Чанд масъалаи дигар аз аҳкоми талоқ:
1) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки ту баъд аз суннат талоқ ҳастӣ (яъне дар сурате, ки шароити талоқи суннӣ ҳосил шуд, ту талоқ ҳастӣ), дар ин сурат баъд аз аввалин ҳайз ва пок шудан аз он талоқ ҳосил мешавад.
2) Агар марде ба зани худ бигӯяд ҳар замоне, ки фарзанд ба дунё оварди талоқ ҳастӣ ба равиши суннатӣ, дар инҷо агар зан дар як вазъи ҳамл се фарзанд ба дунё оварад, бинобар қавли имом Абу Ҳанифа(р) ва Абу Юсуф (р) ин шарт ҳосил намешавад (яъне наметавон гуфт, ки чун се фарзанд ба дунё овардааст, пас се бор талоқ мешавад) ва фақат баъд аз ба дунё омадани фарзанди аввал як талоқ воқеъ мегардад, зеро ки бинобар назари имом Абу Ҳанифа(р) ва Абу Юсуф (р) хуни нифос пас аз фарзанди аввал аст ва дар сурати пок шудан аз он як талоқ ҳосил мешавад. Дар инҷо талоқи дуввум ва севвум баъд аз ду ҳайз ва пок шудани аз он бо риояти шароити талоқи суннӣ ҳосил мешаванд (на баъд аз ба дунё омадани фарзанди дуввум ва севвум).
Аммо агар мард бигӯяд бо ҳар фарзанде, ки ба дунё меоварӣ як талоқ ҳастӣ, дар ин сурат агар зан дар як вазъи ҳамл се фарзанд ба дунё оварад, се бор талоқ ба равиши суннатӣ шудааст.
Вале агар мард ба зани худ бигӯяд, ки ту пас аз ба дунё овардани фарзанд талоқ ҳастӣ ба равиш бидъӣ, дар ин сурат агар зан дар як вазъи ҳамл се фарзанд ба дунё оварад, се талоқ дар як замон ҳосил мешавад, ба ҳамон равиши бидъӣ... https://ahnof.com/a-kom/a%d2%b3komi-talo%d2%9bbahshi-pan%d2%b7um.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев