Дар ибтидо лозим ба назар мерасад баҳсро бо тарҳи шубҳа оғоз кунем. Шубҳа ин ки чаро ман аз дороӣ ва моли худ ба фуқаро ва ниёзмандон бибахшам, магар Худо Худ наметавонад онҳоро бениёз кунад? Чаро Худованд ба инфоқ, садақа, кӯмак ба фуқаро ва ғайра таъкид кардааст? Ин як шубҳа аст ва дар зеҳн меояд, ки чаро бояд инфоқ кард ва миқдоре аз дороии худро ба фуқаро ва ниёзмандон дод?
Тарҳи шубҳа ва посухи он
Ҳамон тавре ки гуфта шуд бархе ин ишколро кардаанд, ки чаро Худованд аз мо хостааст ки ба фуқаро ва ниёзмандон инфоқу кумак кунем? Дар Қуръон ҳам омадааст, ки гурӯҳе ин суханро ба забон оварданд, ки чаро мо аз дорои худ ба фақирон бидиҳем, магар Худо наметавонад ба онҳо рӯзӣ бидиҳад?
Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт: Ибтидо бояд ғараз ва ҳадаф аз бахшиш мол ва кӯмак ба фақирону ниёзмандон маълум шавад, то равшан гардад, ки чаро Худовнад ба инфоқ ташвиқ кардааст.
Худованд дар амр ба инфоқ ва бахшиш аз моли худ ҳадаф дорад ва ҳакими чун Худованд ҳеҷ кор ва амраш беҳикмат нест. Худованд мехоҳад ҳам диҳандаи инфоқ ва ҳам гирандаи онро рушд ва таолӣ диҳад. Чун ҳадафи инфоқ ва бахшиш танҳо сер шудани шиками фақирон ва рафъи ниёзмандии онҳо нест ва ҳамчунин ҳар харҷкарданеро инфоқ намегӯянд. Танҳо ҳадаф бароварда шудани ниёз нест, Худо Худ беҳтар метавонад шиками гуруснагонро сер ва ниёзашонро бароварда кунад. Магар метавон гуфт наъузубилоҳ Худо тавони рӯзирасонӣ ба бандагонашро надорад, ки ба сӯи сарватмандон дасти ниёз дароз кардааст, то мушкилоти бандагонро бартараф кунад?. Ҳаргиз чунин нест ва Худованд бениёзи мутлақ аст ва Худ ниёзи бандагонашро бароварда мекунад... https://ahnof.com/a-ida/nigo%d2%b3i-tav%d2%b3id%d3%a3-ba-info%d2%9b-%d2%9bismati-avval.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев