Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Ё чон расад ба чонон, ё чон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К- аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рух, ки халке вола шаванду хайрон,
Бикшой лаб, ки фарьёд аз марду зан барояд.
Чон бар лаб асту хасрат дар дил, ки аз лабонаш,
Нагрифта хеч коме чон аз бадан барояд.
Аз хасрати дахонат чонам ба танг омад,
Худ коми тангдастон кай з- он дахон барояд?..
Хар як шикан зи зулфат панчох шаст¹ дорад,
Чун ин дили шикаста бо он шикан барояд?
Бар буи он ки дар бог ёбад гуле чу руят,
Ояд насиму хар дам гард аз чаман барояд.
Хар дам чу бевафоён натвон гирифт ёре,
Моему остонаш, то чон зи тан барояд.
Бархез то чаманро аз комати миёнат,
Хам сарв дар бар ояд, хам норван² барояд.
Гуянд зикри хайраш дар хайли ишкбозон,
Хар чо, ки номи Хофиз дар анчуман барояд.
Хофиз.
------------------
¹ Шаст- ин чо ба маънои тир аст.Тир ба маънои мачозии кувваи таъсир ва шикори ошик омадааст:Масалан - тири ишк.
² Норван- номи дарахтест, хушсурат,сербарг.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев