Ба фазлат андар он дам сохиби имон куни, Омин.
Чу ояд пайки Ту ногах, ки созад кабзи рухамро,
Ту, ё Раб, хам каримо бо нуру бо икон куни, Омин.
Рахимо, рухи моро суи Иллаййин дихи парвоз,
Малоикхои рахматро зи мо шодон куни, Омин.
Чу оранд тахтаи таншуй оби гармрезонам,
Зи атри хеш худ он дам ба мо резон куни, Омин.
Ба гуристон маро чун маскану маъво лахад созанд,
Худоё, он лахадро равзаи Ризвон куни, Омин.
Чу аз бахри савол оянд азизони накирайнат,
Чавоби босавоб аз мо ту хам чубро куни, Омин.
Даре аз чаннату фирдавс бикшой ба руи ман,
Маро бо хамнишинони неку хандон куни, Омин.
Шавад чун номахо паррон ба фавки мо чу парвона,
Ба дасти рост он нома маро гирон куни, Омин.
Ба санчидан ба мизон чумлаи аъмолу кирдорам,
Гаронтар паллаи тооти ин хайрон куни, Омин.
Чу ояд бо "Ливо-ул-хамд" Он султони дин Ахмад,
Ту чонам зери чатри хусрави хубон куни, Омин.
Чу соя афканад Арши муаллодар сафи некон,
Рауфо, кодири аз зумраи некон куни, Омин.
Ба хар муъмин буроке ваъда шуд андар сафи махшар,
Буроки тезрафторе маро эхсон куни, Омин.
Сироте, куст собит дар миёни дузахи кахрат,
Убурамро аз он варта басе осон куни, Омин.
Илохи, муддати рузе, ки хамсин алф шуд махшур,
Ба андак фурсате, ё Раб, зи хушхолон куни, Омин.
Чу халк аз ташнаги фарёдхо созад дар махшар,
Маро чое ато з-он кавсари чонон куни, Омин.
Суи дор-ул-чалоле, к-уст он чо ваъдаи дидор,
Мушарраф Шоики худро Ту, эй Яздон, куни, Омин.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1