Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: “Касе, ки Қуръонро бо садои баланд нахонад аз мо нест” ва боз дар дигар ривоят чунин омада аст: “ Худованд чизеро аз касе намешунавад, ки Паёмбар (с) ба он иҷоза дода аст, ба ҷуз зебоии савте, ки бо садои баланд бошад” аз Абӯмусо (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: ман садои касеро, ки шабона Қуръон мехонад иҳсос мекунам ва хонаҳояшонро аз руи садояшон, ки Қуръон мехонанд мешиносам, ҳарчанд, ки манзилҳояшонро дар рузӣ намебинам.
Абӯқатода аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки он ҳазрат шабе ба дидори ёронаш баромад, ҳангоме, ки аз наздикии хонаи Абӯбакр (р) мегузашт, шунид, ки Абӯбакр (р) бо садои паст намоз мехонд, сухане нагуфта ро