Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Ошиқонро маскану маъво биёбон асту бас.
Гар вазад боди муроде ҳам наёяд бар канор,
Киштии мо номуродон мавҷи тӯфон асту бас.
Мешунидам ҳуснро сомони он дил бурдан аст,
Чун бидидам турраи зулфи парешон асту бас.
Сими даст афшор мехоҳӣ, ки баҳри имтиҳон,
Сими холис чеҳраи сими ятимон асту бас.
Гаҳ ниқоби рӯю гоҳе доми дилҳо мешавад,
Ҳуснро ҷамъият аз зулфи парешон асту бас.
Андалеб, аз бевафоиҳои гул ин шиква чист?
Шоҳиди гул дар вафо чоки гиребон асту бас.
Нолаву афғони ту пӯшида, Махфӣ, то ба кай?
Зинати гул дар чаман аз андалебон асту бас.
ЗЕБУННИСО

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев