
Дил бе ту ба чон омад, вакт аст, ки боз ои!
Эй дарди туам дармон дар бистари нокоми,
В-эй ёди туам мунис дар гушаи танхои.
Муштокию махчури дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст бихохад шуд поёни шикебои.
Доим гули ин бустон шодоб намемонад,
Дарьёб заифонро дар вакти тавонои!
Сад боди сабо ин чо бе силсила мераксад,
Ин аст хариф эй дил, то бод напаймои.
Дар доираи кисмат мо нуктаи паргорем,
Лутф он чи ту андеши, хукм он чи ту фармои.
Фикри худу раъи худ дар олами ринди нест,
Куфр аст дар ин мазхаб худбинию худрои.
Ёраб, ба ки битвон гуфт, ин нукта, ки дар олам:
Рухсора ба кас нанмуд он шохиди харчои.
Ди шаб гилаи зулфат бо боди сабо гуфтам,
Гуфто: галате, бигзар з-ин фикрати савдои!
Соки, чамани гулро бе руи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то бог биёрои.
З-ин доираи мино хунинчигарам, май дех,
То хал кунам ин мушкил з-ин согари минои!
Хофиз шаби хичрон шуд, буи хуши субх омад,
Шодет муборак бод, эй ошики шайдои!
Хофиз.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев