии шишаҳояш сиёҳ истода, лабҳояшро ранг мекард ва ҳанӯз ҳам ғур-ғур менамуд:
— Ту медонӣ, ки киҳо зори ман ҳастанд? Ман Зайнабам! Тамоми мактаб девонаи ман буд. Наход назди ту сар хам кунам? Хобатро ба об гӯй! Ҳоли чунон як ҷавони сарватманду зебое ёбам, ки аз алам бисӯзӣ!
Вақте ӯ ба шишаи мошин нигоҳ карда, лаб мебӯйид, ногаҳон шиша поён шуд. Соҳиби мошин бо ҳайрат ба духтар менигарист.
— Ба ман гап мезанед? — ҷавон бо табассуми шӯхона пурсид, ҳарчанд медонист, ки суханони духтар ба ӯ нигаронида нашудаанд.
— Эй Худоҷон, худат бубахш! — Зайнаб ба ҷавон нигоҳ карда, аз шарм рӯяшро гардонд ва ба тарафи бинои ширкат давид. Аммо азбаски кафши пошнабаланд дошт, пояш каҷ шуда, ба замин афтод. Ҷавон дар мошин хандаашро дошта натавониста, зуд ба кумаки ӯ шитофт.
— Дар ин ҷо чӣ гап аст, Марям? Ин ҷавон кист? — Равшан-ако бо асабоният аз у пурсид.
— Ассалому алайкум, падарҷон, — Самир ба ақиб гашта, бо табассуми маънӣ нигарист.
— Падарҷон? Ист... Самир? — Чашмони Равшан-ако калон шуданд. Ӯ воқеан интизор набуд. — Шифо ёфтӣ? Чӣ тавр?
— Бале, шифо ёфтам. Акнун омадам, ки занамро бубарам, — Самир як қадам ба ақиб гузошта, дасти Марямро гирифт. Духтар мехост дасташро раҳо кунад, вале ҷавон имкон намедод.
— Аз шифо ёфтанат хурсандам, аммо Марям бо ту намеравад, — Равшан-ако бо ҷиддият гуфт.
— Барои беадабӣ бахшиш, аммо ман гуфтам, ки мебарам. Напурсидам, ки "барам ё на?" — Самир заҳрханде кард.
— Мо ӯро ба писари дӯстам Зоҳид номзад кардем. Тӯяш наздик аст. Бо ту бошад, ҳама робитаҳо канда шудаанд. Акнун... дасти духтарамро раҳо кун!
Суханони Равшан-ако рост буданд. Марям воқеан бо ҷавоне бо номи Расул номзад шуда буд. Самир инро шунида, чашмонаш аз ғазаб сурх шуданд. Беихтиёр дасти духтарро сахт фишурд, ки чеҳраи Марям аз дард дигар шуд.
— Ин ба ман аҳамият надорад. Ман Марямро мебарам! — гуфт ҷавон бо овози қатъӣ.
— Мебарӣ? Наход фаромӯш карда бошӣ, ки падарат духтарамро нисфишаб аз хона берун кард? Ё ҳуҷҷатҳои талоқро, ки аз хориҷа фиристодӣ? Фикр мекунӣ, ҳамаи инро фаромӯш карда, духтарамро бо ду даст ба ту месупорам? Танат шифо ёфта бошад ҳам, қалбат ҳанӯз маъюб мондааст, Самир! — ин суханони охирин чун ханҷар ба дили ҷавон расиданд. Ӯ оҳиста дасти Марямро раҳо карда, чашмонашро пӯшид ва нафаси амиқ кашид.
Сипас ба гӯши Марям пичиррос зад:
— Маро бубахш, оҳучашми ман. Корҳое, ки пас аз ин мекунам, ба ту озор медиҳанд. Аммо медонӣ, ки дӯстат медорам.
Самир баъд аз нигоҳи охирин ба Марям, рӯ ба Равшан-ака кард:
— Ҳар як суханатон дар ёдатон бошад, Равшанбой! Марямро бо зӯрӣ намебарам. Худатон ӯро ба ман медиҳед. Дигар чорае намегузорам. Тамошо кунед, ки чӣ тавр тиҷоратҳоятон пайи ҳам фурӯ мераванд.
Ҷавон инро гуфта, аз хона баромад.
— Аҳволат хуб аст? — Зафар (дӯсти Самир) дасти Зайнабро оҳиста кашида, бо хавотир пурсид.
— Эй Худо, чаро маро дар назди ин марди зебо шарманда мекунӣ? — Зайнаб либосҳояшро меафшонд ва зери лаб шиква мекард. Зафар инро шунид.
— Фикр мекардам, ки танҳо девонаҳо бо худ гап мезананд. Девонаҳо ҳам ин қадар зебо мешудаанд-да, — Зафар бо шӯхӣ хандид.
Зайнаб абрӯвонашро чинда гуфт:
— Худатон девона! Медонед ман кистам? Ман духтари Равшанбой, соҳиби ҳамин ширкатам! Шумо худро кӣ меҳисобед?
Зафар аввал фикр кард, ки ин Марям аст. Мехост узр пурсад, вале Самирро дид, ки асабӣ аз бино баромада истодааст. Зайнаб ҳам Самирро шинохт:
— Самир-ака? Шумо...
— Салом, Зайнаб. Калондухтар шудаӣ-ку, — Самир табассум кард.
— Шифо ёфтед? Апаам... апаам шуморо дид? — пурсид духтар бо ҳаяҷон.
— Бале, дид. Аммо падарҷонат ӯро ба ман надод. Барои ҳамин, имшаб ӯро медуздам, — Самир бо ҷиддият гуфт, ки Зайнаб аз ин ҷавоб карахт шуд. — Шӯхӣ кардам... Танҳо бо падарат каме кор дорем. Ҳал кунам, апаатонро мебарам.
Самир ба Зафар ишора кард:
— Рафтем Зафар, корҳо зиёд. Зайнаб, ба апаат хуб нигоҳ кун.
— То дидор, духтари девона, — Зафар ба Зайнаб чашмак зада, ба мошин нишаст.
Дар мошин Самир ба Зафар гуфт:
— Он чизе, ки аз они ман аст, мехоҳанд ба дигаре диҳанд. Аммо ман роҳ намедиҳам. Он Зоҳидро ёб ва маҷбур кун, ки шартномаро бо Равшанбой ва никоҳро бекор кунад. Имрӯз рақамашро ёб. Ин ширкатро ба ботлоқ ғарқ мекунам ва баъд худам наҷот медиҳам.
Зафар суроға ва рақами Зоҳид-акаро ёфт. Самир ӯро ба тарабхона даъват кард.
— Хуш омадед, — Самир аз ҷой бархоста салом дод.
— Саломат бошед. Танҳо ним соат вақт дорам, — гуфт Зоҳид-ака.
Самир кӯтоҳу қатъӣ гуфт:
— Ман Самирбек, писари Саидбой ҳастам. Медонам, ки писаратонро бо Марям, духтари Равшан-ака номзад кардед. Хоҳиш мекунам, инро бекор кунед. Дар иваз, ҳамкориро бо ширкате пешниҳод мекунам, ки аз ширкати Равшан ду баробар калонтар аст.
Зоҳид-ака, ки номи Саидбой ва қудрати Самирбекро медонист, фикр карда гуфт:
— Маро ба фикр андохтед, Бек... Ба хотири эҳтироми падаратон, розӣ ҳастам.
Хонаводаи Равшан-ака ором буд, то даме ки Зоҳид-ака занг зада гуфт, ки мехоҳад номзадиро бекор кунад.
— Нафаҳмидам? — Равшан-ака аз ҷой хест.
— Бубахш, Равшан. Мардум гап мезананд... Духтарат ба хонаи шавҳараш баргашта бошад, пас ягон гап ҳаст мегӯянд. Ин ба мо рост намеояд, — гуфт Зоҳид-ака бепарво.
Равшан-ако аз хиёнати дӯсташ дилтанг шуда, ҳолаш бад шуд. Марям ва Зайнаб давида омаданд, то ба ӯ кумак кунанд.
Соат аз 10-и шаб гузашта буд. Самир дар тарабхона менишаст.
— Бисёр нанӯш, бояд назди маҳбубаат биравӣ, — Зафар омада қадаҳро аз дасти ӯ гирифт.
— Ҳама чиз омода аст? — пурсид Самир.
— Бале. Фақат ёрии Зайнаб ҳам лозим. Ӯро ҳам мебарем?
Самир сар ҷунбонд ва гуфт:
— Пас аз якуним сол ӯро дидам... Аз он чизе, ки фикр мекардам, бештар пазмон шудаам. Барои ба ҷояш баргардонидани ҳама чиз, маҷбурам каме бераҳм бошам.
Онҳо ба сӯйи хонаи Марям равон шуданд. Дар хона Марям ва Зайнаб ҳанӯз бедор буданд. Ногаҳон занги дар садо дод.
— Самир? Дар ин вақт ин ҷо чӣ мекунед? — Марям бо ҳайрат пурсид.
— Язна вақте гуфтед, ки медуздам, гумон кардам шӯхӣ мекунед, — Зайнаб аз паси апааш баромад ва Зафарро дида, боз лаб инҷиқ кард: — Боз ин ҷавони калтафаҳм ҳам ин ҷо будааст.
Самир табассум кард:
— Мехоҳам туро ба як ҷой барам. Натарс, зуд бармегардонам.
— Намешавад, Самир. Тезтар равед, агар касе бинад, бад мешавад, — Марям бо хавотир ба атроф нигарист.
— Марям, мо кӯдак нестем. Барои ҳамин ба шишаат санг напартофта, даратро кӯбидам, — гуфт Самир бо ҷиддият.
Биллохира, бо исрори Самир ва розигии Зайнаб, онҳо ба мошин нишастанд.
— Зайнаб, ту бо Зафар меравӣ. Ман бо Марям гап дорам, — гуфт Самир.
— Натарс, ман ба девонаҳо шавқ надорам, — шӯхӣ кард Зафар ба Зайнаб.
Аз мошине, ки дар назди майдони калон таваққуф кард, аввал ҷавон фаромада, дари тарафи духтарро кушод. Сипас, чашмони духтарро бо дастҳояш пӯшонд. Вақте мошини дуюм ҳам расид, Зайнаб аз гапҳои Зафар шунидааш бениҳоят хурсанд буд.
— Тезтар шав, — Зафар зери лаб ба духтар ишора кард.
— Чашмонатро накушо. Танҳо вақте то се шумурдам, метавонӣ кушоӣ, — Самир оҳиста-оҳиста аз духтар дур шуда, ба шумурдан оғоз кард.
Зайнаб гулро аз ҷойи гуфтаи Зафар гирифта, ба дасти Самир дод. Зафар бошад, чароғҳоро даргиронд.
— Се! Метавонӣ чашмонатро кушоӣ. — Духтар чашм кушоду аз манзараи дидааш дар ҳайрат монд.
Бо шамъҳо шакли дил сохта шуда, даруни он бо баргҳои гул оро ёфта буд. Чароғҳои дурахшону рангоранг ҳусни майдонро дучанд мекарданд. Марям аз ҳаяҷон даҳонашро бо дастҳояш пӯшонд. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад, ӯ ба воқеаҳои рухдода бовар намекард.
— Агар якуним сол пеш маъюб намешудам ва туро он вақт вомехӯрдам, боз ҳам ҳамин гуна ошиқат мешудам, оҳучашми ман. Раҳмати калон, Марями ман. Соҳиби қалби ман... Имрӯз дар ин ҷо истода, бори дигар дастатро мепурсам. Марям, ба ман ба шавҳар мебароӣ? — Самир қуттии сурхро кушода, ангуштаринро ба Марям наздик кард. Духтар гирякунон зуд-зуд сар ҷунбонд.
— Розиям... Розиям! — Аз сабаби гиря овози Марям меларзид.
Нури моҳ аз тиреза даромада, хоби духтарро равшан мекард. Марям бо табассум ба ангуштарини дасташ менигарист ва воқеаҳои чанд соат пешро пеши назар меовард.
— Ӯ хеле зебо шудааст, — табассуми духтар боз ҳам васеътар шуд. Худаш ҳам намедонист, ки чаро шарм медорад. Рӯяшро ба болишт пахш карда, танҳо механдид.
Субҳдам аввал Равшан ако ва сипас Зайнаб хонаро тарк карданд. Марям низ ба рафтан омода мешуд. Дар дилаш умеди дидори дубораи Самирро дошт. Бӯйи атр ба либосҳояш нишаст. Лаҳзае ба лабҳои рангмолидааш нигариста, воқеаҳои дирӯзро ба ёд овард. Рухсораҳояш боз сурх шуданд. "Рӯзҳои хуш омаданд, Марям. Туро ҳам дӯст медоранд акнун", — мегуфт ӯ пайваста ба худ.
Сумкаашро гирифта, ба тарафи дар равон шуд. Дар ҳамон лаҳза занги дар садо дод ва ӯ барои кушодан шитофт. Танаш ях кард. Якуним сол... Расо якуним сол буд, ки он инсонро надида буд. Он шахси разиле, ки ҳаёташро зеру забар карда буд, имрӯз боз дар рӯ ба рӯяш истода буд.
— Барои пешвози ман хеле омодагӣ дидаӣ-ку, хоҳарҷон, — аз суханони Азиз ҷон аз пойҳои Марям баромад.
Ман ҳанӯз барои бахт мубориза мебарам,
Лекин он бахт маро намепазирад...
— Ман... ман бояд биравам. Дер карда истодаам, — Марям хост аз канори ҷавон гузарад, аммо нашуд. Азиз аз банди дасти духтар маҳкам гирифт.
— Ба куҷо шитоб дорӣ? Охир баъди ин қадар вақт нав ба хона баргаштам. Маро пазмон нашудӣ?
— Бас кунед! — Марям бо нигоҳи пурқаҳр кӯшиш кард дасташро раҳо кунад.
— Азиз? Вой, бачаи ман омад! Арслони ман. Дар остона чӣ мекунӣ, назди модарат намеоӣ? — Шайдо-хонум аз хона баромада, бо дидани писараш хушҳол шуд.
— Вақте ба хона баргаштӣ, ҳама чизро муфассал гап мезанем, хоҳарҷон, — Азиз оҳиста пичиррос зада, дасти духтарро раҳо кард. Чашмони Марям пур аз ашк шуданд ва ӯ бо пойҳои ларзон аз хона баромад.
Намедонист чӣ кунад ва чӣ гӯяд. Дардашро ба кӣ гӯяд? Аз мағозаи назди коргоҳ об гирифта, дар курсие нишаст ва кӯшиш мекард ба худ ояд. Бо дидани хоҳараш, ки шитобон наздаш меомад, гиряаш фаввора зад.
— Чӣ шуд, апа? Дар телефон овозатон аҷиб буд, парида омадам. Чаро гиря мекунед? — Зайнаб дар паҳлӯи апааш нишаста, ӯро ба оғӯш гирифт.
— Ӯ баргашт, Зайнаб. Акаам баргашт, — Марям лабҳояшро аз дард газида, сарашро ба китфи хоҳараш гузошт.
— Ӯ... ба шумо чӣ гуфт? Ё коре кард? — Зайнаб бо хавотир апаашро аз назар гузаронд.
— Даст нарасонд. Гуфт, ки вақте баргаштӣ, гап мезанем. Аммо ҳанӯз ҳам ҳамон хел нигоҳ мекунад. Ӯ тағйир наёфтааст, Зайнаб, — Марям сарашро миёни дастҳо гирифта, ба замин нигарист.
— Апа... Ҳоло намедонам чӣ гӯям. Шояд... бо Самир-ако биравед? — Зайнаб бо раҳм ба Марям нигарист.
— Намешавад. Падарам асло розӣ намешаванд. — Миёни онҳо хомӯшӣ ҳукмфармо шуд.
— Дугонаам хонаашро ба иҷора монда, худаш ба дидорбинии оилааш ба вилоят меравад. Ман бо ӯ гап мезанам, хуб? Хонааш ба коргоҳ наздик аст. То ҳама чиз ба ҷояш афтад, дар он ҷо зиндагӣ мекунед. Чӣ мегӯед?
— Хеле хуб мешуд. Ман намехоҳам ҳатто як сония бо акаам дар он хона бимонам, — Марям сарашро бардошта, нафаси амиқ кашид.
Зайнаб баъди хайрухуш бо апааш, бо дугонааш телефонӣ гап мезад ва аз шунидани суханони ӯ асабӣ шуд.
— Ӯ қасдан ин тавр мекунад, ҳа? Бо вуҷуди он ки дугонаи ман аст... — Зайнаб кӯшиш мекард ашки чашмонашро нигоҳ дорад.
— Зайнаб, ту бояд биравӣ. Ҳама ҳанӯз фикр мекунанд, ки шумо дугонаед. Барои ӯ як тӯҳфаи олӣ бигир. Медонам, ки зебо либос мепӯшӣ. Бояд Давронро барои кораш пушаймон кунӣ, — дугонааш ӯро рӯҳбаланд мекард.
— Имрӯз соати 19:00 ҳамаро ба ҳамон тарабхонаи дафъаи пеша даъват кардааст. Дер намон. Ба ту як ҷавон ҳам лозим, вале ту бо писарон кам гап мезанӣ... Хайр, дугонаҷон, ман бояд омода шавам. Шаб мебинем.
Зайнаб телефонро хомӯш карда, сарашро хам кард. Аламаш меомад. Вақте ашкашро пок мекард, ҷавонеро дид, ки наздаш нишаст.
— Вақте духтарони зебо гиря мекунанд, аҷиб менамудаанд. Беҳтараш гиря накун. — Зафар рӯймолчаро ба духтар дароз карда, гӯё аҳамият намедода бошад, ба ҳар тараф нигарист. Зайнаб рӯймолчаро гирифт. Пас аз лаҳзае хомӯшӣ, духтар рӯ ба ҷавон овард:
— Имшаб бекоред?
— Чӣ, маро ба вохӯрӣ (свидание) даъват карданӣ ҳастӣ? Эҳ, духтарони замони ҳозира... — Зафар шӯхӣ мекард, вале бо дидани чашмони пурқаҳри духтар, ҷиддӣ шуд. — Майлаш. Ҳа, вақт дорам. Чаро мепурсӣ?
— Имшаб бояд ба як ҷашни зодрӯз биравам. Метавонед... бо ман биравед? — пурсид духтар бо шармгинӣ.
— Чаро?
— Агар нахоҳед, наравед! Чаро ба шумо гуфтам худаш... — Духтар бо хашм сумкаашро гирифта аз ҷой хест, вале Зафар аз дасташ гирифта, боз ба ҷояш шинонд.
— Меравам. Аммо бояд сабабашро донам, — гуфт Зафар бо чеҳраи ҷиддӣ. Зайнаб нафаси амиқ кашид.
— Як ҳафта пеш фаҳмидам, ки ҷавоне, ки 2 сол боз дӯсташ медоштам, бо беҳтарин дугонаам, ҳамсинфам ба ман хиёнат кардааст. Имрӯз бошад, зодрӯзи ҳамон дугонаам аст. Агар нарам, ҳама бар ҳоли ман механданд. Намехоҳам дар назди онҳо хору зор ва мисли як одами шикастхӯрда намоям. Барои ҳамин, айни замон ба шумо ниёз дорам. Ғайр аз шумо дигар ҷавонро намешиносам. Самир-ако кору бораш зиёд, аз ӯ пурсидан ҳам дуруст нест.
Зафар духтарро бо диққат гӯш кард. Гулӯяшро соф карда, телефонашро баровард.
— Рақаматро деҳ. Дар вақти гуфтаат худам аз хонаатон мебарам, — Зафар телефонро ба духтар дароз кард. Зайнаб рақамашро навишт.
— Меҳмонӣ соати 19:00 аст. Бояд то он вақт расем.
— Хуб, фарз кардем, ки рафтем. Аммо маро кӣ муаррифӣ мекунӣ? Бародарат ё хешовандат? — Зафар ҷавобро медонист, вале мехост аз забони худи духтар шунавад.
— Ҳамон... — Зайнаб гапашро гум кард. — Нагӯед, ки агар гӯям "ҷавони дӯстдоштаам", зид намешавед? — Духтар аз шарм чашмонашро пӯшида, лабҳояшро газид.
— Чӣ? Чӣ? — Дар чеҳраи ҷавон табассум пайдо шуд.
— Эй Худо, Зафар, магар кар ҳастед? Мегӯям, ки "ҷавони дӯстдоштаам"! — Духтар бо асабоният аз ҷой хеста гуфт.
Дар ҳамин ҳол, Самир барои рафтан назди Равшан ако омода мешуд, ки Зебо вориди хона шуд. Дар асл, ӯ ҳар рӯз он ҷо буд. Саҳар меомад ва то Самир нагӯяд, намерафт. Имрӯз ҳам баҳона пеш овард, ки "модарам нонушта фиристод".
— Чӣ лозим? — Самир ба оина нигариста, галстукашро рост мекард ва ҳатто ба тарафи духтар нигоҳ накард.
— Шояд кумак лозим бошад? — Зебо наздик шуд.
— Шарт нест, — ҷавоб дод Самир қатъӣ.
— Нагӯед-да, Самир. Охир азоб мекашед, — духтар зуд омада, даст ба гардани Самир бурд. Самир бо абрӯвони чинда ба ӯ нигарист. "Зебо ҳанӯз ҷавон аст, вале модараш ӯро дуруст тарбия накардааст", — фикр кард Самир.
— Қадатон хеле баланд аст, — духтар хандида, рӯйи нӯги по истода, боз ба галстуки ӯ даст расонд. Дар ин лаҳза Самир ба ёди суханони Марям афтод: "Пештар аз сабаби дарозии пойҳоятон дар аробача нишастан бароятон душвор буд. Ҳоло бошад... ин ба шумо ҳусну салобат мебахшад".
Самир дасти духтарро бо каме дуруштӣ дур кард.
— Зебо. Байни ману ту ба ғайр аз риштаи хешутаборӣ чизи дигаре нест ва буда ҳам наметавонад. Фаромӯш накун. — Ӯ костюмашро гирифта ба тарафи дар равон шуд.
— Ин ба хотири он духтари беҳаё аст? Ба хотири Марям, ҳа? — Чашмони Зебо пур аз ашк шуданд. Рагҳои гардани Самир аз ғазаб баромаданд. Ӯ зуд ба ақиб гашта, ба тарафи духтар омад. Зебо қариб буд ба девор часпад.
— Беҳаё? Ту медонӣ, ки киро беҳаё мегӯӣ? Ман ҳам барои ту ака ҳастам, вале ту ҳамеша кӯшиш мекунӣ ба ман наздик шавӣ. Ҳол он ки ту барои ман ҷолиб нестӣ. Аммо Марям... ӯ ҳар рӯз бо нигоҳҳои палид рӯ ба рӯ шуд. Ӯ ҳатто барои ҳифзи номусаш ба акааш корд кашид. Аммо ту-чӣ? Баръакс, ту инро мехоҳӣ. Барои чӣ? Чунки ба ту сарват лозим. Медонӣ? Вақте ман ба Марям наздик мешавам, аз шарм рӯяш мисли себ сурх мешавад. Духтареро, ки ҳатто ба чашмонам оҳиста нигоҳ карда наметавонад, ту беҳаё мегӯӣ? Дар асл, муқоиса кардани ту бо ӯ хатост. Чунки ту ҳеҷ гоҳ мисли ӯ шуда наметавонӣ. Ӯ мисли ту беғурур нест. Ба аммаи азизам бигӯ: ҳеҷ гоҳ бо ман чунин бозиҳои ифлосро накунад. Оқибаташ бад мешавад.
Самир инро гуфта аз хона баромад. Зебо гирякунон фикр мекард, ки чӣ тавр барои пул аз ғурураш гузаштааст.
Самир бо қадамҳои устувор вориди ширкат шуд ва ба котиба гуфт: "Ба Равшан ако гӯед, ки як меҳмони олиқадр шуморо интизор аст" ва худаш дар курсӣ нишаст.
— Ту боз чӣ қадар мехоҳӣ пеши пои ман овора шавӣ? — Равшан ако бо кунҷковӣ омада буд, вале бо дидани Самир рӯяш дигар шуд.
— Асабӣ нашавед, Равшан ако. Бароятон мумкин нест. — Самир нияти асабӣ кардани ӯро надошт. — Дирӯз шартномаатон бо як ширкати калон бекор шуд. Имрӯз ширкатҳои дигар ҳам пайи ҳам занг зада, шартномаҳоро бекор мекунанд.
— Ин хел карда наметавонанд. Ҳар кӣ шартномаро пеш аз муҳлат канад, ҷаримаи калон месупорад.
— Хуб, агар гӯям, ки он ҷаримаҳоро фоидаи шартномаи мо бо онҳо мепӯшонад-чӣ? — Равшан ако фаҳмид, ки комилан беилоҷ мондааст.
— Бубинед, ширкати шумо дар ҳоли суқут аст. Аммо ман метавонам пеши инро гирам. Танҳо вақте ки Марямро ба ман диҳед. Ман метавонам ӯро бо зӯрӣ ҳам бигирам, зеро ӯ аллакай ба балоғат расидааст. Танҳо Марям намехоҳад шуморо партофта равад. Агар ҷавоби шумо "не" бошад, ман ба ин нигоҳ накарда, ӯро мегирам.
(Давом дорад...)
Агар хоҳед давомаш тез барояд. Дастгириро фаромуш накунед..
5 комментариев
20 классов
Нома пеш аз марг...
Ин сатрҳоро рўзе мехонӣ, ки муаллифаш хуфта зери хок, орзую ҳавасҳои ҷавониро надида, бо ормонҳои зиёд рафта аз ин дунёи бевафо.
Бо орзуҳои неку ҳавасҳои ҷавонӣ ба шавҳар баромадам. Шавҳарам Ҳофиз дўст медошт марою ман ўро, меҳрубон буд бо ман. Диламро пур намуд, ки бахтамон завол намеёбад то охири умр, шодию ғамро бо ҳам мебинем, нигаҳбон мешавем якдигарро дар солимию маризӣ. Зиндагии бо муҳаббати пок оғоз ёфта ширин асту гуворо ва фаромўш ношуданӣ. Тавлиди тифлаки якум шавҳарро боз меҳрубону пурнавозиш намуд бо ман, олами афсонавие кушод ба рўямон. Самари умр дида, меболидам аз бахту шукр мегуфтам насибаи тақдирро. Фарзанди дуюм ҳам ба дунё омаду зиндагӣ рангу таровиши хуштаре гирифт. Гули навшукуфтае будам барои шавҳар. Бо як меҳрубонӣ варақгардон мекард саҳифаҳои афсонаи муҳаббатамонро. Имрӯзам беҳтар буд аз рӯзи гузашта. Вале тани гарм бедард нест, гуфтаанд. Соҳиби кудак шудаму кору бори пайвастаи рузгор ба сарам омад. Шояд аз беэҳтиётӣ бошад, ки дилу ҷигарамро хунук гирифт. Духтурҳо баъди муоина ба шавҳарам гуфтаанд; “Занат касали шуш шудааст!”
Ин шумхабар дардамро боз ду чанд намуд. Бисёр ғам мехӯрдам аз ин маризӣ, фикрҳои ҳамарӯза беҳолам менамуданд. Ба беморхонаи маризиҳои сил хобидам муддати тўлонӣ. Аз хонаводаи шавҳар ба аёдатам намеомаданду бемеҳриҳои Ҳофиз маро мекушт. Волидонам ҳам дертар хабар ёфтанд ба касалхона афтида монданамро. Маризро дилбардорию сухани нек, аёдати нафаре қуввати дил мешаваду шифояшро ҳам метезонад. Вале ман намедидам ин ҳамаро, аз сўхтану танҳоӣ ва раҳпоӣ афгор мешудам. "
Муолиҷа беҳбудӣ овард, ба хона баргаштам. Шодиҳо доштам, ки боз худро дар байни фарзандону назди шавҳар мебинам. Вале истиқболи сарде доштанд маро. Шаб расид, боз сад андеша дар сар бор шуд. Ҷойгаҳи хоб партофтам бо ҳавас, чун ҳамешагӣ. Шавҳарам вориди ҳуҷра шуда, девонавор ғуррид ба сарам, ғазаб намуду ҷойгаҳи хобашро ба ҳуҷраи дигар гузаронд. Сабаб пурсидам, бо дағалӣ посух дод: “Касалиат ганда, боз ба ман нагузарад!”
Дилам таҳ зад, замин мерафт аз зери поям. Асабонӣ шудам аз ин гап, беморӣ боз хуруҷ кард. Сулфаи дуру дароз дилу ҷигарамро кофт аз пой афтодам.Саҳарии рузи
дигар боз ба беморхона баргаштам. Рўзу ҳафтаҳо мегузаштанд, чашмонам чор монда дар роҳи шавҳару тифлаконам, аммо касе намеомаду ёдам намекард, бесоҳиберо мемондам. Баъди якуним моҳ ба аёдатам Ҳофиз омад. Ташрифаш қувватам дод, гўё навакак ба дунё омада бошам, шодӣ доштам. Шитофтам ба истиқболи бахт ва раҳораҳ ба худ мегуфтам: “Шукр, ғайбати мардумро гўш надодам, охир ў маро дўст медорад, намепартояд маро, мани маризро”. Ин бовариҳо ба муҳаббати шавҳар таскинам мебахшид. Нафаҳммда мондам расиданамро ба наздаш. Даст дароз намудам барои вохўрдӣ. Мехостам ба атрофиён, ки ҳама гўшу ҳуш буданд ба мо, бо ифтихор нишон диҳам муҳаббату дўстдориҳои шавҳарро.
Ў бошад дастҳояшро гиреҳ намуда, ба ҷайбаш андохт, дасти ман муаллақу ҳайрон монд. Аз шарм лоласон гашт рӯям, дар ҳавои сард арақ карда будам.
Ман ба гуфтани гапе омадам наздат, - забон хоида гуфт Ҳофиз. Чашм аз даҳонаш намекандам, ҳушу гўшам ба ӯ буд. Боз илова намуд: “Дигар ба хона барнагард, ман зан мегирам. Фарзандонат лозим бошанд, бигир онҳоро, мо боз фарзанд меёбем!”
Сари роҳаш гирифтам, ба зону задам пеши пояш, ба зорӣ даромадам.
-Ҳар коре мехоҳӣ кардан гир, зани дигар бигир, майлаш, танҳо маро напарто, шарманда накун. Дар кунҷаки хонаат ҷое те бароям, саги дарат барин зиндагӣ мекунаму ба зиндагии шумо монеъ намешавам. Ҷудоӣ аз туву фарзандон маро мекушад, - гуфтам. Ӯ раҳме накарда ба ҳолам, гўш надод ба зориҳои қалбам, гўё намедид ашкрезию азобҳоямро.
Аз беморхона баромада, ба хона баргаштам. Касе ба руям дарро накушод.
- Ту дигар хона надорӣ дар ин ҷо, - садо дод хушдоманам, Бо қалби шикаста омадам ба хонаи волидонам. Ёд карда будам тифлакони ширинамро, муштоқи дидорашон шудам. Хун мехўрдаму азоби гўрро доштам ҳамон рӯзҳо. Модарамро зорӣ намудам, ки то рафта дили шавҳару хушдоманро ёбад, маро роҳ диҳанд ба хонаам. Ў хоҳишамро ба замин намонд, рафт бо сад умеду баргашт бо дили шикастаю озурда. .
- Духтари ҷигарсўхтаат лозим нест моро, писарам зани дигар ёфтаасту ба қарибӣ келин мефарорам, - гуфтааст модаршўй.
Ин таҳқиру носипосӣ маро боз ба бағали ғам партофт.
- Ҳамин ки будааст, тифлаконамро гирифта меомадӣ, - дубора хоҳиш намудам аз модар.
Ў рангу рўи кандаамро дида, зери лаб ғур-ғуркунон вориди ҳуҷра гашт. Боз чанд моҳи дигар гузашт бо сўхтану пухтанҳо. Модар хабари рўзи тўйи Ҳофизро шунида, аз кўча алов гирифта омад.
- Касофатат зан гирифта истодааст, шунидӣ? - бо ғазаб пурсид
Не! -кўтоҳакак посух додам.
- Ман тўйро ба вай нишон медиҳам, рўзаша шабу айшаша шўр нагардонам, номама мегардонам.
- Монед, ихтиёраш, худатона ганда накунед, очаҷон.
- Ана, боз тарафдориаш мекуни. Ту ҳамеша тарафаша мегирифтӣ, имрўз ҳам. Вай, пирсаг қадрат надонист, бемориатро дастак карда, зани солим мегирифтааст, насиб накунадаш.
Дуо накунед, оча, таваккалаш ба Худо. Не, ин тавр намемонам, пагоҳ якҷоя ба хонааш меравем, дар рўзи тӯяш рафта, дар назди мардум шармандагиаша мебарорам. Дар ҳузури зани наваш талоқата пурс, баъди ҷавоб додан, бало ба пасаш.
Ман намеравам, зиндагии зўракӣ баҳра намедиҳад, - рад намудам.
Меравӣ, меравию байни мардум талоқ мепурсӣ! - аз гапаш намегашт модар.
Ба ҳуҷра даромада, дарро бастам ба рӯям, мегиристам аз аламу берўзигӣ ва Худоро зорӣ менамудам, ки шабам рўз нашавад. Ҳарсоат дар ҳисоб буд, тиқ-тиқи ақрабаки соат маро наздик менамуд ба ҷудоӣ. Магар осон аст аз даст додани бахт. Чӣ чора, тақдирро тадбире намеёфтам, менолидам аз дарду ғам ва бевафоию бераҳмиҳои дунёи каҷрафтор. Чаро ин тавр, охир? Кӣ мефаҳмонад ин ҳама нобарориҳои зиндагиро, кӣ? Ҷавону зебо ва солим будаму ба шавҳар маъқул гаштаю дўстам медошт, ба ҳам медидем шаҳди зиндагиро. Ва ў фаромўш намуд хушиҳои зиндагӣ, ёд надорад дардҳои кашидаи хешро. Буд рўзҳое ў ҳам бистарӣ шуду ман беморбон. Ба садамаи автомобилӣ афтода, сахт ҷарроҳат бардошт, дасту по ва миёнаш маъюб гашт. Ба тахтапушт хобида рўи кати беморӣ, мисли тифлаки навзод мўҳтоҷи кўмаке буд. Ба даҳонаш об мечакондему умед намонда ба зиндагӣ. Духтурҳо “Одам намешавад!” гуфтанд. Рўзҳои башумор мондани умрашро фаҳмида, ўро дар ин ҳол напартофтам, баробараш дард кашидам, азоб дидам, нахўрдаму на“хуфтам аз ғам, болои сараш менишастаму дуои зудтар шифо ёфтанашро мекардам. Баьди шиканҷаи тулони шифо ёфт сари по шуд.
Шаб гузашт бо бехобию ёди он рўзҳо. Овози модар баланд шуд. “Хез, тараддудатро бин, меравем гуфтани ў банди хаёлотамро барканд. Қарибиҳои бегоҳ ба тӯйхона расидем. Дар ҳавлӣ, мисли тўйи худам, мизҳои пурнозу неъмат гузошта шудаю меҳмонҳо паси онҳо нишаста. Арўсу домод мисли гулдастае дар тахт нишастаю лаззати бахт мебурданд. Ҳофиз якбора Дар миёнаҷои туйгоҳ пайдо шудани моро дида бесаранҷом шуд ва наздамон омад меҳмонҳои нохондаро аз маьрака берун кардани шуд. - Аввал ҷавоби духтарама те, баъд меравем! - талаб мекард модар сина сипар намуда.
-Майлаш, дар вақти дигару ҷои дигар , - мефаҳмонд Ҳофиз аз шармандагӣ дурӣ ҷустанӣ шуда. Модар розӣ нашуд.
- Ана дар ҳамин ҷо, худи | ҳамин лаҳза, пеши чашмони одамон, назди арўси қанчиқат се талоқ мекунӣ!
Ҳофиз дигар сабру қарор гум кард, “се талоқам” намуд.
- Бачаҳоятро ҳам гирифта бар гуфт.
Мани аз ҳуш рафтаро аз байни одамон берун бароварданд. Модар баъди шўри қиёмат бардоштан аз дастам кашолакунон рафтанӣ шуд.
- Бачаҳоямро гирем, - гуфтам.
- Бачаҳо сари падарашонро хӯранд. Тухми ин зоти ҳаромро дар хонаам роҳ намедиҳам, - рад намуд модар ва боз таъкид дошт: “Интихоб кун! Ё ман ё бачаҳо! Онҳоро гирӣ, изи поятро месўзонам, ки ба хоки ҳавлиам нарасад, оқ мекунам!”
..АЗ бахт мондаю аз хона ронда шудам, ғами ҷудоӣ аз фарзандон соат ба соат дилу ҷигарамро, хокистар менамуд. Як сол аст гўё занҷирбандам болои кати беморӣ, умедам канда шуда аз зиндагию дил монда аз одамон. Танхо сўхтану ғам маро напартофта, ёри ҳамешагиам шуда монданд. Медонам, рӯзҳои башумор монда аз умрам. Бо ормонҳои зиёд тарк мегўям ин дунёи бе
вафою ҷоҳилро, Шояд зери хок ором шавам аз ғаму дард ва сухтанҳо.
Таскинамро имрўз дар навиштани ин сатрҳои ғамнома, ки бо хуни дил рўи коғаз омадааст, мебинам. Онро бихону худ баҳо бидеҳ, хонандаи азиз, ба ном вафодориҳои мардони номардро!.. Дар паноҳи Худо бош, дард ошнои ман, “Ишқ ва дарду ғам"
Бо эҳтиром Холида...
Таснифи Сатор КАРАХОНОВ.
Нависанда_Тири_нуқрагин
Бознашр аз газетаи Чархи гардун...
20 комментариев
44 класса
Бехато
Қисми 1
Оё медонед, ки азоби ятимӣ чист? Ин таҳқирҳои пайваста аст... Нигоҳҳои пур аз раҳми одамон... Ҳамеша шунидани калимаи нешдори «Ятимча»... Вақте корҳоеро, ки бояд модарат бароят анҷом медод, дигарон бо миннат мекунанд... Ин азоби ҷонкоҳ аст.
Солҳо пеш падарам бо вуҷуди он ки дар шаҳр оила дошт, дар деҳа ба як духтар ошиқ шуд ва ӯро ба никоҳи худ даровард. Модари маро ба ҳамсарӣ қабул кард. Ягона сабаби розигии бобою бибиам сарватмандии падарам буд, зеро оилаи модарам бисёр камбағал буданд. Аз ин рӯ, касе монеъ нашуд. Аммо вақте ман 5-сола будам, модарам аз асари бемории вазнин вафот кард. Ман бе модар мондам. Падарам нагузошт, ки дар деҳа маро таҳқир кунанд. «Ту Зарифаи ман ҳастӣ» гуфта, маро ба шаҳр, ба назди оилааш бурд. Кошки он вақт ба ҷойи модарам ман мемурдам... Кошки ин рӯзҳоро намедидам. Тарбия ёфтан дар зери дасти модарандар, дар канори бародару хоҳари ӯгай... Гарчанде ман онҳоро мисли оилаи ҳақиқии худ медонистам, вале барои онҳо ҳамеша як бегона будам.
Пас аз 14 сол
— Марям?! Марям, куҷоӣ?! — Зайнаб бо асабоният ба ҳавлӣ баромада, апаашро ҷустуҷӯ мекард ва боз ҳам баландтар фарёд зад.
— Дар ошхонаам. Тухм бирён карда истодаам, ҳозир меравам! — Аз ошхона духтаре давида баромад, ки мӯйҳои чун шаб сиёҳаш то поёни камараш мерасиданд. Чашму абрӯвони сиёҳ шаби зулмонӣ ва пӯсти сафедаш ӯро ба як фаришта монанд мекард.
— Либосамро дарзмол кун! Ба мактаб дер мекунам, — Зайнаб либосашро ба дасти ӯ доду худаш дубора ба хона даромад.
Дар ин лаҳза Азиз оҳиста ба ошхона даромада, ба хоҳари ӯгаяш Марям наздик шуд. Вақте ӯ рӯяшро ба гардани духтар наздик кард, Марям аз тарс якбора канор рафт.
— Ако...? Ҳа... , биёед чой рехтам. Тухм ҳам тайёр аст, — Марям аз ҳаяҷон намедонист чӣ гӯяд, ки дар ҳамин лаҳза овози Шайдо-хонум шунида шуд. Азиз бо асабоният чашмонашро пӯшида, аз Марям дур шуд.
Духтар нафаси амиқ кашид. Ин нигоҳҳои беҳаёона ва ҳаракатҳои ноҷои Азиз бори аввал набуд. Аз 16-солагӣ инҷониб Азиз ба Марям бо нигоҳи дигар менигарист. Ӯ аз Марям 4 сол калон буд, вале ҳеҷ гоҳ ба ӯ мисли хоҳари худ нанигаристааст.
Ҳама барои нонушта ҷамъ шуданд. Марям худаш бибии пирашро аз ошёнаи дуюм барои нонушта овард. Ҳангоми омадан падарашро дид, ки назди оина бо бастани галстук азият мекашид. Зуд ба наздаш рафт.
— Дадаҷон, биёед, худам рост мекунам, — Марям бо чолокӣ галстуки Равшан-акоро ба тартиб овард.
— Духтараки ҳунарманди ман! Ҳама кор аз дастат меояд-а? — Равшан-ако табассумкунон пешонаи духтарашро бӯсид.
— Ҳа, ҳама кор аз дасташ меояд, махсусан маккорӣ! — Шайдо-хонум чашмонашро тоб дода, аз наздашон гузашт.
— Аҳамият надеҳ, духтарҷонам, модаратро медонӣ-ку. Биёед, модарҷон, ҳамроҳ чой менӯшем, — Равшан-ако дасти модарашро, ки душвор роҳ мерафт, гирифта ба ошхона бурд.
Дар лабони Марям табассуми маҳзуне пайдо шуд. Ӯ либоси Зайнабро гирифта, барои дарзмол кардан ба хонааш даромад. Марям ба донишкадаи забонҳои ҷаҳон дохил шуда буд. Зайнаб бошад, имсол дар синфи 11 мехонд. Аслан духтари хуб буд, вале азбаски фарзанди хурдӣ ва эрка буд, падарашро аз Марям сахт рашк мекард. Азиз бошад, ба падараш дар корҳо кӯмак мерасонд.
— Дадаҷон, маро ба мактаб мебаред-а? — Зайнаб давида омада падарашро ба оғӯш гирифт.
— Имрӯз бояд барвақттар равам, духтарҷон. Имрӯз акоят туву Марямро мебарад.
Дастони Марям дубора ба ларза даромаданд. Шиддати рафторҳои ноҷои Азиз ба ҷонаш зада буд. Ҳатто барои он ки дар хона танҳо намонад, тамоми кӯшишашро карда, ба хондан дохил шуда буд.
— Ман бо таксӣ меравам. Намехоҳам акоямро овора кунам, — Марям бе он ки ба Азиз нигоҳ кунад, чашм ба замин дӯхт.
— Ҳеҷ овора намешавам. Рав тайёр шав, худам мебарам. Худат боши ба мошинҳои бегона савор шуданро одат кардаӣ, — Азиз боз киноя зад.
Азиз аввал Зайнабро ба мактаб ва сипас Марямро ба донишгоҳ бурд. Дар роҳ ӯ пайваста аз оина ба Марям нигоҳ мекард. Духтар мехост дар он лаҳза нест шавад.
— Ҳангоми баргашт ҳам худам меоям, — таъкид кард Азиз назди бинои донишгоҳ.
— Ман худам бо таксӣ меравам, — духтар, ки мехост зудтар аз мошин пиёда шавад, азбаски дарҳо қуфл буданд, берун баромада наметавонист.
— Марям, вақте чизе мегӯям, гап нагардону танҳо «хӯб» гӯ! — Овози асабии Азиз дар мошин танинандоз шуд.
— ...Хӯб— ноилоҷ розӣ шуд духтар.
Равшан-ако нисфирӯзӣ ба хона баргашт. Вақте бо модараш чой менӯшиданд, занги дар садо дод. Шайдо-хонум бо норозигӣ рафта дарро кушод. Ду зани бегона — хостгорон омада буданд.
— Мо барои пурсидани дасти духтари калониатон, Марям омадем... — оғоз кард зани калонсол.
— Ҳамин... намедонам чӣ гӯям. Марям ҳамагӣ 19-сола аст... — худро ба нодонӣ зад Шайдо-хонум.
— Духтаратонро ҳама таъриф карданд. Як хешамон дар донишгоҳ дарс медиҳад, ӯ Марямхонро тавсия дод. Падари домод тиҷорати хеле калон дорад. Марям дар нозу неъмат зиндагӣ хоҳад кард. Аммо... — зан каме дудила шуд. — Домод як нуқсон дорад. Дар кӯдакӣ аз зинапоя афтидааст. Ба ӯ нигоҳубин лозим аст. Мисли кӯдак шуда мондааст, дар аробачаи маъюбӣ мешинад. Мо аз аввал ҳамаашро рост мегӯем.
Шайдо-хонум дар дил хурсанд шуд: "Агар домод маъюб бошад, ин барои Марям як ҷазо мешавад."
Дар донишгоҳ бошад, ҷавоне бо номи Умар аз паси Марям мегашт:
— Марям, як лаҳза ист! Мехоҳам ин ҳафта ба хонаатон хостгор фиристам.
— Умар, илтимос аз ман дуртар бошед. Агар акоям бинад, бароям бад мешавад, — гуфт Марям ва суръати қадамашро тез кард.
Дар хона Шайдо-хонум Равшан-акоро маҷбур мекард:
— Чаро намефаҳмед? Барои духтарамон хуб мешавад! Тамоми он сарват ба ӯ мемонад-ку!
— Духтарамон? Ту ҳеҷ гоҳ Марямро духтар нахонда будӣ! — Равшан-ако бо қаҳр гуфт. — Вақте Марям омад, худам бо ӯ гап мезанам. Розигии ӯ шарт аст.
Вақте Марям ба хона баргашт, Азиз боз ба хонаи ӯ даромада, хост ӯро ба оғӯш гирад.
— Ако... чизе лозим аст? — Марям кӯшиш кард гурезад.
— Ин хонаи туст, пас ту лозимӣ! Ман акои ту нестам, Марям! — Азиз бо овози паст ва таҳдидомез гуфт.
Марям бо чашмони пур аз ашк андешид: "Чаро духтар будан ин қадар мушкил аст? Ҳамеша дар тарс зиндагӣ кардан... Ба рафторҳои беҳаёонаи бародари ӯгай тоқат кардан... Кошки мемурдам ва аз ин азобҳо халос мешудам."
Дар ҳамин вақт овози падараш шунида шуд: "Марям!". Азиз зуд аз ӯ дур шуд, вале пеш аз рафтан дасти духтарро сахт фишурда гуфт:
— Агар лаб кушоӣ, мурдаатро касе намеёбад, фаҳмидӣ?
Марям назди падару модарандараш нишаст. Онҳо дар бораи хостгорон ва ҷавони маъюб нақл карданд. Шайдо-хонум дар дил мегуфт: "Вақте шавҳараш мурд, хешовандонаш Марямро аз хона пеш мекунанд ва ӯ ноилоҷ ба деҳа бармегардад."
Аммо ҷавоби Марям ҳамаро ҳайрон кард. Ӯ ба зинапоя, ки Азиз аз он ҷо бо нигоҳи дарранда ба ӯ менигарист, чашм дӯхту гуфт:
— Ман розиям. Ман ба он ҷавон ба шавҳар мебароям.
Чӣ?! — Равшан-ако ба гӯшҳои худ бовар накард.
— Ман ба он ҷавон ба шавҳар мебароям, дадаҷон, — Марям нигоҳашро ба сӯйи падараш дӯхт.
— Духтарам, оё воқеан худат ба ин қарор омадӣ? Охир ту ҳанӯз ҷавонӣ, агар ба ӯ шавҳар кунӣ, шояд аз хондан ҳам бимонӣ. Ҳеҷ кас туро маҷбур намекунад. Боз он бача нуқсон дорад... — Равшан-ако дар рӯ ба рӯйи Марям нишаста, мӯйҳои ӯро сила кард.
— Дар ин дунё одами "Бенуқсон" ҳаст магар, дадаш? Ана, худаш розӣ, чаро зиддият мекунед? Гӯё ҷонаш ба лабаш омада бошад, — Шайдо-хонум бо заҳрханда ба диван нишаст.
— Овозатро хомӯш кун, Шайдо! — Равшан-ако бо қаҳр гуфт ва зан хомӯш монда, рӯяшро ба дигар тараф гардонд.
— Агар касе туро маҷбур накарда бошад... пас чаро гиря мекунӣ, духтарҷонам? — Падар ашки чашмони духтарашро пок кард.
— Танҳо фикр мекунам, ки бояд ҳамин тавр кунам, — Марям кӯшиш кард худро ба даст гирад.
Шайдо-хонум бо шодӣ телефонашро гирифта ба берун баромад, то розигии онҳоро расонад. Равшан-ако бошад, бо оҳи сард аз ҷой бархост: "Умедворам, ки аз ин қарорат ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавӣ".
Бегоҳирӯзӣ Марям ба хонаи бибиаш даромад. Вақтҳои охир ӯ аз тарси Азиз шабҳо дар хонаи худ намехобид.
— Бибиҷон, оё ман хато кардам? Аммо чӣ кор кунам... аз ҳамааш хаста шудам. Аз пинҳон шудан аз акоям хаста шудам, — Духтар сарашро ба зонуи бибиаш гузошта гирист.
— Хато накардӣ, духтарҷонам. Ту кори дуруст кардӣ. Аллоҳ туро барои ин ҷасоратат мукофот медиҳад, — Марварид-бибӣ ягона касе буд, ки Марямро мефаҳмид. — Муҳим он аст, ки қалбаш маъюб набошад. Ту ба ӯ шифо мебахшӣ. Ман медонам, ту ба ӯ ҳаёти нав медиҳӣ.
Рӯзи тӯй
Хонаводаи домод хостанд, ки тӯй танҳо бо иштироки хешовандон ва бидуни дабдаба гузарад. Сабаб маълум буд — онҳо аз маъюбии писарашон шарм медоштанд.
Марям дар либоси сафеди арӯсӣ мисли маликаҳои афсонавӣ зебо шуда буд. Мӯйҳои сиёҳаш мисли мавҷҳои баҳр ба китфонаш мерехтанд. Вақте ӯ дар танҳоӣ назди оина буд, Азиз ба хона даромад.
— Ба ту мезебад. Барои аз ман гурехтан ҳатто ба пӯшидани ин либос шитоб кардӣ, ҳа? — Азиз бо қадамҳои вазнин наздик шуд.
— Ако... — Марям аз тарс меларзид.
— Гӯё шавҳар карданат чизеро иваз мекунад? Шавҳари маъюбат вазифаашро иҷро карда наметавонад. Агар хоҳӣ, ман худам... — Азиз назди гӯши духтар пичиррос зад.
— Бас кунед! — фарёд зад Марям.
Дар ҳамин вақт дугонаҳои Марям даромаданд ва Азиз худро "бародари меҳрубон" нишон дода, пешонаи Марямро бӯсид ва рафт.
Вохӯрӣ бо домод
Дар кӯча садои карнаю сурнай баланд шуд. Марям бори аввал Самирро дид. Ӯ дар як аробачаи маъюбии замонавӣ менишаст. Ҷавони зебое буд, ки пӯсти сафед ва чашмони қаҳваранг дошт. Дар нигоҳаш тарс ва ҳаяҷон дида мешуд. Марям аз зери чодараш ба ӯ нигариста, дар дил гуфт: "Модарам мегуфт, ки одамони зебо исмашон ҳам зебост. Шояд Самир бо вуҷуди маъюбӣ қалби зебо дошта бошад".
Пас аз хайрухуш бо оила, Марямро ба хонаи Самир бурданд. Ҳама рафтанд ва онҳо дар ҳуҷра танҳо монданд. Марям чодарашро гирифта, ба шавҳараш нигарист. Дастони ҷавон меларзиданд.
— Ҳардуи мо ҳам ятими ҳақиқӣ ҳастем. Туро барои маъюбият ва маро барои аз хатоҳо наҷот ёфтан ба ҳам пайвастанд, — Марям гиря кард.
Самир, ки се сол боз сухан нагуфта буд, бо дидани ашки арӯсаш дилаш реш-реш шуд. Ӯ бо заҳмат, бо забони гирифта ва лабони каме каҷшуда гуфт:
— Ги... ря... накун.
Ин аввалин суханони Самир пас аз се сол буд. Ӯ мехост дасташро ҷунбонида, ашки Марямро пок кунад, вале дастонаш фармон намедоданд. Марям аз шиддати хастагӣ ва гиря, дар канори аробачаи шавҳараш хобаш бурд ва Самирро дар аробача фаромӯш кард.
Субҳи барвақт Марям аз хоб бедор шуд ва шавҳарашро дид, ки ҳанӯз дар аробача хоб аст. Ӯ дарҳол дарк кард, ки шаби гузашта аз шиддати хастагӣ Самирро ба кат нахобондааст.
— Ё Худоё, чӣ тавр фаромӯш кардам? — Духтар хам шуд, то ҳадди ақал зери сари Самир болишт гузорад, вале беихтиёр ба рӯйи ӯ нигариста, маҳли зебоияш шуд: пӯсти шаффоф ва чашмони қаҳваранги ҷозибадор.
Дар ин лаҳза Самир бедор шуд. Ҳарду каме тарсиданд ва Марям худро канор кашид.
— Бубахшед, шаб хобам бурдааст. Мехостам зери саратон болишт монам, ки бедор шудед... — Марям нигоҳашро аз ӯ гурезонд. — Ман ҳозир нонушта тайёр мекунам, вале аввал... бояд либосҳоятонро иваз кунем.
Падари Самир дидаю дониста хизматгоронро дар хона намонда буд, то Марям зудтар ба нигоҳубини Самир одат кунад. Духтар бо ҳаёву шарм ва каме душворӣ либосҳои шавҳарашро иваз намуд.
— Ҳа, дарвоқеъ, фаромӯш кардаам, — Марям чодарашро ба сар кашида, дар рӯ ба рӯйи Самир истод ва "келинсалом" кард.
Дар чашмони Самир шуълаи шодӣ дурахшид. Ин эҳтиром ба ӯ хеле хуш омад.
Марям Самирро ба ошхона бурд ва ҳангоми омода кардани нонушта, ба дарди дил оғоз кард:
— Намехоҳам аз шумо чизеро пинҳон кунам. Ҳар чӣ бошад, шумо шавҳари ман ҳастед. Ман духтари зани дуюми падарам ҳастам. Модарам дар 5-солагиам вафот кард ва ман дар зери дасти модарандар калон шудам. Имсол ба донишгоҳ дохил шуда будам, вале шояд акнун тарки таҳсил кунам...
Марям каме хомӯш монда, ба чашмони Самир нигарист ва идома дод:
— Шояд фикр кунед, ки ман барои сарват ба шумо шавҳар кардам, вале ин тавр нест. Акои ӯгаям Азиз аз 16-солагиам ба ман дастдарозӣ кардан мехост. Рафторҳои ноҷои ӯ ба ҷонам зада буд. Шумо ягона роҳи наҷоти ман будед. Агар худамро наҷот намедодам, ҳеҷ кас маро наҷот намедод. Ман аз ӯ сахт метарсам.
Дар ҳамин вақт занги дар садо дод. Марям аз тарс як қад парид: "Магар Азиз омад? Ӯ таҳдид карда буд, ки ба хабаргириям меояд".
Духтар бо дили ларзон рафта дарро кушод. Дар берун ҷавони тахминан 17-солаеро дид, ки дар даст зарфи хӯрок дошт.
— Ассалому алайкум, янга. Акоям (амакам) супориш доданд, ки бароятон кабоби гарм биёрам, — гуфт ҷавон бо табассум.
— Ваалайкум ассалом. Биёед, ҳамроҳ тановул мекунем, — гуфт Марям бо нафаси сабук.
— Ташаккур, вале бояд ба мактаб равам. Дафъаи дигар ҳатман меоям, — ҷавон бо хушҳолӣ хайрухуш кард.
Ин ҷавон писари хурдии холаи Самир буд, ки ӯро "Бек" садо мезаданд. Марям бо чеҳраи хандон назди Самир баргашт:
— Ин Ҷамшедбек (Бек) будааст, дилам кафид. Бароямон хӯрок овардааст. Ҳозир шуморо хӯрок медиҳам.
Марям ба Самир хӯрок медод ва нақлашро давом медод:
— Вақте бори аввал 16-сола будам, дар ин бора ба модарандарам гуфтам, чун аз падарам шарм медоштам. Вале модарандарам маро сахт кӯфта, ба писараш чизе нагуфт. Таҳдид кард, ки агар ба падарам гӯям, тӯҳмат мекунад, ки гӯё ман худам ба Азиз часпидаам...
Дар ин вақт Азиз дар дафтари корияш ба акси Марям нигариста, аз рашк месухт:
— Гурехтӣ, ҳа? Ба он маъюб шавҳар кардӣ, ки дигар маро набинӣ? Хавотир нашав, Марями ман, туро бо он маъюб танҳо намегузорам! — Азиз бо заҳрханда калиди мошинашро гирифта, ба роҳ баромад.
Соатҳои 5-и бегоҳ Марям Самирро ба ҳавлӣ бароварда, ба тамошои гулҳо машғул буд, ки боз занги дар садо дод. Ӯ фикр кард, ки Бек баргаштааст ва бо шитоб дарро кушод. Вале бо дидани шахси дар пушти дар истода, ранги рӯяш канд ва як қадам ба ақиб рафт.
— Ако...? — бо душворӣ ба забон овард духтар.
— Салом, хоҳарҷон. Магар акоятро ба хона таклиф намекунӣ? Омадам, ки бо домод суҳбат кунам, — Азиз худсарона ба дарун даромад.
— Ако, илтимос, биравед, — Марям кӯшиш кард ӯро боздорад, вале Азиз ӯро канор зада, ба сӯйи Самир, ки бо хавотир ба онҳо менигарист, қадам зад.
Дар чеҳраи Азиз заҳрхандаи маккоронае пайдо шуд...
Ако, чӣ кор карда истодаед? Илтимос, биравед, — Марям бо шитоб аз паси Азиз мерафт.
— Танҳо мехоҳам бо домод суҳбат кунам, — ҷавон бо нигоҳи гӯё бегуноҳ ба духтар нигарист.
— Ҳа, Самирбек? Нишастаед? «Аз дастам кори дигар намеояд, барои ҳамин нишастаам» гӯед-да, ако! — Азиз ба ҳоли ҷавони дар аробача буда тамасхур кард.
— Бас кунед! — дар чашмони Марям ашк ҳалқа зад.
— Ту хомӯш бош! — Азиз бо қаҳр ба духтар нигарист. — Нигар, чӣ гуна ҳамсари фармонбардор, зебо ва оқиле дорӣ! Ӯ аз они туст, вале ту барояш шавҳари хуб шуда наметавонӣ. Ту бо ин ҳолат ӯро аз ман рабудӣ. Чӣ ноадолатие! — Азиз чеҳраашро мисли одамони ғамгин каҷ кард.
— Илтимос, бас кунед, — Марям ба гиря даромад.
— Нигар, ӯ гиря дорад, вале ту ӯро ором карда наметавонӣ. Аммо ман метавонам. Метавонам ӯро ба оғӯш гирам... ба ӯ даст расонам... — Азиз дасти Марямро сахт фишурда, ба сӯйи худ кашид.
Чашмони Самир аз ғазаб сурх шуданд. Дар дарунаш гӯё вулқон меҷӯшид.
— Дас... тат... ро... каш! — Самир бо заҳмати зиёд ин калимаҳоро ба забон оварда, сахт-сахт нафас мегирифт. Аҳволаш бад мешуд. Марям дар ин лаҳзаи даҳшатбор ҳатто доруҳоро фаромӯш карда буд.
— Келин? Ҳой келин? Чаро дарвоза боз аст? — Омадани Заҳро хола (холаи Самир) Азизро маҷбур сохт, ки ноилоҷ аз Марям дур шавад.
— Ассалому алайкум! — Марям давида рафта, чодарашро ба сар кашид ва бо эҳтиром ба Заҳро-хола таъзим (келинсалом) кард.
— Саломат бош, духтарам. Азизбек, шумо ҳам ин ҷоед? — Заҳро-хола ба ҷавоне, ки ба наздашон меомад, нигарист.
— Ҳа, омадам, ки аз дасти хоҳарам як пиёла чой нӯшида равам, — Азиз маккорона табассум кард.
Ҳама ба сари хони нонушта нишастанд. Азиз боз ҳам аз фурсат истифода бурда, ҳангоми чойгирӣ ба дасти Марям даст расонд. Марям аз тарс меларзид.
— Холаҷон, агар беадабӣ набошад, як савол диҳам? Самирбек чӣ тавр ба ин ҳол афтодааст? — пурсид Азиз бе ягон шарм.
Заҳро-хола оҳи сарде кашида, нақл кард:
— Вақте хурд буд, модараш дар садамаи нақлиётӣ вафот кард. Падараш ӯро танҳо калон кард ва ба мактаби хусусӣ дод. Вале ҳамсинфони бераҳмаш ӯро масхара карда, «Ту ятимӣ! Мо бо ятимҳо дӯст намешавем!» гуфта, аз зинапояҳо тела додаанд. Аз ҳамон вақт инҷониб писараки бечораи ман ба ин ҳол афтодааст.
Марям, ки ин гапҳоро аз пушти дар мешунид, дилаш реш-реш шуд. Барои Азиз ин танҳо як баҳонаи нав барои таҳқир буд.
Бегоҳирӯзӣ, вақте Заҳро-хола ва Азиз рафтанд, Марям нафаси озод кашид. Ногаҳон ба ҳавлӣ мошини сиёҳи калоне ворид шуд. Аз он марди тахминан 50-сола, бовиқор ва ҷиддӣ бо асо дар даст пиёда шуд. Ин Саидбой — падари Самир буд. Марде, ки тамоми шаҳр аз ӯ меҳаросид.
— Ассалому алайкум, дадаҷон, — Марям бо эҳтиром салом дод.
— Саломат бош, духтарам. Бахтиёр бошед. Самир хоб рафт? — Саидбой бо нигоҳи тез атрофро аз назар гузаронд.
— Не, дар меҳмонхона аст, ҳозир чой меорам.
Пас аз лаҳзае Саидбой ба келинаш нигариста, бо оҳанги қатъӣ гуфт:
— Марямхон, дар ин хона хизматгор нест. Сабабашро шояд фаҳмида бошед. Ман мехоҳам, ки шумо ба писарам ғамхорӣ кунед. Ба ӯ на парастор, балки ҳамсаре лозим аст, ки шифояш бахшад. Моҳи оянда ҷарроҳии охирини ӯст. Ин охирин имкони мост. Табибон мегӯянд, то худаш нахоҳад, ба по намехезад. Меҳру муҳаббати шумо барои табобати ӯ хеле муҳим аст.
Марям бо диққат гӯш мекард ва аз он ки ҳанӯз умеди шифо ҳаст, дар дил шод шуд.
— Фаҳмидам, дадаҷон. Тамоми кӯшишамро мекунам.
— Ман зуд-зуд аз шумо хабар мегирам. Агар чизе лозим шавад, ба Баҳром занг занед. Мана ин телефон, дар ин ҷо рақамҳои мо ҳаст. Телефони худатонро ба ман диҳед, ман бояд ба шумо комилан боварӣ дошта бошам. Барои ман амнияти писарам аз ҳама чиз болотар аст.
Марям ноилоҷ телефони оддии худро ба ӯ дод ва телефони қиматбаҳоеро, ки хусураш дод, қабул кард. Ӯ ҳис мекард, ки зиндагии навбатии ӯ пур аз асрор ва масъулият хоҳад буд.
Ба фикрам, онҳо одамони оддӣ нестанд. Ҳатто соҳибкорони калон бо чунин муҳофизон намегарданд. Ин хона аҷиб аст, агар дар ин ҷо дурбинҳои пинҳонӣ бошанд ҳам, дигар ҳайрон намешавам, — худ ба худ пичиррос зад Марям, вақте ки аз тиреза рафтани хусурашро тамошо мекард.
Самир ӯро хомӯшона мушоҳида мекард. Гӯё мехост ҳама чизро ба ӯ нақл кунад, вале забонаш ҳанӯз фармон намедод.
— Ана, дидед? Барои шифо ёфтани шумо умед ҳаст! — Духтар ба сӯйи шавҳараш баргашта, табассум кард. Сипас назди ӯ зону зада, дастонашро гирифт: — Шумо бояд ҳаракат кунед, ман бошам, бо тамоми ҳастиям ба шумо кӯмак мекунам.
Марям ҳар шаб пеш аз хоб пойҳои Самирро маҳс (массаж) мекард ва пайваста мепурсид: "Дастонамро ҳис мекунед? Оё дард дорад?". Ҷавон танҳо бо ишораи сар ҷавоб медод.
— Шумо бояд гап занед. Медонам, душвор аст, вале ин муҳим аст. Хӯш... номи ман чист? — Марям бо умед ба ӯ нигарист. Самир хомӯш буд. Марям ғамгин шуда, рӯяшро гардонд: — То худатон нахоҳед, шифо намеёбед. Падаратон умед дорад, ба ман бошад, марде лозим аст, ки маро ҳимоя кунад...
— Мар... Мар... Марям! — Самир бо заҳмати зиёд ва забони гирифта номи ӯро ба забон овард. Акнун ӯ сабабе барои мубориза ва шифо ёфтан дошт. Марям аз хушбахтӣ шукуфт.
Дар хонаи Равшан-ако бошад, вазъият дигар буд. Ҳангоми нонушта Равшан-ако ба Азиз нигариста гуфт:
— Дирӯз ба хабаргирии хоҳарат рафтаӣ?
— Ҳа, рафтам. Хостам бинам, ки аҳволаш чӣ гуна аст, — ҷавон бепарвоёна, сар аз телефон набардошта ҷавоб дод.
— Ба хабаргирии апаам рафтед? Чаро маро набурдед? — Зайнаб бо қаҳр нонуштаашро ба рӯйи миз партофт.
— Агар ба мо ҳам мегуфтӣ, якҷоя мерафтем, — илова кард Равшан-ако. Шайдо-хонум, ки аз хислатҳои писараш хабар дошт, кӯшиш кард ӯро ҳимоя кунад: — Магар ӯро ба хориҷа додаем? Худатон рафта бинед, ҳатман бо Азиз рафтанатон шарт нест-ку!
Вақте Азиз дар хонааш галстукашро рост мекард, Шайдо-хонум ба хона даромад:
— Ту чӣ кор карда истодаӣ, бача? Чаро ба он хона рафтӣ? Ман ӯро бо ҳазор азоб аз ин ҷо дур кардам, акнун боз мушкилӣ эҷод кардан мехоҳӣ?
— Бас кунед, модар! Магар ман гуфтам, ки ӯро ба шавҳар диҳед? Шумо медонистед, ки ман ӯро дӯст медорам! Магар айби ман аст, ки бародари ӯгаи ӯ ҳастам? Шумо ӯро аз ман дур кардед, вале ин маро боздошта наметавонад!
Ҳафтаҳо мегузаштанд. Марям Самирро ба маҳс мебурд ва барои суханронии ӯ қоидаҳо тартиб дода буд. Акнун Самир метавонист номи "Марям"-ро бе дудилагӣ ва равон ба забон орад.
Рӯзе занги дар садо дод. Марям дуо мекард, ки Азиз набошад. Дарро кушода, духтари зебоеро дид.
— Салом, — духтар кӯшиш кард ба дарун дарояд.
— Ваалайкум ассалом, бубахшед, шуморо нашинохтам? — пурсид Марям.
— Ман Зебо ҳастам. Духтари аммаи Самир-! Духтар айнакҳояшро гирифта, бо кибр сақич мехоид. Ӯ бе иҷозат ба хона даромада, Самирро ба оғӯш гирифт: — Самир-акаҷон, чӣ хел шумо? пазмон шудам!
Зебо бо заҳрханда ба Марям нигариста гуфт:
— Зуд шуморо хонадор карданд... агар каме сабр мекарданд, худам мегуфтам, ки мо ба ҳамдигар дил бастаем.
Марям дар ғазаб шуд, вале худро ба даст гирифт.
— Оё ба акаам хуб нигоҳубин мекунед? Хеле хароб шудаанд. Агар аз баҳрааш набароед, гӯед, худам беминнат хизматашонро мекунам, — идома дод Зебо.
— Зебохон, — бо қатъият гуфт Марям, — акнун хизмати шумо ба дигарон насиб кунад, чун Самирбек ҳамсар дорад. Ҳар мушкиле дошта бошад, ман осон мекунам. Шавҳари ман ба хизмати духтари аммааш ниёз надорад.
Дар ин вақт Азиз дар дафтари корияш ба акси Марям менигарист. Котибааш бо домани кӯтоҳ ва лабҳои сурх кӯшиш мекард диққати ӯро ҷалб кунад, вале Азиз бо сардӣ ӯро пеш кард:
— Дигар зери пои мардоне, ки ба ту таваҷҷӯҳ надоранд, нагард. Шояд дигарон чизе нагӯянд, вале ман метавонам туро пахш кунам.
Котиба бо шарм берун рафт. Азиз оҳи амиқ кашида, ба сурати Марям нигарист:
— Чаро ту ба ҳеҷ кас монанд нестӣ, Марям?
Марям ҳаё дошт, шарм дошт ва маҳз ҳамин чиз Азизро девона мекард. Ин ишқи хатарноки Азиз буд, ки ҳеҷ чизро эътироф намекард.
Шумо ҳозир маро паст мезанед? — Зебо бо қаҳр аз ҷой бархост.
— Зебохон, зоҳиран маро нодуруст фаҳмидед. Ман танҳо хотиррасон кардам, ки Самир-акаи шумо акнун оиладор аст ва марди хонавода дорад, — Марям ба ангуштарини никоҳии худ ишора кард.
— Бас... кунед! — Садои нисбатан баланд ва қатъӣ диққати ҳарду духтарро ҷалб кард.
— Ака... шумо гап мезанед?! — Зебо бо ҳаяҷон назди Самир нишаст.
— Ба... хонаат... бирав! — Самир бо нигоҳи ҷиддӣ ба Зебо нигарист.
Зебо лолу ҳайрон монд. Аввалан, Самир сухан гуфт, сониян, ӯро аз хона пеш кард. Ӯ бо ғазаб аз хона баромад.
Баъд аз рафтани ӯ Ҷамшедбек омад ва онҳо ҳамроҳ хӯрок хӯрданд. Марям дар бораи Зебо пурсид.
— Эҳ, янга— гуфт Ҷамшед, — Садоқат-амма ҳамеша мехост духтарашро ба Самир диҳад, то ба сарвати Саид-амак соҳиб шавад. Онҳо танҳо дар фикри пул ҳастанд.
Нимаи дуюми рӯз Саидбой занг зада гуфт, ки бегоҳ хешовандон барои "чойнӯшии арӯс" меоянд. Баҳром-ако чанд хизматгор овард, то дар тозакорӣ ва пухтупаз кӯмак кунанд. Ҳангоми кор яке аз занҳои хизматгор пинҳонӣ ба ошёнаи дуюм баромад ва ба кофтани ҷевонҳои Саидбой шурӯъ кард. Марям ӯро дида, шубҳа бурд.
— Дар ин ҷо чӣ кор мекунед? — пурсид Марям. Зан аз тарс дасти Марямро гирифта, даҳонашро пӯшонд: — Хомӯш бош! Ба ман ҳуҷҷатҳо лозиманд!
Хушбахтона, Баҳром-ако сари вақт расида омад ва он занро дастгир кард. Марям фаҳмид, ки зиндагии сарватмандон ҳеҷ гоҳ ором нест ва душманони Саидбой дар ҳама ҷо ҳастанд.
Меҳмонӣ
Бегоҳ меҳмонон ҷамъ шуданд: Заҳро-хола, Садоқат-амма бо Зебо ва чанд хеши дигар. Марям дар либоси атласи тоҷикӣ ва тоқии зебо мисли моҳ метобид. Самир низ бо либосҳои идона ва атри хушбӯй хеле шинам шуда буд. Вақте Саидбой вориди толор шуд, ҳама ба нишони эҳтиром аз ҷой бархостанд.
— Ако, ман мехостам Зеборо ба Самир диҳам, вале шумо ин духтари заҳрзабонро келин кардед, — ногаҳон гуфт Садоқат-амма. Марям аз ин сухан дар ҷояш шах шуд.
— Забонатро нигоҳ дор, Садоқат, — бо вазнинӣ гуфт Саидбой.
— Чаро? Росташро мегӯям. Имрӯз духтари бечораи ман ба хабаргирии Самир омада буд, вале ин арӯси шумо ӯро "беҳаё" гуфта аз хона пеш кардааст, — дурӯғи маҳз гуфт зан.
Ҳама ба Марям нигаристанд. Дар чашмони духтар ашк ҳалқа зад.
— Ман ин тавр нагуфтаам. Зебохон, худатон медонед-ку... — гуфт Марям бо садои ларзон.
— Магар духтари ман дурӯғгӯй аст?! — дод зад Садоқат-амма.
— Дурӯғ... гӯй! — садои баҳмалӣ ва фораме дар толор танинандоз шуд. Ҳама лол монданд. Саидбой гӯё нафасаш дар гулӯяш банд шуд. Писараш пас аз чандин сол сухан мегуфт!
— Чӣ? Боре дигар бигӯ, писарам, — гуфт Саидбой бо меҳрубонӣ.
— Зебо... дурӯғ... гӯй! — Самир бо заҳмат, вале қатъӣ такрор кард. Ӯ натавонист ба тӯҳмат задани ҳамсараш хомӯшона нигарад.
Марям сарашро хам карда гуфт:
— Мо ҳар рӯз машқ мекардем. Мехостам вақте ҷарроҳӣ муваффақ мешавад, шуморо бо ин хушхабар шод кунам.
Саидбой аз ифтихор писарашро ба оғӯш гирифт:
— Паҳлавони ман!
Ҷамшедбек низ сухани Марямро тасдиқ кард. Садоқат ва Зебо аз шарм забон хоиданд. Саидбой ба онҳо бо сардӣ нигарист:
— Самир ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Зоҳиран, тӯҳмат кардан ба шумо одат шудааст, Садоқат.
Саидбой ба Баҳром ишорае кард ва ӯ бо қуттии зебое вориди толор шуд.
— Ман муддати тӯлонӣ барои писарам ҳамсари муносиб ҷустам, — оғоз кард Саидбой. — Аз оилаҳои камбағал духтар пурсидам, вале дарди онҳо танҳо пул буд. Вале падари Марям гуфт, ки хоҳиши духтарам бароям муҳим аст. Марям розигӣ дод ва имрӯз мебинам, ки ӯ бо тамоми ҳастӣ ба Самир ғамхорӣ мекунад. Ӯ писари маро ба зиндагӣ бармегардонад.
Ин суханон Марямро мутассир карданд. Ӯ ҳис кард, ки нисбат ба Самир дар дилаш меҳри гарме пайдо шуда истодааст.
Саидбой қуттиро кушод — дар даруни он маҷмӯи ҷавоҳироти гаронбаҳои тиллоӣ дурахшид. Хешовандон аз ҳасад карахт шуданд. Садоқат-хонум дар гӯши духтараш пичиррос зад: "Инҳо метавонистанд аз они ту бошанд, вале ту аз дасти ягон кор набаромадӣ!"
Пас аз рафтани меҳмонҳо, Марям бо ҳаяҷон ҷавоҳиротро ба Самир нишон дод. Ӯ сарашро ба синаи шавҳараш гузошта гуфт:
— Ташаккур, ки маро ҳимоя кардед...
Самир эҳсоси наверо таҷриба мекард — хоҳиши ҳимоя ва дӯст доштани ин зани фидокор.
Рӯзи дигар...
Субҳи барвақт, вақте Самиру Марям нонушта мекарданд ва Самир кӯшиш мекард бо дастонаш қошуқро дорад, ногаҳон садои бегонае ба гӯш расид:
— Ман ин корро бе ҳисоб кардан ҳам метавонам!
Дар даҳани дари ошхона Азиз меистод. Марям аз тарс як қад парид. Маълум шуд, ки ҳангоми омадани Ҷамшед дарвоза кушода мондааст.
— Чӣ тавр ба дарун даромадед? — пурсид Марям бо ларза.
— Хоҳарҷон, магар пазмон нашудӣ? — Азиз бо нигоҳи аҷибу тарсбахш ба ӯ наздик мешуд.
— Аз ман дур шавед! — Марям ба ақиб қадам мезад, то он ки ба мизи ошхона часпид. Дигар роҳи гурез набуд.
— Чӣ шуд? Аз шавҳари маъюбат шарм медорӣ? — Азиз ба Самир, ки бо ғазаб кӯшиши ҷунбидан мекард, нигариста хандид. — Агар ба падарам гӯӣ ҳам, касе ба ту бовар намекунад!
Дар чашмони Марям нафрату тарси омехта дурахшид. Дасташ ба корди рӯйи миз расид. Ин ягона роҳи наҷот буд.
— МАРО ТИНҶ ГУЗОР, АБЛАҲ! — фарёд зад Марям ва бо тамоми қувва кордро ба китфи Азиз зад.
Азиз бо овози баланд дод зад. Хун аз болои костюмаш фаввора зад ва ӯ аз ҳуш рафта ба замин афтод.
Марям дар ҳолати шок ба кунҷе паноҳ бурд:
— Оҳ Худоё... ман ӯро куштам...
Самир бо овози ларзон кӯшиш мекард ӯро ором кунад: — О... ром... шав!
Дар ҳамин вақт Баҳром-ако бо халтаҳои хӯрокворӣ ворид шуд. Бо дидани ҷасади ғарқи хуни Азиз ва Марями дар кунҷ нишаста, дасту по хӯрд. Ӯ набзи Азизро санҷид:
— Ҳанӯз зинда аст!
Баҳром фаҳмид, ки ба беморхона бурдан хатарнок аст, чун Марям дастгир мешавад. Ӯ ба касе занг зада фармоиш дод, ки фавран биёяд. Сипас Азизро ба толори калон бароварда, ба рӯйи диван хобонд.
— Келин, оби хунук биёред! Тез! — дод зад Баҳром.
Хунравӣ зиёд буд. Набзи Азиз суст мешуд. Агар духтур сари вақт наояд, кор тамом буд...
(Давом дорад)
6 комментариев
20 классов
Фильтр
Сакинат ва узвфурушон
Қисми 3 Рӯзи дигар Сакина ҳамаро ба кору хониш гусел карда, ҳамроҳи модараш ба маҳаллаи ҳамсоя рафт, то аз оилаҳое, ки фарзандонашон гум шудаанд, хабар гирад. Вақте пурсон-пурсон мерафт, фаҳмид, ки ин оилаҳо девордармиён ҳамсоя будаанд ва аз ин бисёр андӯҳгин шуд. Аввал дари як хонаро тақ-тақ заданд. Пас аз чанде зани нисбатан солхӯрдае дарро кушод. — Биёед, кӣ лозим? — пурсид зан. Сакина ба зан нигоҳ карда, дилаш сӯхт. Мӯйҳои зан парешон, рӯймолашро бепарвоёна баста, ранги рӯяш канда ва чашмонаш аз гиряи зиёд варам карда буданд. — Ассалому алайкум, апаҷон. Ман бо модарам барои хабаргирии шумо омадем. Мусибати ба саратон омадаро шунида, хеле ғамгин шудем. Гуфтем, шСакинат ва узвфурушон
Қисми 2 Дадаҷон, ман ба мулоқот меравам, — гуфт Имона. — Хурсандам, духтарам. Ҳамон гап гап: агар маъқул нашавад, маҷбур нестӣ. — Раҳмат дадаҷон, шуморо дӯст медорам. Акнун оҳиста рафта тайёрӣ бинам, — гӯён Имона барои баромадан аз ҳуҷра дарро кушод ва боз ба ҳамон ҷавони (ҷингала) бархӯрд. — Эй Худо, ман чӣ гуноҳ карда бошам, ки имрӯз ин ҷавон бори сеюм аз пешам мебарояд? — гуфт Имона бо нороҳатӣ. — Аслан, ман бояд ин гапро мегуфтам. Боз туӣ? — гуфт ҷавон ҳам. Дар ин вақт Фирдавс Акбарович ба берун мебаромад ва суханони духтарашро шунида, гуфт: — Ҳа, Имона, шинос шав, ин Фарҳод. Аз имрӯз ин ҷо кор мекунад. Дар Олмон дар бахши бемориҳои дил таҳсил кардаастСакинат ва узвфурушон
Қисми 1 Ба номи Аллоҳи бахшояндаву меҳрубон. Умедворам ин асар барои ҳамаи мо хайрхоҳона ва ибратомӯз хоҳад буд. Субҳи барвақт. Садои азони бомдод, ки гӯё қасд дорад тамоми қалбҳои дар сукунат хуфтаро бедор кунад, оламро фаро гирифт. Сакина, ки ҳанӯз қабл аз ин садо бедор шуда буд, бо меҳру муҳаббат ба Фирдавс нигоҳ карда менишаст. Фирдавс ногаҳон аз хоб парида чашмонашро кушод ва ба Сакина, ки сӯяш менигарист, лабханд зад. — Субҳ ба хайр, ҳаёти ман, хуб истироҳат кардед? Кани, зуд бошед, то дар адои фарзи Аллоҳ дер намонем. — Албатта, маликаи оқилаву зебои ман. Бо вуҷуди он ки солҳои зиёд гузаштанд, ту ҳамон тавр зебо ва мафтункунанда ҳастӣ. Туро дӯст медораБехато
Қисми 6 Ҷавон, ки натавонист ба раъйи падараш муқобил барояд, ин дафъа ҳам хомӯш монд. Кӯшиш кард, вале нашуд. Пас аз он ки ҳама аз аҳволи Марям бохабар шуданд ва ба хонаҳояшон рафтанд, Самир ва Марям дар ҳуҷра танҳо монданд. — Зебо, барои Марям об биёр, — Самир гуфт, вале Зебо гӯё нашунида бошад, хомӯш монд. — Зебо гуфтам! Барои Марям об биёр, — Самир боз як бори дигар такрор кард. — Ман хизматгори ӯ нестам. Агар лозим бошад, худаш хеста нӯшад, — Зебо аз беруни дар ҷавоб дод. — Падарам туро барои он ин ҷо овард, ки ба Марям нигоҳ кунӣ. Намефорад? Пас даф шав, бирав! — пас аз ин суханони Самир, Зебо дар дилаш дашномкунон маҷбур шуд об биёрад. Марям бошад, чизе намегуфт. ГӯёБехато
Қисми 5 Марям савори аспаш Қамар дар дашту саҳро мехӯрд. Бод мӯйҳои каштанранги ӯро парешон мекард ва ӯ як лаҳза худро озод ҳис кард, гӯё тамоми дардҳояшро фаромӯш карда бошад. Вақте хуршед ғуруб кард, ӯ ба аспхона баргашт. Самир, ки аз хавотирӣ девона шуда буд, ӯро ёфт ва сахт ба оғӯш кашид. Шаб Самир кӯшиш кард, ки Марямро ором кунад: — Марями ман, ин тӯй танҳо барои ворис аст. Ту ягона зани ман мемонӣ. Марям бошад, дар фикри Зебо буд: — Охир ӯ ҳам орзу дорад, ӯ ҳам мехоҳад дӯст дошта шавад... Субҳи дигар, ҳангоми нонушта, Саидбой (хусуриМарям) занг зада, Самирро сарзаниш кард, ки чаро барои харидани либоси арӯсӣ ба назди Зебо намеравад. Самир ноилоҷ розӣ шуд. Пеш аз рафтан,Бехато
Қисми 4 Ақрабаки соат ба 10-и шаб наздик мешуд. Марям дар хонаи наваш ҷойгир шуда, аз байни чизҳояш сурати модарашро гирифт ва оҳиста рӯйи диван нишаст. — Очаҷон... Аз ҳама чиз хаста шудам, — чашмони духтар пур аз ашк шуданд. Марям бархеста, боз ҷо ба ҷо кардани чизҳояш давом дод, ки дар ҳамин лаҳза занги дар садо дод. Дили духтар аз тарсу ҳарос ба задан даромад. Дар ин вақт кӣ буда метавонад? Шояд касе аз наздикони соҳибхона бошад? Марям бо тарс ба дар наздик шуд ва онро кушод. — Самир? Шумо ин ҷо чӣ мекунед? — Марям ҷавонеро дид, ки ба девор такя карда, ба зӯр рӯйи по меистод. — Марям... Оҳучашми ман, — Самир ба духтар нигариста табассум кард ва қадамҳои ноустувор ба сӯйиБехато
Қисми 3 Равшан ако ба инсоне, ки дар рӯ ба рӯяш нишаста буд, дергоҳ нигарист. — Хӯш, бо дар хона маҳкам нигоҳ доштани ӯ ба чӣ ноил шудан мехоҳед? Аз кӣ ҳимоя мекунед? Барои кӣ нигоҳ медоред? — Самир бо асабоният ба Равшан ако нигарист. — Падар шавӣ, мефаҳмӣ, — нигоҳҳои Равшан ако мулоим шуданд ва ӯ нафаси амиқ кашид. — Ман ҳеҷ гоҳ чунин падар намешавам. Дониставу фаҳмида духтарамро ба ҷарӣ намепартоям. Оё медонед, ки баъди баргаштани он писари азизу бетарбияатон — Азиз, ӯ ба чӣ аҳвол меафтад? Оё аслан дар бораи ҳолати ӯ фикр мекунед? Илтимос, дар ҳаётатон ҳеҷ набошад як бор падари ҳақиқӣ бошед! — Ту ҳақ надорӣ дар бораи писари ман гапи бад гӯӣ! — Равшан ако бо ғазаб аз ҷой бБехато
Қисми 2 Марде, ки қаблан Марям ҳеҷ гоҳ надида буд, бо шитоб Азизро муолиҷа мекард ва ҳатто шӯхӣ ҳам менамуд. — Ҷароҳат чандон амиқ нест. Охир занҳо агар корд ҳам зананд, бораҳм мезананд. Танҳо аз дарди сахт аз ҳуш рафтааст. Ҳоло ба худ меояд. Вақте бедор шуд, ин доруи дардоварро диҳед, — гуфт духтур ва варақаро ба Баҳром-ако дароз кард. — Ташаккур, Ҷалол, боз моро аз вазияти душвор раҳо кардӣ, — Баҳром-ако ба китфи ӯ зад. Ҷалоли духтур бо шӯхиву ханда рафт ва Марям бо Баҳром-ако танҳо монданд. — Марям, ба ман чизе гуфтанӣ нестед? — Баҳром-ако бо нигоҳи пурмаъно пурсид. Марям сар бардошта ба Самир нигарист, ки бо чашмони маҳзун ва нигарон ба ӯ менигарист. Ӯ тамоми воқеаро, аз ҷумзагрузка
Показать ещёНапишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Дополнительная колонка
О группе
Салому дуруд ба хонандагони гуруҳ...
♥♥♥Хама руза шумо метавонед қиссаҳои ҳаёти, шеърхои ошикона ва харфхои шоиронаи дили худро мутолиа кунед♥♥♥
Хонандагони азиз лутфан дар муҳокимаи мавзуьҳо одоби суҳбатро риоя намоед!!!
↘Дустони худро низ даъват намоед↙
➡➡����БОҚИ ДАР АМОНИ ХУДО⬅⬅����
- Махфи, Худжанд (Александрия Эсхата, Ходжент, Ленинабад)
Показать еще
Скрыть информацию
Правая колонка