Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:42

Идораи динии мусалмонони Русия омода аст аз ташаббуси манъи пӯшидани ниқоб пуштибонӣ кунад.

Муфтии Маскав Илдар Аляутдинов ба хабаргузории РИА Новости гуфт, ки агар мақомот алоқои пӯшидани ниқоб ва афзоиши хатари ифротгароиро муайян намояд, ин кор сурат мегирад.
Қаблан раиси Шӯрои ҳуқуқи башар Валерий Фадеев дар бораи манъи сарпӯшҳое, ки рӯйи занони мусалмонро пурра мепӯшонад, изҳори назар карда буд.
Чунин пешниҳодҳо низ қаблан дар бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:00

Дар Ғарғараи Данғара майдони Парчам пайдо шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур майдони парчам аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандусту ташаббускор бунёд гардидааст.
Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр қомат афрохта, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:30

Нишасти изтирории ҳавопаймои ширкати русӣ, ки ба Хуҷанд парвоз мекард.

Ҳавопаймои ширкати русии «Уралские авиалинии», ки ба Тоҷикистон парвоз мекард, ба таври фаврӣ масири парвозашро дигар карда, дар фурудгоҳи шаҳри Самара нишасти изтирорӣ анҷом додааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳангоми парвоз аҳволи як мусофир бад шудааст. Бинобар ҳамин халлабон тасмим гирифтааст, дар фурудгоҳи ғайримуқаррарӣ нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.
Зимни фуруд ҳеҷ як мусофир осеб надидааст ва нафари беморро дар фурудгоҳи Самара пизишкон пешвоз гирифтанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:00

Намоиши филмҳо аз хазина «Мосфилм» дар Ҳафтаи синамои Русия дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳафтаи синамои Русия баргузор мешавад.
Ҳафтаи синамо 24 май оғоз шуда, то 29 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома хоҳад кард.
Дар ҳафтаи синамо филмҳои машҳури замони Шӯравӣ ва муосири Русия, ки аз ҷониби «Мосфилм» офарида шудаанд, намоиш дода мешаванд.
Ба тамошобинон дар Душанбе шаш фильм, аз чумла филмҳои коргардонҳои Элдар Рязанов, Леонид Гайдай, Карен Шахназаров ва Сергей Бондарчукронамоиш медиҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:30

Қазоқистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи пули миллиро бекор кард

Ҳукумати Қазоқистон созишнома бо Тоҷикистон дар бораи табдили мутақобилаи арзҳои миллиро бекор кард.
Қарори ҳукумат дар бораи лағви созишномаи байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи табдили мутақобила ва устувории қурби танга ва рубли тоҷикӣ содир шудааст.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки Созишномаи дар Душанбе 16 декабри соли 1999 басташуда миёни ҳукуматҳо ва бонкҳои миллии Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бораи табдили мутақобила ва ба эътидол овардани қурби танга ва рубли тоҷикӣ бояд қатъ карда шавад.
Ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дастур дода шудааст, ки тибқи қонун ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи тасмими бекор ка
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:00

Мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар Рӯзи ҷаҳонии футбол оғоз мешавад.

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон нақшаҳои мавсими навро муайян карда, маросими қуръакашии тақвими бозиҳои қаҳрамонӣ байни дастаҳои занонаро баргузор намуд.
Барои медалҳо дар ҳафтумин чемпионати Тоҷикистон, ки 26-уми май оғоз мешавад, даҳ дастаи занона мубориза мебаранд.
🔸 «Душанбе» (Душанбе)
🔸МДМВ «Вахш» (Бохтар)
🔸МДМВ (Кӯлоб)
🔸«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
🔸«Бешкент» (Носири Хусрав)
🔸«Ситора» (Шаҳринав)
🔸«Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов)
🔸ММФ «Канд» (Конибодом)
🔸«Бунҷикат» (Шаҳристон)
🔸ММВФЧА «Хуҷанд» (Хуҷанд).
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:30

ДОИШ* ҷангҷӯёнашро аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон интиқол медиҳад.

Дар ин бора директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев зимни суханронӣ дар ҷаласаи раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои ин созмон изҳор дошт.
Вай тамоюли афзоиши шумори сохторҳои террористӣ дар Афғонистонро чолишҳои ҷиддие барои амнияти кишварҳои узви СҲШ донист.
🔸Як сол пеш Мирзоев шумори гурӯҳҳои исломгаро дар Афғонистонро ба истиснои ДОИШ* 13714 нафар тахмин зада буд.
*гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:00

Кишварҳои ИДМ бояд кори муштаракро барои ҳифзи сарҳадҳои ҷанубӣ Иттиҳод пурзӯр намоянд.

Директори ФСБ-и Русия Александр Бортников дар нишасте дар Бишкек ба ин таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард.
Аз ҷумла, вай гуфт, Русия ҳамкориҳои зич бо кишварҳои Ховари Миёна, Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ дар мубориза бо терроризм шурӯъ кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:00

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳқиқи ҳамлаи террористӣ дар Крокус кумак доранд.

Дар ин бора директори ФСБ-и Русия Александр Бортников дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ таъкид карда. Вай ҳамчунин қайд кард:
▪️Истихбороти низомии Украина мустақиман ба ҳамла ба толори консерт иртибот доранд.
▪️Омодагӣ, маблағгузорӣ, ҳамла ва хуруҷи ҷангҷӯён тавассути интернет аз ҷониби аъзои Вилояти Хуросон* ҳамоҳанг мешуд.
▪️Дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл аллакай беш аз 20 нафар боздошт шудаанд.
▪️Яке аз ҳадафҳои ҳамлаи террористӣ вайрон кардани равобит бо кишварҳои ИДМ буд.
* созмонҳои маамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуд

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корезро, бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Гуфта шудааст, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла “Мутахассиси коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:00

Селу обхезиҳои ахир 133 километр роҳ ва 14 пулро дар Тоҷикистон хароб кард.

Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар бар асари бориши пай дар пайи рӯзҳои охир 133 километр роҳҳо ва 14 пул дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зери об монда, ба соҳаи роҳсозӣ хисороти ҷиддӣ расидааст
Ба иттилои манбаъ, дар минтақаи Рашт 12 километр роҳ ва 7 пул хароб гардидааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:40

Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 100% иҷро шуд.

Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки нақша пеш аз муҳлат иҷро шуд.
"Аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст ВМКБ, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои 100 % нақшаи даъвати ҷавонписарон ба артиш гузориш доданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол, вазорат зикр кард, ҳарчанд нақшаи даъват пурра иҷро гардид, вале кори комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи май идома мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:02

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Данғара рафт.

Сарвари давлат дар гузоштани санги Асос ба сохтмони филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва ҳамчунин ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф иштирок кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:00

30% и аҳолии вилояти Суғдро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тибқи омори расмӣ шумори ҷавнон дар вилояти Суғд беш аз 800 ҳазор гуфта мешавад, ки ин рақам беш аз 30% и аҳолии вилояти Суғдро ташкил мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:30

Футболбозони тими Истиқлол ба сафорат омаданд ва ҳамдардӣ баён намуданд.

Теъдодӣ аз бозикунон тими футболи бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳузур дар сифорати Эрон, бо эҳдои гулу имзои дафтари ёдбуди шуҳадо, таслият ва ҳамдардии худу дигар авомили ин бошгоҳро ба давлату миллати Эрон эълом намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт

Анҷоми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Нигаронии СҲШ аз афзоиши шумори сохторҳои террористӣ дар Афғонистон

Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай афзоиши шумораи сохторҳои террористиро дар Афғонистон сабт кардааст.
Ба гуфтаи роҳбари ин сохтор Руслан Мирзаев таҳдиди вуруди аъзои онҳо бо истифода аз шиносномаҳои кишварҳои сеюм ба қаламрави кишварҳои СҲШ боқӣ мемонад.
"Хатар барои амнияти кишварҳои узви СҲШ ин тамоюли афзоиши шумори сохторҳои террористӣ дар худи Афғонистон, аз ҷумла дар манотиқи шимолии он мебошад", - таъкид кард оқои Мирзаев зимни суханронӣ дар ҷаласаи раисони Додгоҳҳои олии СҲШ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Вазорати кишоварзии Русия шакарро барои кишварҳои узви ИИАО тақсим кард.

Вазорати кишоварзии Русия 181,5 ҳазор тонна қанд аз найшакар ё лаблабуро барои содирот ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) тақсим кард.
Дар маҷмӯъ, 16 ширкат иҷоза гирифтанд ин маҳсулотро ба кишварҳои ИИАО интиқол диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки манъи муваққатии содироти шакар бо қарори ҳукумати Русия сурат гирифта буд ва содироти он аз Русия аввали моҳи май то 31 августи соли ҷорӣ манъ аст. Ҳадафи ин мамнӯъият нигоҳ доштани суботи бозори дохилии маводи ғизоӣ буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:30
Показать ещё