Сифати шуҷоат, ки яке аз фазоили барчастаи инсони ҳаст дар шакли комил худро дар вуҷуди нозанини Расули Худо(с) намоён намуда буд. Ба гунаи, ки Расули Худо(с) дар ҳамаи ҷилваҳои он комил ва бе ҳамто буд. Ҳамчуноне, ки агар сухани ҳаққе қарор буд гуфта шавад, Ҳазрат(с) бепарво ва ба сароҳат он суханро мегуфт ва агар саҳнаи набарде буд он Ҳазрат пештоз аз ҳама сафҳо мешуд ва агар касе кумак мехост Ӯ бар дигарон сибқат мегирифт Ӯ дар ҳама Ҷабҳаҳо як диловар буд. Дар бахши аввал ва дуввум намунаҳое аз шуҷоати он Ҳазрат қабл аз беъсат ва баъд аз беъсат баён карда шуд, ки дар ин бахш намунаҳои шуҷоати Паёмбари Ислом(с) баъд аз ҳиҷрат баён мешавад.
Шуҷоати Паёмбар(с) баъд аз ҳиҷрат
Шуҷоат ва устувории расули Худо(с), то қабл аз ҳиҷрат дар ростои таблиғ ва дар қолаби гуфтор ва кирдор буд. Ин амр баъд аз ҳиҷрат бештар дар арсаи набард ва муқобилаи ошкор худашро нишон дод. Паёмбари Худо(с) дар ҷангҳои, ки худ шахсан ҳузур доштанд неру ва қуввати дил ва пуштибоне барои мусалмонон буд. Ҳазрати Алӣ(рз) мефармояд; вақте, ки ҷанг ва набард шиддат мегирифт ва набарди тан ба тан оғоз мешуд ба расули Худо(с) паноҳ мебурдем ва ӯро сипари хеш қарор медодем ва дар он ҳангом ҳечкадом аз мо аз Ӯ наздиктар ба душман набуд.(Байҳақӣ далоилуннубувва, ҷ 3, саҳ 69-70) ( Таърихи Табарӣ, ҷ 2, саҳ 135)
Ва ҳамчунин Умрон ибни ҳасин мегуяд; Паёмбар(с) дар баробари лашкаре қарор нагирифт, магар инки ӯ аввал касе буд, ки зарба мезад... https://ahnof.com/a-ida/shu%d2%b7oat-dar-sirai-nabav%d3%a3bahshi-sevum.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев