Сифати шуҷоат, ки яке аз фазоили барҷастаи инсонӣ ҳаст, шакли комил худро дар вуҷуди нозанини Расули Худо(с) намоён намуда буд. Ба гунае, ки Расули Худо(с) дар ҳамаи ҷилваҳои он комил ва бе ҳамто буд. Ҳамчуноне, ки агар сухани ҳаққе қарор буд гуфта шавад, Ҳазрат(с) бепарво ва бо сароҳат он суханро мегуфт ва агар саҳнаи набарде буд, он Ҳазрат пештоз аз ҳама сафҳо мешуд ва агар касе кӯмак мехост, Ӯ бар дигарон сабқат мегирифт. Ӯ дар ҳама ҷабҳаҳо як диловар буд.
Шуҷоати Расули Худо(с) пас аз беъсат дар комилтарин шаклаш худро дар амри рисолат нишон дод. Ин ҳақиқати рӯшан аст, ки рӯёруӣ бо душманон ба хотири тафаккури ҷадид, ниёз ба шуҷоат, собитқадамӣ, бурдборӣ ва шакибоӣ аст ва Худованд худ медонад рисолаташро дар куҷо қарор бидиҳад; Худованди Мутаол мефармояд;
“Ва ҳангоме, ки ояе барои онҳо биёяд, гӯянд: «Ҳаргиз имон намеоварем, то ин ки монанди чизе, ки ба паёмбарони Худо дода шудааст, ба мо [ҳам] дода шавад». Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба касоне, ки хилофкорӣ карданд, ба сазои ин ки макр мекарданд, аз ҷониби Худо хорӣ ва азоби сахт хоҳад расид.”(Сураи Анъом, ояти 124)
Худованди Мутаол дар ин оят мефармояд; Худованд худаш медонад, ки рисолатро ба ки бидиҳад ва... https://ahnof.com/tarih/shu%d2%b7oat-dar-sirai-nabav%d3%a3-bahshi-avval.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев