Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Ҳиммат ҳазорсола раҳ аз мо ҷудо шудаст.
Охир гадоӣ аз назари хос ом шуд,
Бар мо чӣ ҷои таъна, ки олам чу мо шудаст.
Песондан аст аз таги абрӯ нигоҳи ман,
Чашми ҳарис тукмаи ҷайби шумо шудаст.
Ҳар кас барои нафси худаш ранҷ мебарад,
Аз нафси дигарон бани Одам раҳо шудаст.
Орад сарои дӯст димоғи маро ба ёд,
Мушкил дар он ба мисли нафас рафтуо шудаст.
Ай рӯзгори шум, ба мардум чӣ кардаӣ,
К-андар сари муҳаббати худ бенаво шудаст?
Халқе ба номи куфр қасам мехурад, на дин,
Азбаски айб бурдани номи Худо шудаст.
Марҳум ишқ чашми дуо дорад аз шумо,
Ҳоло дуо кунед, ки вақти дуо шудаст.
ДАВЛАТИ РАҲМОНИЁН

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев