Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:17

Беш аз 110 ҳазор нафар аз тарси ҳамлаи Исроил Рафаҳро тарк карданд.

Дар ин бора Агентии ташкилоти давлатҳои муттаҳида оид ба ёрӣ ба гурезаҳои фаластинӣ дар Шарқи Наздик хабар дод.
Агентӣ илова намуд, ки дар шаҳр камтар аз як млн аҳолӣ бқӣ мондааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:56

Шумораи қурбониёни садамаи автобус дар Петербург афзуд.

Аз 15 мусофири автобусе, ки ба дарё афтид, чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд ва ҳамзамон чор тани дигар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор доранд.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба як манбаъ хабар дод.
Зимнан, Сарраёсати ВКД Русия дар Петербург дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:32
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:15

Тоқаев хостори ҳамлу нақли ногусаста дар ИИАО шуд.

Кишвардори Қазоқистон ин пешниҳод дар чаҳорчӯби ҳамоиши солонаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Маскав ироа кард.
"Мо бояд таъминоти логистикиро содатар кунем, тарифҳо ва расмиёти гумрукиро ҳамоҳанг созем ва як долони рақамии Авруосиёро роҳандозӣ кунем", - таъкид намуд ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:10

Дар Петербург автобуси мусофирбар ба дарё сарозер шуд.

Ба эҳтимоли зиёд ронанда идораи мошинро аз даст дод, ки дар натиҷа аввал ба як мошин бархӯрд ва сипас аз болои пул ба об афтод.
00:27
автобус
334 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:09

Рӯзи 9 май дар Тоҷикистон ду ноболиғ ғарқ шуд.

Дар ин бора КҲФ хабар дода, афзуд, ки ҳодисаи аввал дар Гулистон рух дод. Кӯдаки 15 – сола дар обанбори Баҳри Тоҷик ғарқ шуд ва наҷотбахшон ҷасадашро зуд пайдо ва ба кормандони милитсия супурданд.
Ҳамчунин, дар Хуҷанд ноболиғи 14 – сола ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ шуд. Ҷасади ӯро наҷотбахшон 500 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:13

Дар роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш сел омад.

Сел дар километри 140 – уми ин шоҳроҳ субҳи имрӯз омад ва лойиқа якчанд қитъаҳои наздиҳавлигии сокинонро, ки дар канори роҳ воқеъ будаанд, фаро гирифт.
Ба иттилои КҲФ феълан корҳо барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ҷараён доранд.
Хушбахтона бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:22

Президент ба сарвазир ва раисони се вилоят барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дастур дод.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳир Расулзода, раисони ВМКБ, Суғду Хатлон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани селу обхезӣ, сангрезӣ дар роҳҳои кӯҳӣ ва дигар офатҳои табиӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва ҳамзамон мардумро аз хатарҳо огоҳ кунанд.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон давоми чанд рӯзи оянда ҳавои номусоид ва рух додани офатҳои табиӣ пешгӯӣ мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:30

Путин ба Думаи давлатӣ номзадии Мишустин ба мақоми сарвазири Федератсияи Русияро пешниҳод кард.

Дар ин бора раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин хабар дод.
Имрӯз, соати 14.00 дар ҷаласаи умумии Думаи давлатӣ тамоми фраксияҳо номзадҳо ба мақоми нахуствазирро баррасӣ мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:40
00:07
қувватов
71 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 21:08
01:30
VID_20240509_142752_296.mp4
54 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 18:00

Соҳибкорон истгоҳҳои шаҳри Кӯлобро замонавӣ мекунанд

Сохтмони 25 истгоҳи замонавӣ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб иттилоъ додааст, ки истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳалли сохта мешаванд.
“Маблағи умумии сохтмони як истгоҳ беш аз 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад” – иброз дошт манбаъ.
Дар истгоҳҳо нуқтаҳои фурӯши кортҳои электронии пардохти роҳкиро, обҳои ташнашикан, хизматрасонии компютерӣ, банкомат ва дигар хизматрасониҳои аввалиндараҷа муҳайё карда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 17:30

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 30 корхона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида шуда буд

Тавре “рӯзномаи Хатлон” хабар додааст, дар се моҳи аввали ҷанг ба минтақаҳои шарқии мамлакат 1360 корхонаи калонтарин кӯчонида шуд, ки 250 ададашон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дохил гардиданд.
Аз байни инҳо корхонаю заводҳои консерваи Одесса ва Феодосия, таҷҳизоти заводи пивобарории Новочеркаск, собунпазии Москваю Харков, фабрикаи шоҳибофии ба номи Шербакови шаҳри Маскав, фабрикаи ресандагии Люберск, фабрикаи бофандагии шаҳри Владимир, Балашиха ва ғайра, ки маҷмуан зиёда 30 адад иборат буданд, ба Тоҷикистон кӯчонида шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 17:00

Обуҳавошиносон гуфтанд дар моҳи май чӣ гуна обу ҳаво хоҳад шуд

Ҳавои моҳи майи имсола ба обу ҳавои моҳи майи соли 2001 монандӣ дорад. Ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 30 дараҷа гарм дар назар аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 16:30

НАТО нияти бевосита ширкат дар низоъ дар Украинаро надорад.

Дабири кулли Столтенберг гуфт, "паймон ба он ҷо нерӯ намефиристад".
Ҳамзамон, вай тавзеҳ дод, ки Украина аз НАТО дархости фиристодани нерӯҳо накардааст, "Киев артиллерияи ҳамларо талаб мекунад".
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 16:00

"Лимит"-и барқ тамом шуд?

Маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон лағв шуданд, хабар медиҳад Барқи тоҷик ба @Sputnik_Tajikistan.
"Акнун сокинони кишвар метавонанд шабонарӯзӣ аз нерӯи барқ истифода баранд", - гуфт муовини раиси ширкати энергетикӣ Бахтиёр Раҳматзода.
Аммо хонандагони @Sputnik_Tajikistan дар Душанбе аз қатъи барқ шикоят мекунанд.
Намояндагони ширкат иддао доранд, ки ин ба мушкили фаннӣ рабт дорад ва дар сурати қатъ шудани он шумо бояд ба операторҳо занг занед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 15:31
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 15:06
00:09
VID_20240509_145839_399.mp4
73 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 9 мая в 15:04
Показать ещё