Зиндаги ин харфи Куръон асту бас, Мушкили даркаш дучандон асту бас. Хар ки дар дил Каъбае бино кунад, Дар ду олам бини хандон асту бас. Нест маъбуде ба чуз Яздони пок, Чумла аксо зери фармон асту бас. Одами бин бори химмат мекашад, Зери ин бор кух нолон асту бас. «Шаш калима» сорбони рохи рост, Киштии гайр коми туфон асту бас. Хикмато бо тавба бош, уммед кун, Ноумед шогирди шайтон асту бас…
Даме беғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад, Ба май бифрўш далқи мо, к‐аз ин беҳтар намеарзад. Ба кўйи майфурушонаш ба ҷоме барнамегиранд, Зиҳӣ саҷҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад. Рақибам сарзанишҳо кард, к‐аз ин боб рух бартоб, Чӣ афтод ин сари моро, кихокш дар намеарзад. Шукўҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ў дарҷ аст. Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад. Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бўйи суд, Ғалат кардам, ки ин тўфон ба сад гавҳар намеарзад. Туро он беҳ, ки рўйи худ зи муштоқон бипўшонӣ, Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад. Чу Ҳофиз дар қаноат кушу аз дунёи дун бигазар, Ки як ҷав миннати дунон дусад ман ҷав намеарзад.
Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир, Ту низ, эй дида, хобе кун муроди дил барор, охир. Манам, ё раб, ки ҷоноро зи ораз бўса мечинам, Дуои субҳдам дидӣ, ки чун омад ба кор охир. Муроди дунйиву уқбӣ ба ман бахшид рўзибахш, Ба гўшам қавли чанг аввал ба дастам зулфи ёр охир. Чу бод аз хирмани дунон рабудан хўшае то чанд? Зи ҳиммат тўшае бардору худ тухме бикор, охир, Дило, дар мулки шабхезӣ гар аз андўҳ нагрезӣ, Дами сўҳбат башоратҳо биёрад з‐он диёр охир. Бути чун моҳ зону зад, майи чун лаъл пеш овард, Ту гўйӣ тоибам, Ҳофиз, зи соқӣ шарм дор охир.
Бирав ба кори худ, эй воиз, ин чӣ фарёд аст? Маро фитод дил аз раҳ, туро чӣ афтодаст? Миёни ӯ, ки Худо офарида аст аз ҳеҷ, Дақиқаест, ки ҳеҷ офарида накшодаст. Ба ком то нарасонад маро лабаш, чун ной, Насиҳати ҳама олам ба гӯши ман бод аст. Гадои кӯи ту аз ҳашт хулд мустағнист, Асири ишқи ту аз ҳар ду олам озод аст. Агарчи мастии ишқам хароб кард, вале Асоси ҳастии ман з-он хароб обод аст. Дило, манол зи бедоду ҷаври ёр, ки ёр Туро насиб ҳамин карду ин аз он дод аст. Бирав, фасона махону фусун мадам, Ҳофиз, К-аз ин фасонаву афсун маро басе ёд аст.
Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост? Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост? Шаби тор асту раҳи водии эмин дар пеш, Оташи Тӯр куҷо, мавъиди дидор куҷост? Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, нақши харобӣ дорад, Дар харобот, бигӯед, ки ҳушёр куҷост? Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад, Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост? Ҳар сари мӯи маро бо ту ҳазорон кор аст, Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост? Бозпурсед зи гесӯи шикан дар шиканаш, К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост? Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку? Дил зи мо гӯша гирифт, абруи дилдор куҷост? Соқиву мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале Айш бе ёр муҳайё нашавад, ёр куҷост? Ҳофиз, аз боди хазон дар ҷамани даҳр маранҷ Фикри маъқул бифармо,
Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост? Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост? Шаби тор асту раҳи водии эмин дар пеш, Оташи Тӯр куҷо, мавъиди дидор куҷост? Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, нақши харобӣ дорад, Дар харобот, бигӯед, ки ҳушёр куҷост? Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад, Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост? Ҳар сари мӯи маро бо ту ҳазорон кор аст, Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост? Бозпурсед зи гесӯи шикан дар шиканаш, К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост? Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку? Дил зи мо гӯша гирифт, абруи дилдор куҷост? Соқиву мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале Айш бе ёр муҳайё нашавад, ёр куҷост? Ҳофиз, аз боди хазон дар ҷамани даҳр маранҷ Фикри маъқул бифармо,
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост, Май зи майхона ба ҷӯш омаду мебояд хост. Тавбаи зӯҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт, Вақти шодиву тараб кардани риндон пайдост, Чӣ маломат бувад онро, ки чунин бода хӯрад, Ин чӣ айб аст бад-ин бехирадӣ в-ин чӣ хатост. Боданӯшӣ, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад, Беҳтар аз зӯҳдфурӯшӣ, ки дар ӯ рӯву риёст. Мо на мардони риёему ҳарифони нифоқ, Он, ки ӯ олими сирр аст, бад-ин ҳол гувост. Фарзи эзид бигузорему ба кас бад накунем, В-он чӣ гӯянд раво нест, нагӯем равост. Чӣ шавад, гар ману ту чанд қадаҳ бода хӯрем, Бода аз хуни разон аст, на аз хуни шумост. Ин чӣ айб аст к-аз он айб халал хоҳад буд, В-ар бувад, низ чӣ шуд, мардуми беайб куҷост? Ҳофиз, аз чуну чаро бигзару
Дилу дуним шуду дилбар ба маломат бархост, Гуфт:— Бо мо манишин к-аз ту саломат бархост. Кӣ, шунидӣ, ки дар ин базм даме хуш бинишаст, Ки на дар охири сӯҳбат ба надомат бархост? Шамъ агар з-он лаби хандон ба забон лофе зад, Пеши ушшоқи ту шабҳо ба ғаромат бархост. Дар чаман боди баҳорӣ зи канори гулу сарв Ба ҳаводории он оразу қомат бархост. Маст бигзаштиву аз хилватиёни малакут Ба тамошои ту ошӯби қиёмат бархост. Пеши рафтори ту по бар нагирифт аз хиҷлат Сарви саркаш, ки ба ноз аз қаду қомат бархост. Ҳофиз, ин хирқа бияндоз, магар ҷон бибарӣ, К-оташ аз хирқаи солусу каромат бархост.
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост, Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост, Сарам ба дуниву уқбӣ фурӯ намеояд, Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост. Дар андаруни мани хастадил надонам кист, Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост? Дилам зи парда бурун шуд, куҷоӣ, эй мутриб? Бинол, ҳон, ки аз ин парда корҳо ба навост. Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд. Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост. Нахуфтаам зи хаёле, ки мепазад дили ман, Хумори садшаба дорам, шаробхона куҷост? Чунин, ки савмаа олуда шуд зи хуни дилам, Гарам ба бода бишӯед, ҳақ ба дасти шумост. Аз он ба дайри мӯғонам азиз медоранд, Ки оташе, ки намирад, ҳамеша дар дили мост. Чӣ соз буд, ки д
Хаёли рӯи ту дар ҳар тариқ ҳамраҳи мост, Насими мӯи ту пайванди ҷони огаҳи мост. Ба рағми муддаиёне, ки манъи ишқ кунанд, Ҷамоли чеҳраи ту ҳуҷҷати муваҷҷаҳи мост. Бубин, ки себи занаҳдони ту чӣ мегӯяд: «Ҳазор Юсуфи Мисрӣ фитода дар чаҳи мост». Агар ба зулфи дарози ту дасти мо нарасад, Гуноҳи бахти парешону дасти кӯтаҳи мост. Ба ҳоҷиби дари хилватсарои хос бигӯ: «Фалон зи гӯшанишинони хоки даргаҳи мост». Ба сурат аз назари мо агарчи маҳҷуб аст, Ҳамеша дар назари хотири мураффаҳи мост. Агар ба соле Ҳофиз даре занад, бикушой, Ки солҳост, ки муштоқи рӯи чун маҳи мост.
Показать ещё