Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбиятёфтагони мактаби Қуръони Карим ва суннати Расули Акрам(с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.
Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмоне онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва онҳоро барои худ улгӯ қарор диҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.
Уваймир ибни Зайд хазраҷии ансорӣ маъруф ба Абудардои Ансорӣ, аз асҳоби Паёмбар(с) ва аз гирдоварандагони Қуръони Карим, ки дар фатҳи Шом ва ҷазираи Қибрис ва дар ҷанги Уҳуд ва Ярмук ҳузур дошт ва муддате дар Димишқ мутасаддии амри қазо буд... https://ahnof.com/editor-picks/abudardo-ibni-zajdrz-%d2%9bismi-avval.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев